Биное, ки давраи чанд райиси ноҳияро дар шаҳри Ҳисор пушти сар карда буду аз ҳисоби Муродалӣ Алимардон сохта шуда буд, барои қарзи “Агроиннвестбонк” ба фурӯш гузошта шуд.

Тақдири ин “харбуза” бо тақдири раисони ин ноҳия пайвандӣ дорад. Бори аввал ҳангоми таҷлили ҷашни 3000 – солагии шаҳри Ҳисор дари худро боз кард. Онро раиси он замони шаҳр Раҳмонзода Усмон Сабз, ки барои аҳли қалам ҳам чеҳраи ошност, дар ҳузури Президенти мамлакат ба истифода дод. Бинои Чойхонаи миллии ноҳияи Ҳисор дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи Баракат аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Шаҳрофар тарҳрезӣ ва бунёд шуда буд. Аммо, ҳамагӣ се моҳ пас аз дахолати мақомоти бешумори тафтишотӣ ба ҷон омада, раҳбари он корро партофта, рафт.

Дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Саодат Розиқзода санаи 06.06.2022 он замон маводе навиштаю аз забони дарбони вақти “Харбуза” оварда буд:

“… Фикри он, ки чаро ин чунин бинои боҳашамат имрӯз ҳайрону зор мондааст,  оромам намегузошт. Наход касе пайдо нашавад, ки онро истифода барад?  Барои ҷавоб ёфтан ба ин савол ва дигар саволҳо боз ҷониби «Харбуза»-и бесоҳиб рафтам. Ин дафъа нигаҳбон иваз шудаасту нархи даромад ба 5 сомонӣ дакка хӯрдааст. Ба фикрам, ин ҳам ба қурби доллар вобастагӣ дорад. Як бори дигар аз зебогиҳои бино лаззат бурдам. Аз «Харбуза» баромадаму аз нигаҳбон пурсидам, ки замони нав ба истифода додани иншоот дар ошёнаи якум тарабхона дошт? Мақсад доштанд, ки дар ошёнаи дуюмаш маркази савдо бикшоянд, баъд  чӣ шуд? Нигоҳбон оҳи чуқур кашид ва нақл кард:

-Э, хоҳар, напурс. Тарабхонае, ки «Харбуза» дошт, дар Тоҷикистон камназир буд. Мо дар сатҳи Аврупо ба меҳмононамон хизмат мерасондем. Аммо роҳбари тарабхонаро кормандони андоз тез-тез «хабар мегирифтанд». Бечора раис ба ҷон омаду тарабхонаи бо меҳнат ободкардаашро партофта рафт. Мизу курсиҳоро  ба як маърака ба Роғун   бурда,  дигар наоварданд. Дигар ҳеҷ касе ҷуръати дар ин ҷо мағоза ва ё маркази хизматрасонӣ кушодан накарда истодааст”.

Чойхонаи миллии «Харбуза»-ро  27 октябри соли 2015  ба муносибати 3000-солагии шаҳри Ҳисор ба истифода додаанд. Сохтмони он сентябри соли 2014 шурӯъ шуда, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дошт.

Замони нав ба фаъолият шурӯъ намудани «Харбуза» ба воситаҳои ахбори омма маълумот дода шуда буд, ки  дар ошёнаи якум дар 1600 метри мураббаъ толори дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи муосир бо технологияи ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов ба хизматрасонии мардум омодаанд. Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст. Бо бунёди ин нуқтаи муосири хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Чойхонаи миллӣ дар масоҳати 4,5 га сохта шуда, гирду атрофи он бо навъҳои гуногуни гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ороишӣ оро ёфтааст.  Айни замон аз ҳамаи ин танҳо арчаҳо ба назар мерасад. Он вақт ҳамагӣ ба хубӣ ёд доранд, ки тамоми раисони ноҳияю вилоятҳои кишвар ба меҳмонӣ даъват шуда, аз шакли ғайриодии чойхона дидан намуда буданд. Ҳатто Президенти кишвар дастур дода буд, ки дар дигар минтақаҳо низ чунин иншоотҳои шаклаш ҷолиб сохта шавад. Ин ҳам ҳусни шаҳрро зебо мекунаду ҳам сайёҳонро ҷалб менамояд.

Аммо, вале лекин… Ҳамагӣ як сол пас аз истифодаи ин бинои ғайриодӣ Радиои “Озодӣ”  дар бораи он гузорише таҳия кард. Чойхона дигар кор намекард, бомаш мечакид ва худи бино бошад таъмирталаб.

Номи аллакай собиқ раиси шаҳри Ҳисор Раҳмонзода Усмон Сабз бошад 16 феврали соли 2017 дар маърӯзаи Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зикр шуд. Прокурори генералии кишвар вайро барои қабули беш аз 400 қарори ғайриқонунӣ ва додани замин барои сохтмони хонаҳо айбдор карда буд.

“Ҳамаи ин қарорҳо бекор гардида, заминҳои додашуда ба ҳисоби давлат гузаронида шудаанд” – гуфта буд Юсуф Раҳмон.

Аммо ин аввалин санг ба сари Раҳмонзода Усмон Сабзи шоир набуд. Онро қариб як сол пештар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зада буд. Дар хабари ИНТ  аз санаи 16.09.2016 аз номи муовини райиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа чунин хабаре пахш гардида буд:

“Мақомоти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 26 узви ба қавли онҳо, “тасодуфии” ин иттифоқро хориҷ карданд. Дар пайи санҷиш Абдуҳалим Самадзода, Усмони Сабз, Самариддин Яқубов, Наргис, Ҷумъаи Махшул, Зикруллои Файзулло, Мирзоҳайдар Умарзод, Сумангул Бобоева, Наврӯзи Гулзода, Кулолӣ, Эгамназари Соҳибназар, Субҳон Ёдгорӣ, Ваҳҳоб Набиев, Саидҷалоли Саид, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Муфаззали Аҷамрод, Файзулло Эшонҷон, Ширин Абдулло, Анвари Ҳусейн, Абдуқаҳҳори Қосим, Ҳазрати Ғайрат, Гулназар Хизмат, Гулназари Хатлонӣ, Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ, Маликаи Аваз, Нуралӣ Валӣ ва Дӯстмурод Ӯроқов хориҷ шудаанд”.

Ҳарчанд муовини ИНТ он замон гуфта буд, ки  “чунин тасмим ба хотири поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз адибони тасодуфӣ, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шудааст, вале дар солҳои баъдина хабари дастаҷамъона берун кардан аз сафи ИНТ садо надод ва баръакс, тибқи баъзе овозаҳо аъзои рондашуда дубора барқарор шуданд.

Вале маълум мегардад, ки аз Раҳмонзода Усмон Сабз як амали неке монда будааст. Дар як суҳбат бо хабарнигори “АМИТ Ховар” номбурда ба саволи аз ноҳия ба шаҳр номгузорӣ кардани Ҳисор мегӯяд:

“Ҳисорро ҳанӯз Ал- Муқаддасӣ ва муаллифи «Ҳудуд-ул олам» ва  пеш  аз онҳо  сайёҳони Чин шаҳр гуфтаанд. Суханони «Шумон шаҳрест устувор ва ба барокӯҳ  ниҳода ва гирди ӯ  борае  кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст бузург ва аз вай заъфарон хезад бисёр» ба муаллифи «Ҳудуд-ул олам»  мансуб мебошад.

Ал Муқаддасӣ менависад: «Шумон  аз  уммаҳот (модари шаҳрҳои минтақа) аст  ва ниҳоят ободу зебост».

Имрӯз Ҳисор ноҳияи назди  пойтахт аст ва то шаҳри Душанбеи барои ҳамаи мо азиз бо шоҳроҳҳои нав дар даҳ-понздаҳ дақиқа расидан имкон дорад. Мақоми шаҳр додан ба Ҳисор ваколати мақомоти қонунгузории олӣ аст, на кори мо. Мақсади мо ин мавзеъҳои таърихию фарҳангиро боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон дидан аст” – гуфтааст номбурда, вале аз оҳанги сӯҳбат маълум аст, ки ӯ дар тасмими аз ноҳия ба шаҳр бадал гардидани Ҳисор ҳиссаи сазовор дорад.

Баргардем сари мавзуъ: ““Чойхонаи миллии “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор ҷойгир буда, дар баробари Қалъаи Ҳисор, ҳамчун иншооти машҳури кишвар ба бренди ин шаҳр табдил ёфтааст. Намои чойхона ба шакли харбуза буда,  он дар масоҳати 4,3 гектар бо дарозии 100 метр ва баландии 43 метр, соли 2015 ба муносибати 3000-солагии Ҳисор  бунёд гардидааст” – менавиштанд расонаҳо аммо баъди се моҳи аввали фаъолият, чакидани барфу борон оғоз гардиду ба зудӣ маълум гардид, ки сифати бино ба талабот ҷавобгар нест.

Мардуми шаҳри Ҳисор он замон аз тақдири ояндаи ин бино нигарон шуда, раиси нави Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода муроҷиат карданд. Шарифҷон ҳам изҳори умед кард, ки “Харбуза” – ро ба макони ош табдил медиҳад:

“Шарифҷон Ҷумъазода тасмим дорад, дар чойхонаи “Харбуза” маркази бузургтарини таоми миллӣ “Оши палав”-ро таъсис диҳад.

– Бо мақсади ташкили Маркази омода намудани оши палави тоҷикӣ ният дорем беҳтарин ошпазҳои касбиро аз саросари кишвар ҷамъ намоем,  то ба мизоҷон ва дигар меҳмонони хориҷӣ, ки ба шаҳри Ҳисор меоянд, дар сатҳи баланд хизмат расонанд, – таъкид намуда буд Шарифҷон Ҷумъазода”.

Аммо вақт нишон дод, ки сохтани маркази нави оши палов ба дигарон ваъда шуда будааст ва ин орзуи Ҷумъазода амалӣ нашуда монд.

Ҳоло тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ, арзиши чойхона наздик ба 35 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян шудааст. Музояда рӯзи 29-уми сентябри имсол бояд баргузор шавад. Ин ки ба хотири замоне “Бренд” – и Ҳисор будани “Харбуза” – и Муродалӣ Алимадонов кӯҳҷигаре дар ин водии зархез пайдо мешавад ё не, намедонам. Аммо, ҳаминро нагуфта намешавад, ки баъди ба истифода додани бино ҳар роҳбаре, ҳар соҳибкоре буд, ҳатман ба он таваҷҷуҳ карда буд. Ҳайф, ки агар онро сарватманде аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва аламовараш аз ҷумҳурии Чин хараду тиҷорати ош ё лағмонро ба роҳ монад…

Раҳмонзода Усмон Сабз ҳоло намедонам шеър менависад ё не, аммо дар Интернет шеъре доштааст дархӯри ин давиданҳо:

 Умр бошад дав давону кори дунё буд нашуд.

Мо заифу хастаҷону кори дунё буд нашуд.

Эй сабз буд гар навниҳоли умри мо аз дасти кор.

Бар сараш омад хазону кори дунё буд нашуд.

Кор гуфта, кор гуфта ҷонфидоӣ мекунем.

Аз тани мо рафта ҷону кори дунё буд нашуд...

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь