“Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте баҷову шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ. Вагарна ифтихорат пучу бепоя аст ва ба ҷуз саргарангию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони имрӯза бо рушди бемайлони техникаву технологияи нав раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вусъат ёфта, омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд овардааст. Он миллатҳое, ки дар сатҳи пасти тафаккур ва маънавиёт қарор доранд хоҳу нохоҳ гирифтори бегонапарастӣ гашта, аслу насаби хешро фаромӯш месозанд ва бад ин васила, аз саҳнаи пурталотуми таърих берун мегарданд. Новобаста аз оне ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик таърихи ғанию фарҳанги вологуҳар дорад, аз ин раванди бавуҷудомада дур нестанд. Бинобар ин, рӯй овардан ба таърих, ки пайвасткунандаи дирӯзу имрӯзу фардои миллат аст ва воқиф гаштан аз бурду бохтҳои ниёгон ҳалқаи занҷираро бо ҳам пайваст намуда, мавҷудияти миллатро то андозае нигоҳ медорад. Беҳуда нест, ки бузурге гуфтааст: “Миллат ва халқе, ки таърихи худро намеомӯзад, аз он сабақ намегирад, парандаи нобиноеро мемонад, ки аз ошёнаи худ парвоз кардааст. Касе гуфта наметавонад, ки фурудгоҳи ӯ куҷост: болои об, шӯълаи оташ ва ё дарахти сарсабз…”
Воқеан, омӯзиши таърих ва “аз қаъри гили сияҳ” беҳтарин лаълу дурдонаҳои маърифатро ҷудо намуда, ба худ интихоб намудан худшиносӣ ва ифтихороти миллиро боло бардошта, ҳисси ватандӯстиро бедор месозад ва барои раҳои ёфтан аз ин баҳри пуртазоди рақобату зиддиятҳо мадад мерасонад. Таҷрибаи гузашта азим ва бебаҳост ва он моро ба ояндаи нек ва комёбиҳои назаррас раҳнамун месозад.
Сарвари давлат омили рӯй овардани хешро ба таърих дар он медонанд, ки ҳамчун насли воқеии имрӯзаи ин миллат: “…мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огаҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем, зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”.
Аз замонҳои қадим то бад имрӯз муҳим будани омӯзиши таърихро садҳову ҳазорҳо донишмандон таъкид сохтанд, зеро таърих асос ва такягоҳи қудрат аст. Ҳар як давлати ба қудратрасида таърихи гузаштаро нобуд сохта, таърихи хешро ба вуҷуд меорад, ки барои ояндаи он давлат такягоҳи қавӣ ва устувор аст. Дур гаштани мардум аз таъриху фарҳанг ва забони хеш нобудии он миллат аст. Бо фаромӯш сохтани аслу насаби хеш миллат ки будани худро гум карда, ба ягон мувафаққияти бузург ноил нагашта, баръакс истиқлолияти сиёсию тафаккуриашро аз даст медиҳад ва аз саҳнаи ҳаводиси таърих берун мешавад. Бинобар ин, Пешвои миллат барҳақ, иброз медоранд: “Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад. Ҷомеа то хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, аз худ накунад, аз хираду заковати донишмандон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад”. Дар воқеъ, маҳз надонистани таърихи гузуштаи худ буд, ки дар солҳои 20-уми асри XX як қатор ашхоси тоҷик мавҷудияти миллати хешро инкор намуда, бадбахтиҳои зиёде бар сари миллати худ оварданд.
Таърих ибрат аз гузаштааст. Он нафаре, ки сидқан таърихро дӯст медораду рӯй ба омӯзиши он мекунад, худро дар байни ҳодисоти таърихи тасаввур карда, ҳар як лаҳзаи бурду бохтҳои гузаштаи ниёгонро аз пеши назари худ мегузаронад ва аз он таҷриба меандӯзад. Бо омӯзиши таърих хатогиҳои анҷомдодаи ниёгонро дарк намуда, кушиш мекунем, ки ба он иштибоҳот роҳ надода, зиндагии кунуниро беҳтар созем. Беҳуда нест, ки ҳанӯз беш аз ҳазору сад сол қабл “Одамушшуаро” Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин таъкид намудаанд:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
***
Ҳар кӣ н-аомӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-аомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Сарвари давлат низ дар ин маврид таъкид месозанд, ки “Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатогиҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд туфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт”.
Таърих муаллим аст. Ӯ моро таълиму тарбия дода, роҳи дурусти зиндагиро омӯзонида, ба ташаккули тафаккур мусоидат менамояд. Таърих ҳамчун муаллим моро ба рӯзгори пурсаодат ҳидоят мекунад. Бо омӯзиши дақиқу амиқи он ва воқиф гаштан аз ҳодисоти гузашта ба мо таҷриба дода, барои бартараф намудани мушкилотҳо то андозае кумак мерасонад. Миллат агар аз сабаҳои нокомию пирӯзиҳо, суқут ва аз байнравии давлатҳо ва умуман аз тамоми ҳодисаҳо огоҳ гашта, таҷрибаи зарурӣ андӯзад, аз тамоми мушкилотҳо сарбаландона баромада метавонад. Донишманди эронӣ Кайҳон Фарҳангӣ дуруст андеша карда, қайд месозад, ки “Таърих ёди ҳаводис, хушбахтиҳо, азамат ва интиҳои як миллат аст, ки хислатҳои миллии худро дар гузашта ва ҳозир нишон медиҳад ва ҳамон тавре ки агар фарде ҳофизаи худро… аз даст бидиҳад, шахсияти худро гум мекунад, як миллате ҳам агар аз таърихи худ огоҳ набошад, аз шахсияти қаблии хеш воқиф нест. Таърих ибрате аст аз гузашта, ки миллат барои наслҳои оянда ба мерос мондааст то ояндагон панд гиранд ва иштибоҳот ва хатогиҳои гузаштаро такрор накунанд”. Пешвои миллат низ барҳақ, қайд намудаанд, ки “Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд”.
Омӯзиши таърих барои ташаккули шахсият нақши калон дорад. Он роҳу баду некро аз ҳам ҷудо намуда, ба инсон фаҳмонида медиҳад. Инсоне, ки аз таърихи гузаштаи хеш огаҳ нест, ҳамчун шахси комил ба воя намерасад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат омӯзии таърихро муҳим шумурда, таъкид месозанд, ки “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзи буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонанд”. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ низ васфи таъриху моҳияту мазмуни он намуда, чунин суханони вологуҳарро баён медоранд:
Чист таърих? Эй зи худ бегонае,
Достоне, қиссае, афсонае.
Ин туро аз хештан огаҳ кунад,
Ошнои кору марди раҳ кунад…
Забт кун таърихро, поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав.
Таърих ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии одамон ёрӣ мерасонад. Он чун ойина тамоми айбу нуқсон ва хубию некиро пеши рӯй инсон тасвир намуда, интихоби роҳи дурустро ба мо нишон медиҳад. Бинобар ин, Сарвари давлат қайд кардаанд: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Воқеан, тавре ки академик Бобоҷон Ғафуров иброз медорад: “Таърихи пурғановат, ки пурпури қаҳрамониву муборизаҳои беамон бо истилогарони аҷнабию истилогарон аст, рӯҳи халқро ба бадбинии сӯзанда даъват ва тарбият менамояд, ӯро ба сӯи садоқати бепоён ба Ватан, омодагӣ ба ҳар нав азхудгузорӣ барои ҳимояи вай ва ҳатто фидосозии ҷони азизи худ барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлол раҳнамун мегардонад”. Дар ҳақиқат донистани таърих ва сабақ гирифтан аз он инсонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия намуда, меҳри ватандӯстиро дар қалби шахс баланд мебардорад. Ин имкон медиҳад, ки мардум сарҷамъу муттаҳид гашта, масъулиятшинос бошанд ва барои пешрафти Меҳани хеш сидқан хизмат намоянд.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба омӯзиши таърих диққати махсус дода шуда, барои ба ҷаҳониён боз ҳам муаррифи намудани миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик чандин мавзеъҳои таърихӣ ва як қатор мероси модии ниёгон шомили бонуфузтарин созмони ҷаҳонии илмию фарҳангии ЮНЕСКО гардид. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикороти Пешвои миллат барои беҳтар гардонидани тафаккури таърихии мардуми тоҷик китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гардонида шуда, ба ифтихори 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” баргузор карда шуд. Ҳамзамон, Сарвари давлат 5 декабри соли 2023 ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодии хеш пешниҳод намуданд, ки “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим карда шавад.
Ҳамин тариқ, омӯзиши таърих аз дидгоҳи Пешвои миллат ва дигар бузургон муҳим буда, барои муттаҳидии ҷомеа ва ҳастии миллат нақши калон дорад. Дар замони имрӯза, ки омезиши фарҳангҳо сурат гирифта истодааст ва хатари нестшавии миллатҳоро ба миён овардааст, ҳар як афроди воқеии ин миллатро, ки худро узви ҳамин ҷомеа мешуморад, месазад, ки рӯй ба таърихи гузашта оварда, аз бурду бохтҳо, корнамоиҳои гузаштагони миллат ва зиндагиномаҳои шахсиятҳои оламшумули ин миллат огаҳ гашта, аз он беҳтарину ноёбтарин дурдонаҳои ахлоқияти маънавиётро пайдо сохта, ба худ интихоб намояд ва барои пешрафти Ватани азизи хеш саҳми худро гузоранд. Имрӯз, ки ҷаҳон пуртазод ва хатарзост ва душманони ин миллат камин гирифта, фурсати иштибоҳ кардани моро интизоранд, месазад, ки чун таҳамтан ва Рустами замон дар атрофи давлату пешвои худ муттаҳид гашта, садоқатмандона ба Ватан хизмат намоем. Ба қавли Муҳаммадҷон Шакӯрӣ “Бар қасди онҳое, ки моро аз забони модарӣ, аз мероси адабию фарҳангӣ, аз таърихи худ маҳрум кардан мехостанд ва ҳанӯз ҳам мехоҳанд, лозим омадааст, ки соҳиби қадршиносии ин ҳама дороиҳои маънавии худ бошем ва бо сари баланд ба сӯи ояндаи худ қадам занем” ва бо дили росту шаффоф ба миллати хеш хизмат намоем.
Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,
Самандар МАҲМАДАМИНОВ