Ихтироъи коғазро метавон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои рушди тамаддун номид. Дар замонҳои қадим одамон тавассути садо муошират мекарданд, аммо бо афзоиши шуури инсоният, зарурати сабти иттилооти шифоҳӣ ба миён омад.
Тасвирҳои сангиро дар хотир доред? Дар бораи лавҳаҳои гил ва устухони фил чӣ гуфтан мумкин аст?
Бо вуҷуди ин, таърихи аввалин коғазро дар асри 3 пеш аз милод дар Мисри қадим пайдо кардаанд. Номи худро аз растании ботлоқӣ “Cyperus” – papyrus, ки коғазҳои аввалин аз он сохта шудаанд, гирифтааст. Ҷолиб он аст, ки дар бисёре аз забонҳои аврупоӣ калимаи “коғаз” аз калимаи “папирус” меояд. Коғаз – ба забони англисӣ-paper, papier – дар фаронсавӣ ва ҳатто “papier” – ба украинӣ аст.
Варақи папирус тақрибан ба ҳамон варақи коғази муосир баробар буд. Ин варақаро муддати дароз нигоҳ доштан мумкин набуд, зеро он намиро ба осонӣ ҷаббида, мешикаст. Ба ин нигоҳ накарда, то асри 5-и мелодӣ чун маводи асосии навишт боқӣ монд.
Оғози воқеии таърихи коғазсозиро соли 105, – и мелодӣ медонанд ва ватани он бошад Чин аст. Дар он вақт ҳуҷҷатҳо дар Чин дар устухонҳо навишта мешуданд. Онҳо вазнин ва барои бардоштан нороҳат буданд, аз ин рӯ зарурати пайдо кардани чизи сабуктар пайдо шуд. Ихтироъкори коғаз олими мӯътабар Сай Лун мебошад. Сай Лун барои ба даст овардани коғаз хокистари чӯб, бангдона, нахҳои тут ва матоъҳои кӯҳнаро истифода мебурд. Ӯ ҳамаи инро бодиққат хок карда, бо об омехта мекард ва ҳамин тавр, коғази ба коғази имрӯза монандро ба вуҷуд овард.
Имрӯз мо ҳаёти худро бе коғаз тасаввур карда наметавонем. Вай моро дар хама ҷо иҳота мекунад – китобҳо, газетаҳо, журналҳо, китобҳои дарсӣ, борпечҳо, халтаҳои савдо, стакану табакҳо. Тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки ҷаҳон бе коғаз чӣ гуна хоҳад буд?
Маълумотҳои ҷолиб дар бораи коғаз
Мо ҳар рӯз бо коғаз дучор мешавем, вале мо воқеан дар бораи он чӣ медонем? Аммо ин маводи хеле ҷолиб аст, ки он ҳам чизе барои гуфтан дорад. Ҳамин тавр, мо далелҳои ҷолибтаринро дар бораи коғаз ҷамъоварӣ кардем ва омодаем онҳоро бо Шумо мубодила кунем.
1.Коғазро метавон истеъмол кард. Ҷузъи асосии коғаз селлюлоза аст ва ин карбогидратҳои мураккаби маъмул аст. Ғайр аз он, коғаз ҳатто каме глюкоза дорад. Дар системаи ҳозимаи инсон ферментҳо барои коркарди он вуҷуд надоранд, аммо баъзе ҳашаротҳо метавонанд аз он ғизо гиранд. Зимнан, арзиши калориянокии он ба картошка наздик аст.
- Ҳар сол дар ҷаҳон қариб 350 миллион тонна коғаз истеҳсол карда мешавад. Пешсафони истеҳсолоти коғаз Хитой ва Япония мебошанд.
3.Коғаз танҳо дар асри 18 сафед карда шуд ва то он давра он ранги хокистарранг дошт, ки истифодаи онро барои навиштан ва хондан мушкил мекард. Аммо дар асри 18 пайвастагиҳои хлор кашф карда шуданд ва маҳз сафедкунии коғаз аввалин татбиқи саноатии он гардид.
4.Истифодаи коғази такрорӣ торафт маъмултар мегардад. Дар асл, як варақи стандартиро 3-5 маротиба дубора коркард кардан мумкин аст. Холо дар Аврупо қариб 50 фоизи ашёи хоми дуюмдараҷа истифода мешавад. Ин рақам дар Ҷопон хеле баланд аст – зиёда аз 65%. Онҳо кайҳо боз қадр кардан ва муҳофизат намудани сарватҳои табииро ёд гирифтаанд.
5.Ғафсии варақи коғазӣ ҳамагӣ 100 микрон аст, бинобар ин коғаз ин қадар ба осонӣ бурида мешавад.
- Зиёда аз 400 намуди коғаз вуҷуд дорад.
7.Дар муддати тӯлонӣ, чиниҳо рецепти коғазро ҳамчун сирри қатъӣ нигоҳ медоштанд.
8.Тибқи омор, сокинони ИМА бештар коғазро сарф мекунанд – ҳар кадом қариб 1 кг. дар як шабонарӯз. Ба ҳар кас, яъне дар як сол зиёда аз 300 килограмм. Аврупоиҳо бештар сарфакоранд – тақрибан 75 кг дар як сол. Ба як сокини Африқо дар давоми як сол як килограмм лозим аст. Русҳо дар миёнаи тиллоӣ қарор доранд: тақрибан 25 кг ба як нафар дар як сол рост меояд.
- Коғаз яке аз омилҳои асосии гармшавии муҳити глобалӣ маҳсуб мешавад. Газҳое, ки ҳангоми истеҳсоли коғаз хориҷ мешаванд, ба муҳити зист таъсири бад мерасонанд ва таъсири гармхонаҳоро зиёд мекунанд.
10.Партовҳои коғаз чоряки партовҳои ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
11.Ҳар панҷшанбеи чоруми моҳи октябр дар Русия “Рӯзи бекоғаз” таҷлил мешавад. Мақсад аз ин ҷашн табодули таҷриба дар истифодаи оқилонаи коғаз ва ҳифзи сарватҳои табиӣ мебошад.
Таҳияи Барно ТАҒОЕВА– хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон