Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ректор ва ҳайати кормандони донишгоҳ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон қайд намданд, ки махсусан дар Паёмиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар мадди аввал қарор гирифтаасту мегирад. Ба хусус, дар Паёми соли 2022 қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳалли мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузориро барои рушди онҳо торафт зиёд мекунад. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли 2021 Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Муссалам аст, ки ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо барои бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон ҷиҳати тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар идомаи суҳбат мавсуф баён дошт, ки Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон дар давраи соли 2022 фаъолияти хешро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Базаи кадрӣ, донишандӯзон ва ихтисосмандон
Ҳамзамон, мавсуф зикр дошт, ки дар соли 2022 аз рӯи маълумотҳои оморӣ теъдоди омӯзгорону кормандони ДДТХ аз 336 нафар иборат мебошад. Аз шумораи умумии кормандон 175 нафар ё худ 52,1% -ро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил додааст. Аз ин шумора 125 нафарашро ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медиҳад. Шумораи умумии омӯзгорони ҷавон 99 нафар ва теъдоди омӯзгорони дараҷаи илмидошта аз 21 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди умумии донишҷӯён 2251 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ 58 нафарро ташкил медиҳад. Дар байни донишҷӯён 15 нафар ятими кулл ва 15 нафар маъюбони гуруҳи 2-3 таҳсил менамоянд.
Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломӣ дар донишгоҳ шумораи аспирантҳо аз 7 нафар, унвонҷӯён аз 12 нафар, доктарантҳо аз 3 нафар, интернаҳои клиникӣ аз 160 нафар ва ординаторни клиникӣ аз 10 нафар иборат мебошад.
Боиси қайд аст, ки дар давраи ҳисоботӣ аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯёни факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ донишгоҳро аз рӯи ихтисоси 1-79.01.01 “Кори табобатӣ”, 1-79.01.02 “Педиатрия” ва 1-79.01.07 “Стоматология” дар маҷмуъ 336 нафар хатм намуданд, ки аз он 46 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд. Дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ тақсимоти фардии хатмкунандагон аз рӯи ихтисос гузаронида шуда, мутобиқи тақсимоти хатмкардагон ҳамагӣ 206 нафар ба интернатураи клиникӣ ва 15 нафар ба ординатураи клиникӣ зери сарпарастии донишгоҳ роҳхат ёфтанд.
Заминаи моддӣ – техникӣ
Инчунин, номбурда изҳор дошт, ки заминаи моддӣ -техникии донишгоҳ барои кафедраҳо ва дигар сохторҳои таълимию озмоишӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҳамагӣ дар донишгоҳ 219 адад компютер фардӣ, 48 адад ноутбук, 99 адад принтер ва сканер, 106 адад проектори мултимедӣ, 11 адад тахтаи электронӣ, 17 адад телевизор дар раванди кор ва таҳсили донишҷӯён истифода бурда мешавад.
Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ бошад ба 33 269 нусха адабиёт расидааст, ки аз ин шумора 29 940 нусха ва ё худ 89,9% -и онро китобҳои таълимӣ ташкил медиҳанд.
Дар донишгоҳ дар назди кафедраҳо ва дигар сохтори таълимӣ 14 синфхона барои озмоишгоҳҳои таълимии фаннӣ ҷудо гардидааст, аз ҷумла:
Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ; Маркази технологияи иттилоотӣ; Физикаи тиббӣ ва информатика; Химия ва биологияи тиббӣ; Физиологияи нормалӣ ва патологӣ; Анатомияи нормалӣ ва топографӣ; Анатомияи патологӣ ва гистология, озмоишгоҳи таълимӣ клиникии биохимявӣ ва ғайра.
Озмоишгоҳи биохимиявии клиникӣ
Дар рафти суҳбат мавсуф зикр дошт, бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ ба шумор рафта, дар баланси худ биноҳои таълимию маишӣ ва маъмуриро доро мебошад. Иншооти донишгоҳ аз 4 бинои таълимӣ, 1 бинои хобгоҳ, биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯён дар 4 бинои таълимӣ ва дар 4 пойгоҳҳои Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии н. Данғара, Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар н. Данғара ва Маркази санитарю эпидемиологии ноҳияи Данғара ба роҳ монда шудааст. Дар биноҳои таълимии донишгоҳ 104 синфхона, 5 синфхонаи компютерӣ, 2 қироатхона, 4 толори маҷлисӣ, 12 толори лексионӣ, 1 майдони варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 8 озмоишгоҳи кафедравӣ, 1 китобхонаи электронӣ бо лавозимоти таълимӣ – озмоишӣ муҷаҳаз мебошанд.
Раванди корҳои таълимӣ ва методӣ
Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки сатҳи сифати таълим барои мувофиқ намудани низоми маориф ба талаботи ҷомеа, омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, инчунин ташаккули шахсият зарур ва саривақтӣ мебошад. Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми аврупоӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷкистон то соли 2030 ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар мадди назари Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қарор дорад.
Роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати таъмини Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи “Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар ҶТ” системаи мавҷудаи таълимиро дар факултетҳои амалкунандаи донишгоҳ такмил дода, бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудан ва ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир сохтани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб пайваста чораҳо андешида, барномаҳои кории таълимиро такмил медиҳад. Бо ин мақсад ҷиҳати мутобиқ намудани нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯи самт (ихтисос) ба таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯи бахшҳо, дар асоси Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, Барномаҳои таҳсилотро аз рӯи самт ва нақшаҳои таълимӣ барои ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Педиатрия” ва “Стоматология” моҳи августи соли 2022 аз нав тасдиқ намуд.
Барои вусъат бахшидан ба раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо ҳисси масъулият дар соли 2022 як қатор корҳои назаррас ба иҷро расиданд. Инчунин, аз ҷониби Бахши назорати сифати таҳсилот мониторинги ҳармоҳаи дараҷа ва сифати дарсазхудкунӣ ва давомоти донишҷӯён ба дарсҳо гузаронида шуда, бо кафедраҳо ва деканати факултетҳо баррасӣ карда мешавад.
Дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани сессияи имтиҳонӣ яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти босуботи таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, нишондиҳандаи асосии фаъолияти донишгоҳ ва яке аз меъёрҳои муайянсозии сатҳу сифати таълим ва дарсомӯзии донишҷӯён ба шумор меравад.
Қабули донишҷӯён
-Комиссияи қабули ДДТХ дар асоси “Қоидаҳои қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2022 – 2023” аз 25-уми июли соли 2022 ба фаъолият оғоз намуда, 5-уми августи соли 2022 қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба анҷом расонид.
Натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳои мутамаркази ММТ назди Президенти ҶТ барои соли таҳсили 2022-2023 маълум намуд, ки тибқи нақшаи қабул 360 нафар довталаб дар ду давраи тақсимот ба курси якум қабул карда шуданд. Дар асоси нақшаи қабули квотаи Президентӣ 37 нафар, инчунин 3 нафар шаҳрвандони хориҷӣ (Ҷумҳурии Қазоқистон) дар доираи Иҷозатномаи донишгоҳ ба курси 1 -ум қабул карда шуданд.
Такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён
Дар ҷараёни суҳбат номбурда изҳор дошт, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён қисми асосии раванди таълим буда, барои тайёр кардани кадрҳои тиббии баландихтисос нақши муҳимро мебозад. Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи вохуриҳояшон бо ҷавонон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ доимо таъкид менамоянд, ки ба сифати таълим ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён диққати махсус дода шуда, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён пойгоҳҳои беҳтарин ҷудо карда шавад. Раёсати ДДТХ таъкидҳои Президенти кишварро ба назар гирифта, ба раванди таҷрибаомӯзӣ ва иҷроиши малакаҳои амалии донишҷӯён дар донишгоҳ ва баланд бардоштани сифати он диққати махсус медиҳад. Бе шубҳа, дар ин ҷода тарбия ва омодасозии табибони ҷавон бо кумаку дастгириҳои роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар сол аз сол натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.
Тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии донишгоҳ аз санаи 01.07.2022 то 28.08.2022 таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷуёни курсҳои 2 то 5-уми ҳамаи факултетҳои донишгоҳ ба нақша гирифта шуда буд, ки дар маҷмуъ 1519 нафар донишҷӯёнро ташкил медод.
Мутобиқи талаботи нақшаҳои таълимӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ барои курсҳои 2, 3 ва 5-ум аз рӯи барномаҳои “Парастории бемор”, “Кори ҳамширагӣ” ва Табибӣ”-ро дар шуъбаҳои беморхонаҳои марказӣ, вилоятӣ ва мақоми ҷумҳурявидошта гузарониданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти Маркази таҳсилоти баъдаздипломии донишгоҳ ин бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, табибони соҳаҳои гуногуни муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Такмили ихтисос аз рӯи 54 барнома ва бозомӯзии касбӣ аз рӯи 11 барнома, дар маҷмуъ 65 барнома амалӣ мегардад.
Дар соли 2022 ҳамагӣ 113 нафар шунавандагон дар курсҳои такмили ихтисоси педагогӣ, техналогияи иттилоотӣ, такмили ихтисоси тахассусӣ ва инчунин, курсҳои бозомӯзии касбӣ қабул шуданд. Аз онҳо 38 нафар курсҳои такмили ихтисоси педагогӣ, 21 нафар омӯзиши курси компютерӣ, 13 нафар курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва ба курсҳои бозомӯзии касбӣ 41 нафарро ташкил додааст.
Бояд қайд, ки тибқи нақшаи дурнамои такмили ихтисоси ҲПО-и ДДТХ, ки то давраи соли 2025 тасдиқ шудааст, аз рӯи барномаҳои зикрёфта 38 нафар омӯзгорони донишгоҳ аз давраҳои такмили ихтисос гузаштанд. Аз шумораи умумӣ 34 нафар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ давраи такмили ихтисосро дар асоси ҳамкориҳо бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаштанд.
Корҳои илмӣ
Мавсуф қайд кард, ки масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ҷавон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, як мавзӯи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва талошҳои рӯзафзуни он кас имконият фароҳам оварданд, ки дар давоми чанд соли охир як қатор мушкилоти соҳаи илму маориф роҳи ҳалли худро пайдо намуда, заминаи муҳиме барои пешрафти соҳа муҳайё гардад.
Дар баробари фаъолияти таълимӣ, дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯён, ҳамчун яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад. Корҳои илмӣ, маърузаҳо, ихтироот ва навовариҳо, ҳамчун нишондиҳандаҳои фаъолияти пурсамари илмиву нашриявӣ ва амалӣ мебошанд. Ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ин самт ҳамеша талош намуда, барои пешниҳод ва нашри натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар шакли фишурда, мақола, ҳисобот ва презентатсияҳо дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмӯъаҳои конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳурӣ ва берун аз он, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Яке аз самтҳои фаъолияти афзалиятноки донишгоҳ ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ буда, дар ин самт дар ҳамаи кафедраҳо лоиҳаҳои илмӣ амалӣ мегардад. Айни замон, ба 1 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии кормандони кафедраҳои ҷарроҳии №1 ва №2 дар мавзуи «Современные молекулярно-генетические аспекты диагностики наследственного синдрома рака молочной железы и яичников» аз тарафи буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар баробари ин, 1 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи «Паҳншавии бемориҳои омосҳои хушсифати ғадудҳои ширӣ дар байни донишҷӯдухтарони вилояти Хатлон» аз ҷониби аъзои ҷамъияти илмии кафедраи ҷарроҳии №2, ки дар доираи грантҳои хурд, ба роҳ монда шуда буд, ба анҷом расид. Ҳамзамон, 1 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи “Эпидемиология, ташхис ва табобати синдроми апертураи болоии қафаси сина дар байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” тасдиқ шуда, айни замон идома дорад.
Лозим ба қайд аст, ки дар донишгоҳ аввалин маротиба дар байни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ Ҷамъияти илмӣ – маърифатии “Дониш” таъсис дода шудааст. Мақсади фаъолияти ҷамъият барои саҳм гузоштан дар рушди маърифатии ҷамъият, тарбияи ватанпарварии шаҳрвандон, паҳн намудани донишҳои илмӣ, инчунин баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмию таълимии донишҷӯёну омӯзгорон ва дигар табақаҳои ҷамъият иборат мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки имсол олимони ҷавони донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” ширкат намуда, 5 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ётанд. Аз рӯи натиҷаи даври ниҳоӣ дар самти ихтирооткорӣ ДДДТ бо гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гашт.
Дар маҷмуъ дар соли 2022 корҳои илмию нашриявии донишгоҳ вусъат ёфта, дар ин давра 452 таълифоти илмӣ, 1 ихтироот, 11 пешниҳоди навоварона, 6 дастурамалҳои таълимӣ – методӣ, 4 шумораи маҷаллаи “Симруғ, 12 шумораи рӯзномаи “Пайки Шифо” ва 4 шумораи блютенҳои иттилоотӣ нашр шудаанд.
Тарбиявӣ ва маърифат
Убайдулло Қурбон дар рафти суҳбат тазаккур дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2022 худ фарҳангро ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таъриху сунатҳои халқи тоҷик маънидод намуда, иброз доштанд, ки он ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамзамон, зикр намуданд, ки ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо донишгоҳ дар самти баланд бардоштани савияи дониш, малакаву истеъдоди ҳунариву эҷодӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ва омода кардани мутахассисон ояндаи тиб нақши бориз гузошта истодааст.
Барои таъмини иҷрои ин ҳадафу мақсадҳо татбиқи бандҳои Консепсияи миллии тарбия, амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ дар самти тарбия корҳои тарбиявӣ дар шакли фаъол (таълимӣ) ва ғайрифаъол (беруназдарсӣ) ба роҳ монда шудааст.
Раванди муносибатҳои байналмилалӣ
Ҳамсуҳбати мо махсус изҳор дошт, ки фаъолияти равобити байналмилалӣ низ дар баробари дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, дар соли 2022 дар доираи барномаҳои Эрасмус+ 3 лоиҳаи шарикиро татбиқ намуд. Дар доираи ҳамкориҳои донишгоҳ бо ташкилоти GIZ аз рӯи лоиҳаи “Барномаи ташкил ва таъсиси системаи таҳсилоти инегартсионии тибби оилавӣ” моҳи апрели соли 2022 семинари оиӯзишӣ баргузор шуд. Инчунин, лоиҳаи ҳамкорӣ дар бораи таъсис ва муҷаҳазсозии озмоишгоҳи “Реаксияи занҷиравии полимеразӣ (ПЦР)”, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор гирифтааст. Дар доираи марҳилаи сеюми Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон” донишгоҳ барои муҷаҳазсозии Озмоишгоҳи биохимиявӣ соҳиби грант шуда, ба маблағи 100 000 доллари амрикоӣ таҷҳизот ворид карда шуд.
Ба мақсади мутобиқ намудани таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ, сохтор, мазмун, мӯҳлат ва сифати тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустии ҶТ ба Стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, таъмин кардани талаботи аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, воридшавии ҶТ ба фазои ягона таълимии ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба тайёр намудану бозомӯзии кадрҳои тиббӣ барномаи таълимии факултетии тибб ва педиатрӣ дар соли 2022 таҷдиди назар шуд. Дар ин самт барои амалӣ намудани Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаю чорабиниҳо таҳия шуда, он зина ба зина амалӣ мешавад. Аз ҷумла, амалисозии самараноки Консепсия ва гузаронидани ислоҳоти таҳсилоти олии тиббии тодипломӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти GIZ аз рӯи “Барномаи ташкил ва таъсиси системаи таҳсилоти инегартсионии тиббӣ оилавӣ” ва “Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” баҳодиҳии барномаҳои таълимӣ, усулҳои таълим ва худомӯзӣ, истифодабарии маводҳои таълимӣ ва мувофиқати барномаи таълимии ДДТХ бо эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ таҳлилҳо гузаронида шуд. Дар доираи ин ҳамкориҳо аз тарафи коршиносони Донишгоҳи Сафия, Батумӣ ва Алмаато барои ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ якчанд маротиба семинарҳо, тренингҳо ва мизҳои мудаввар баргузор карда шуд.
Дар соли 2022 бо назардошти иҷрои талаботи лоиҳаи “СПРИНГ” донишгоҳ аъзои комилҳуқуқи “Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” шуд.
Дарт фароварди суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон қайд намуданд, ки дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои давлатӣ, ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади асосии тамоми кормандони ДДТХ мебошад.