Минтақаи Ворухи Исфара аз замони пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ то ҳол макони баҳсбарангез буда, ҳар чанд вақт барои ин ҳудуд миёни сокинони наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, муноқишаҳои марзӣ рух медиҳад.

Аз аввалҳои сентябри соли гузашта то ибтидои моҳи январи соли соли 2020, дар ин минтақа муноқишаҳои бешуморе ба амал омаданд, ки дар он сокинонони ҳарду кишвар захмӣ гардиданд, ки ин муноқишаҳо то ба қатлу куштор низ бурда расонд. Сарони ҳукуматҳои ҳарду кишвар барои бартарафсозӣ ва хотима додани муноқишаҳои марзӣ гуфтушунидҳои зиёде анҷом доданд, вале ҳанӯз ҳам вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ахиран, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотии ниҳодаш, ки субҳи имрӯз дар бинои вазорат баргузор шуд, дар ин масъала изҳори назар кард.

Ӯ гуфт,  соли гузашта роҳбарон аз ин ноҳияҳои наздисарҳадӣ боздид ба амал оварданд. Ҳукуматҳо дар ин самт бо ҳам ҳамфикр ҳастанд. Комиссия дар самти ҳамкории иқтисодиву  фарҳанги ва телекомуникатсия ҳаст, ки дар онҳо низ масъалаҳои сарҳадӣ баррасӣ мешаванд.

– Мо барои баррасии масъалаҳои марзӣ тӯли 16 сол кор мебарем. Се маротиба вохӯрӣ дар сатҳи комиссияҳои муштарак доир гардид, – таъкид намуд Сироҷиддин Муҳриддин. – Аммо қирғизҳо, дар минтақаҳои мувофиқанашуда, ба сохтани роҳу биноҳои истиқоматӣ идома медиҳанд. Дар ин масъала, аз тарафи комиссияҳои муштарак, созишномаҳои лозим ба имзо расидаанд. Тибқи ин созишномаҳо бояд сохтмони ин иншоот қатъ карда шаванд, вале новобаста аз ин, аз тарафи шаҳрвандони қирғиз сохтани иншоот идома доранд.

Ба қавли вазир роҳе, ки Исфараро бо Ворух мепайвандад, тавассути минтақаи мувофиқанашуда мегузарад. Қирғизҳо аз фурсат истифода бурда, ба убури нақлиёти Тоҷикистрон ба ҷониби Ворух монеа мешаванд ва ба сӯйи шаҳрвандони тоҷик санг мепартоянд. Бо вуҷуди ин ҷониби Тоҷикистон кӯшиш дорад, то масъала дар сатҳи ҳукуматҳо роҳи ҳалли худро ёбад.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон тайи чанд рӯзи охир дар саҳифаҳои иҷтимоӣ мардум аз гуфтори генерали тоҷик Абдулло Навҷувонов васф мекарданд. Навҷувонов гуфта буд:

“Агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеҷ гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷик қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва ин чиз имрӯз барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд”.

Бар хилофи сухани Абдулло Навҷувонов аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон нотаи эътирозӣ низ ирсол гардид. Дар он полковники қирғиз Абдукарим Алимбаев ба ҷониби Тоҷикистон гуфт: “Бодканд ҳеҷ гоҳ аз тоҷикҳо набуд ва намешавад. Ин аз қадим замини қирғизҳост…”

Вале ин амалкарди генерал Абдулло Навҷувоновро Сироҷиддин Муҳриддин чунин шарҳ дод: “Сухане, ки Абдулло Навҷувонов гуфтааст, ин фикри шахсии ӯст. Навҷувонов дар ягон ҷаласаи расмӣ ин масъаларо баррасӣ накардааст. Мавқеи расмии мо бобати кулли масъалаҳои сарҳадӣ дар ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ қайд мегардад. Дар мавриди масъалаи мазкур танҳо муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти расмӣ карда метавонанд”.

Сироҷиддин Муҳриддин дар мавриди васоити ахбори омаи Қирғизистон гуфт, ки кори хабарнигорони қирғиз ва ҳукумати он “пеш аз пода чанг бардоштан аст”.

– Ҷаласа баргузор нашудаву масъала баррасӣ нагардида, хабарнигорони қирғиз дар назди роҳбарон саф мекашанду,аз вазъият натиҷагирӣ карда, онро расонаӣ мекунанд, – таъкид намуд ӯ. – Ҳол он, ки ягон масъала ба миён гузошта нашудаасту аз ҳолат натиҷагирӣ нашудааст. Дар ҳамин росто, Ҳукумати мо масъаларо ҳаматарафа омӯхта баъд аз натиҷаи он ба ВАО хабар медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь