Ҷаҳоно шигифтӣ аз кирдори туст,

Шикаста ҳам аз ту, аз ту ҳам дуруст.

Фирдавсӣ

Бахши нахуст:

Ба далели ин ки муаррихоне, ки нахустин бор дар бораи қотили Куруш навиштаанд, ҳамагӣ юнонӣ буданд, тибқи қоидаи забони хеш, номи маликаи моссогетҳо (массагет) ӯро ба ҳеллени “Томирис” навиштаанд. Ба ақидаи ховаршиносони номии урупоӣ Франс Алтҳейм ва Руте Штил шакли ҳэллинии номи “Томирис “(ба юнонӣ Τόμυρίς) ба забони куҳани авестоӣ – “Tahma-rayiš” бармегардад. Ва он ба маънии «зебои зоҳирӣ» ё ба маънои аслӣ «дорандаи шукӯҳи зоҳирӣ”, “хушсурат» аст. Ба ҳар ҳол, асли маънӣ ва решаи ин вожа дар таърих ошкор аст. Бад-ин хотир, ба шакли “Таҳмирис” навиштан ва хондани шаҳбонуи моссогетҳо ба забони форсӣ-тоҷикӣ айни эҳтироми таърих ва мероси маънавии ниёкон метавонад бошад. Зимнан, номи писари маликаи моссогетҳо Спаргапис (ба юнонӣ: “Σπαργαπίσης”) ба забони авестоӣ “Spareγa-paēsa” аст ва он ба маънии «Монанди ҷавона» бошад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, номи писари малика Таҳмирис ба номи подшоҳи скифҳо Спаргапиф шабоҳати том дорад. Ҳаммонанд ва ба ҳам наздик будани номҳоро метавон ба унвони хешутабории ақвоми эронизабони сакоиҳо (скифҳо) ва моссогетҳо шарҳ дод.

Мутазаккир бояд шуд, иттилоъоти чандон мӯътамад дар бораи марги Куруши Кабир дар даст нест. Бо ин ҳол, маъруфтарин баёни таърихи марги Куруш ҳамоно навиштаҳои муаррихи шаҳири юнонӣ Ҳерудут (Herodotus) аст. Тибқи ривояти вай, Куруш дар ҳини ҷанг бо қавми биёбонгард, ки дар таърих ба номи моссогетҳо маъруф буданд, ба қатл расидааст. Аз қарори маълум маликаи моссогетҳо Таҳмирис барои интиқоми хуни писараш, ки дар набарде ба дасти Куруш кушта шуда буд, сарашро аз танаш ҷудо кард.

Дар илмӣ таърихнигории муосири кишварҳои Осиёи Марказӣ фақат ривояти Ҳерудутро айни воқеъияти таърихии марги Куруши Кабир медонанд ва пайваста бо тахаюллот ва ҳадсҳои дур аз мантиқ ин ривоятро шукӯҳмандтар менамоянд. Ин дар ҳоле аст, ки маъруфтарин донандаи таърихи имперотурии Ҳахоманишҳо профессори равоншод М. А. Дандамаев бар ин ақида аст, ки достонҳои ривоятшуда аз тарафи муаррихони юнонӣ бештар аз он ки шарҳи холисонаи руйдодҳои воқеъӣ бошад, ба худ рангу бӯйи афсонаҳоро доранд.

Бо ин ҳол, муаррихин ва адибону ҳунармандони кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ахиран, саъй доранд зимни матраҳ кардани ривояти Ҳерудут, таъкид бар ҳаққи миллатҳои хеш бар таърихи даврони куҳани Эрону Тӯрони таърихӣ намоянд. Рӯшантарин намунаи ин навъ судҷӯйи бо воситаи таҳрифоти таърихи миллатҳои Осиёи Марказӣ, пахши густарда аз осори адабӣ ва ҳунарӣ дар мавриди машҳуртарин рӯйдодҳо ва шахсиятҳои таърихии даврони куҳани Осиёи Марказӣ дар Ӯзбакистон метавонад бошад.

Зикраш лозим ба назар мерасад, аҳли илму адабӣ Ӯзбакистони замони шӯравӣ бар масоили таърих ва мероси даврони куҳани ақвоми эронитабор, ба хусус ба қазияи Таҳмирис таваҷҷӯҳе, ки бар мабнои илм устувор бошад, надоштанд. Далели сукути мутлақи нухбагони илмӣ ва адабӣи Ӯзбакистон, на танҳо қудрат ва малакаи дониши таърихӣ дар баробари дидгоҳҳои илмии донишмандон ва ховаршиносони коркуштаи вақт барошон бегона буд, балки ҷуръат ба ҳамчунин аъмоли дур аз ахлоқи донишро надоштанд.

Вале дар авохири ҳукумати шӯравӣ ва ибтидои даҳаи навадуми асри гузашта, ба далели тавсеъаи андешаҳои миллатгароёна дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, раванди «бозсозиҳои таърихӣ ва фарҳангӣ»-и миллатҳо табдил ба як «наҳзат»-и саросарӣ шуд ва батадриҷ «осори илмӣ ва адабӣ» пиромуни муҳимтарин воқеъот, падидаҳои фарҳангӣ-иҷтимоъӣ ва шахсиятҳои маъруфи таърихӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳои навистиқлолёфта ба гунаи васеъ мунташир шуданд ва мешаванд. Ва ҳам акнун, бо мӯҳтавои «осори илмӣ ва адабӣ» дар бораи таърихи «пурифтихор»-и миллатҳо бидуни мушкилоте аз тариқи интернет метавон ошно шуд.

Шахсияти таърихӣ Таҳмирис – шаҳбонуни қавми моссогет ҳамчунон мавриди таваҷҷӯҳи авқоми туркзабон қарор гирифта ва дар ин замина дар кӯтоҳтарин замон силсилаи осори «илмӣ, адабӣ ва ҳунарӣ» фаровоне ироъа шудаанд. Ҳамон гуна, ки омад, дар миёни ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ, аҳли илму адабӣ Ӯзбакистон ва Қазоқистон бештар зери таассуботи қавмӣ ва нажодӣ қарор гирифта, доманаи ифроташонро дар қазияҳои мухталифи таърих то ба ҳадде фарогир намудаанд, ки ҳатто ба тамомии дурӯғҳои худбофтаи хеш бовар доранд. Барои худшефтагон андешаҳои солим ва илмии коршиносони дараҷаи аввал дар ин ё он қазия ҳеч арзише надоранд, балки муҳим дар назарашон ин аст, ки ҳар падида ва ё шахсияти таърихӣ боядам аз нажоди турк бошад. Ангор, ки турксозии падидаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои маъруфи гузашта табдил ба як маризии равонии дастиҷамъии ҷавомеъи ҳувиятхоҳ шуда бошад. Фоҷиабор он аст, ки дар раъси ин ҳама «иктишофҳои таърихӣ» иддае аз нухбагони илму адаб қарор доранд.

Чунончӣ, дар кишвари Ӯзбакистон муфассалтарин баёни таърихчаи қатли Куруши Кабир тавассути маликаи моссогетҳо ба қалами маъруфтарин бостоншинос ва муаррих, академисиан Асқаралӣ Асқаров тааллуқ дорад. Вай дар китоби маъруфаш «Таърихи баромади халқи ӯзбак», ки соли 2010 ба ӯзбакӣ ва сипас ба забони русӣ (соли 2018) мунташир шуд, фақат бар пояи иттилоъоти муаррихи юнони Ҳерудут моҷарои Куруши Кабир ва шаҳбону Таҳмирисро бори дигар манзури хонандагони ӯзбакзабон ироа намудааст. (Ниг. Аскаров А. История происхождения узбекского народа. Ташкент, 2018, С. 104-108).

Он чӣ бояд дар мавриди арзиши илмии профессори улуми таърихи ӯзбакистонӣ гуфта шавад, ин аст, ки навиштори эшон бо абъодаш дар хӯри як академисиан нест, чаро ки диди хосси илмие, ки ин «муҳаққиқи барҷастаи ӯзбак» дар қазияи печидаи таърихи даврони куҳани марбут ба ақвоми сокини Тӯрони таърихӣ арза карда бошад, нест. Ҳарфи номаъқуле, ки аз забони эшон борҳову борҳо таъкид мешавад, як формули ҷаълӣ ва ифротии «моссогетҳо гузаштагони мо буданд», асту бас.

Бахши дувум:

Инсофан, қиссаи таърихӣ ва адабии шоир ва нависандаи маҳбуби Ӯзбакистон Хуршеди Даврон дар боби Таҳмирис ва аз дасти ӯ кушта шудани шоҳашоҳи Эрон Куруши Кабир дар муқоиса бо навиштори фавқи академисиан А. Асқаров бамаротиб арзишмандтар аст. Мутаззакир бояд шуд, ки қиссаи таърихии Таҳмириси шоир ҳудуди наздик ба бист соли қабл аз «матни илмӣ»-и муаррихи номии ӯзбак бар риштаи таҳрир даромада ва бемуҳовот дер боз мавриди таваҷҷӯҳи хонандагони ӯзбакзабон қарор дорад. Аз ҳама муҳимтар ин аст, ки шоир ва нависандаи ширадасти Ӯзбакистон кулли афкор ва андешаҳое, ки тавассути академисиан А. Асқаров бо як маҳорати бисёр волои адибона изҳор намудааст. Қиссаи таърихии шоир Хуршеди Даврон дар қазияи Таҳмирис ва Куруши Кабир миёни таърихнигорон ва адибони Ӯзбакистон ба тамоми маънӣ як улгуест ва бад-ин хотир нақди онро дар ин навиштор муҳим донистем.

Ин қисса дар боби моҷарои Таҳмирис ва Куруши Кабир «Массагетлар маликаси ва форслар подшоҳи» («Маликаи моссогетҳо ва подшоҳи форсҳо») ном дошта, байни солҳои 1989-1990 ба риштаи таҳрир даромадааст.  Он гуна, худ нависанда ишора намудааст, мухотабинаш асосан насли ҷавони меҳанаш аст. Ҳадафи аслии нависанда бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ситоиши таърихи пурифтихори ақвоми туркзабони сарзамини Тӯрони таърихист.

Қиссаи мазбур шомили ду бахш аст. Бахши нахуст: «Афсона ва ҳақиқат», бахши дувум: “Меши пурхун ва сари буридашуда» ном дорад. Бахши нахусти ин қисса дар воқеъ, баёни таърихи мухтасари шоҳии Мод (Мидия) ва мулуки Байнайннаҳрайни даврони куҳан ва шарҳи ҳоли Куруши Кабир аз замони кӯдакӣ то ба сари қудрат расидани ӯ мебошад. Он чӣ аз достони шоир ва нависадаи мумтози Ӯзбакистон Хуршед Даврон дар мавриди таърихичаи салатнати шоҳ Куруши Кабир хойизи аҳамият аст, ин аст, ки тамомии гуфтаҳояш бар пояи гузоришҳои чанде аз муаррихони юнонӣ, бидуни ин таҳлиле рӯйяш сурат бигирад, ба забони шевои ӯзбекӣ интиқол дода шудаанд. Ба назар мерасад, навиштаи соҳиби достони таърихӣ дар бораи наҳваи ба сари тахт нашастани Куруши Кабир барои нахустин бор бо ин тафсилоти адибона ба забони ӯзбекӣ сурат пазируфтааст. Аз ин назар ин қиссаи таърихи ва адабии Хуршеди Даврон дар адабиёти муосири Ӯзбекистон беназир аст.

Бахши дувуми қиссаи мазбур, ки аз унвонаш пайдост, дар баёни таърихи қатли Куруши Кабир аз сӯйи моссогетҳо аст. Сароҳатан бояд гуфт, тамомии баҳсҳое, ки дар ин бахш бо як забони ҷаззоби ӯзбакӣ матраҳ шудааст, моҳиятан такрори мазмуни навиштаҳои маъруфи муаррихи юнони Ҳерудут аст. Бад-ин далел, дар ин навиштор ҳеч ниёзе ба такрор ва тафсири мазомини матраҳ дар ин қисса нест, вале он чӣ муҳим ба назар мерасад, интиқоди мунсифонаи дидгоҳи таърихии нависанда аз қазияи мазбури таърих аст, на чизи беш аз ин.

Шакк нест, Хуршед Даврон шоир ва нависандаи машҳури таърихдӯсту меҳанпарвар аст. Бо ин ки ӯ ривояти муаррихи юнониро бо камоли суханварӣ табдил ба як ҳикояти таърихии нағзу ҷолиб намудааст, вале дар ниҳояти кораш дучори пастӣ зимни ироаи назари хеш нисбат қазияи марги Куруши Кабир шудааст. Ягона далели ҳамчунин уфули ҳунарӣ ин шоир ва нависандаи тавонои ӯзбак ин аст, ки дониши ин суханвари пурталош ва андешаҳои таърихии ӯ на ба андозаи сатҳи назму насраш созандаанд. Таҳрифи муғризонаи таърих ва ироаи андешаҳои ғайри мантиқӣ дар боби гузаштаи дури ақвоми Тӯрону Эрон аз аслитарин ниятҳо ва заъфи хислати ин шоири мумтозанд, ки мебояд рӯйи онҳо таъкид варзид.

Он чӣ дар мадди аввал аз матни нависандаи фавқ бавузӯҳ ба назари хонандаи закӣ мерасад, набудани меъёр ва усули матлуб барои интихоби додаҳои таърихӣ дар мавриди таърихи марги Куруши Кабир аст. Хуршеди Даврон дар ин бахш аз таърихнигорӣ бисёр нотавон аст. Бад-ин сабаб бошад, ки вай бидуни ин ки итиллоъоти куллии манобеъи дасти аввалро дар бораи таърихи марги Куруши Кабир мавриди баррасии хеш карор бидиҳад, бедаранг авлавиятро ба гузориши муаррих Ҳерудут дода ва онро обу ранги бадеъӣ бахшидааст. Ин дар ҳоле аст, ки пиромуни марги Куруши Кабир гузоришҳои дигаре низ мавҷуданд. Инкори вуҷуди додаҳои дигар ва баррасии онҳо, бар он далолат мекунад, ки асли қасди нависандаи самарқандӣ бар зери сояи дидгоҳи вежаи понтуркистии даврони нав пинҳон аст, чаро ки маҳз гузориши Ҳерудут аст, ки барои ормонҳои муҳаққиқини туркгарои ҷаҳони муъосир илҳом мебахшад.

Зимнан, муаррих маъруфи юнонӣ Ктезиос (Ктесий) бар ин аст, ки Куруш дар ҳини фурӯ нишондани шӯриши қавми дербикҳо, ки онон ҳам аз мардумони биёбонгарди сарзамини Тӯрон буданд, даргузашт, дар ҳоле, ки нависандаи дигари калдонӣ Брусус бар ин бовар аст, ки Куруш дар ҳоли мубориза бо қавми саҳронавард, ки онҳоро доҳо меномиданд, кушта шудааст. Муаррихи юнонии дигар Кзенофун (Ксенофон) дар китоби «Курушнома»-и худ менависад, ки Куруш ба шакли табиъӣ дар Порс фавтидааст. Он чӣ аз таърихномаҳои даврони куҳан маълуму машҳур аст, ақвоми биёбонгарди сарзамини Тӯрон ҳамагӣ асолатан эронитабор буданд. Аз осори баҷомондаи Бобули куҳан низ маълум мешавад, ки Куруши Кабир декабри соли 530 пеш аз мелод даргузашта ва дар Посоргод ба ҳамроҳи силоҳҳо ва ҷавоҳироташ дафн шудааст.

Таҳрифу ҷуғрофиёи таърихии сарзаминҳои Эрону Тӯрони асри Куруши Кабир, заъфи дигари навсанда аст. Ошкор аст, номи маконҳои таърихии даврони куҳани ҷаҳони эронӣ саросари матн ба забони ӯзбакӣ бо иштибоҳоти фоҳиш зикр шуда (истилоҳоте, ба мисли: Байнайннаҳрайн, Ҳикматонa (Хикматона), Орок, Танаис (Сир Дарё), Окс (Вахш) Бобул) ва ин амр боис шуда, ки усули таърихият дар иншои муаллифи ҳикояти таърихи дучори латма шавад. Ин дар ҳоле аст, ки асомии ашхоси таърихӣ (аз қабили: Комбиз, Спаргапис, Таҳмирис, Карзус ва Фраарт) низ ба кулл хато навишта шудаанд.

Пӯшида нест, пеши ӯзбакон Хуршеди Даврон шоир ва нависандаи сеҳрангезест. Агарчӣ вай дар навиштаҳояш талошҳои фаровоне дар ҷиҳати матраҳ кардани таърихи ақвоми туркзабон менамояд, вале бо ин ҳама, аз мӯъҷизаҳои адабиаш бедаранг рангу бӯйи хуши забони форсӣ-тоҷикӣ меояд. Бо як калом, эъҷози адабӣ ва таърихии вай дар зоҳир туркист, вале дар ботинаш форсист. Дурустии ин назарро дар мисоли ҳамин як ҳикояти таърихии ин адиби хушсалиқаву пинҳонпеша метавон пай бурд. Бемуҳовот, ин меъмори мӯъҷизакор аз масолеҳи парокандаву пошхӯрдаи таърихи ақвоми эронитабори даврони куҳан барои хотирхоҳии хонандагони ӯзбакзабони қарни муосир ҷадидтарин “кохи таърихӣ” сохта ва онро, чӣ аз дохил ва чӣ аз берун, бо вожаҳои гуҳарбори форсӣ-тоҷикӣ зинат бахшида, ба аҳли адабӣ кишвараш ҳадя намудааст.

Хуршед Даврон нек медониста, ки тавоноии забони туркӣ- ӯзбакӣ дар иҷрои ин амри муҳимми таърихӣ, фарҳангӣ ва адабӣ оҷизу нотавон аст. Бад-ин хотир, ночор рӯ ба махзани забон ва адабӣёти форсӣ ва дасти ба ҳунарӣ бадеъи тоҷикӣ ниҳодааст. Бешак, хоҳем дид, каламот ва ибороти форсӣ-тоҷикӣ дар ҳикояи мавриди назари ин нависанда фаровон ба кор рафта, ки назираш дар адабӣёти гузаштаву имрӯзи ақвоми туркӣ бисёр аст. Таваҷҷӯҳ бояд намуд, каламот ва иборот, аз қабили, истилоҳоти муҳити ҷуғрофиёӣ ва муъмурии: ҷой, дарё, саҳро, дашт, об, шохоб, воха, шаҳр (ба шакли шаҳар), пойтахт; истилоҳоти девонсолории эрониёни даврони куҳан: подшоҳ, шаҳаншоҳ, шоҳаншоҳ, шоҳзода, шоҳона, тахт, пойи тахт, базм, «базмии Ҷамшед», вазир, зодагон, хидматкор, деҳқон, озод, банда, саркарда, ҳукмрон, тахти равон, дастурхон, нозу неъмат, хуш, хуштамъ, оҳанг, маст, сармаст, шод, пойгоҳ, пойгак, мис, зар, зарбоф; истилоҳоти низомӣ ва афзорҳои ҷангӣ: дӯст, душман, ҷанг, ҷанговар, лашкар, гурӯҳ, қароргоҳ, хуҷум, майдон, камон, ханҷар, найза, торумор, занҷир, занҷирбанд, меш, сурнай, нағора, тӯр, чодар, вайрон, мардона, қаҳрамон, шер, корвон, пода, шитоб, чанг (ғубор),  якка, ҷавоб, даҳшат, барҳам, хӯр (қонхӯр») ва ғайра; истилоҳоти динӣ ва мазҳабӣ: худо, ҷон, ҷонвар, фолбин, гуноҳ, бегуноҳ, гунаҳкор, ноҳақ, озор, бечора, чора, паноҳ, ёрдам, шӯр, гувоҳ, фиғон, гӯр; истилоҳоти илму маърифат: доно, таърих, душанбе, заковат, афсона, достон, намоён, нома, солнома, ёднома, эҷод, намуна, бехабар, найранг, осон, илоҷ, пайдо; истилоҳоти насаб ва аъзои хонавода: ном, бобо, фарзанд, кӯдак, набера; истилохоти мухталифа, монанди: хоҳ, ҳар, даррав, агар, гарчӣ, наход, ки, бекор, овора, писанд, назарписанд, даст, рӯй, поча, гӯшт, мева, кабӯтар, нонвой, ташна, реча, тез, пайт, ҷудо, дилкаш, шӯх, бепоён, даст, поча, бемалол, баҷо, хароб, тарк, маҷол, нашида, соя, ҷудо, раво, дучор, анҷом, розӣ, нобуд ва билохира, ибороте чун: «базмии Ҷамшед», «ҳар дақиқа», «дар ҳақиқат», «шак-шубҳа», «рангу рӯй», «ширин-ширин», «калла-поча» ва «несту нобуд», «гоҳ-гоҳ», «дағ-даға», ки бетардид бештар хосси наҳви забони форсӣ-точикианд, бо камоли хунармандӣ дар ҷиҳати тақвияти андешаҳои адабӣ ва вусъати тахаюллоти таърихии шоир ва нависандаи самарқандии  ӯзбекзабон Хуршеди Даврон истифода шудаанд.

Фақат ҷойи пурсишҳое аз нависанда ва таърихнигори мӯҳтарами самарқандӣ боқианд. Чӣ сабаб шуда, ки дар матраҳ кардани таърихи даврони куҳани кабилаҳои «туркинажоди»-и замони Куруши Кабир вожаҳои асили «туркӣ»-и замони мавриди ҳадафаш истифода нашудааст? Магар эшон, худ намегӯяд, ки моссогетҳо аз ақвоми «турктабор»-и он рӯзгори куҳан буданд? Агар ин андеша ва дид дуруст аст, пас ба чӣ далел дар навиштораш барои тасвири ҳаёти иҷтимоъӣ, низомӣ, фарҳангӣ ва маъишати «туркони замони Куруш» аз вожаҳои асили «туркӣ»-и он рӯзгор истифода нашудааст? Вале, посухи пӯё барои ман рӯшан аст ва он ин аст, ки воқеъиятҳои таърихиро метавон ба хок яксон кард, вале осори онро аз хотираи таърих ва зеҳнҳо ҳаргиз наметавон пок кард. Дақиқан, ба ҳамин мазмун нависандаи ҳикояи фавқ Хуршед Даврон, шояд ноогоҳона ва ё огоҳона таъкид бар аҳамияти корномаи Таҳмирис намуда, ва аз ҷумла, ин ки мефамояд:

«Малика Тӯмарис жасорати икки дарё атрофи ва оралиғида яшовчи халқлар тарихида ӯчмас из қолдирди. Шу сабабдан муаррихлар бу қаҳрамон аёлни гоҳ бу, гоҳ у халққа мансуб бӯлгани ҳақида ёзадилар. Аммо тарих фақат муаррихлар мулки эмас, тарих халқ ёдномаси ҳамдир. Мозийда бӯлиб ӯтган ҳар бир воқеа фақат тарихчи битигида эмас, энг аввало халқ хотирасида ӯзининг боқий изини қолдириши шак-шубҳасиз».

Агар муаллиф ишорае бар ҳаққу хотираи халқи мушаххасе мекард, айни риъояти инсоф мешуд, дар ғайри сурат, бадеҳӣ аст, ин дид ҳарфи хоссест, ки аз батни ағроз ҷиҳати дифоъ аз ҳукми дурӯгу ботил берун омада. Дар хулосаи хеш Хуршед Даврон бо оҳанги таассуф менависад:

«Бундан бор-йӯғи юз-юз эллик йилча бурун Самарқанд даштларида “Ойсулув” номли достон куйланган. Минг афсуским, Эргаш Жуманбулбулнинг момоси бӯлмиш Тилла кампир куйлаган бу достон бизгача етиб келмаган ва атоқли олим Ҳоди Зариф достон мазмунини ёзиб олган, холос. Достоннинг бош қаҳрамони Ойсулув Эрон подшоҳи босқинчи Дорога қарши курашади. Ойсулув тимсолида малика Тӯмарис намоён бӯлгани ҳақида гапириб ӯтириш ортиқча. “Ойсулув” достонининг мавжуд бӯлгани Ӯрта Осиё халқлари қатори биз – ӯзбекларнинг ҳам Тӯмарис жасоратига ворис эканимизни тасдиқлаб туради».

Достоне, ки дар он адолат риъоят нашавад, пас он василаи зулм аст. Ин маврид, ки арзиши додаҳои таърихӣ ва асотири машҳури ақвоми эронитабори даврони куҳанро бо достонҳои тахаюлии ақвоми туркизабони даштҳои атрофи Самарканди қарни 19 дар як сатҳ чо додани шоир ва нависандаи огоҳ аз ҳикмат ва ахлоқи донишу адаб, магар гунаи дигари тавҳине бар сари арзишҳои неки инсоният нест?

Кори ин дунё саросар шигифтиҳост, вале беинтиҳоӣ ва тазодҳои дурӯғгӯён шигифтангезтар аз кори дунёст. Ҳар чӣ қадр ба умқи навиштаҳои Хуршеди Даврон чира мешавам, ҳамон қадр тааҷҷубам бар вусъати ҳамоқатҳояш бештар мешавад. Чунончӣ, вай ба марги фоҷиавори фарзанди Таҳмирис, Спаргаписи ҷавон, ки аз тарафи сипоҳиёни Куруши Кабир сурат пазируфта буд, ба ҳадде андӯҳгин шуда, ки чанд сафҳаи матнашро бар сугу ҳамдардии ба мақтул бахшида, валекин дар баробари қатли бераҳмонаи садҳо тан аз раҳбарон ва муборизони озодихоҳи зодгоҳаш Самарқанд, ки бо амри Темури Ланги хуношом анҷом шудааст, амдан чашмони виҷдонашро батамом кӯр карда ва «забони ҳақгуфтораш»-ро лол.

Хеш аст, ки пайи худхоҳиҳояш хештан мешиканад. Аз ин ки ин адиби баландпояи аҷибгуфтори самарқандӣ худ яке аз маъруфтарин маддоҳони муосири Темури хунхор аст, сухане намегӯям, вале он чӣ батаъкид мегӯям ин аст, ки ситоиш аз хунрезони таърих амали мардони солеҳ нест, хатто дар ин миён шоирони тавоно ва суханварони доно бошанд.

Луқмон Бойматов, муаррих

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь