Дар ҳама   давру замон муҳоҷирати инсонҳо аз як кишвар ба дигар кишвар ё аз як минтақа ба минтақаи дигар вуҷуд дошт. Вале дар асри 19 ин раванд хеле суръати баландро ба худ касб кард. Омили ин зиёдшавии суръати муҳоҷират дар сатҳи ҷаҳонӣ пешравиҳои назарраси саноативу иқтисодӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Австралия буд. Аҳолии кишварҳои Аврупо бо сабабҳои гуногун ба ин минтақаҳои ҷаҳон ҳиҷрат мекарданд, ки асоситарини он расидан ба зиндагии беҳтар буд. Аммо бо гузашти вақт сар аз солҳои 1960-1970-ум мардуми кишварҳои қитъаҳои Осиёву Африқо ҷойи кишварҳои аврупоиро гирифтанд. Дар ин давра кишварҳои аврупоӣ  қабулкунандаи муҳоҷирон буданд ва аз Осиёву Африқо дар баробари Амрикои Шимолӣ ва Австралия муҳоҷир қабул мекарданд.

Дар охири асри 20-ум ва аввали асри 21-ум кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ пурра ба ин раванди муҳоҷират ворид гардиданд. Аҳолии кишварҳое, ки бо Иттиҳоди Аврупо ҳамгироии бештар доштанд, ба Аврупо ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар ба Русия ва Қазоқистон муҳоҷират мекарданд. Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо буд, ки аз ҳама бештар дар Руссия муҳоҷир дорад ва Қазоқистон дар ин рӯйхат ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Солҳои охир бо сабабҳои муайян аҳолии кишвари мо ба дигар кишварҳои ҷаҳон роҳ кушода, ҳиҷрати мавсимӣ ва доимиро ихтиёр кардаанд. Онҳо тавонистанд ба ИМА, Канада, Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Корея рафта, фаъолияти меҳнатӣ ва ё зиндагии доимии худро ба роҳ монанд. Дарвоқеъ, муҳоҷирон як нерӯи асосӣ барои фаъолияти муваффақонаи иқтисодӣ дар кишварҳои қабулкунанда мебошад ва талабот ба қувваи кории арзон яке аз омилҳои асосии муҳоҷират аст.

Дар ҷаҳони имрӯз бе дарназардошти равандҳои муҳоҷират тасвири олам нопурра хоҳад буд. Муҳоҷират дар он нақши хеле бузург дорад. Ба ин маъно, муҳоҷират, пеш аз ҳама, аз назари иқтисодӣ ва баъдан аз назари сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба кишварҳои ҳам қабулкунанда ва ҳам содиркунадаи муҳоҷирони меҳнатӣ таъсири назаррас мегузорад. Ба қавли Р.С. Табасаранский, “муҳоҷират на танҳо ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони муосир таъсир дорад, балки худи инсонҳо, хислатҳои шахсӣ ва тарзи зиндагии онҳоро ба таври назаррас тағйир медиҳад”. Мутаассифона, ин таъсирот на ҳамеша мусбат ҳастанд. Агар, аз як ҷониб, муҳоҷирон дар кишварҳои дигар ҳунару малака ва кордонии худро сайқал дода, барои кишвари қабулкунанда ва ватани худ манфиати бештар оваранд, аз ҷониби дигар, як қисми ин муҳоҷирон дар муҳити ба онҳо ношинос осебпазир гардида, дар банди гурӯҳҳои манфиатхоҳ афтида, ба истилоҳ “мағзшӯӣ” шуда, барои кишварҳои дигар ва ватани худ ба як манбаи хатар табдил меёбанд.

Омилҳои муҳоҷират гуногун мебошанд, ки дар умум, метавон онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Яке омилҳои теладиҳанда ва дигаре омилҳои кашишдиҳанда. Ба омилҳои теладиҳанда бекорӣ, даромади паст, андозҳои гарон, камбизоатӣ, табъизи диниву нажодӣ ва ҷангҳо дар кишварҳои содиркунандаи муҳоҷирон дохил мешаванд. Аз омилҳои кашишдиҳанда, ки асосан дар кишварҳои қубулкунандаи муҳоҷирон дида мешаванд, рушди иқтисодии баландсуръати ин кишварҳо ва эҳтиёҷи онҳо ба қувваҳои нави корӣ маҳсуб мешавад, ки барои муҳоҷирон имкониятҳои тозаеро барои амалӣ кардани орзуҳои худ, ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии худу аҳли оилаи онҳо фароҳам меорад. Илова бар ин, озодии бештаре, ки дар кишварҳои пешрафта барои муҳоҷирон таъмин карда шудааст, як қисми ками онҳоро ҷалб менамояд. Ин дар ҳолест, ки дар тӯли таърих омили аз ҳама асосии муҳоҷират ин омили иқтисодӣ буд ва то ҳол боқӣ мондааст. Иқтисод ҳам ба омилҳои теладиҳанда ва ҳам ба кашишдиҳанда таъсир мерасонд. Яъне муҳоҷирони меҳнатӣ барои таъмини рӯзгори худ ҳиҷратро интихоб мекунанд ва кордеҳон аз кишварҳои қабулкунанда бо истифодаи қувваи кории арзон арзиши аслии маҳсулоти ниҳоии худро камтар намуда, рақобатпазирии хешро дар бозор нигоҳ медоранд.

Агар дар масъалаи таъмини озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон амиқтар назар намоем, маълум аст, ки дар аксар маврид ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари аҳолии муқимии кишварҳои қабулкунанда ҳимоя намешавад. Вале боз ҳам онҳо аз ин вазъият розӣ буда, дар он кишварҳо кор карда истодаанд, чунки дар ватани худ ҳамон имкониятҳо ва ҳуқуқҳоро низ то дараҷае камтар доранд. Илова бар ин, маҳдуд будани баъзе ҳуқуқҳои муҳоҷирон, ки хароҷоти кордиҳандаро барои корманд кам мекунад, диққати кордиҳандаҳоро бештар ҷалб мекунад. Чуноне ки Мартин Рус мегӯяд: “Агар муҳоҷирони корӣ ҳуқуқҳои бештар дошта бошанд, арзиши меҳнати онҳо боло меравад ва имкониятҳои пайдо кардани кор барояшон камтар мешаванд”. Р.С. Табасаранский низ қайд менамояд, ки соҳибкорон ва моликони корхонаҳо аз ба кор гирифтани муҳоҷироне, ки ҳуқуқашон камтар ҳимоя мегардад ва омодаанд бо маоши кам ва бе хароҷот ба ҳифзи иҷтимоӣ ва пардохтҳо ба фонди нафақаи онҳо аз ҷониби кордеҳ кор кунанд, манфиат мебаранд. Ин аст, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон то имрӯз муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои қабулкунанда, ҳуқуқи баробар надоранд. Аз ин шароит ҳам кордеҳ манфиат мебарад ва ҳам коргар чун имкони бештари корёбӣ дошта метавонад. Ин аст, ки новобаста аз нобаробариҳо бо аҳолии таҳҷойӣ дар масъалаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва имкониятҳои корӣ муҳоҷирони меҳнатӣ аз як қисм кишварҳои рӯ ба рушд ба дигар кишварҳои монанд, ки бо сабабҳои гуногун ба қувваи кории иловагӣ ниёз доранд ва ҳамчунин ба кишварҳои тараққикарда сафар карда, фаъолияти меҳнатӣ менамоянд.

Ҳарчанд бо сабабҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ гурӯҳҳои муайян аз кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон бар зидди ин раванд баромад мекунанд, вале талабот ба ин манбаи қувваи корӣ дар чунин кишварҳо зиёд аст. Кишварҳои дар ҳоли рақобати шадид дар бозори ҷаҳонӣ қарордошта наметавонанд ба пуррагӣ аз қабули муҳоҷирон даст кашанд. Ин аст, ки танҳо бо роҳандозӣ кардани қонуну қоидаҳо барои танзимоти бештари раванди муҳоҷират муҳоҷиронро қабул мекунанд ва аз қувваи корӣ ва донишу малакаи онҳо истифода карда, иқтисоди хешро тақвият медиҳанд. Чуноне ки В.В. Андропов қайд мекунад, “воридоти қувваи корӣ барои кишварҳои қабулкунандаи воситаҳои корӣ ҳам натиҷаҳои мусбат дорад ва ҳам манфӣ. Муҳоҷирон ба воситаҳои гуногун саҳми худро дар рушди иқтисодӣ мегузоранд. Ин раванд талаботи бозори меҳнатро ба қувваи кории мутахассисони гуногун таъмин менамояд, танишҳои бархоста аз мушкилоти демографиро кам менамояд, самаранокии бозори меҳнатро ба воситаи бештар намудани рақобатнокӣ боло мебарад”. Бо назардошти ин воқеият, раванди муҳоҷират дар солҳои оянда имкони боз ҳам вусъат ёфтанро дорад.

Кишварҳои содиркунандаи муҳоҷирони корӣ аз ин раванд дар кутоҳмуддат манфиати хуб мегиранд, вале коршиносон ба ин назаранд, ки агар бо барномарезиҳои давлатии дурусту ҳисобӣ ин раванд танзим нашавад, дар оянда барои чунин кишварҳо зарари ҷиддӣ оварда метавонад. Пеш аз ҳама, кам кардани шиддати бекорӣ ва камбизоатӣ, ки муҳоҷират дар пай дорад, барои кишварҳои содиркунанда фоидаовар аст. Яъне дар аксари чунин кишварҳо афзоиши аҳолӣ зиёд буда, рушди иқтисодӣ суръати нисбатан паст дорад, ки наметавонад аҳолии қобили меҳнатро ба ҷойи кори шоиста таъмин намояд ва ин танишҳои иҷтимоиро ба бор оварда метавонад. Дар ҳолати муҳоҷиратро интихоб кардани бекорон, махсусан, ҷавонон ин фишори иҷтимоӣ кам мешавад. Дар баробари ин, даромади муҳоҷирон, ки ба ватан интиқол меёбад, дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд нақши муҳим мебозад.

Муҳоҷирон дар кишварҳои нисбатан пешрафта донишу малакаи кории худро боло мебаранд ва дар оянда метавонанд ба ватани худ баргашта, бо истифода аз он дар рушди иқтисодиву иҷтимоии он саҳми бевосита дошта бошанд. Илова бар ин, як қисми муваффақтари онҳо сармоя ҷамъ намуда, ба ватан меорад ва агар шароити соҳибкорӣ дар ватан мувофиқ бошад, сармоягузорӣ мекунад ва дар рушди иқтисоди кишвари хеш ба ин восита саҳми арзанда мегузорад.

Дар баробари манфиатҳо кишварҳои содиркунандаи муҳоҷирати корӣ зиён низ гирифта метавонанд. Масъалаи аз ҳама ҷиддӣ, ки дар дарозмуддат чунин кишварҳоро ба гирдоби ақибмондагӣ ва фақру бенавоӣ ворид месозад, ин ба истилоҳ, “фирори мағзҳо” мебошад. Мутахассисони баландихтисос аз кишвар хориҷ мешаванд ва ҷойи онҳоро афроди тасодуфӣ гирифта, соҳаҳои бутунро ба бунбаст гирифтор менамоянд. Ин раванд дар дарозмуддат ҳама имкониятҳои рушди иқтисодиву иҷтимоиро барои ин кишварҳо аз миён мебарад ва онҳоро ба сукути иқтисодӣ мувоҷеҳ месозад. Ба ғайр аз ин, ҷавонони камсавод дар хориҷи кишвар ба осонӣ ба доми гурӯҳҳои муайяни ифротгаро ё манфиатхоҳи дигар афтида, мағзшӯӣ ва бар зидди ҷомеаву давлати худ истифода мешаванд. Ин ҳам яке аз мушкилоти нигаронкунанда мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз равандҳои муосири олам дар канор нест. Сиёсати дарҳои боз, эътирофи давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, афзоиши босуръати аҳолӣ ва рушди камтари иқтисодӣ сабаб шудааст, ки аз кишвари мо садҳо ҳазор қувваи корӣ ба хориҷа, махсусан, ба Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Тибқи омори расмӣ, солона тақрибан 650 ҳазор шаҳрванди кишвари мо ба хориҷа ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Сарчашмаҳои ғайрирасмӣ ин шумораро бамаротиб зиёд арзёбӣ мекунанд. Ин муҳоҷирон солона аз 2 то 5 миллиард доллари ИМА ба ватан маблағ ворид мекунанд, ки ин дар баъзе солҳо то 50 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Намояи зерин тамоюли ин нишондиҳандаро инъикос менамояд:

Сарчашма: data.worldbank.org/indicator/BX.TRF.PWKR.CD.DT?locations=TJ

Аз намояи боло метавон дид, ки муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон маблағи бузургеро ворид карда, дар рушди иқтисодӣ ва беҳтар кардани зиндагонии аҳолӣ нақши назаррас доранд. Додаҳо аз сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки дар баъзе солҳо ин маблағ баробар ба  нисфи Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Намояи зерин ин таносубро нишон медиҳад:

Сарчашма: data.worldbank.org/indicator/BX.TRF.PWKR.DT.GD.ZS?locations=TJ

Раванди муҳоҷират ба иқтисоди Тоҷикистон ва даромади хонаводаҳо таъсири мусбат дорад. Он иқтидори харидории аҳолиро боло бурда, боиси васеъ шудани истеҳсолот ва хизматрасониҳо, эҷоди ҷойҳои кории нав дар дохил, кам шудани сатҳи камбизоатӣ ва зиёд шудани сармояи дохилӣ гардида, танишҳои иҷтимоиро дар ҷомеа камтар менамояд. Бо вуҷуди ин, раванди муҳоҷират таъсироти манфии зиёде низ дорад, ки пешгирии онҳо вазифаи асосии давлат ва зиёиёну равшанфикрони миллӣ мебошад.

Пеш аз ҳама, зистану кор дар шароити инзивоӣ ва таҳоҷумҳои идеологии гурӯҳҳои ифротӣ муҳоҷирони тоҷикро бо хатари хурофотзадагӣ ва бегонапарастӣ мувоҷеҳ месозад. Махсусан, насли ҷавон, ки дониши дуруст ва таҷрибаи зиндагии зиёд надорад, ба осонӣ зери таъсири мубаллиғони равияҳои ғайрисуннатии гуногун қарор мегиранд. Ин аст, ки аксари он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурия ва Ироқ рафта, дар қатори террористҳои ДОИШ одам мекуштанду кушта мешуданд, маҳз дар муҳоҷирати меҳнатӣ мағзшӯӣ шуда буданд. Таблиғоти нисбатан озоди мазҳабу равияҳои номатлуб дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик фазоеро ба миён овардааст, ки ҷавонони мо ба осонӣ зери таъсири манфиатҷӯён қарор гирифта, ҳувияти худро дигар менамоянд ва дунболи амалӣ сохтани идеяи бегонагон мераванд. Баъди иваз шудани худ як қисми онҳо ба хонаводаи худ таъсир расонида, мафкураи онҳоро низ дигар мекунанд. Ин хатари бузургтарин барои фарҳангу давлати тоҷикон мебошад.

Дуюм, хатари бад шудани вазъи саломатии аҳолӣ мебошад, ки ба генофонди миллати тоҷик таҳдиди ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз кишвари офтобрӯяи мо шаҳрвандон ба шимол, кишварҳои сардтар рафта, дар шароити на он қадар мувофиқ кору зиндагӣ мекунанд, ки ин ба саломатии онҳо зарар мерасонад. Илова бар ин, даст задан ба корҳои вазнин ва риоя накардани вақти муқарраршудаи корӣ, инчунин бе истифодаи воситаҳои суғуртавӣ корҳои хатарнокро иҷро кадан ба саломатии онҳо зиён меоварад. Ин вазъият наметавонад аҳли ҷомеаи моро нигарон насозад. Ҳам давлат ва ҳам қишри огоҳи ҷомеа бояд роҳҳалҳоеро барои пешгирии ин раванди зиёновар, ки ғолибан ба генофонди миллат садама мезанад, ёбанд.

Сеюм, шумораи зиёди муҳоҷирон дар як кишвари дигар вобастагии давлатро ба он зиёд карда, мавқеи онро дар баҳсу гуфтушунидҳои дуҷониба заиф месозад. Таҷриба нишон медиҳад, ки давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон масъалаи муҳоҷиратро ҳамчун фишанг истифода карда, ба давлатҳои содиркунандаи муҳоҷирон фишор меоранд ва масъалаҳои баҳсиро сирф ба манфиати хеш ва ба зиёни дигарон ҳал менамоянд. Ин раванд истиқлолияти ҳам иқтисодӣ ва ҳам сиёсиву фарҳангии кишварҳои содиркунандаи муҳоҷиронро маҳдуд карда метавонад.

Чорум, раванди муҳоҷират ба тарбияи кӯдакон ва насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Дар баъзе маврид падарон наметавонанд фарзандони худро бевосита назорат карда, тарбия намоянд. Ин дар маҷмуъ раванди тарбияро камсамар намуда, дар оянда боиси мушликоти дигар дар ҷомеа ва оилаҳо шуда метавонад. Ин дар ҳолест, ки имкониятҳои молии раванди муҳоҷират бавуҷудоварда саҳми мусбате дар таълими фарзандон дошта метавонад. Яъне шумораи бештари аҳолӣ бо истифода аз маблағҳои бадастомада аз муҳоҷирон маълумоти миёнаи касбӣ ва олӣ гирифта истодаанд.

Панҷум, ҷомеа ва давлат низ дар дарозмуддат аз муҳоҷир шудани аҳолии соҳибкасбу соҳибҳунари худ зиён мебинад.  Иқтисодҳои рӯ ба рушд ҳамеша ба мутахассисони соҳибкасб ва ҳунармандону меъморон ниёз доранд. Вақте чунин мутахассисон дар хориҷи кишвар имкониятҳои бештари сохтани зиндагии шоиста барои худ ва аҳли оилаи худро меёбанд, ҳатман ба муҳоҷират мераванд. Дар дохил камбудии мутахассисон ба миён меояд, ки дар натиҷа ё лоиҳаҳо иҷро намешаванд ва ё кор ба дасти афроди тасодуфӣ афтида, зоҳиран иҷро мешавад, вале дар асл, мушкилот афзун гардида, баданаҳои иқтисодию иҷтимоӣ заиф шуда, иқтисоди миллӣ рӯ ба харобӣ меоварад.

Ин ва дигар паҳлӯҳои манфии раванди муҳоҷират давлатҳо ва миллатҳоро водор месозад, ки пайваста даст ба ислоҳот зада, шароити кору зиндагиро дар дохил беҳтар созанд ва вобастагии худро аз маблағҳои равонкардаи муҳоҷирон камтар намоянд. Чунки рафтани ҷавонони хундарҷӯш ба хориҷа танҳо дар кӯтоҳмуддат танишҳои иҷтимоиро кам мекунад. Дар дарозмуддат ин раванд барои давлату ҷомеа мушкилоти зиёдеро ба бор оварда метавонад. Ҳоло Тоҷикистони мо дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаи Нисбати маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Ба ибораи дигар, дар баъзе солҳо маблағи фиристодаи муҳоҷирон тақрибан нисфи ММД-и моро ташкил медиҳад, ки аз ҳама давлатҳои дигар бештар аст. Ин, аз як тараф, нишондиҳандаи на он қадар хуб мебошад, чунки вобастагии хеле зиёди моро аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва кишварҳои қабулкунандаи он нишон медиҳад. Аз ҷониби дигар, маблағҳои муҳоҷирон як сарчашмаи сармоягузорӣ барои рушди иқтисоди кишвар ва эҷоди сарчашмаи даромад барои оилаҳо дар дохил метавонад бошад. Ин маблағҳо, агар идораи дуруст шаванд, имкониятҳои хеле зиёдеро барои кам кардани шумораи муҳоҷирон ва таъсири манфии он ба аҳолӣ ва ҷомеа, дода метавонанд. Танҳо бо мудирият дар асоси илм ва муҳаббат ба ватан раҳбарони як ҷомеа метавонанд имкониятҳои кӯтоҳмуддати раванди муҳоҷиратро истифодаи дуруст намуда, мушкилоти дар дарозмуддат ба миён меовардаи онро бартараф намоянд. Ин роҳи асосии ҳифзи амнияту соҳибистиқлолии давлат ва ҳифзи саломативу ҳувияти миллии шаҳрвандон мебошад.

Лутфулло БАРОТОВ, пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь