Ба озмуниБунёди рушди тибби хусусӣ” – и

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ва Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон

Фарзона Наимова ва шавҳараш баъди як соли талош тавонистанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Ӯ дар яке аз беморхонаҳои кишвар ҳамчун ҳамшираи шафқат фаъолият мекунаду соҳиби 3 фарзанд аст. Давоми як сол қаҳрамони мо ба мушкилии омода кардани ҳуҷҷатҳои аҳли оилааш рӯ ба рӯ гашт.

Фарзона бо вуҷуди сарсониҳои зиёд тавонист барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия худу оилаашро номнавис кунад. Гуфт, рӯзҳои наздик барои иҷозатномаи ҷойи зисти муваққатӣ, ки аллакай навбатро ба даст овардааст, ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод мекунад.

“Мо дар як ҳавлӣ зиёда аз 15 нафар зиндагӣ мекунем ва ҳар рӯз аз рӯи кӯдакон байни калонҳо ҷанг мешавад. Мо наметавонем зиндагии алоҳидаро интихоб кунем, зеро шавҳарам ҷойи кори хуб надорад. Ман ҳам он қадар маоше намегирам, ки тавонем хонаи алоҳида харидорӣ кунем. Аз ин хотир, тасмим гирифтам, ки бо вуҷуди мушкилиҳояш шаҳрвандии Русияро гираму соҳиби кумакпулӣ ва маоши хуб шавам”, – гуфт ӯ.

Дар қатори Фарзона садҳо кормандони миёнаи соҳаи тандурустии кишвар барои зиндагии хуб кишвари дуюмро интихоб мекунанд. Кам будани маош яке аз сабабҳои асосии тарк кардани ҷойи кор дар Тоҷикистон мебошад.

Гулбаҳор (ном иваз шудааст) низ кормади соҳаи тиб аст. Ӯ духтур-ҷарроҳ буда, бо 4 фарзанд аз шавҳар ҷудо шудаву то имрӯз дар хонаи падару модараш зиндагӣ мекунад. Мавсуф солҳои кор карданаш кӯшиш кард, ҳадди ақал як хона барои зист харидорӣ намояд, аммо шароит ба ӯ ин имкониятро надод.

“Бо 3-4 кӯдак зиндагӣ хеле мушкил аст. Маошро нагирифта дар қарзҳои мағозаҳо медиҳаму дар сару либосашон сарф мешавад. Аз куҷо барои хариди хона пасандоз мекунем? Чандин ҳамкурсони ман ба Русия рафта, соҳиби маоши хуб ва имтиёзҳои зиёд шуда, дар Тоҷикистон хона ҳам хариданд. Ман ҳам ба хотири сарпаноҳеро соҳиб шудан, ҳуҷҷатҳоямро супоридам ва аз қадами аввал гузаштам. Дар оянда ба хотири шароити хуби фарзандон шояд барои муддате равам”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ мушкилии №1-и соҳаи тиб маҳсуб меёбад. Чӣ омилҳое вуҷуд дорад, ки бо роҳандозӣ гардидани он шумораи духтуроне, ки кишвари дуюмро интихоб кардан мехоҳанд, гирифта шавад.

Яке аз омилҳои кӯч бастани духтурон ба кишварҳои дуюм, аз ҷумла ба Русия сабабҳои иқтисодӣ мебошад, – мегӯяд Аламхон Ахмедов, номзади илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ.

Номбурда илова кард, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши кормандони буҷавӣ, аз ҷумла тандурустиро зиёд мекунад. Ҳамин фоизи зиёдшуда ба тамоми соҳаҳои тандурустӣ якхела тақсим карда мешавад. Бояд дар ин самт муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ дар сатҳи аввал истад. Дар хотир дорам, ки Президенти кишвар як маротиба маоши кормандони соҳаи тибро сад фисад боло бардошта буданд. Шумораи табибоне, ки баргашта ба кор омаданд, зиёд шуда буд. Агар мо маблағҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакат зиёд мешавад, аз рӯи категорияҳо табибон ҷудо карда, ба табибони аввалия фоизи бештар дода мешуд, ин бениҳоят ба фоида кор мебуд. Аз ин кор ҳукумат зарар намебинад, чунки дар давраи шӯравӣ як воҳиди кории дармонгоҳ, 135 рубл ва дар беморхонаҳо бошад як воҳиди корӣ 90 рубл буд, яъне якуним баробар ба кормадони кумаки аваллияти тиббӣ имтиёз дода шуда буд. Агар мо ин роҳро пеш гирем, ҳам ба Ҳукумати кишвар, ҳам ба Вазорати тандурустӣ ва ҳам ба иқтисодиёти мамлакат дастоварди хуб мешавад, зеро бештари табибоне, ки аз кишвар кӯч баста истодаанд, гурӯҳи табибоне мебошанд, ки дар сатҳи аввалияи тиббӣ кор мекунанд”, – илова кард мавсуф.

Баъд аз оне, ки Президенти Русия барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии кишвараш имтиёз ҷорӣ кард, дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Миёна, садҳо сокини Тоҷикистон низ шаҳрвандии ин кишварро қабул карданд, ки дар миёни онҳо духтурон, омӯзгорон ва намояндагони дигар ихтисосҳо буданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии солонаи худ, ки моҳи феврал баргузор шуд, гуфт дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 12 112, Донишгоҳи тиббии Хатлон 2251, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4002 ва Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоӣ 1177 донишҷӯ таҳсил доранд, ки дар вақти ҷудо кардани воҳидҳои корӣ мушкилии ҷиддӣ ба миён намеояд.

“Дар коллеҷҳои тиббии миқёси кишвар 15 201 нафар ҳамшираҳои тиб таҳсил доранд. Вале норасоии кадрҳо ҳамоно вуҷуд дорад”, -гуфт вазир.

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта, норасогии мутахассисон яке аз мушкилиҳои ин соҳа мебошад.

Маҳинаи ДАВЛАТ,

рӯзноманигори сомонаи ҳафтаномаиОилава ҳафтаномаиТоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь