Ин навбат дар меҳмонии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» раиси Кунгураи миллӣ ва номзад дар интихоботи президентии Афғонистон Абдул Латиф Пидром қарор дошт. Суҳбати ошкорои оқои Пидром бо рӯшанфикрону зиёиёни тоҷик замоне сурат гирифт, ки баъд аз 5 моҳи баргузории интихоботи президентӣ ахиран Комиссияи интихоботӣ президенти қаблии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро баранда эълон кард. Ғанӣ дар сабқат бо 13 номзад ба президентӣ 50,64 дарсад раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.
Бино ба маълумоти Комиссияи интихоботии ин кишвар, Абдул Латиф Пидром бо касби 0,69 дарсад орои интихобкунандагон дар рӯйхати номзадҳо дар мақоми 7-ум қарор дорад. Раиси иҷроияи Ҳукумати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар интихоботи мазкур рақиби асосии Ашраф Ғанӣ буд, 39,52 фоизи овози райъдиҳандаҳоро гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки Латиф Пидром мегӯяд, дар шумориши овозҳои раъйдиҳандагон тақаллуб сурат гирифтааст ва онҳо ғолибияти Ғаниро намепазиранд. Номбурда гуфт, аз аввал маълум буд, ки интихобот гирифтори буҳрон аст.
– Як буҳрон ин буд, ки Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар 5 соли гузашта ҳеҷ коре барои мардум анҷом надод. Ноамнӣ зиёд шуд, куштор зиёд шуд. Тавре ки Ғанӣ гуфт, дар 3-4 соли охир 45 ҳазор афсару низомӣ кушта шуд. Ҳоло ин теъдод танҳо низомиён буданд. Ба ҷуз низомиён боз чӣ қадар мардуми оддию ғайринизомӣ кушта шуданд. Аз Толибҳое, ки онҳо ҳам аз Афғонистон ҳастанд, чӣ қадар кушта шуд? Мардум норозӣ буданд. Чун қавонин ғалат буд, куштор зиёд шуд ва амният набуд, мардум дар интихобот ширкат накард. Аз 11 миллион одами вориди шароити раъйдиҳӣ дар интихобот каме беш аз як миллион иштирок карданд, ки ин барои як кишвари 35-миллионнафара воқеан сифр аст. Марҳилаи дуюми буҳрон замоне шуруъ шуд, ки маъулини интихобот васатҳои (нимаҳо) рӯз гуфтанд, дастгоҳи биометрик кор намекунад. Дар дастгоҳи биометрик 3 – 4 ҳарфи алифбо набуд. Масалан, номи як нафар шуруъ шуда буд бо “И” ё бо “Пи” ё бо “Си”. Вақте як нафар ба ин марказ муроҷиат мекард ва мегуфт, ки номи ман Аҳмадалӣ аст ё Музаффар аст, масъулин мегуфтанд, ки мо “М” надорем, “Музаффар” ин ҷо вуҷуд надорад. Натиҷа ин шуд, ки чанд ҳарфи алифбо набуд. Ин дар ҳолест, ки ҳазорҳо одам номашон бо ин ҳуруф буд. Ҳазорон нафар номашон Абдулатиф ё Саидҳусайн буд. Вақте ки онҳо бо ин ҳуруф мерафтанд, ин номҳо набуд. Мардум асабонӣ шуданд, фирор карданд ва дигар нарафтанд. Ин мушкилоте, ки дар дастгоҳ эҷод шуд, қасдан буд. Дигар бурҳон тӯл кашидани эълони натоиҷи интихобот буд, ки 5 моҳ идома ёфт. Дар ин 5 моҳ сандуқҳои раъйдиҳӣ аз як ҷо ба ҷои дигар бурда мешуданд. Ин сандуқҳо дар ихтиёри Ҳукумат буд. Мо нозир надоштем, ки дар ҳар ҷо сандуқҳоро назорат кунанд. Он ҷо пулисҳои давлат буд. Ҳукумат хост ҳар сандуқеро боз кунад, даст бизанад ва истифода кунад, ки кард. Панҷ моҳ сандуқҳо дар ихтиёри як тими интихоботӣ қарор дошт ва ҳар коре, ки хостанд, анҷом доданд. Баъд аз он, ки аз тақаллуб кор гирифтанду Ғаниро баранда сохтанду чанд раъй барояш изофа карданд, панҷ моҳ пас натиҷаро эълон карданд. Мо қаблан ҳам гуфта будем ва эъломияи расмӣ ҳам додем, ки натиҷаро қабул надорем ва Ғанӣ раиси ҷумҳури мо нест,- иброз дошт Латифи Пидром.
Номбурда гуфт, ки онҳо бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, женерол Дӯстум ва хеле гуруҳҳои дигар, аз ҷумла як гуруҳ паштуниҳо, ки мухолифи тақаллуб буданд, дар як мавзеъ қарор доранд ва дигар намегузоранд, ки Ғанӣ Ҳукумат кунад.
– Мо ё ду ҳукумат месозем, ё ин кишвар федеролӣ мешавад ё натиҷа ботил мешавад. Ё агар қарор аст, ки Ғанӣ ба зӯр ҳукумат кунад, дар ин сурат тими “Суботу ҳамгироӣ” ҳақ дорад, чун раъйашон бештар аст. Афғонистон аз ду роҳ бештар надорад. Ё ба тарафи ҷангу таҷзия меравад ва ё дар беҳтарин ҳолаташ бояд федеролӣ шавад. Дар дигар ҳолаташ агар Ғанӣ ба ҳукуматаш идома диҳад, ҷанг мешавад ва мо муқобилият нишон медиҳем. Мо иҷоза намедиҳем, ки Ғанӣ ҳукумат кунад. Феълан дар вилоёти шимолӣ дастгоҳи Ғаниро ҷамъ кардем. Волиҳо ва қумондонҳояшро ҷавоб додем ва худи мо ҳукумат сохтем. Яъне мардум эълон карданд, ки Ғаниро қабул намекунанд. Дар вилоёти шимолу шимолу шарқ, ҳудуди 20 вилоят, ки аксаран ақвоми тоҷику ӯзбеку ҳазора ҳастанд, акси Абдуллоҳ Абдуллоҳро баланд ва аз Ғаниро поён карданд, чун баҳс қавмӣ ҳам шудааст. Дар Қандаҳору Ҷалолобод қандаҳориҳо акси Ғаниро баланд карданд. Бародарони паштуну афғони мо зӯргӯӣ мекунанд ва мехоҳанд ҳокимиятро бо зӯр бигиранд, ки мо дигар иҷозаташон нахоҳем дод,- гуфт Латифи Пидром.
Латифи Пидром президенти феълӣ Муҳаммад Ашраф Ғаниро “пружа”-и амрикоӣ медонад ва мегӯяд, ки бори сеюм аст, ки амрикоиҳо бо зӯрӣ ба сари мардуми Афғонистон раҳбар таҳмил мекунанд, ки дигар қобили таҳаммул нест: “Амрико ҳам дигар дар Афғонистон он қудратеро надорад, ки соли 2014 дошт. Бояд як ҳукумати муваққат таъсис ёбад, ки интихоботи ҷадидро роҳандозӣ намояд. Дар ин ҳукумат на Ғанӣ, на Абдулло ва на мо набояд ҳузур дошта бошем».
Пидром бо қатъият мегӯяд, ки аз Ашраф Ғанӣ Амрико ва Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунанд, аммо аз оқои Абдуллоҳ амалан қудрате ҳимоят намекунад: “Мо аз кишварҳои минтақа, қабл аз ҳама Русияву Чин, Покистон, Эрон ва ҳамсояҳои худ умедворем, ки ҳадди ақал барои барпо сохтани адолат ба мо кӯмак мекунанд. Мо ин орзуро дорем».
Ш. ФОЗИЛОВ