Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи Давлатии Маркази саломатии шаҳрии №6-и шаҳри Душанбе хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Худоёрбекова Марзия Дилдорбековна суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Номбурда қайд кард, ки Муассисаи Давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №6” бо қарори раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти №402 аз 14.07. 2004 фаъолияти худро оғоз намуда, айни ҳол ба 39712 нафар аҳоли хизмат мерасонад. Инчунин марказ дорои ампулаторияи оилавӣ мебошад, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 144 ҷойгир буда, ба 12834 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар маҷмуъ МСШ №6 ба 48621 нафар аҳолӣ хизмат расонида истодааст. Дар марказ 236 нафар корманд кор ва фаолият менамоянд.
Аз ҷумла, дар марказ таҷҳизотҳои муосир дар даврони истиқлолият ворид карда шудаанд, ки ба мардум хизмат мерасонанд, ки инҳо мебошанд; Дастгоҳи рентгени рақами, дастгоҳи УЗИ, дастгоҳи рентгени стаматологи, дастгоҳи дандонпиҳзишки, ҷевони безараргардонии хушк, пулсоксиметри сайёр, оксигенератор, консенратори кислород, дастгоҳи безараргардонии вируси, асбоби ЭЭГ, асбобҳои ЭКГ ҳамаи ин дастгоҳҳо ва асбобҳо нав ва замонави ҳастанд.
Марказ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зерсохтори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва муолиҷаи беморон, иҷроиши барномаҳои миллию соҳавӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ҷобаҷогузории мутахассисон равона карда шудааст.
Дар раванди татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ татбиқ намудани дигар барномаҳои миллӣ, соҳавӣ, аз ҷумла: барномаи Ташаккули тарзи ҳаёти солим, барномаи Пешгирии аҳолӣ аз бемории ВНМО (ВИЧ/СПИД), Дурнамои ҲБК, барномаи миллии иммунопрофилактикӣ, барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, барномаи фарбеҳӣ ва ғизои солим, барномаи миллии пешгирии аҳолӣ аз нашъамандӣ, барномаи миллӣ оиди солимии репродуктивӣ дар байни занони қобили таваллуд ва иҷрои дигар барномаҳои ғайрисоҳавӣ зери назорати роҳбарият қарор дорад.
Марказ ба 52546-нафар кӯмаки аввалияи хизмати тиббию профилактики мерасонад. Кӯдакони то сини 5-сола 5077-нафар. Занони қобили таваллуд бошад 14306-нафарро ташкил медиҳанд.
Дар ҳудуди хизматрасонии Марказ 6-муассисаҳои томактабӣ, 5-мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1-литсеи алоқа, 1- Донишкадаи энергетики фаъолият мекунанд.
Чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ
Дар давоми 3-моҳи соли 2025 дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим” дар 4-мактаби миёнаи умуми ва ба 4-маҳала иттилоот оиди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил гузаронида шуд. Инчунин дар 2-мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди хизматрасонии бо иштироки роҳбари муассиса ва дигар мутахассисон чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки дар ҳар як чорабинӣ аз 270 то 314 нафар хонандагон ва муаллимон иштирок карданд. Барои табибони оилавӣ 9-семинар машварат, барои ҳамшираҳои тиббии оилавӣ 4-семинар машварат оиди самтҳои афзалиятноки бемории сил, хусусан иҷроиши индикаторҳои ба КАТС вогузор карда шуда: дарёфти бемории сил, ҷамъоварии балғам, муоинаи атрофиён, назорати табобати беморон дар давраи табобати амбулаторӣ, гузаронидани химиопрофилактика, оиди шаклҳои устувори бемории сил гузаронида шуд.
Назорати доимӣ
Дар самти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди коррупсия, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, одобу муошират, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи забони давлатӣ нақшаю чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида амали шудаистодааст ва дар ин самт шахсони мутассади вобаста шудааст. Дар давоми 3-моҳ ягон қонуншиканиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Тамоми кӯдакони навзоде, ки дар таваллудхонахо ё дар шароити хона таваллуд мешаванд ва инчунин аз дигар ноҳияҳо ба Марказ ворид шуда, ба қайд гирифта мешаванд бо ваксинаи БЦЖ пурра фаро гирифта мешаванд. Дар давоми 3-моҳ хатогиҳо нисбати фаъолияти кормандони ҳуҷраи эмгузаронӣ, камбудӣ оиди норасогии ваксинаҳо, вайроншавии сифати ваксинаҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Шахси масъули барнома оиди иҷроиши нақшаҳои ҳарҳафтаина, ҳармоҳа ва ҳар семоҳаҳо дар ситоди умумии Марказ маълумот пешниҳод менамояд.
Дар боғчаҳои бачагона ҳар моҳ кӯдакони аз 2 сола боло ва 6 сола мувофиқи нақшаи моҳона эмгузарони карда мешаванд.
Оиди моҳияти эмгузаронӣ, нигаҳдории саломатии кӯдакон бо роҳи эмгузарони намудан, баланд бардоштани масъунияти бадан нисбати бемориҳои идорашаванда дар байни аҳолӣ, мактабҳо боғчаҳои бачагона аз тарафи табибони оилавӣ лексияҳо хонда мешаванд.
Дар давоми се моҳӣ соли ҷорӣ аз тарафи ҳамшираҳои шафкати ҳуҷраи эмгузаронӣ хатогиҳо, камбудиҳо мушоҳида карда нашудаанд. Дар деворҳо овезаҳо оиди тарғибу ташвиқоти моҳияти эмгузаронӣ гузошта шудаанд.
Камбудӣ норасогии ваксинаҳо, ваксинаҳои вайроншуда, камбудиҳо дар системаи нигаҳдории ваксинаҳо сари вакт дастрас карда натавонистани ваксинаҳо аз марказҳои эмтаъминкунӣ мушоҳида ё ба қайд гирифта нашудаанд.
Табиб- иммунолог ва ҳамшираҳои ҳуҷраи эмгузаронӣ доимо дар семинарҳои Ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда, дараҷанокии фаъолияти худро мукаммал мегардонанд.
Хизмати шоиста ба мардум ҳадафи мост
Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи Давлатии Маркази саломатии шаҳрии №6-и шаҳри Душанбе хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Худоёрбекова Марзия Дилдорбековна суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Номбурда қайд кард, ки Муассисаи Давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №6” бо қарори раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти №402 аз 14.07. 2004 фаъолияти худро оғоз намуда, айни ҳол ба 39712 нафар аҳоли хизмат мерасонад. Инчунин марказ дорои ампулаторияи оилавӣ мебошад, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 144 ҷойгир буда, ба 12834 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар маҷмуъ МСШ №6 ба 48621 нафар аҳолӣ хизмат расонида истодааст. Дар марказ 236 нафар корманд кор ва фаолият менамоянд.
Аз ҷумла, дар марказ таҷҳизотҳои муосир дар даврони истиқлолият ворид карда шудаанд, ки ба мардум хизмат мерасонанд, ки инҳо мебошанд; Дастгоҳи рентгени рақами , дастгоҳи УЗИ , дастгоҳи рентгени стаматологи , дастгоҳи дандонпиҳзишки , ҷевони безараргардонии хушк , пулсоксиметри сайёр , оксигенератор , консенратори кислород , дастгоҳи безараргардонии вируси , асбоби ЭЭГ , асбобҳои ЭКГ ҳамаи ин дастгоҳҳо ва асбобҳо нав ва замонави ҳастанд.

мтжт