(Китобест ба туркии ҷағатоӣ дар васфи сухантирозони порсӣ)

Мир Низомуддин Алишери Навоӣ (1441-1501, Ҳирот) шоъир, донишманд ва сиёсатмадори барҷастаи рӯзгори фармонравоийи Темуриён ва муъосири Султон Ҳусайни Бойқарост. Навоӣ- фарзанди Ғиёсуддин Кичкинаи Бахшӣ ё Кичкинабаҳодур ва мутахаллис ба Низомуддин, аз номдортарин сиёсатмадорон ва фарҳангмардони рӯзгори ҳукмронии Темуриён шумурда шудааст. Ӯро некусифат ва донишманду шоъири хуб тавсиф кардаанд; ба форсӣ ва туркии чағатоӣ (имрӯз узбакӣ) таълиф кардааст. Аз ин ҷо ба «зуллисонайн» машҳур буд ва таълифоти фаровоне ба ин ду забон аз ӯ мерос монда. Чунончи, «Маҷолису-н-нафоис» аз навиштаҳои пурқимати ӯ ба шумор меравад, ки онро соли 1491 ба забони туркии чағатоӣ ба қалам овардааст. Он тазкираест аз шоъирони асри 15-и ҳавзаи Варорӯду Хуросон ва қаламрави кунунии Эрон, ки аслан порсӣ сурудаанд ва ё қисми маҳдуде аз онҳо ба ду забон – порсию туркӣ гуфтаанд.

Моҳият ва муҳтавои «Маҷолису-н-нафоис»

«Маҷолису-н-нафоис» нахустин тазкира ба туркии чағатоист, вале асосан шуъарои форсу тоҷик ва дар умум адабиёти форсии қарни 15 ва дурнамои сайри шеъри форсию фунуни онро дар саросари кишварҳои форсизабони он замон (аз Самарқанд то Шероз ва аз Бадахшон то Табрез) бозтоб кардааст. Ин асар ҳамчун феҳристест, ки дар он бо муаррифии ҳудудан 385 нафар аз султонҳо, амирон, вазирон, фозилон ва шоъирон, умдатан ба зикри ном, маҳалли таваллуд, соли вафот ва нақли матлаъе аз шеъри бархе аз онон иктифо шудааст. Аз ин рӯ, барои омӯхтани адабиёти форсӣ як манбаъи пурбаҳост. Худи Навоӣ дар рисолаи «Хамсату-л-мутаҳаййирин», ки дар тарҷумаи аҳволи Ҷомӣ аст, оварда, ки: «Маҷолису-н-нафоис» дар зикри шуарои аҳди султони соҳибқирон ва дар раъси онҳо ҳазрати махдумии шайху-л-ислом, мавлоно Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ аст».

«Маҷолису-н-нафоис» бо муқаддимаи кӯтоҳе дар сабаби таълифи он оғоз ёфта, сипас муаллиф шарҳи аҳволи шоъирони замони худро ба ин тартиб меоварад:

Маҷлиси якум, дар зикри шоъироне, ки дар аҳди кӯдакии муаллиф даргузаштаанд ва ӯ ба дидори онон нарасидааст.

Маҷлиси дувум дар зикри шоъироне, ки ӯ «дар сиғари синн» (камсиннӣ) ба мулозимати онҳо расида ва ба суҳбати баъзе дар айёми ҷавонӣ мушарраф гашта». Маҷлиси севум, дар зикри шоъиронест, ки дар рӯзгори муаллиф ва ба ҳангоми таълифи китоби «Маҷолису-н-нафоис» мезистаанд ва бо муаллиф ошноӣ доштаанд.

Маҷлиси чаҳорум аз фозилоне сухан мекунад, ки пешаи онон шоъирӣ набудааст, аммо шеър мегуфтаанд.

Маҷлиси панҷум, дар аҳволи амирзодагони Хуросон мебошад, ки «эшонро саломати табъ ва истиқомати зеҳн боъиси назм мешуда, аммо мудовамат намекардаанд».

Маҷлиси шашум аз шоъирону фозилоне ёд кардааст, ки аз кишварҳои дигаранд ва бархе аз онон муддате дар Хуросон зистаанд. Маҷлиси ҳафтум дар зикри аҳволи Амиртемури Гӯркон ва шоҳзодагони Темурӣ, ки «баъзе аз онҳо гоҳе ба назм илтифот мекардаанд».

Ва маҷлиси ҳаштум дар аҳволи Султон Ҳусайнмирзо, ки муаллиф худ мушовир ва муъошир ва ҳамдами ӯ будааст.

Шукуҳи назми порсӣ дар «Маҷолису-н-нафоис»

Гуфта омад, ин асар ба забони туркии чағатоӣ ё худ узбакии имрӯз ба қалам омадааст, аммо мусаннифи он- Мирнизомуддин Алишери Навоӣ, бо шавқу шараҳу истиқболи тамом ҳунари суханвариро дар қолиби форсӣ бо фунуну саноеъи ҷаззобаш бозтоб мекунад. Дар «Маҷолису-н-нафоис» маълумоти бисёре дар бораи чигунагии вазну мизон ва мартабату мавқеияти шеъри форсӣ дар асри 15, аҳаммийяти шеъру адаб дар назди шоҳону амирону амирзодагону бузургони он давра ва зарурати таваҷҷуҳ ба шеъру адаб дар дастгоҳи подшоҳон ва аҳаммийяти он дар тарбийяти фикрии шоҳзодагон, ҳамчунин пиромуни аҳволи суфийя ва хонақоҳҳои онон, ҳунармандон, фузалову уламои дарбор ва ҷилваҳои адабию ҳунарии марказҳои шаҳрҳои муҳим (аз ҷумла, Самарқанду Шерозу Табрез) ва рақобатҳое, ки дар ин маврид бо дарбори Ҳирот доштанд, ба хубӣ тасвир шудааст. Танаввуъи қолибҳои шеърӣ ва ибтикорҳову ихтирооти адибони он аср, ба вижа, дар сохтани ашъори баланди шоъиронаву қасидаҳои музайяну ботакаллуф ва навъҳои қофияҳову санъатҳои бадеии роиҷ дар он рӯзгор аз дигар огоҳиҳоест, ки баъзан фақат дар ин тазкира дида мешавад. Аз ин рӯ, «Маҷолису-н-нафоис»-ро бистари муносибе дар такмили ду тазкираи арзишманди форсӣ- «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ ва «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ шумурдаанд.

«Маҷолису-н-нафоис» дар адабийёти туркӣ-узбакии ин давра ҳам аҳаммийяти фаровоне дорад, зеро шарҳи аҳвол ва намунаи ашъори баъзе аз шоъирони дузабона ва ё узбакисарои ин давра ҳам дар он омадааст. Ин китоб дар воқеъ, муъаррифи сайри таквин ё худ падид омадану тадриҷан такомул ёфтани адабиёти туркӣ дар ин манотиқ низ ҳаст.

Шуҳрати «Маҷолису-н-нафоис»

«Маҷолису-н-нафоис» бо чунин сохту муҳтавои гаронарзиши адабияш дар ҳамон асри 16 ба зудӣ ба чунон шуҳрате расид, ки аксари тазкираҳои он рӯзгор аз иттилооти он баҳраманд шуданд. Чунончи, ин асар яке аз манбаъҳои умдаи тазкираи бузурги «Арафоту-л-ошиқин» ба шумор рафта, дар чанд ҷилди он беш аз 248 бор ба ин тазкира ишора ва бо итминон ба мундариҷоти он истинод шудааст. Ҳамин аҳаммийяти тазкира сабаб шуд, ки Султонфахрии Ҳиротӣ, маъруф ба Фахрии Ҳиравӣ, онро 64 сол баъд аз таълиф (ҳудуди соли 1555), бо унвони мустақилли «Латоифнома» ба форсӣ тарҷума кунад. Асли нусхаи ин китоб ба хатти настаълиқи сабки Ҳирот навишта шуда ва холӣ аз ғалатҳову уфтодагиҳо нест ва дар ҳошияи он ба таври мутафарриқ қитъаоте аз «Туҳфаи Сомӣ» нигоштаанд. Ин тарҷума бо насри муншиёна, аммо бо салосату балоғат таҳрир ёфта, ҳокӣ аз сухандонии муаллифи он китоб аст. Фахрии Ҳиротӣ ҳамчунин бар асли туркии ин асар изофаҳои бисёр ва аз он ҷумла, фасле хос ба унвони «Маҷлиси нуҳум» бар китоб афзуда, аз ҷумла феҳристе аз номи 189 тан шоъиру гӯянда ва ишороте ба аҳволу осори бисёре аз шахсийятҳову бузургони он замон овардааст, ки Навоӣ аз онҳо ном набурдааст. Дар раъси ҳамаи онҳо шарҳи ҳоли худи муаллиф, яъне Амиралишери Навоӣ омада аст.

(барои маълумот: МАҶОЛИС ҷамъи маҷлис аст ва: МАҶЛИС (арабӣ) дар луғат ба маънои нишастан, аммо аз назари адабӣ навъе хитоба ба шумор меравад, ки манзуре хоссу ҳадафе муайян дорад ва он ҳидояти мустамиъон аст ба самти камолу роҳи дуруст;

НАФОИС (арабӣ), ҷамъи нафис ва: НАФИС: гаронбаҳо, қиматӣ, ноёб, пурарзиш, зебо).

Ин китоб нахустин бор ба соли 1908 дар Тошканд ба табъ расид ва чанд сол баъд дар маҷаллаи «Уриентал Коллеҷ Мигазин» («Oriental College Magazine», августи 1931 то феврали 1933) таҷдиди чоп шуд. Чопи баъдии он ба замимаи тарҷумаи дигари китоб, яъне тарҷумаи Муҳаммад ибни Мубораки Қазвинӣ, маъруф ба Ҳакимшоҳ, бо муқаддима ва тасҳеҳи Алиасғари Ҳикмат дар соли 1323 ш. (1946 м.) дар Теҳрон сурат гирифт.

Илова бар «Латоифнома» ду тарҷумаи дигар аз ин китоб, ҳар ду ба унвони «Маҷолису-н-нафоиси форсӣ», дар даст аст (яке дар Исломбул, соли 1927 ва дигаре ҳамон сол дар Теҳрон бо иҳтимоми Ҳакимшоҳ Муҳаммад ибни Мубораки Қазвинӣ ва ҳавошию тавзеҳи Алиасғари Ҳикмат чоп шудаанд). Муҳаммади Қазвинӣ чун дар дарбори султон симати табобат дошта, ба унвони ҳакими шоҳ маъруф будааст. Дар тарҷумаи Қазвинӣ, ки ба номи Султонсалимхон (нуҳумин императории Усмониён) бахшида шудааст, низ як фасл бар асли китоб афзуда ва фаслҳои ҳафтуму ҳаштумро пас аз ҳазфи ашъори туркии Ҳусайни Бойқаро ва овардани шарҳи ҳоли мухтасари ӯ дар фасли ҳафтум, амалан ба ҳам оварда, китобро ба ҳашт биҳишт бахш кардааст ва фасли афзудаи худро «Биҳишти ҳаштум» номида, онро ба ду равза тақсим кардааст. Дар равзаи аввал, ки умдатан аз «Баҳористон»-и Ҷомӣ иқтибос шуда, зикри шоъирони муқаддами то замони султон Салимхон ва шоъирони дарбори ӯ омадааст. Дар ин бахш, ба вижа, дар он қисмате, ки бар асоси «Баҳористон» танзим шуда, иштибоҳоти бисёре роҳ ёфтааст. Вале равзаи дувум беҳтарин қисмати ин китоб буда, матолиби бадеъу иттилооти нафисеро мутазаммин аст, ки хосси ин китоб мебошад ва матолиби нодире дорад, ки дар дигар тазкираҳо ёфт намешавад, зеро шарҳи аҳволи касонест, ки муъосир бо муаллиф будаанд. Иловаҳои ӯ дар дигар бахшҳои ин китоб низ муфиданд. Аз ҷумла, дар «Биҳишти шашум» ғайр аз шарҳи ҳоли устодаш- Ҷалолуддини Давонӣ, тарҷумаи ҳоли чиҳил тан аз шоъирони Ироқу Озарбойҷонро, ки дар дарбори Султоняъқуби Оққуёнлу будаанд, овардааст. Насри ин китоб ҳарчанд сода аст, аммо нисбат ба тарҷумаи Фахрии Ҳиротӣ дар мартабаи пойинтарест.

Нусхае аз ин китоб ба шумораи Nо.104 дар Китобхонаи Музеи Бритониё нигаҳдорӣ мешавад. Алиасғари Ҳикмат дар муқаддимаи тазкираи «Маҷолису-н-нафоис» аз тарҷумаи дигаре аз ин китоб ба қалами Шоҳъалӣ ибни Абдулъалӣ дар аввалҳои асри 17 хабар дода, ки нусхаи ноқисе аз он дар Китобхонаи Музеи Бритониё бо шумораи Supplement No.104 мавҷуд аст.

Охирин тарҷумаи форсии «Маҷолису-н-нафоис» дар нимаи асри 19 ба дасти Мирзоабдулбоқӣ Шарифи Разавӣ, мутахаллис ба Вафо, ба дастури Наввоби Ғуломғавсхони Аъзам, ҳокими Карнотака, воқеъ дар шибҳиқораи Ҳинд, сурат гирифта ва ба назар мерасад, ки то кунун чоп нашудааст.

Аммо матни туркии «Маҷолису-н-нафоис» муқаддимаи балеғе дорад, ки дар ҳич кадом аз тарҷумаҳои форсӣ баргардонда нашудааст. Муаллиф пас аз муқаддимае, ки бо як рубоии туркӣ оғоз мешавад ва пас аз ҳамди Борӣ, аз устод ва муршиди худ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва китоби «Баҳористон»-и ӯ ситоиш мекунад ва баъд ҳам китоби худро мусаддар ба номи Султонҳусайн Бойқаро мувашшаҳ мекунад. Равшан нест, ки чиро мутарҷимони форсӣ инро тарҷума накардаанд.

Ду нусха аз «Маҷолису-н-нафоис» ба шумораҳои 100 ва 2729 дар Китобхонаи Мадрасаи Сипаҳсолор (дар Теҳрон), яке ба таърихи 1051 ва дигаре ба таърихи 1030 ҳ. қ. нигаҳдорӣ мешавад.

Ад.: Айнӣ, С. Алишер Навоӣ. Сталинобод, 1948; Мусулмонқулов, Р. Сарчашмаҳои форсӣ дар арӯзи Навоӣ// Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Серияи шарқшиносӣ, таърих филология. 1991. №3 (23). Навоӣ Алишер. Маҷолис-ун-нафоис. Д., 2018;

بهار، محمدتقی. سبک شناسی. تهران، ۱۳۳۲؛ صفا، ذبیح الله. سبک شناسی. تاریخ ادبیات در ایران. تهران، ۱۳۶۲ ش؛ دانشنامه زبان و ادب فارسی، جلد پنجم. تهران، ۱۳۹۳ ش‌.؛

Обид Шакурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь