Сокинони ҳафт шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо оғоз шудани соли нави таҳсил аз сабаби набудани рентгени флюрографӣ сарсону саргардон шуда, ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар баҳри гузаштан аз рентген ва омода кардани ҳуҷҷатҳои таҳсил меоянд. Аммо мушкилии асосӣ дар он аст, ки масъулони Маркази кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар онҳоро қабул кардан намехоҳанд.

Бохтар меоянд, лек қабулашон намекунанд

Дар кӯчаву хиёбон, бозору нақлиёт, беморхонаву донишгоҳ, мактабу корхона рӯзҳои охир сокинони вилояти Хатлон аз набудани рентгени флюрографӣ дар шаҳру ноҳияҳои худ шиква намуда, мегӯянд, ки барои гузаштани як рентген аз ноҳияи Шаҳритуз ё Носири Хусрав маблағи зиёд сарф карда, ба шаҳри Бохтар меоянд, вале масъулон онҳоро қабул намекунанд.

Зикрулло, Манижа, Умед, Мавлуда ва даҳҳо сокинони дигари вилояти Хатлонро мо дар назди ин марказ дар шаҳри Бохтар вохӯрдем. Онҳо барои омода кардани ҳуҷҷатҳои аз ҷониби донишгоҳҳо тақозошаванда интизори рентген ҳастанд. “Аз ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Шаҳритуз, Қубодиён 40-50 сомонӣ масраф карда, барои як рентгени шашсомонӣ ба ин ҷо меоем, лекин моро қабул намекунанд. Агар чунин дастгоҳ дар ноҳияҳои мо ҳам бошад, ҳоҷат ба чанд рӯз саргардон шудан намемонад. Бе рентген донишгоҳҳо ҳуҷҷатҳоямонро қабул намекунанд”,- гуфтанд онҳо.

Рентген худ “бемор” аст?

Хостем сабаби қабул накардани сокинонро аз роҳбари Маркази КАТС-и шаҳри Бохтар Фарҳод Исозода фаҳмем. Ӯ бо баҳонаи ҳамагӣ 26 рӯз ба ифои ин вазифа шуруъ кардан аз ироаи посух худдорӣ кард.

Муовини ӯ Ҳафизулло Касиров ҷой доштани чунин мушкилро тасдиқ карда, гуфт, ки таҷҳизоти рентгини флюрографияшон куҳна шудаасту имкони қабули сокинони зиёдро надоранд. “Он аз солҳои пеш буда, тез-тез гарм мешавад. Матоъро тар карда, болояш мегузорем ва то ним соат интизор мешавем. Агар онро дам надиҳем, эҳтимол бисӯзад. Онро нав бо харҷи беш аз 5,5 ҳазор сомонӣ таъмир кардем. Бо чунин ҳол чӣ гуна сокинонро қабул кунем?! Хуб мешуд, агар барои дигар ноҳияҳо чунин таҷҳизот дасрас карда шавад,то ин ки кори ҳама осон шавад. Ва агар рентгени флюгрографӣ не, балки муосири рақамӣ мебуд, кор хеле ранги дигар мегирифт”,- афзуд ӯ.

Мактубҳои бенатиҷа

Ба қавли масъулони Маркази кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш, таҷҳизоти ренгини флюрографии онҳо ҳанӯз 10 сол қабл аз кор монда буд.

– Бо ин ҳол мо ҳайронем, ки ба хонандагону донишҷӯёни ноҳия чӣ гуна хизмат расонем,- мегӯяд роҳбари ин муассиса Фурқат Наҷотзода.- Барои рафъи ин мушкил ба Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва ба раиси ноҳияи Вахш мактуб ирсол кардем. Раиси ноҳия ваъда дод, ки дар ҳамдастӣ бо вазорат ин масъаларо ҳал мекунад.

Роҳбари Маркази КАТС-и ноҳияи Қубодиён Каримҷон Файзуллозода ва ҳамтои ӯ аз ноҳияи Кӯшониён Расул Саидов ҳам аз чандин сол боз мавҷуд набудани таҷҳизоти рентгени флюрографӣ шиква карданд. “270 ҳазор аҳолӣ дорем. Муроҷиаткунандагон зиёданд… Барои ҳалли ин мушкил ба ҳама сохторҳои марбута мактуб фиристодаем, аммо то ҳол ягон натиҷа нест”,- гуфт Р. Саидов.

Мушкили синфҳои як

Масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш низ аз набудани рентген ва саргардонии хонандагони синфи якум изҳори ташвиш карда, гуфтанд, ки бояд наздики чор ҳазор кӯдак ба синфи як қабул шавад. Аз сабаби омода набудани ҳуҷҷатҳояшон бинобар набудани рентген то рӯзи 6-уми август ҳуҷҷати ягон нафари онҳо қабул карда нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор мондааст.

Кӣ гунаҳкор? Мардум?

Вобаста ба масъалаи мавриди назар Мирзоалӣ Раҷабзода – сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон зимни суҳбати телефонӣ бо зикри ин, ки аз асли мушкил дарак доранд ва бо мақсади дастрас кардани дастгоҳҳои рентгенӣ барои чанд ноҳияи вилоят ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дархост фиристодаанд, афзуд: “Мушкилро худи мардум эҷод мекунанд. Дар ҳоле, ки дастгоҳҳои рентгенӣ дар ноҳияҳо ҳаст, ҳама ба шаҳри Бохтар меоянд. Дар шаҳри Левакант дастгоҳи рентгенӣ бекор истодааст. Чаро касе он ҷо намеравад?! Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастгоҳи нави рентгенӣ дорад. Фақат ноҳияи Кӯшониён дастгоҳи рентгенӣ надорад. Дигарон метавонанд дар ноҳияҳои худашон аз рентген гузаранд. Дастгоҳи флюрографии шаҳри Бохтар дар ин рӯзҳо ба ҳамаи талабгорон хизмат расонида наметавонад”.

Левакант рентген дорад ё не? Ҷавобҳо духӯраанд

Ин иддаои Раҷабзода дар ҳолест, ки Матлуба Шоҳназарова – муовини мудири шуъбаи бистарикунонии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар хусуси набудан ва корношоямии рентгени флюрографӣ дар ҳафт шаҳру ноҳия, бахусус, дар шаҳри Левакант таъкид кард. “Аз набудани дастгоҳи рентгенӣ толибилмони ҳафт шаҳру ноҳия ба шаҳри Бохтар меоянд, лекин ин ҷо ҳам ҳамаи онҳоро қабул кардан имконпазир нест. Бинобар ин, се-чор рӯз саргардон мешаванд”,- изофа кард ӯ ва иттилоъ дод, ки дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 18 дастгоҳи флюрографӣ, ки аксаран аз солҳои қабланд, мавҷуд аст.

Навоҳии Вахш, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ умуман чунин дастгоҳ надоранд.

Гузашти муваққатии ДДБ

Хушбахтона, дар миёни ҳама муассисаҳои умумӣ, миёнаи махсус ва олии вилоят садорати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мушкили донишҷӯёнро то ҷое ҳал кардааст. Сайфиддин Давлатзода – ректори ин муассисаи олӣ чунин гуфт: “Аз қазия бохабарем. Ба вазири маориф ва илми кишвар муроҷиат кардем. Иҷозат доданд, ки ҳоло донишҷӯёнро бе ташхиси рентгенӣ қабул кунем ва баъдан дар давоми таҳсил онҳо метавонанд аз ташхис гузаранд”.

Аз пайи кор бояд шуд

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии он ва Раёсати тандурустии вилоятро зарур аст, ки барои дасрас кардани таҷҳизоти рентгении рақамӣ ё лоақал флюрографӣ, ки солиёни зиёд боиси сарсонӣ ва хароҷоти иловагии сокинон гардидааст, чора андешанд.

Ё шумо андешаи дигар доред, масъулони муҳтарам?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь