Дар Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар бемороне, ки «криша» доранд, дар навбат наистода, саривақт онҳоро табибон аз муоина мегузаронанд. Ин масъала боиси нигаронии нафароне гардидааст, ки соатҳо дар назди утоқи табибон мунтазир мешаванд.

Бо ҳамроҳии як дӯстам, ки духтарчаашро барои муоина намудан ба Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар бурда буд, рафтам. Чанд соат дар паси дари духтури асаб Хуршед Мирзометов интизор шудем, ки онҷо сокинони зиёд низ дар навбат истода буданд. Онҳо бо нигаронӣ мегуфтанд, ки «беморони «криша»-дор ё «тағо»-дорро духтурон дар дигар утоқҳо аз муоина мегузаронанд. Мо бошем, соатҳо дар навбат меистему касе парвои мо надорад. Наход духтурон нисбати беморон чунин муносибат дошта бошанд!?».

Як мӯйсафеди 70-сола, ки дар акс намоён аст, ба мо гуфт: «Як соат боз дар инҷо дар навбат ҳастам. Аммо духтур бошад, як беморро дар утоқаш қабул карда, се бори дигар ӯро барои дидани беморони соҳибдор ба дигар утоқ мебаранд. Наход бо мо пироснослон духтурон чунин муносибат намоянд!?».

Худи мо бошем, баъди интизориҳои зиёд дар назди утоқи духтури асаб навбатамон расиду дохили утоқи кориаш шудем. Мутаассифона, як нафар корманди ин марказ назди духтур омада, гуфт, ки «падари фалонӣ омадааст, биё рафта ӯро дар утоқи ман аз муоина гузарон. Зеро инҷо одамҳо бисёранд». Духтур асбобҳояшро гирифта, аз утоқаш берун шуд. Ва ин ҳолат моро сахт асабонӣ кард. Магар беморони дигар инсон нестанд? Ё танҳо «тағодорон» саривақт аз муаоина мегузаранд?

Нафароне, ки дар паси дари ин духтур мунтазир буданд, бо асабонӣ мегуфтанд, ки «дар як соат се – чор маротиба духтурро аз утоқаш берун мебаранд. Магар моро инсон ҳисоб намекарда бошанд ин духутурон ё масъулони марказ ба куҷо менигариста бошанд?».

Бояд гуфт, ки дар назди утоқи духтури асаб Хуршед Мирзометов пиронсолон ва кӯдакон низ буданд. Аммо касе парвои онҳоро надошт.

Дар ин бора хостем бо роҳбари КАТС-и шаҳри Бохтар Содиқҷон Абдуллоев суҳбат анҷом диҳем, ки онҳо то куҷо аз ин масъала воқифанд. Аммо, мутаассифона, ӯ гуфт, ки дар ин мавзуъ Юлдошалӣ Муминов, сардори шуъбаи ҷарроҳии марказ суҳбат мекунад. «Зеро ман он қадар дар ин мавзуъ суҳбат карда наметавонам»,- илова намуд ӯ. Инҷо суоле ба миён меояд, ки роҳбар чаро аз суҳбат худдорӣ мекунаду масъулиятро ба зиммаи коргаронаш вомегузорад?

Юлдошалӣ Муминов, корманди маркази мазкур бошад, афзуд, ки дар беморхона як духутури асаб фаъолият дорад: «Мо як воҳиди кории дигар низ дорем, аммо духтур нест». Ӯ ҳамчунин гуфт, ки баъзе духтурон дар ҷойи се нафар кор мекунанд. Зеро мутахассисон дар инҷо намерасанд. Ва ҳоло маркази мазкур ба 6 нафар табибон эҳтиёҷ дорад.

Ӯ дар масъалаи беморони «кришадор», ки духтурон онҳоро дар дигар утоқҳо ва ё бе навбат қабул мекунанд, чунин гуфт: «Дар ҳақиқат ин ҳолатҳо дар маркази мо ҳаст ва инро инкор карда наметавонем. Ин ҳолат аз рӯи беодобии духтурон рух медиҳад. Мо барои рафъи мушкилӣ кор хоҳем бурд».

Матлуба Шоназарова, муовини сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон иброз намуд, ки «оид ба ин масъала борҳо миёни табибон суҳбату вохӯриҳо мегузаронем. Бояд табиб нисбати ҳамаи беморон муомилаи хуб дошта бошаду онҳоро аз ҳам ҷудо накунад».

Бино ба иттилои ӯ, ҳоло дар вилояти Хатлон 45 духтури асаб фаъолият доранд. Норасоии духтурони асаб бошад, 35 нафарро ташкил мекунад.

Номбурда илова намуд, ки айни замон дар қаламрави вилояти Хатлон 951 нафар табибон намерасанд.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, «ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь