Ба гумони ғолиб ҳаводорони «Ал-Аҳлӣ» ин бор барои нашъат бурдан аз ғалабаи саҳлу пуршукуҳи дастаи худ ба майдони Малик Абуллоҳ ҷамъ омада буданд, ки ҳарифи дастаашон аз фарози кӯҳҳои сарбарфалаку сарсабзу обшори қалби Варорӯд – Тоҷикистон, бо номи «Истиқлол», бо пешинаи на чандон пурбору номӣ ба майдон меомад.

Зоҳиран, дастаи «Ал-Аҳлӣ» худ низ ҳамин руҳияро дошт, ки аз дақоиқи нахусти дидор бо дағдағу ғуруру виқор аз чапу росту қалби майдон ҳамалоти паёпайеро сӯи дарвозаи «Истиқлол» шуруъ намуд. Бо поскориҳои кӯтоҳу дароз, бо партобҳои заминиву баланд ва ҳар гоҳе бо зарбаҳое аз наздику роҳи дур таҳдидҳои нав ба нав ба дарвозаи истиқлолиҳо замм мекард. Дар ин лаҳазоти барои ҳаводорони «Истиқлол» ҳаяҷонӣ танҳо як чиз умедворкунанда буд – тамкину тадбири истиқлолиҳо! Зеро ин бор ҳарифи онҳо аз қудратҳои шинохтаи қораи Осиё буд; пешинаи ғанӣ, таҷрибаи фаровон, имконоти вофири молӣ, бархурдорӣ аз мудернтарин шароити машқу тамрин ва гулчини бозикунони мумтози худиву хориҷӣ аз нишонаҳои аслии маъруфияти «Ал-Ҳилол» буданд, ки ҳатман истиқлолиҳо инро медонистанд. Муҳиммтар аз инҳо, ҳафт нафар бозикуни мизбон узви дастаи милли саудиҳо буд, яъне «Истиқлол» амалан дар баробари тими миллии Арабистони Саъудӣ меистод. Ин ҷо кадри таълимии «Истиқлол», мураббиёну сарпарастонаш ба ҳар таҳсину сипос арзандаанд, ки дастаашонро аз лиҳози равонӣ низ ба таври томм омода карда буданд ва «Истиқлол» дар миёни ҳамалоти туфонии рақиб аслан наларзид, балки бебокона, бо дирояту шуҷоъат як бозии дифоъии пайванд бо зиддиҳамлаҳо ба роҳ монд ва ҳамин буд, ки дар нимаи авввал (дақоиқи 38 -39) бо ду шабехуни барқосо ҳарифро водор ба тарсу андеша кард.

Дар бозии «Истиқлол», агарчи меҳмон буд, аммо ҳаяҷон дида намешуд; даста бо мақсаду идеяи мушаххас майдондорӣ мекард, якдасту ҳамнаво по ба по тӯб меронд ва ба истилоҳ ситораҳои дастаи ҳарифро ба ҳич ваҷҳ эътино намекард, истиқлолиҳо гӯиё мегуфтанд, ки бишиносед моро – ситораҳои бароятон ношинохтае аз осмони Хуросон, аз фарози кӯҳсори обшори Тоҷикистон. Дар поёни нимаи нахуст, дар роҳ ба сӯи рахткан, кам буд, ки аммо мо голе аз ҳариф дарёфт кунем. Ин лаҳзаи муҳайяҷ дар нимаи дувум ҳам гоҳе намуд, ва нишон аз камтаҷрибагии ҳанӯз каммасофдидаи «Истиқлол» аст дар майдонҳои бузург, ки ҳатман аз пайи ҷуброни он бояд буд.

Ғайриинтизориҳо барои рақиби мо дар нимаи дуюми дидор бештар гардиданд; агар дар бахши нахусти бозӣ мизбонон дар майдон тасаллути бештар доштанд, ҳоло моликияти тӯб ағлаб ба истиқлолиҳо буд. Ва боре ҳам дар дақиқаи 69 дарвозабони меҳмонон онҳоро аз бохти беамон балогардон шуд; истиқлолиҳо бо як таркибороии ҷаззобу фиребо ҳам рақибу ҳам ҳаводоронашро дар майдон гулӯгир сохтанд. Ҳайфо, бахт ба мо нахандид.

Ва ҳайфо, ки то ду дақиқа аз фарҷоми нимаи дуюм, ҳамон таҷрибаи каму то ҳадде ҳаяҷони беҷо истиқлолиҳоро ғофилгир кард ва довари тоиландӣ, ки дар ҷараёни бозӣ чандин бор ҳам шоҳиди нодовариҳояш дар баробари истиқлолиҳо будем, бозигари моро бо баргаи сурх ва дастаамонро бо пеналтӣ ҷазо дод.

Агарчи «Истиқлол» бозандаи ин дидор шуд, аммо бегумон то дер боз дар ёди мизбонони хеш бо ин размоварию бо ин шигирди фавқулодааш боқӣ хоҳад монд, ки алаҳлиҳо бо шунидани садои ҳуштаки поёни бозӣ ба ҳамдигар оғӯши шодмонию табрик боз мекарданд – гӯиё Ҷоми ҷаҳониере ба даст оварда бошанд…

Обид Шакурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь