Хаёлпардозони таърих шабеҳи одамони нобиноанд, чаро ки ҳамеша рӯйдодҳоеро ба тасвир мекашанд, ки ҳеч касе надидааст.
Таърихнигорони ғайри ҳирфаӣ ва нависандагони тахаюлпардоз ҳар чӣ бештар ба мавзӯъоти таърих муроҷиа бикунанд, мушкилоти илми таърихшиносӣ бештар хоҳад шуд. Бо ин ҳол, боз ҳам бояд сипосгузор шуд аз нависандагони таърихдӯст, ки пайваста саъйи зиёде ба харҷ медиҳанд, то мавзӯъоти муҳим ва симои шахсиятҳои бузурги таърихи миллӣ дар ҳавзаҳои ҳунари бадеъ ба шоистагӣ тавсир гардад.
Нависандаи тоҷики таърихнигор муҳтарам Ато Ҳамдам бо ҳамкории адиби равоншоди рус Леонид Чигрин дар романи таърихии хеш «Садди Суғд» ва пайваста талошҳои фаровон кардаанд, то ин ки «рӯзгори Спитаменро холисона тасвир» намоянд. Худ нависандаи тоҷик дар ин бора дар мусоҳибааш мегӯяд:
«Спитамен барои ман дард аст. Ману Леонид Чигрин кӯшиш кардем, ки ин саҳифаи тираи таърихи халқамонро равшан кунем. Соли 2002 романи мо таҳти унвони «Садди Суғд», ки аз се қисм «Мушовири Искандари Макдунӣ», «Спитамен» ва «Хиёнат» иборат буд. Дар ин китоб кӯшиш кардем, ки рӯзгори Спитаменро холисона тасвир намоем.» (Р. к. ба: Ато Ҳамдам: сари бурида. // 26.06.2018 https://pressa.tj/ato-amdam-sari-burida/).
Пайдост, ки романи мазкур дар мавзӯъи муҳимми таърихӣ эҷод шуда ва шомили баҳсҳои муфиди таърихиро барои хонандагон ироъа менамояд ва шак нест, дар борааш нақдҳое навишта ва навишта хоҳанд шуд. Ва аммо манзури аслии нигоранда аз ин матлаб ироъаи нақди мухтасар дар ҷиҳати рӯшанӣ андохтан дар қазияи «Сари буридаи Спитамон» мебошад, ки ахиран дар сафаҳоти сомонаҳои интернетӣ бисёр ва бисёр доғу ошуфта шудааст.
Барои ман, ба унвони як муаррих, ошноӣ ва нақди тасаввурот ва бардоштҳои нависандаи романи таърихӣ аз таърихи маҳз бисёр муҳим аст. Он чӣ, ки таърих мегӯяд, адабиёт ба гунаи дигар ба тасвир мекашад. Ато Ҳамдам ҳам адибест, ки аз таърих менависад ва ровиест, ки аз таърих ривоят мекунад. Чунончӣ, ӯ дар мусоҳибаи худ дар бораи ҷойгоҳи Спитамон ва Искандар дар таърих ин гуна изҳори назар мекунад:
«Бубинед, Искандар тамоми дунёро забт кард ва аввалин зарбаро ба ӯ Спитамен зад, вале ӯро накушт. Дар яке аз муҳорибаҳо Спитамен асир афтод, вале бо роҳи зеризаминӣ халос шуда рафт».
Он чӣ, ки муаррих мебинад, адиб тасаввур мекунад, вале ағлаб ба хато. Дуруст аст, ки Искандар сарвари диловари Суғдро накуштааст, чаро ки каме пойинтар худ нависандаи таърихнигори мо мегӯяд, ҳаммеҳананонаш буданд, ки ӯро ба қатл расонида ва сари аз тан ҷудошудаашро ба Искандари фотеҳ тақдим карданд. Ва аммо, бояд гуфт, қазияи ба асорат уфтодани Спитамон ва фирори он аз асирӣ, дақиқан, ҳосили пидор ва тахаюллоти адабии нависандагон аст ва ин ҳама рӯйдодҳо ба ҳеч ваҷҳ ба воқеъиятҳои таърих созгор нестанд.
Ҳамчунин, симои бадхӯву бадкинаи ҳамсари Спитамон, ки муҳтарам нависандаи тоҷик ба номи Зара дар сафаҳоти роман ба тасвир кашидааст, шояд аз дили ҳунари бадеъ дар адабиёт ва барои адабиётшиносон ҷолибу писандида ба назар бирасад, вале аз диди илми таърихнигорӣ, ҳамагӣ дурӯғу дур аз воқеъиятҳои таърихианд. Сипас, тасвиргар ва кашшофи тоҷики «каллаи Спитамон» дар мусоҳибаи худ меафзояд:
«Зара ҳамсари ӯ баробари дидани Искандар ба ӯ ошиқ мешавад. Ин зан роҳҳои расидан ба Искандарро меҷӯяд. Ҳамин тавр. Зара, падараш ва тоҷири арманӣ бо номи Тегеран қарор медиҳанд, ки Спитаменро ба манзилаш ҷеғ зада, ба воситаи қотилони зархарид ба қатл расонанд ва ин корро мекунанд. Рӯзи дигар каллаи буридаро ба қароргоҳи Искандар меоранд. Аммо Искандар, ба ҷои он ки ба онҳо подоши интизордоштаашонро бидиҳад, онҳоро муҷозот мекунад.» (Ато Ҳамдам: сари бурида. // 26.06.2018 https://pressa.tj/ato-amdam-sari-burida/).
Он чӣ омад, саросар ба кулл бар пояи тахаюллоти нависандагон ироъа шудааст. Нуктаи атфи ҳунари хаёлпардозии нависандаи тоҷики мо пиромуни наҳваи эҷоди пайкараи “Cари Спитамон” аз суйи Лисипп метавонад бошад, ки сароҳатан худ муаллифи роман мефармояд:
«Ба Спитамен, ки мехост дар набард рӯ ба рӯ шавад, дилаш месӯзад ва Лиссип ном ҳайкалтароши шахсиашро ҷеғ зада, амр медиҳад, ки аз каллаи хунчакон қолаб гирифта, муҷассамаи ӯро бисозад. Чун ҳаво гарм буд, калла каме вайрон шуда буд. Бо вуҷуди ин Лиссип қолаб гирифта, муҷассамаро месозад ва он солҳои охири ҳаёташ ҳамеша бо Искандар буд…». (Ато Ҳамдам: сари бурида. // 26.06.2018 https://pressa.tj/ato-amdam-sari-burida/).
Зимнан, бояд гуфт, дар ҳеч аз манобеъи асили таърихӣ ҳамчунин рӯйдод матраҳ нашуда ва низ ҳеч як аз муҳаққиқин ва пажӯҳишгарони таърихи истилои Искандари Мақдунӣ воқеъияти ин ҳикоятро таъйид накарда ва намекунанд, зеро ин ҳама тахминҳо ва ҳадсҳо мутлақо маҳсули бофтаҳои хаёлии адабианд.
Нависандаи хушсаликаи мо ба ин пурсиш, ки «он калларо шумо пайдо намудед ва чаро дар Тоҷикистон ба он кам таваҷҷӯҳ шуд?», ба сареҳ, ин гуна посух мегӯяд:
«Вақте ман фаҳмидам, ки муҷассамаи Спитамен дар Италия аст, тӯли ду сол осорхона ба осорхонаи ин кишварро гашта, онро пайдо кардам.» (Ато Ҳамдам: сари бурида. // 26.06.2018 https://pressa.tj/ato-amdam-sari-burida/).
Бояд мутаваҷҷеҳ шуд, тандисе, ки дар борааш нависандаи мӯҳтарами мо, бо як эҳсосоти вежа ва ҳаяҷонангезе сӯҳбат мекунад, дер боз дар илму ҳунар маълуму машҳур будаву ҳаст ва шояд манзури ҳикояти нависандаи хушгуфтори мо таъкид ба саҳми хеш дар ҷиҳати муаррифи кардани тандиси «сари буридаи Спитамон» бошад, ба ҳар сурат эшон боз ҳам меафзояд:
«Вақте ҳамроҳи профессор Марио ба осорхонаи Палатина рафтем, муҷассамаҳо қатор буданд. Вақте ман нигоҳ кардам, дилам таҳ зад. «Худоё, он чизе ки мехостам, пайдо кардам. Ба Марио гуфтам: «Ба ту гӯям, ки кадомаш Спитамен аст?» Ӯ дар ҳайрат монд. Ман ба якум калла ишора карда гуфтам: «Ана ҳамин. Матнашро хонда ба ман тарҷума кун». Марио рафта, матнашро хонда, тарҷума кард: «Сари буридаи форси дар набзи ҷонбуда андаруни ҷома. Асри 2-и пеш аз милод.». Ман гиристам ва Спитаменро бӯсидам. Ба умед будам, ки дар Ватанам маро мефаҳманд ва вокуниши хуб мешавад.» (Ато Ҳамдам: сари бурида. // 26.06.2018 https://pressa.tj/ato-amdam-sari-burida/).
Ҳамон гуна, ки ишора шуд, баҳси «Сари буридаи форс» ё саҳеҳтараш «Сари буридаи барбар», дар илму адаб дер боз маъруфу машҳур аст. Нахустин матраҳкунандаи ҳамчунин сужеи таърихӣ дар адабиёти рус ҳамоно Василий Ян мебошад, ки дар романи таърихиаш «Машъалҳо дар рӯйи таппаҳо» (”Огни на курганах”) дар авохири даҳаи бист ва ибтидои даҳаи сивуми асри гузашта бо маҳорати тамом ва ҳамчунон зебову дилписанд ба тасвир кашидааст. Чунончӣ, ӯ навиштааст:
«Датаферн опустил торбу на пол, вытянул из нее сперва персидский башлык, затем запустил в нее обе ладони и вынул человеческую голову. Он держал ее за волнистые волосы, повернув лицом к Александру.
– В зале все затихло. Все поднялись со своих мест и приблизились, желая увидеть странное мертвое лицо.
– Это была голова молодого согда или скифа – восточные очертания слегка скуластого лица. Веки были полузакрыты, и печать задумчивости навеки сковала последние движения молодого лица. Оно было по-своему прекрасно. Легкий темный пушок на верхней губе говорил о юных еще годах, и грустный изгиб рта создавал впечатление искренности и правдивости…
Я сделаю, базилевс, – ответил спокойно Лисипп, подойдя к голове и всматриваясь в застывшие черты. – Это прекрасный образ мужественного варвара. Но я должен сейчас же приступить к работе, пока разрушение, которое несет смерть, не изменило этого лица. – Он бережно завернул голову в башлык и вышел с ней из залы.» (Р. к. ба: https://thelib.ru/books/yan_vasiliy/ogni_na_kurganah-read-22.html).\
Масъалаи мутаассир будани нависандаи тоҷик мӯҳтарам Ато Ҳамдам аз сужеи романи Василий Ян ва бардоштҳои эшон аз тасвирҳову тафсирҳои ин нависандаи шаҳири таърихнигор, худ ба кулл мавзӯъи ҷудост. Ва аммо он чӣ дар илм ошкор аст, ин аст, ки ин тандис, ки баҳсаш дар адабиёту ҳунар бисёр ва бисёр доғ аст, ҳеч рабте ба Спитамон надорад.
Дар тавзеҳоти илмии ин тандис гуфта шудааст, ки ин сари мармарии як форс (эронӣ) aст, ки дар ҳоли марг аст. Ин тандис нусхаи румии ибтидои қарни дувуми пас аз мелод аз нусхаи аслии юнонии қарни севуми қабл аз мелод мебошад. Ва ҳам акнун он дар Музеи Domus Tiberiana-и Рим мафҳуз аст.
Чунон, ки ошкор аст фосилаи замони миёни сохта шудани нусхаи аслӣ ва эҷоди купии пайкараи мазбур аз воқеъаи истилои Искандари Мақдунӣ беш аз чанд садсолаҳост. Симои ин тандис, агарчӣ эронӣ хонда шудааст, ба роҳатӣ метавонад мутаъаллиқ ба нафари дигар аз ақвоми ориёии замони селевкиён бошад, чаро ки дар он замон меросбари Импературии Искандари Мақдунӣ, яъне подшоҳони селевкӣ бо ақвоми эронӣ, ба мисли портиёни бархӯрдҳои шаддиде доштанд. Ба ҳар сурат, тандиси «Сари буридаи форс» фақат таҷаллӣ ва намунаи айнии тақлидкориҳои устодони ҳунарманд ва меъморони Руми куҳан аз сабк ва макотиби ҳунарии Юнон мебошад, ки ба андозаи кофӣ мавриди таваҷҷӯҳи мутахассини таърихи ҳунарҳои зебои даврони куҳани Юнону Рим қарор гирифтааст.
Хулласи каломам ин аст, ки таблиғ ва ташвиқи акси «Сари буридаи Спитамон» ба унвони ҳақиқати маҳзи таърих барои мардуми тоҷик, агарчӣ ба нияти муҳиммтару азимтар кардани ном ва ҷойгоҳи Спитамон анҷом мешавад, мутмаинан, бархоста аз роҳи савоб нест.
Баръакс, мутаваҷҷеҳ бояд бошем, ҳар падидаи таърихие, ки бар пояи дурӯғу ҳадсҳои ғайри илми сохта мешавад, лоҷарам, зеҳни тозаи ҳаводорони таърих ва диққати хонандагонро аз воқеъиятҳои асили таърихӣ дур меандозад. Ин навъ роҳҳои маснӯъии бузургсозиҳои шахсиятҳои таърихи ағлаб бо худ зиёнҳоеро ба худ ҳамроҳ меоваранд, ки зудудани онҳо аз хотираи таърихи миллӣ кори басо мушкиле хоҳад шуд.
Набояд ҳадсҳоро айни воқеъият ва таъассубҳоро ҳақиқати мутлақ пиндошт. Таърихро набояд офарид, балки онро кашф бояд кард!
Луқмон Бойматов, муаррих