Яке аз амалҳои нангину разилонаи силоҳбадастони наҳзатӣ дар солҳои навадуми асри гузашта террору куштори шаҳрвандони хориҷӣ буд. Бо содир кардани чунин ҷиноятҳои мудҳиш онҳо мехостанд обруи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст кунанд.

Аз ҷумла, 30-юми ноябри соли 1997 қотилони наҳзатӣ шаҳрванди Фаронса Карен Маннро, ки ба сифати корманди ташкилоти байналмилалии «Тасис» дар Тоҷикистон фаъолият дошт, бераҳмона ва тарсуёна ба қатл расонданд. Ин ҷинояти мудҳиш ва нангини наҳзатиҳо фаромуш нахоҳад гардид ва онҳо ҳаргиз бахшида нахоҳанд шуд.

Ҷинояткорони террористи наҳзатӣ, ки айни ҳол дар Аврупо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун паноҳ бурдаанд, худро мехоҳанд хеле боадолату башардӯст ҷилва диҳанд. Вале агар ба аъмоли дар тули солҳои зиёд анҷомдодаашон назар афканем, инҳо ба ҷуз аз амалҳои нангини зиддиинсонӣ, аз ҷумла шеваҳои бадтарини инсонкушӣ, кореро анҷом надодаанд. Саркардаҳою масъулини ин ташкилоти террористӣ дар ҳар қисмате, ки мавҷуд буданд, хоҳ дар Рашт хоҳ дар Хатлон, хоҳ дар Бадахшон, хоҳ дар Суғду Зарафшон ҳадафашон яке буд. Ҳар дигарандеш ё озодандешро ҷисман аз байн бурдан.

Ҳамин аст, ки пайравони ин созмони зиддимиллӣ аз идеологияи инсонбадбинӣ ва бартарияти баэътиқодию мазҳабӣ кор гирифта, дар саросари кишвар бо шеваҳои мухталиф рақибони хешро аз байн мебурданд. Руҳияаашон чунин буд, ки дар баробари аз байн бурдани рақибони хеш то андозае лаззат ҳам мебурданд ва даъво пеш меоварданд, ки гӯё кори савоберо анҷом дода бошанд ва барои чунин амалкардҳояшон оёту ҳадис ҳам меоварданд.

Яъне ин ҳамон шеваҳоест, ки баъдан аз тарафи дигар ташкилотҳои исломи сиёсӣ, аз қабили Ҳаракати Толибон, «ал-Қоида» ва ДИИШ амалӣ карда шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки аввалин шеваҳои инсонкуширо маҳз наҳзатиҳо дар Тоҷикистон амалӣ намуданд ва дигар ташкилотҳои аз онҳо сабақ гирифта бошанд.

Ба шеваҳои хашин солҳои 90-уми асри гузашта ҳазорон нафарро дастпарварони ин ташкилоти хунхори террористӣ ба қатл расониданд. Ин махлуқони инсонсурат ҳаммилатони худ, намояндагони дину боварҳои дигар ва миллатҳои дигарро бо як бераҳмии ба худ хос нобуд мекарданд.

Онҳо ҳатто ба намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, ки ҷиҳати расонидани кумаки башардустона ба мардуми камбизоат омада буданд, заррае раҳм надоштанд.

Мувофиқи маълумоти мақомоти қудратии кишвар 26-уми ноябри соли 1997 саркардаи дастаи хунхори наҳзатӣ Садиров Ризвон бо зердастонаш шаҳрванд Қарабоев Ю.Ш.-ро ба қатл расонида, автомашинаи шахсии ӯро бо роҳи ғоратгарӣ аз худ намуданд. Бо истифода аз ин автомашина онҳо дар шаҳри Душанбе кормандони ташкилоти байналмилалии «Тасис» дар Тоҷикистон, шаҳрвандони Фаронса – Франк Жакие Дюбри ва ҳамсараш Карен Маннро гаравгон гирифтанд ва ба деҳаи Оқтоқи ноҳияи Рӯдакӣ бурданд.

Наҳзатиҳо саннаи 29-уми ноябри соли 1997, Франк Жакие Дюбри ва ҳамсараш Карен Маннро ба хонаи №2-и кӯчаи Намангони шаҳри Душанбе оварданд. Рӯзи 30 – юми ноябри ҳамон сол аз ҷониби неруҳои давлатӣ амалиёти озодкунии гаравгонон сурат гирифт ва зимни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Франк Жакие Дюбри озод карда шуд. Аммо террористони наҳзатӣ Карен Маннро бераҳмона куштанд.

Қотили бадбахти наҳзатӣ бо анҷоми ин амал ба худ меболид. Гумон мекард қаҳрамонӣ карда бошад. Зеро руҳияи инсонбадбинии наҳзатӣ фардҳоро чуноне тарбият мекард, ки куштори инсон барояшон лаззатбахш бошад.

Воқеан, идеологияи инсонбадбинии наҳзатӣ ҳамеша арзишҳои муҳими инсониро нодида гирифта, ҳатто заррае ба онҳо эътимод надошт.

Нафратовар аст, ки имрӯз пайравони ҳамин ҳизби ҷиноятпеша нашармида дар Аврупо хешро ҳомии ҳуқуқи башар нишон медиҳанд ва чунон нақшбозӣ мекунанд, ки гӯё мазҳари ҳуқуқи башар ҳаминҳо бошанд. Кушторҳои мутаадии солҳои 90-ум гӯё фаромуш шуда бошад ва ин нафарон гуманистони навин дар курраи хокӣ бошанд. Аммо ин чизҳо аз хотири ҳеҷ кас фаромӯш намешавад ва чеҳраи сиёҳи наҳзатиҳо дар пеши назар мемонад.

К. Субҳонзод, пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь