Зарурати насби камера дар мусофиркашҳо ба миён омадааст
Ҳамла ба як ронандаи ширкати “Як таксӣ” дар шаҳри Душанбе ва бо 8 захми корд ба бемористон расонидани ӯ, баҳси насби камераҳоро дар дохили нақлиёти мусофирбар доғ кард. Аксари сокинон насби чунин таҷҳизотро барои бехатарии шахсии ронандагон ҳатмӣ медонанд. Аммо суоли матраҳ он аст, ки оё нақлиёт ва камераҳои дохили он аз ҷониби масъулини ширкатҳо назорат мешавад? Агар не, насби таҷҳизоти назоратӣ то куҷо ба манфиат хоҳад буд?
Ронандаи ширкати “Як таксӣ” (1111) Зиёвиддин Бекови 23-сола тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар ҳолати вазнин ба беморхонаи “Қарияи боло”-и шаҳри Душанбе расонда шуд. Табибон дар бадани ҷавон 8 захми корд, дар қисмати гардан ва дастҳо, муайян ва барои зинда монданаш талоши зиёд карданд. Волидони Зиёвиддин Беков мегӯянд, ки ҳодиса бо фарзанди онҳо субҳи 15-уми январи соли равон дар минтақаи “Яккачинор”-и шаҳри Душанбе рух додааст.
Ба гуфтаи онҳо, ҷавони таксиронро мизоҷаш ба чунин аҳвол расонидааст:
– Зиёвиддин чор моҳ инҷониб бо мошини иҷора дар ширкати “Як таксӣ” фаъолият дошт. Ӯ дар оилаи мо яккаписар аст. Тирамоҳи соли гузашта оиладор шуд. Ман ҳам ронандаи таксиам ва дар ширкати “3333” фаъолият дорам. Қаблан ману писарам бо як мошини иҷора кор мекардем. Писарам баъди тӯй, ба хотири пардохтани маблағи қарзи аз банк гирифтаамон хоҳиш кард, ки як мошини дигар ба иҷора гирему дукаса кор кунем. Аммо бинед, ки кор ба ин дараҷа расид.
Писарам субҳи рӯзи 15-уми январ аз маҳаллаи “Ҳаёти Нав”, аз наздикии тарабхонаи “Бохтариён” як касро гирифта, аввал то қарибиҳои “Ромсар” ва боз аз он ҷо ба маҳаллаи “Яккачинор” меорад. Мизоҷ кӯчаеро нишон медиҳад, он ҷо даромада меистад. Роҳкирои мизоҷ 37 сомонӣ шудааст. Писарам маблағи роҳкироро мегӯяд. Он одам, ки дар нишастгоҳи қафои мошин будааст, ногаҳон бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гарданаш бо корд 6 зарба ва ба ҳарду дастонаш як кордӣ мезанад. Бо ҳамин аҳвол Зиёвиддин бо он номард муқобилият нишон медиҳад, аммо мусофир аз мошин фаромада мегурезад. Баъдан роҳгузарон мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, писарамро ба беморхонаи “Қарияи боло” мерасонанд. Табибон ҷарроҳӣ карданд, ду рӯз дар бахши эҳё буд, 8 рӯзи дигар дар утоқи умумӣ табобат гирифт. Ҳоло Зиёвиддин дар хона аст ва ҳар замон барои муоина ба назди табибон мебарам. Аҳволаш он қадар хуб нест. Корд раги “артерия” ва рагҳои дигари асабро аз қисмати гардан буридааст. Даст ва чашми росташ беҳаракат мебошад. Ман тамоми талошамро барои ба пой рост кардани писарам карда истодаам. Оқибаташро боз Худо медонад. Раҳмат ба роҳбари ширкати “Як таксӣ”, ки 3000 сомонӣ ёрдам кард, – дар ҳоле, ки ашк гулӯгираш мекарду сиришки ғам даври чашмонаш ҳалқа зада буд, нақл кард падари ғамзада Мурод Беков.
Мурод Беков бо аҳли хонавода дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти “Чоряккорон”, ки қаблан шомили ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва феълан ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст, дар ошёнаи панҷуми бинои панҷошёна зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дигар илоҷ надорад, барои барқарор кардани саломатии фарзандаш маблағи зиёд надорад. Ӯ ният дорад, ки иҷора шинад ва ба хотири табобати писари ягонааш манзили истиқоматиашро фурӯшад.
– Барои табобату ба пой хезонидани писарам пул лозим аст. Мо маблағи захира надорем. Маҷбурам, ки хонаамро фурӯхта, писарамро табобат кунам, – гуфт падари Зиёвиддин.
Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук” ва “Ютуб”, ки сабти навори суҳбати модари Зиёвиддин – Мастура Бековаро тамошо кардаанд, дар шарҳҳо аз ширкатҳои таксии дар шаҳр фаъолияткунанда тақозо доранд, ки ҳарчи зудтар дар нақлиётҳои мусофиркаш камера насб кунанд. Ба андешаи онҳо, танҳо бо насби камераҳо дар дохили мошинҳо метавон ҷони ронандаҳоро ҳифз ва аз ҷиноятҳо пешгирӣ кард. Аммо бархеҳо бар он назаранд, ки на дар ҳама ҳолат камераҳои дохили нақлиёт пеши роҳи ҷинояткорон ва ҷиноятҳои тарҳрезишударо гирифта метавонад.
– Агар базаи алоҳида барои назорати навори камераҳои дохили нақлиётҳои мусофирбар, ба монанди системаи “Шаҳри бехатар”, ки ҳаракати мошинҳоро дар чорроҳаҳои шаҳр назорат мекунад, набошад, дар гумон аст, ки сари вақт пеши роҳи чунин ҷиноятҳо гирифта шавад. Зеро агар мусофир қасди ҷиноят дошта бошад, метавонад таҷҳизоти дохили мошинро аз байн барад ва сабти онро нобуд созад, – мегӯяд корбари шабакаи иҷтимоӣ Шаҳзод Файзуллозода.
Директори ширкати “Як таксӣ” Исматулло Ҳакимов, ки ҷабрдида Зиёвиддин Беков чор моҳ боз узви он буд, дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар ширкати онҳо беш аз 700 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.
– Аксари воситаҳои нақлиёти ширкат шахсианд, ки бо барқу бензин ҳаракат мекунанд. Ронандаҳо аъзои мо шуда, фаъолият карда истодаанд. Дар нақша дорем, ки то соли 2026 пурра ба “электромобил” гузарем. Масъалаи насби камераҳои назоратӣ дар нақлиётҳои ширкат дар мадди аввал меистад. Электромобилҳои нав чунин таҷҳизотро доранд, ки ҳам берун ва ҳам дохили мошинро ба навор мегиранд. Ронандагони аъзои мо муваззаф шудаанд, ки ба нақлиёташон камера насб кунанд. Мақсади асосии мо ин аст, ки камераҳо дар як базаи ягона пайваст бошанд, то онҳо аз ҷониби корманди махсуси ширкат назорат карда шаванд. Аммо барои амалӣ шудани ин лоиҳа маблағи зиёд зарур аст. Бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи “электромобил” гуфтушунид кардем, ки дар мошинҳои нав тугмачаи огоҳидиҳанда насб кунанд, ки дар ҳолатҳои фавқулода ронанда метавонад онро зер кунад ва тариқи онлайн имдод талабад. Агар базаи ягона ташкил карда шавад, дохили нақлиётро ҳам, ки дида натавонем, макони ронанда зуд муайян карда метавонем.
Вобаста ба қазияи ба сари аъзои ширкат Зиёвиддин Беков омада нигаронем ва барои расонидани ҳама гуна кӯмакҳо омодаем, – гуфт директори ширкати “Як таксӣ” Исматулло Ҳакимов.
Директори ширкати таксии “3333” Муродалӣ Назаров мегӯяд, ширкати онҳо 600 нақлиёт дорад, ки аз ин ҳисоб 275 ададаш “электромобил” аст. Аксари нақлиётҳои ширкати онҳо камераи сабти навор доранд, аммо аксаран барои сабти берун буда, барои сабти дохили мошин камтар аст.
– Супориши Ҳукумати шаҳр дар мавриди насби камераҳо дар дохили нақлиёт ба мо расидааст. Мо ронандаҳоро огоҳ кардем, то барои бехатарии шахсиашон камера насб кунанд. Зиёда аз 50 дарсади ронандагони ширкати мо дар мошинҳояшон камераҳои сабти беруна насб кардаанд, аммо барои сабти дохили нақлиёт чизе гуфта наметавонам. Агар бошад барои бехатарии ронанда ҳам камераи сабти берун ва ҳам дохилӣ хуб аст, – гуфт директори ширкати “3333” М. Назаров.
Бино ба маълумоти масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон”, феълан дар шаҳри Душанбе 12 ширкати мусофирбар фаъолият доранд. Дар ширкатҳои мазкур 4350 нақлиёт ба қайд гирифта шуда, ба сокинони пойтахт хизмат мерасонанд. Гуфта мешавад, аз ин шумора 1640 адад нақлиётҳои бо барқ ҳаракаткунанда ва 2710 адад тавассути газу бензин фаъолият мекунанд. Тибқи як қарори шаҳрдории Душанбе то соли 2026 ширкатҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт пурра ба нақлиёти “электромобил” гузаранд.
Вобаста ба қазияи кордзании ронандаи мусофирбар Зиёвиддин Беков мақомоти интизомӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҷинояткор дар пайгард қарор дорад. Аз идомаи қазия ҳатман хонандагонро огоҳ хоҳем кард.
Шамсулло ФОЗИЛОВ,
ФАРАЖ