Имрӯзҳо дар посух ба ибтикори наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати нашр ва ба ҳар як хонаводаи тоҷик эҳдо гардидани “Шоҳнома”-и безавони ҳаким Фирдавсӣ суҳбату ҳамоишҳо, маҳфилҳои шоҳномахонӣ, тафсиру ташреҳи ин шоҳасар аз ҷониби радиову телевизион ва дигар расонаҳои ахбори омма, инчунин олимону шахсиятҳои ҷудогона зиёд пахш мегарданд. Албатта, “Шоҳнома” мисли як уқёнуси беканор аст ва расидагӣ кардан ба тамоми паҳлуҳои он аз имкони зеҳниву ҷисмонии ҳар як донишманд берун аст. Хусусан, ҷуғрофиёи таърихии ин асар, ба вижа, даврони Пешдодиёну Каёниён, хеле мушкилу мураккаб буда, мутаассифона, то имрӯз ҳаллу фасл нагардидааст.

Донишмандон ва пажӯҳандагони берун аз кишвари мо ҷуғрофиёи ин шоҳасарро ба ду бахш – Эрон ва Турон ҷудо карда, ин ду сарзаминро дар асоси таъйиноти анъанавӣ – Эрон соҳилҳои чапи руди Ому ва Турон – соҳилҳои рости ин руд мавриди баррасӣ қарор додаанд. Мо имрӯз мувофиқи анъанаи қабулшуда худ ва сарзаминҳоямонро дар шумули кишвари Турон маҳсуб медонем. Агар чунин бошад, пас мо бояд Салму Тур, Афросиёб, Пирон, Комус ва бисёр дигар шоҳону паҳлавонони турониро қаҳрамонони миллии худ дониста бошем ва Кайхусраву Рустам, Гударзу Геву Тусу дигаронро бегона ҳисоб кунем. Бигузор онҳо аз як нажоду қавм бошанд ҳам. Хориҷиёне, ки моро туронӣ мешуморанд, ба ин назари мо чи гуна баҳо медиҳанд? Агар воқеан мо туронием, таърихи туронии худро, сарфи назар аз чигунияш бояд қабул дошта бошем. Аммо мо танҳо бахши эронибостонии “Шоҳнома”-ро ҳамчун таърихи халқи худ қабул дорему аз шоҳону паҳлавонони он ифтихор дорем. Аммо дар шумори сарзаминҳои таърихии туронӣ маҳсуб шудани сарзаминҳоямон чӣ мешавад?

Мувофиқи пажӯҳишҳои бисёрсолаи мо Эрони бостон дар шарқи Осиёи Миёна воқеъ буда, аз рӯзгори Каюмарс то даврони дар миёни фарзандони Фаридун ба се бахш ҷудо шудани ин сарзаминҳо дар аксар маврид ҳафт кишвар номида мешуданд. Яъне, давлатдории Пешдодиёну Каёниён дар шарқи Осиёи Миёна сипарӣ шуда буд. Баъди кушта шудани Эраҷ аз ҷониби бародарон сарзаминҳои 7 кишвар ба Эрону Турон ҷудо шуданд. Эрон аз номи яке аз 16 сарзамини ориёиҳо Арияна ваеҷа, ё Эронвиҷ номгузорӣ гардида, фарогири тамоми сарзаминҳое шуд, ки ба Эраҷ дода шуда буанд. Яъне, Турон ҳам аз дохили 7 кишваре, ки дар маҷмуъ сарзаминҳои ориёиҳоро ташкил медоданд, арзи ҳастӣ кард. Аз ҳамин лаҳза номҳои Эрону Турон ба вуҷуд омаданд. Ҷуғрофиёи ин кишварҳо бо тамоми ҷузъиёташон дар асари дуҷилдаи мо “Эрони гумшуда” зикр ёфтааст. Дар натиҷаи ҷангҳои тулонӣ эрониёни бостон, ки сарзаминашон дар миёни рудҳои Панҷу Сир, дар ғарб Самарқанди кунунӣ, дар шарқ Сарикӯл ва пушти қаторкӯҳи Фарғонаро ташкил медод, ба муҳоҷират маҷбур шуданд.

Тавре зикр гардид, аз замони подшоҳии Каюмарс то подшоҳии Ҳумой Эрони бостон дар шарқи Осиёи Миёна арзи ҳастӣ кард. Баъди муҳоҷирати ориёиҳо Эрони бостон ба тасарруфи Турон даромад. Ва дар тайи зиёда се ҳазор сол сарзаминҳои Эрони бостон бо номи Турон муаррифӣ шуданд. Ин назар дар замони ҳаким Фирдавсӣ низ бисёр ҳукмраво буд, аз ин лиҳоз, дар “Шоҳнома” марзи миёни Эрони бостону Турон Ҷайҳун дониста шуд, на Сайҳун. Ва аз ин ҷост, ки ин Сайҳун ё ки Сирдарё, ки яке аз ду руди бузурги Осиёи Миёна аст, дар “Шоҳнома” зикр нашудааст. Баъди муҳоҷирати ориёиҳо дар замони Куруш ва Доро аксари ҷойномҳои Эрони бостон, ки дар шарқи Осиёи Миёна воқеъ буданд, дар сарзаминҳои Эрони кунунӣ ва минтақаҳои ҳамҷаворашон дубора номгузорӣ гардиданд. Аз ҳамин ҷост, ки бисёр номҳое, ки дар “Шоҳнома” зикр гардидаанд, дар ду минтақа – дар шарқи Осиёи Миёна ва дар Эрону Афғонистон, Ироқу Озарбойҷон ва ноҳияҳои атрофашон вуҷуд доранд. Дар таърихномаҳои хитойӣ номҳои Порс, Кобул, Кашмир, Зобул, Балх ва ғайра дар шарқи Осиёи Миёна ва ғарби Хитойи кунунӣ зикр шудаанд. Инчунин дар асарҳои асримиёнагӣ номҳои Бағдод, Боб, Испана (Исфаҳон), Фаран (Варан), Нисо, Ҳомоварон, Балх, Тамеша, Ситарх-Истахр, Канобад (Конибодом), Работ (Райбад) ва ғайра вуҷуд дошта, баъзе аз он номҳо имрӯз низ боқистанд. Яъне, номҳои даврони Эрони бостон дар ин минтақа қисман боқӣ монданд. Дар асари дуҷилдаи мо “Эрони гумшуда” даҳҳо далелҳо оварда шудаанд, ки зикри ҳамаи онҳо ин ҷо номумкин аст. Агарчи дар рисолаву мақолаҳои баъзе пажӯҳишгарони дохилу хориҷи кишвар дар ин хусус баъзе ишораҳои умумӣ рафта бошад ҳам, мо ин масъаларо бо тамоми ҷузъиёташ – бо нишон додани ҳудуди марзҳои Эрону Турон, 16 кишвари аҳуроофарида, 7 кишвар, 5 сарзамини ориёӣ, 5 пойтахти Эрони бостон бори нахуст дар илм собит намудем. Тақрибан 20 сол пеш дар яке аз мақолаҳоямон зикр карда будем, ки Саразми кунунӣ ин Хоразми “Шоҳнома” ва “Авесто” аст. “Хушбахтӣ”-и боқӣ мондани Саразм (Хоразм) он аст, ки дар натиҷаи кадом фалокате таги хок мондааст. Вагарна бо чунин усули шаҳрсозии он даврон, ки аз хишти хому гилу санг сохта мешуд, дар тайи 4-5 ҳазор сол ҳеҷ осоре аз он шаҳр боқӣ намемонд. Ҳамин тариқ, аз пойтахтҳои Эрони бостон осоре боқӣ намондааст.

Албатта, ҷойи шукру сипос аст, ба ориёиҳое, кибо сабаби муҳоҷираташон аз шарқи Осиёи Миёна ба минтақаҳои, ба истилоҳ, Эрони ғарбӣ, бисёр китобҳову таърихномаҳои даврони Пешдодиёну Каёниён, аз ҷумла “Авесто”, маҳфуз монд. Вагарна, онҳо аз ҷониби турониён нобуд карда мешуданд. Дар замони лашкаркашии Искандари Мақдуни сарзаминҳои кунунии Афғонистон Эрон ё Эронвиҷ номида мешуданд. Танҳо соли 1935 Эрони кунунӣ чунин номида шуд.

Дар асоси пажуҳишҳои бисёрсолаам, эълом медорам, ки он панҷ пойтахти Эрони бостон инҳо буданд:

  1. Балхи нахустин, маркази давлати Пешдодиён аз Каюмарс то Ҷамшед – дар ғарби водии Фарғона, тақрибан дар он ҷое воқеъ буд, ки ҳоло баҳри Тоҷик ҷой гирифтааст.
  2. Бабар, Баври – пойтахти давлатҳои Ҷамшед ва Заҳҳок, ҳоло Боб, дар вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар водии Фарғона;
  3. Таммеша – пойтахти давлати Фаридун, ҳоло бо номи Тамоша дар вилояти Бодкени Ҷумҳурии Қирғизистон, дар водии Фарғона.
  4. Истахр, Ситарх – пойтахти давлати Кайхусрав, ҳоло деҳа бо номи Старғ, дар ноҳияи Ванҷ.
  5. Балх (Балхи дуюм, Балхи шимоли Афғонистон Балхи сеюм аст) – пойтахти давлати Гуштосп, то замони Ҳумой, набераи Исфандиёр, ҳоло низ деҳа бо номи Балх дар бисткилометрии шимоли шарқии маркази ноҳияи Лахш ҷой дорад.

Ин маҳалҳо на бо далели танҳо номашон, балки бо бисёр далелҳои дигар тасдиқ ёфтаанд. Эронвиҷро дар водиҳои Лахшу Олой бо 33 нишониаш ошкор кардаем.

Тайи ду соли гузашта дар кишварамон Конфронси байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” баргузор гардид, ки дар онҳо даҳҳо гузоришҳо ироа гардиданд. Инҷониб дар Конфронси нахустин дар мавзуи Ҷуғрофиёи Эрони бостон суҳбат доштам. Албатта, дар конфронсҳо гузоришҳои ҷолиб бисёр буданд. Аммо вақте “Ҷуғрофиёи таърихии Шоҳнома” мегӯем, бояд нахуст ҷуғрофиёи таърихиву воқеии ин шоҳасар ҳаллу фасл шавад, баъд мавзуъҳои дигари он.

Инҷониб 33 сол ба ин соҳа машғулам, ки ҳадафам танҳо ошкор намудани таърихи пуршарафи ниёгонамон аст. Намехоҳам, ки чунин масъалаи хеле муҳими таърихӣ то замонҳои дигар ба таваққуф монад. Инҷониб ба пажуҳишҳоям бовари комил дорам ва метавонам онҳоро дар ҳар гуна доирае дифоъ намоям.

Дар тайи фаъолияти бисёрсолаам дар боби пажӯҳиши ҷуғрофиёи Эрони бостон эҳсос мекунам, ки баъзеҳо (олимони соҳа дар назар аст) аз шунидану баррасии ин мавзуъ як навъ ҳазар мекунанд. Аксаран, умуман, нисбати ин масъалаи тақдирсоз бетафовутанд. Қисмати сеюм сарзаминҳои таърихии моро батамом туронӣ ҳисоб мекунанд. Ман мефаҳмам, ки дар кишварамон мутахассиси махсуси соҳаи ҷуғрофиёи таърихии Эрони бостон вуҷуд надорад ва на ҳама олимон ба ин масъала баҳо дода метавонанд. Албатта, Эрони бостону Турони бостон ду боли парандаи таърихи мо ҳастанд, таърих, ҳар навъе ки бошад, бояд ҳақиқати илмии он ошкор гардад.

Дар ин замони хеле мураккаби даъвогароӣ, фарҳанграбоӣ, таҳрифкории баъзе олимони кишварҳои хориҷ ин кашфиётҳои илмиямро барои миллату давлат хеле муҳим медонам ва аз ҷониби мақомоти марбутаи илмӣ, донишмандони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанашонро сидқан хоҳонам. Бояд манфиати миллату давлат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошад.

Имсол низ дар кишварамон баргузории Конфронси байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” дар назар аст. Умедворем, ки ин масъалаи хеле муҳими таърихӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Муҳтарам ҲОТАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь