Ташвишу тарадуди масъулин як рӯз пештар оғоз шуд. Онҳо, рӯзи истироҳаташонро барои боз ҳам бештар поку озодакунии ҳавлии идораашон ва гирду пеши он бахшиданд. Бехи дарахтонро бори дигар нарм карданд, танаашонро сафед намуданд. Дар ҷойҳои мувофиқ навиштаҷоти зебою пурмаънӣ ва сурату нақшҳои дилпазири наврӯзӣ овехтанд. Дегу табақу коса, мизу курсиҳоро омода карданд…

Рушноӣ вазъу ҳоли шабро лаҳза ба лаҳза тангтар мекард ва ба ғалаба наздиктар мешуд. Дар ҳамин асно кадбонуҳо оташ гиронданд. Болояш дег гузоштанд. Зани солманде дуо кард. Ҳамаи ҳозирин чӣ марду чӣ зан, чӣ кеҳу чи меҳ даст ба рӯ кашида омин намуданд. Сипас анвои суманакро даруни дег гузоштанд. Бо ҳамин оғоз шуд маросими аҷдодии суманакпазии тоҷикӣ. Суманакпазон кафчаю дафча зада гирди дег рақсиданд. Суруди аҷдодии анъанавӣ хонда, субҳи содиқи рӯзи аввали Наврӯзро хайра мақдам гуфтанд:

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Чанд марди хушзавқ ба онҳо ҳамроҳ шуда, мавзун рақсиданду хушсадо суруданд. Дар фазои орому осудагии кишвари азиз шодию нишот, чеҳраҳои хандону шукуфошонро дида, дил рақс мекард, табъ меболид, ҷон роҳат менамуд. Рақсу суруди дилнавозашон дар омехтагӣ бо садои «балақ-балақ» ҷӯшидани деги суманак вуҷудро пур аз ҳаловат мекард. Ҳамин тавр, як базми зебои субҳгоҳӣ барпо гашт ва мардуми нав аз хоби ноз хестаи гирду атрофро ба ҷашнвора даъват намуданд.

Субҳи 21 март – рӯзи аввали Наврӯзи хуҷастапай, Наврӯзи аҷам, Наврӯзи байналмилалӣ – дар маҷмӯъ Наврӯзи тоҷикон! Одамон дар сару либоси озодаю идона ба ҳавлии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешуданду гӯё онро намешинохтанд. Дарвоза, деворҳо, қадқади роҳравҳо – ҳама ҷои он гулпӯш буду оростаю пероста. Қисми бештари ҳавлӣ ба намоишгоҳи ҳунарҳои қадимии мардумӣ, намунаи ороиши дастурхонҳои наврӯзӣ, махсусан бо анвое, ки бо ҳарфҳои «син» ва «шин» оғоз мешаванд, табдил ёфта буд. Ҳунари пазандагону дӯзандагон, рассомону наққошон низ ҷои худро дошт, ки аз ҷониби занону мардон ва наврасону ҷавонони чирадасти вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе пешниҳод шуданд. Дар гӯшаи дигари ҳавлӣ тамошобинон аз сабқати бозиҳои варзишӣ баҳрабар гаштанд.

Ҷамъомадагонро ба паси мизҳо барои дидани бахши фарҳангии ҷашнвора даъват намуданд. Диққатро  пеш аз ҳама ҷавононе ҷалб карданд, ки дар либоси махсуси саҳнавӣ омодаи бозидани нақши шоҳ Ҷамшед ва надимони ӯ буданд. Чун барнома шурӯъ шуд, манзараи ҷашнгирии Наврӯз дар аҳди хеле қадим, замони шоҳ Ҷамшед пеши назарҳо ҳувайдо гашт. Воқеан, чанд нафар ҷавонон он манзараро хеле боварибахш ва хубу хотирмон нишон дода тавонистанд.

Дар байни базамгоҳ, рӯи сабзаҳо духтаракони зеборухе чун рамзи гулҳои баҳорӣ нишаста буданд. Симои воқеан гулмонанди онҳо сурудҳои солҳои бачагӣ мехондагиамонро ба ёд овард:

Бойчечак, бойчечак,

Даста-даста гул чечак.

Ба майдони базм биё,

Тамошои келинчак.

Баҳор омад, баҳор омад,

Гули сияҳгӯш қатор омад,

Ба деҳқон вақти кор омад,

Баҳори нав муборак бод!

Баҳор омад ба некрӯзӣ,

Бичин гулҳои наврӯзӣ,

Бипӯш тоқии гулдӯзӣ,

Баҳори нав муборак бод!

Воқеан, байни ҳозирин онҳое, ки тоқии гулдӯзӣ ба сар доштанд, кам набуданд. Ҷолиб он буд, ки даври тоқӣ вожаи «ТОҶИКИСТОН» бо тоҷикию англисӣ гулдӯзӣ шуда буд ва ифодагари Ватани азизамон – Тоҷикистонро дӯст доштани мо буд. Дӯстдорӣ то андозае, ки на танҳо дар мағзи ҷону дар умқи дил ҷояш додаем, балки онро тоҷи сар ҳам кардаем. Базми рақсу суруди пешниҳодшуда, бо тақлидию қолабӣ набуданаш бас дилҷаспу назаргир буд. Он аз бисёр ҷиҳат хусусияту вижагиҳои базмгузарониҳои деҳаро ба ёд меовард. Бо шакли дигар гӯем, бӯи деҳа мекарду шираю шарбат ва лаззатбахшии ҷашнҳои деҳаро дошт. Махсусан, дар рӯи сабза – қолини дар зебоӣ беҳамтои табиат баргузоршавии он дилпазир, рӯҳнавоз ва фараҳбахш буд. Аксар овозхонҳо «зинда» суруданд. Яъне, ки нуқсу норасоиҳои овозашонро бо фонограмма пинҳон накарданд. Аз ҳама асосиаш «фармоишӣ» набуданд. Ҳар шахсе, ки ҳунар ва завқ дошт, баромаду бо рақсу суруди зебою дилкаши хеш ҷилва намуд ва дилрабоӣ кард. Адибону рӯзноманигорон низ бо шеъру суханҳои шоёни хеш базмороӣ карданд.

Нафаре аз рӯи шавқу завқи худ ба майдон баромада, бемусиқӣ суруд хонд. Чандин нафари дигар низ бо усули сариовозгирии ҳамдигар базми суруди бемусиқӣ барпо намуданд. Аҳли тамошобинон бо радифи сурудашон каф кӯфтанд, ки ин ивазкунандаи беҳтарин мусиқӣ шуд. Чандин зану мард, ҷавонону наврасон ба майдон баромада, дар ҳовои ин гуна овозхонию кафкӯбӣ рақси базмӣ карданд. Рақси эшон мисли аксар рақсҳои умумии серхароҷоти ҳозиразамон танҳо аз ҷасту хез, ё баръакс, дар як ҷо истодану андаке худро ҷунбонданҳо, болою поёнкунии нозеби дастҳо, ба чапу рост қадамзанию ҳар ҷониб давиданҳои бемаънӣ иборат набуд. Балки маънӣ дошт, ба ваҷд меовард. Мавзун буду зебо, нафосат дошту назокат ва бо маънии том наврӯзию наврӯзона буд. Ба кас сурур мебахшид, синаҳоро пур аз фараҳ мекард ва албатта, боис мешуд барои дар хотирҳо мондан… Дастурхони наврӯзии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ арзандаи тазаккур аст. Масъулин мисли баъзеҳо ҳарчи бештар пур намудани рӯи дастурхонҳоро мақсади асосии худ қарор надодаанд. Балки барои нишондиҳии хӯрокиҳои хоси наврӯзӣ, ки аз қадим барои халқамон анъана буд, аз қабили пиёбаи алафӣ, далда, гунгина, қурутоб, чанголӣ, фатирмаска, таҳмол, атола, туппа, угро, кочӣ, кашк ва ғайра, ки сабуку арзон буда, ба саломатӣ бас фоидабахшанд ҷаҳд кардаанд. Ҷиҳати дигари ин тасмимашон худдорӣ аз исрофкорӣ будааст, ки талаботи асосии Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим мебошад.

Хулоса, таҷлили Наврӯз дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар иштироккунандаи соҳибдил ва аз ғояҳои миллӣ бохабар, воситаи хуби боз ҳам бойгардонии ин зуҳуроти қалбиаш буд. Имконе буд, ки бо истифода аз он фаҳм, дониш, маънавиёт, фарҳангу маърифати худро баланд бардорад, эҳсоси ватандӯстию меҳанпарварӣ ва хештаншиносиашро равнақ диҳад. Аз он ки ҳамин гуна ҷашну маросимҳои миллию аҷдодӣ дорем, ифтихор кунаду баҳри посдориашон талош варзад.

Наврӯз дар асли худ ҷашни халқӣ аст. Меарзад, ки дар таҷлили он бештар ба ҳунару эҷодиёти худи халқ такя кунем, чуноне, ки дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм карданд. Аммо, мутаассифона, бо сабаби сол ба сол қолабитар шудани ин ҷашнвора, бисёр унсурҳои зебою саҳнавии сирф халқиаш аз байн рафтаанд ё ин ки масъулин аз корбасти онҳо худдорӣ мекардагӣ шудаанд. Агар вазъият тағйир наёбад, он унсурҳои зебою дилчасп бо мурури аз ҳаёт гузаштани донандагони солмандашон тамоман ба нестӣ мерасанд.

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь