Миллате, ки хотира надорад, мисли тифлаки ғӯлест, ки дар оташ месӯзад ва боз даст ба оташ мезанад…

(Аз хиёбони хотираи рустоие)

Лавҳаи ёдгории сарбози Ҷанги бузурги Ватанӣ Абдураҳим Аюбов, дорандаи ордени ҶБВ – дараҷаи l, медали “Жуков” ва чанде дигар, ки ду соли вазнини ҷанг – солҳои 1942-1944 дар корзори нангу номус буда, барои ҳифзу мудофиаи Ватан зи баҳри ҷон гузаштаву барои ҳимояи он фидокорӣ намуд, пешкаш мегардад.

Баҳор. Фасли сабз. Айёми ишқ. Наврӯз, ҷони дигарбора. Овози гӯшнавози ҷӯйчаҳои навгузар, шамолаки форами баҳории аз сӯи дарёву шаршара меомада, табиати ҷони нав, ранги нав гирифта ва бӯи навшамидаи баҳор. Рустои Ворӯ чун худ дар баландист, ҳавои софу тозае дорад, ки бечунучаро ҷисм меосояд ва дил роҳат меёбад. Аҳли ин русто, ки аз он фарзандони маорифпарвар, ватандӯст, хештаншинос ва бар замми ин якрав ва худогоҳ тарбия меёбанд, ватани хешро Бухорои сонӣ меноманд. Дар кеши ин ҷамоа мафҳумҳое чун дурӯягӣ, хиёнат, худфиребиву дигарфиребӣ ҷой надорад ва бар ивази он имон, виҷдон, нанг, номус, адолат, садоқат, фасонат, ёрӣ, бародарӣ ва Ватану Меҳан барин калимоти муқаддас аст.

Маҳз дар рӯзҳои баҳории соли 1942, дар ҳоле, ки аз дигар ҷамоаҳо 2-3 ва илло 10 нафар барои ҷанг ариза медоданд, 53 ҷавони тануманд аз Ворӯи кӯчак ба сафи армияи Советӣ барои мубориза бо фашизми бурун аз аҳд ба сарзамини ин Иттифоқ ҳуҷумнамуда мепайванданд. Дар ин байн Абдураҳим Аюбов – ҷавони 22-солаи ҳузарб чашмрастар аст. Ҳамоне ки…

Ӯ дар рӯзҳои наврӯзӣ, айёми шукуфоӣ – 19-уми марти соли 1920 чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Тақдир пас аз 2 сол варо аз волидони меҳрубон ҷудо намуд. Дар тарбияи амакаш Муллоаюби Маҳмадамин ба воя расид. Пас аз хатми мактаб, чун зирак ва ҳушманд буд ва аллакай аз кори колхоз огаҳӣ дошт, соли 1936 ӯро ба сифати колхозчӣ дар колхоз пазируфтанд. Аммо дар муддати чанд моҳ ангуштнамо гашт. Шаш соли фаъолият ӯро аз кордонони колхоз кард.

Апрели соли 1942. Ҳангоме ки даъватнома барои ҳимояи нангу номус, модари сонӣ – Ватан меояд, ӯву 53 ҳамсолонаш аз рустои Ворӯ шердилона ба сӯи ҷанг қадам мемонданд. Оғози ҷудоиҳо ва ангораҳои мағшуш. Аммо бо дили пур аз меҳри Ватан ва саршор аз муҳаббати мудофиаи он. Гоҳ савори қатораву гаҳе мошина, ҳине пиёдаву ҳангоме дигар давону афтон ба майдони ҷанг мерасанд.

Пас аз дар ҳайати 228-и тирандози фронти шаҳри Полтоваи Украина ба ҷанг пайвастан, дар оғоз бо ҷасорату матонат ва дақиқкориву санҷида амал намудан, ҷабҳаи Абдураҳим бар дили душман тарсро ҷо кард. Талафоти ҷанг аз ду ҷониб афзуд. Аммо бо ин дастаи армияи советӣ якдилии худро собит кунониданд. Муқобилияти сахти гурӯҳи зердасти Абдураҳим боис бар он гардид, ки фашизм ақибнишинӣ кунад. Бо талафоти зиёд онон душманро водор ба фирор намуданд.

Аммо ин ба пагондорони фашист хуш наёмад. Ононро бетоқат кард. Мисли мӯи дар оташ месӯхта бар ҳам печиданд: Нақшаи ҷадид ва посух!

Тирамоҳи соли дуюми ҷанг. Бонги хатар. Дар наздикии рустои Лазаренкои Украина ҷанги шадиди нерӯҳои душман аз нав оғоз ёфт. Ракетаҳои ҳавоӣ осмонро пур кард. Танк, тӯп, ҳавопаймои бомбаафкан, фашизм. Рақобат шадидтар шуд. Борони тир меборид, касе дигареро намешунид. Бо ин вуҷуд сарбозони шӯравӣ хати муҳофизати онҳоро шикастанд. Аммо ин дер давом накард, сафи сарбозони советӣ кам шуд ва бар нерӯи муқобил ҳар лаҳза ёрӣ мерасид. Маълум гардид, ки дар ҳашткилометрӣ аскарони Шӯравӣ иҳота шудаанд. Рафиқони наздик, ононе, ки борҳо ҷони Абдураҳимро бо ҷони хеш харида буданд, дар пеши чашмони ӯ ҷон доданд. Ин саҳна ӯро бехуд кард, ашки талх аз чашмонаш ҷорӣ шуд. То охирин тир муқобилият кард. Аммо тайёраҳои бомбаафкан фазоро пур намуданд ва таркиши сахти ногаҳонӣ Абдураҳимро аз худ бехуд сохт. Чашмонашро сиёҳӣ зер кард. Тир…

Чун ба ҳуш омад, бадан меларзид. Рагҳои сар наздик ба кандашавӣ буд. Қувваи дастро баланд кардан надошт. Бо чашмони хира назар афканд: хуни сурхи лахта…

Бар асари задани бомба устухони тарафи рости манаҳи Абдураҳим нарм шуда буд ва аз зери бағал хун мерафт. Он асари тири душман буд. Ӯву ҳамсангаронашро душман муҳосира намуд. Чанде ҷароҳатбардоштагонро дар ҷо паррониданд… Қисме дигар, ба асорат афтод.

Зинда мондани Абдураҳим бо он ҳоле, ки дошт, мӯъҷизае том буд. Урдугоҳҳои Житомиру Борисоваро паси сар карда, чӣ ваҳшониятҳоро надида, чигуна аз дасти фашизм наҷот ёфтани ӯро худ донаду Худо. Ҳар гоҳ, ки ёди ин манзара шавад, ӯ гурезон мешуд ва мегуфт: он азобу машаққате, ки аз сари мо гузашт, бар шунидан гӯше тоқат наорад ва фоҷеаҳои Шекспир пеши он чизе набошад.

То охири соли 1944 дар сафи ҷанг муқовимат кард ва баъди дигарбора захмӣ шудан, маҷбур ба зодгоҳ баргашт. Аммо ин варо ором намегузошт. Гӯш ба қимор буд, ки чӣ хабар меояд аз марказ. Ахбори навро бо умед гӯш медод, ягон рӯзномае мерасид, мехонд. Баъди 6 моҳи баргашт ва интизорӣ хабари пирӯзӣ даррасид, ки он рӯз шодии Абдураҳим канор надошт. Ин рӯзи беҳтарини зиндагиаш буд. Ба ифтихори ин пирӯзӣ Ордени ҶБВ-и дараҷаи 1, медали “Жуков” ва 2 медали дигар барои ғалаба бар Германия бар ӯ эҳдо шуд. Дар солҳои минбаъда бошад, сафи онҳо зиёд гашт. Аммо ёди ҷанг ва ёди ёрони барнагашта ӯро умре ғамгин мекард.

Баъди баргашт оилаи худро барпо кард ва бар хизмати халқ кӯшид. Пас аз ҷанг 2 сол дар колхози “Озодии Шарқ” чун табелчӣ кор кард ва 10 соли минбаъда сардории бригадаро бар ӯҳда дошт. Фаъолияти даҳсолаи ӯ самаранок анҷомид ва аз он ҷонишини раиси колхоз ва мудири фермаи чорвои калони шохдор интихоб шуд. Баъди камолоти умр, солҳои 1971 – 1984 ба сифати колхозчӣ дар хизмати халқ буд ва минбаъди умрро дар давлати фарзандон ва таълиму тарбияи онҳо сипарӣ намуд. 19-уми апрели соли 2008 дори фониро падруд гуфту номи неке аз худ ба мерос монд.

Исми Абдураҳим дар ангораҳо бо хизмати шоиста бар халқу Ватан ба некӣ нақш баст.

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь