Тавре дар номаҳои адабиёти Тибети бостон зикр шудааст, дар кишвари Тоҷик, ки мавҷудияти онро баъзе олимон ба ҳаждаҳ ҳазор сол қабл аз ин тахмин мекунанд, ҳафт тоифа – Хос, Шаг, По, Гйа, То, Нйан ва тоифаи асосии он – Му-шен зиндагӣ мекардаанд.

Аҳолии ин кишварро асосан «sTag-qzig hos rigs», яъне тоифаи шоҳии (rgyal) Хос ташкил медодааст. Дар «Бундаҳишн» аз Маши ва Машёна ном ҷуфте зикр мешавад, ки айни ҳам будани номи қабилаи Му-шени дар адабиёти тибетӣ зикршуда бо Машёна (Машен – Му-шен) яқин аст. Дар адабиёти тибетӣ ҳамчунин аз шоҳе бо номи Гарвер зикр мешавад, ки таърихи боз ҳам қадимтар дошта будааст. Мувофиқи таҳлилҳо яке будани Гарвер бо Гаршоҳ ё Гилшоҳ – тахаллуси Каюмарс тахмин карда мешавад. Тавре дар “Бундаҳишн” омадааст, аз Маши ва Машёна ҳафт ҷуфт зода шуд ва номҳои тоифаҳои кишвари Олмо Лунг – Таҷиг низ ҳафтто будаанд. Инчунин номҳои То ба Тоз, Шаг ба шака-сака – сокоӣ, гйа ба гоиён аз адабиёти авастоӣ (Бундаҳишн) айният мегиранд. Номи кишвар ва қавми таҷиг, тагзиг ва тазиг «sTag-qzig hos rigs» аксаран бо тоифаи «хос» (hos) ва мансубияти «шоҳӣ» (rgyal ё rigs) ҳамроҳ зикр шудааст. Ин тоифа, мувофиқи ривоят, гӯё аз осмон омада, аз издивоҷи онҳо бо одамон насли шоҳии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст, ки ин ривояти тибети дар бораи нажоди тоҷикон дар он кишвар то имрӯз вуҷуд дорад.

Номи тоифаи шоҳии хос, (хост), ки ба шакли кос (косон) низ баргаштааст, яке аз номҳоест, ки дар адабиёти орёӣ серистеъмол буда, дар чандин номи маҳал ва руду кишварҳо муаррифӣ гардидааст. Ин номҳо дар ғарби кунунии Хитой ва дигар минтақаҳо яке аз номҳои сернуфуз ба шумор мерафтанд. Дар бораи ин номҳо дар адабиёти хитоӣ, тибетӣ, ведоӣ, юнонӣ, исломӣ ва дигар халқҳо маълумоти қавмию ҷуғрофии фаровон оварда шудааст.

Таҳлили номҳои марбута собит менамояд, ки Кашмир аз номи тоифаи кос – хос таркиб ёфта, дар асл Космир будааст. Аксари кулли олимон ин шаҳрро дар шимоли Ҳиндустони кунунӣ шинохтаанд ва назари он ки Кашмири нахустин дар дигар мавқеият ҷой дошт, аз ҷониби баъзеи онҳо танҳо тахмин шудааст. Аммо мавқеияти Кашмир дар дигар маҳал, дар қисмати шарқии Помир дар асоси таҳлилҳои рӯйдодҳои даврони «Авесто» бебаҳс аст. Дар баъзе адабиёт, аз ҷумла «Бундаҳишн» ҳатто вуҷуд доштани ду Кашмир – дохилӣ ва берунӣ зикр гардидааст.

Дар ин асар дар боби мулкҳои Хванирас чунин омадааст: «Дар кишвари Хванирас бас ҷойҳои дигар аст, ки дар ин бадзамонагӣ ва набарди сахти патёра ба афсуни минуӣ гузари он баста аст, ки паноҳгоҳҳои Хванирас хонда шавад, ба монанди он кишварҳои дигар чун Кангдиж, замини Саукустан ва дашти Пешонса ва руди Новтоку Эронвиҷ, Вари Ҷамкард ва Кашмири андарунӣ». Тавре дида мешавад, Кашмир мисли дигар сарзаминҳои эронӣ дар дар Хванирас (яъне Эронзамин –М.Ҳ.) гуфта шудааст. Вале кишварҳои мазкур ҳамзамон дар Хуросон низ дониста шудаанд. Баъзе маҳалҳои ҳамҳудуди Хванирас ва Хуросон дар ҳар ду кишвар воқеъ будаанд. Тибқи таҳлилоти мо (ниг. М.Ҳотам «Эрони гумшуда» Душанбе, 2013) Хуросон сарзаминҳои ду ҷониби қаторкӯҳҳои Фарғона ва Сарикӯлро фаро мегирифт. Кашмири андарунӣ дар ҳамҷавории Кангдиж, замини Саукустан, дашти Пешонса, руди Новток, Эронвиҷ ва Вари Ҷамкард воқеъ гашта буд. Аз ин номҳо руди Новток ҳоло дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон боқӣ мондаасту халос.

Бо номи хосҳо ё косҳо номҳои кӯҳ, руд ва маҳал зиёд боқӣ мондааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Косаруде, ки дар «Шоҳнома», «Форснома», «Таърихи Табарӣ» ва дигар асарҳо зикр гардидааст, руди воқеъ дар водии Сарикӯл буда, ҳоло Гёз-дарё ном дорад. Ком бо таъсири талаффузи туркӣ ба шакли Гёз (Кос-Гоз-Гёз) баргаштааст. Дар асоси муқоисаи адабиёти гуногун, маълум мешавад, ки номи пешини Тошқӯрғон Космир – Кашмир будааст. Дар як навиштаҷоти муғулӣ номи мулкҳои тасхиркардаашон зикр гардидааст, ки дар он аз Космир, Кешимир ва косҳо низ ёд мешавад: «Ин аст мулкҳое, ки (муғулҳо – М.Ҳ.) ишғол кардаанд: Хитой, Найман, Соланг, Қарахитой, Канона, Тумат… Киргис, Космир… Косҳо, Аланҳо… Номи мулкҳое, ки муқобилият нишон дода ҳанӯз тобеъ нашудаанд: Ҳинди бузург, Мангия, як вилояти Аланҳо, як вилояти Хитой…» (Юрченко Г. «Христианский мир и «Великая монгольская империя»). Ва ин мулкҳо аксаран дар шарқи Осиёи Миёна ва ғарби Ҷумҳурии Чин воқеъ будаанд. Дар китоби Юрченко А. «Империя и космос» омадааст, ки «Баъд (Чингиз) ҷангкунон ба ҷануби шарқӣ рафта чаҳор сарзамин – Войрат, Сары-уйғур, Қаранит ва Космир [Кашмир]-ро забт намуд. Тавре дида мешавад, дар навиштаҷоти мазкур ду номи ба ҳам наздик – Космир ва Кешимир вуҷуд дорад. Ба ҳар эҳтимол аз ин ду яке Кашмири дохилӣ ва дигаре Кашмири берунӣ будаанд, ки дар «Бундаҳишн» зикр шудаанд. Вуҷуд доштани Кашмир дар маҳалле, ки мавриди назари мост, дар адабиёти чинӣ низ зикр гардидааст. Чинишиноси машҳур Бичурин Н.Я. дар мавриди мулкҳои ғарбии Хитой, аз ҷумла аз Кашмир чунин зикр кардааст: «Гэшими ё Кашимило дар масофаи 500 ли дар шимоли Болюй воқеъ гаштааст. Заминҳояш 4 000 ли давра дошта, аз чаҳор ҷониб бо кӯҳҳо иҳота шудаанд… Ҳокимаш дар шаҳри Болоулобуло мақар дорад, ки аз ҷониби ғарб дар соҳили руди Минасӣ воқеъ гаштааст. Рудҳои калони зиёд дорад. Болор аз Яркан дар самти ҷануби ғарбӣ, аз Бадахшон дар самти шарқ ҷойгир гаштааст. Болюй ё Буллу дар ҳамҳудудии ғарбии Тибет ва ҳамҷавории Болюйи хурд воқеъ гаштааст. Дар ғарб бо Ҳинди шимолӣ ва Учан ҳамҷавор буда, дар тобеияти Тибет қарор дорад. Болюи хурд аз самти ҷануби шарқӣ ба Болюйи бузург, дар ҷануб 500 ли то Гэшими (Кашмир – М.Ҳ.) ва Солэ – шаҳри Данхуми қарор дорад. Ҳокимаш дар шаҳри Йедо дар соҳили руди Сои менишинад. Дар самти ғарбии Йедо дар қуллаи кӯҳҳо шаҳри калоне воқеъ гаштааст, ки Габуло (Кобул, на Кобули кунунӣ, ниг. “Эрони гумшуда” мақолаи Кобул –М.Ҳ.) ном дорад». (Бичурин Н.Я., Отделение VI «Повествование о западном крае». Часть II. Бояд гуфт, ки Кобул низ на Кобули кунунӣ буда, Кобули даврони “Шоҳнома” аст дар самти шарқии қаторкӯҳи Фарғона. М.Ҳ.) Дар иқтибоси зерин низ равшан аст, ки сухан дар бораи Кашмири Сарикӯл меравад, на Кашмири кунунӣ. Маълум мешавад, ки то асри УШ мелодӣ номи Кашмири Сарикӯл боқӣ будааст. Бичурин Н.Я. менависад: «Дар кишвари кӯҳии назди Помир чанд хонигарии хурду бузург, масалан Кашмир ва Тохаристон воқеъ гашта буданд. Дар оғози асри УШ онҳо аз ду ҷониб фишор меёфтанд. Аз шимол аз ҷониби тибетиҳо ва аз ғарб аз тарафи арабҳо. Ҳокимон, табиист, ки мустақилияти худро нигоҳ доштан мехостанд ва ба Империя (Чин – М.Ҳ.) умед мебастанд. Соли 710 ба Хитой аз Сие, хонигарии на чандон калони воқеъ дар Ҳиндукуши ғарбӣ сафорат фиристода шуд. Аз баъди он соли 713 аз Кашмир сафорат омад, то ки бо Хитой ба муқобили Тибет муносиботи дипломатӣ барқарор намоянд. Шоҳи Кашмир пешниҳод намуд, ки ба кишвараш урдуи иловагӣ фиристода шавад. Вай менависад, ки «дар кишвари ман се навъи урду вуҷуд дорад: пиёда, савора ва филсавор. Ман бо ҳокими Ҳинди миёна пеши панҷ роҳи калони тибетиҳоро банд мекунам ва дар ҷангҳо бо онҳо пирӯз мешавам…» (Бичурин Н.Я., ҷ. 2, с. 325.) Дар яке аз дастнависҳои қадими санскритӣ омадааст, ки дар водии Кашмир кӯли калоне вуҷуд дошт. Аммо дар ҷойи ҳозираи Кашмир кӯл вуҷуд надорад. Дар Сарикӯл кӯлҳо, аз ҷумла Қаракӯли хурд вуҷуд дорад.

Дар «Шоҳнома» аз Кашмир борҳо ёдоварӣ ба амал омадааст. Ин шаҳр бо Зобулу Систон (воқеъ дар Помир – М.Ҳ.) наздик буд ва аз ҳамин ҷост, ки Рустамро борҳо дар Кашмир мебинем:

Ба роҳе, ки шуд Рустами шермард,

Баромад зи Ҳинду зи Кашмир гард.

Дар ин ҷо Ҳинд ва Кашмир ҳамчун кишварҳои алоҳида номбар карда мешаванд, ки ба Ҳинд минтақаи ҷануби Бадахшон ва ба Кашмир — Тошқӯрғон мансуб будаанд. Дар «Таърихи Систон» ва адабиётҳои дигар омадааст, ки Кашмирро Рустам бунёд кардааст. Мавқеияти Кашмир дар Ҷамбу – Зобул (Помир) дар чандин адабиёти ориёҳиндӣ низ зикр гардида, аз ҷумла чунин омадааст: «Бҳума-сварга (ки ба ҳашт варшаи Ҷамбудвипа, ба ғайр аз Бҳаратаварша (қисмати ҷанубии Помир – М.Ҳ) мутобиқат менамояд) баъзан ҳамчун вилояти Бҳратаварша бо номи Кашмир тафсир мегардад». («Астрономические сиддханты». SB 5.17.11р) Кашмир дар «Шоҳнома» ҳамчун сарзамини эронӣ тасвир карда мешавад, ки мавқеияти ӯ дар ҳамҷавории Систон (Бадахшон – М.Ҳ.) ин ҳолро тақозо менамояд. Ҳангоме ки хабари кушта шудани Сиёвуш ба Эрон мерасад, ҳама ба фарёду фиғон меоянд. Баъди чанде сипоҳиён аз сарзаминҳои эронӣ ба назди Рустам ҷамъ меоянд, ки аҳли Кашмир низ дар миёни онҳост.

Сипаҳ сар ба сар бар дари пилтан,

Зи Кашмиру Кобул шуданд анҷуман.

Байти «Зи Кашмир то пеши дарёи Шаҳд, Дурафшу сипоҳ асту пилону маҳд» низ далолат менамояд, ки Кашмир – Тошқӯрғон дар назар бошад, зеро ҳадафи турониён Эрони воқеъ дар водии Фарғона аст. Руди Шаҳд мувофиқи таҳлилҳои мо дарёи кунунии Торим аст дар қисмати ғарбии Чин.

Тавре дар боби Косаруд (ниг. М.Ҳотам, «Эрони Гумшуда») зикр шудааст, ин руд яке аз шохобҳои Тарим Гёз-дарё (Коса-дарё) буда, Калоту Сипадкӯҳ ва Косарӯд дар ҳамҷавори он қарор дошта будаанд. Аз ин ҷост, ки вақте эрониён ба воситаи ин маҳалҳо ба Турон (воқеъ дар ғарби кунунии Хитой) ҳуҷум мекунанд, Афросиёб ба маҳалҳои мазкур нафрин мекунад:

Мабодо, бар ин буму барҳо дуруд –

Калоту Сипадкӯҳ то Косарӯд.

Дар яке аз китобҳои «Маҳабҳарата» – «Сабҳапарва», ки рӯйдодҳои ҳама ин китобҳо дар Осиёи Миёна ва минтақаҳои ҳамҷаворашон ба вуқӯъ пайвастаанд, омадааст: «Онҳо Сарайи зеборо гузашта ба кишвари Косалаи шарқӣ расиданд». ( «Маҳабҳарата», с.45.) Ҳамчунин дар ин адабиёт мавҷудияти руди Коси дар қитъаи Ҷамбудвипа (Помир- М.Ҳ.) зикр шудааст.

Дар «Ҳудуд-ул-олам» омадааст, ки «Роҳи кишвари қирғизҳо аз сарзамини тугузгузҳо аз Чинанҷкет ба Хосон, аз Хосон ба Нуҳбек (шояд Нӯҳбоғ ?- М.Ҳ.) мегузарад». Дар ин асар шакли дигари ин ном Хасонӣ ва дар ҳамноҳияти Чин гуфта шудааст. «Касон, Косон шаҳрест аз роҳ дур. Ҷои камнеъмат ва кордор аз Таббат равад». (Ҳудуд-ул-олам». 40) Мақдисӣ онро ба шакли Хос ном бурдааст. Ин ном дар сарчашмаҳои хитоӣ низ ба шакли Хосон омада, мавқеияташ дар самти ғарбии кӯҳҳои Пиёзӣ (шимолу шарқии Помир – М.Ҳ.) гуфта шудааст. (Бичурин И.Я. (Якинф). «Собрание сведение по исторической географиивосточный и Средней Азии» Чебоксары, 1960., II, с. 170) Номи мазкур дар шакли Кос ва Косон бештар паҳн гардидааст. Тибқи навиштаи «Описание Западных земел Сюнтсзана» (асри VII) Коса дар назди Қошғар воқеъ будааст. (Описание Западных земел Сюньцзана» (асри УП) Олими японӣ К. Сиратори бо таҳқиқоти худ ба чунин хулоса омадааст, ки дар асри VI Коса дар назди Қошғар вуҷуд доштааст. Маълумоти асарҳои Сун Ян (асри IV) тасдиқ мекунанд, ки аз оғози асри II солшуморӣ то нимаи асри V ноҳияи Тошқӯрғон Коса ном дошт. Косон – ҳамчунин яке аз шаҳрҳоест, ки чанд муддат маркази Фарғона будааст. А. Н. Бернштам ин шаҳрро ба Муғтеппа ва Муғқалъа, ки на баъдтар аз асри VIII сохта шудааст, айният додааст. (См.: Бичурин Н. Я., II, c. 260; ат-Табари, с. 483, 484; Бернштам А. Н., 1952, с. 238. «Муъҷам») Дар Туркистони шарқӣ сакҳо, тохариҳо ва хосҳо зиндагӣ мекарданд. Дар баъзе сарчашмаҳои хитоӣ истилоҳи «ху» дар нисбати форсҳо ва дигар халқҳои орёии Осиёи Миёна низ истифода шудааст, ки бешак номи тоифаи хос дар назар аст. Гумон меравад, номи маҳалҳо Хос, Хост (Рашт), Хосиён (Ховалинг), Хуст – Афғонистон, Хуст – Украина низ номи тоифаи хос буда, бо пасванди -т таркиб ёфтаанд. Птоломей аз кӯҳҳои Коса ва Косгар (Қошғар) ёдоварӣ карда, Қошғарро Коса гуфтааст. Қошғар дар адабиёти қадим ба шаклҳои Коскар, Каскар ва ғ. низ омадааст. Муҳаққиқ А. Котелников косиҳо ва тапурҳоро аз тоифаҳое гуфтааст, ки ба муқобили Искандари Македонӣ ҷангида будаанд. «Вай инчунин бисёр косиҳо ва тапурҳоро овард: ба ӯ гуфтанд, ки аз қабилаҳои ҳамсарҳади Форс инҳо аз ҳама ҷанговартаранд». (Котельниов А.Л. «Загадки похода Александара Македонского»)Ғ Мутобиқи навиштаҳои муаррихон ва ҷуғрофияшиносон дар аҳди қадим кӯҳҳои Коса низ вуҷуд доштаанд. Е. Серика навиштааст, ки аз ҷануб бо ҳудудҳои Ҳинд дар ҳамҳудудии руди Гангес қисмати шарқии кӯҳҳои авзакҳо воқеъ гаштааст. Ҳудудҳои онҳо дар тӯли 149 ва арзи 165, 49 ва 55 ва қисмати кӯҳҳое воқеъ гаштаанд, ки Коса ном доранд. (Е. Серика «Скифы за Имаем горами», гл. 15, кн. VI, стр. 126). Яке аз рудҳое, ки дар «Бундаҳишн» ва «Шоҳнома» зиёд номбар гардидааст, дар иртиботи ин мавзӯъ Коса ва ё Косаруд ном дорад. Ба қавли Артур Кристенсен халиҷе, ки Афросиёб аз кӯли Чаечаст (Қаракӯл – М.Ҳ.) канда, онро ба Ворукаша (Омӯ ба воситаи руди Кокубейл, шохаи руди Бартанг, сарчашмаи руди Омӯ) пайваст намуд, Косауйя ном доштааст. «Метавон тасаввур кард, ки достони эҷоди халиҷи Вуурукаша – Косауйя (авастоӣ – Чаечаст), ки дар банди 56-64 Зомёдяшт омадааст, хотираи мубҳаме аз садҳои машҳури рудхонаи Окс (Ҳеродот 3, 117) боқӣ мондааст». (Кристенсен А. «Каёниён», с.129) Тавре маълум мегардад, номҳои марбут ба Коса аз минтақаи васеи шарқи Бадахшон то ҳудудҳои Хутан дида мешавад. Яке аз рудҳои сарчашмаи Панҷ воқеъ дар Бадахшон низ шояд Косаруд номида мешуд. Дар ин бора дар «Бундаҳишн» омадааст: «Косаруд ба оби Тӯсшаҳр биёяд, онро он ҷо Касафруд хонанд. Ин ҳамон руди Веҳ аст, ки он ҷо Коса хонанд, дар Синд низ Коса хонанд». ( «Бундаҳишн». Душанбе, «Эҷод». 2006, с.62). Ин ном дар «Ҳудуд-ул-олам» ба шакли Қасак зикр гардидааст. «…Ва чун ин се руд ба ҳам оянд, Меҳрон хонанд. Ва гӯянд, ки аз сари кӯҳи Ях ва он кӯҳи Қасак аст, обе бардамад чун фаввора, ҳамчунон ба ду ним шавад. Нимае аз он сӯи шимол фурӯд ояд ва он руди Харноб аст ва нимае ба сӯи ҷануб фурӯ шавад ва он Синдруд аст, он ки Меҳронруд гардад». Дар Роштқалъа маҳал ва руде бо номи Гоз вуҷуд дорад, ки ба эҳтимол ҳамон Кос аст, ки дар адабиёти асримиёнагӣ зикр шудааст.

Муаллифи «Форснома» Ибни Балхӣ дар як ҷанги эрониён бо турониён аз Косаруд зикр кардааст. Вақте Фуруд (бародари Кайхусрав) ба дасти Тӯс кушта мешавад, Кай Хусрав ба Зарофа нома менависад, ки Тӯсро банду ғул карда бифирист. «Ӯ ҳамчунин кард ва Тӯсро фиристод ва хештан бо лашкар бо ҳам аз рӯди Косаруд убур карданд ва рӯй ба Туркистон ниҳоданд». Ибн ал-Балхӣ. «Форснома». Душанбе, Дониш, 1989. с. 49) Мутобиқи маълумоти дигар адабиёт Гёз – Гоз шохоби ҷанубии дарёи Қошғар низ мебошад, ки аз тангно баромада, ба ҳамвории Туркистони шарқӣ ҷорӣ мешавад.

Дар «Шоҳнома» Косаруд дар чандин лаҳзаҳои рӯйдодҳо миёни эрониён ва турониён зикр мегардад. Боре Кай Хусрав ҳангоми ҳадяи ганҷ ба паҳлавонон таъкид мекунад, ки Афросиёб дар назди Косаруд куҳи ҳезуме ғун кардааст ва ҷанговаре лозим ки бояд рафта он ҳезумро оташ занад, то ҳангоми ҷанг турониён аз он ҳезум истифода карда натавонанд.

Далере аз эдар бибояд шудан,

Ҳама Косарӯд оташ андарзадан.

Бад-он то дар он ҷо бувад размгоҳ,

Паси ҳезум андар намонад сипоҳ».

Ҳамон Гев гуфт: «Ин шикори ман аст,

Ҳамон сӯхтан кӯҳ кори ман аст.

Косаруд дар аксар маврид ҳамчун сарҳади шарқии Эрон бо Турон зоҳир мегардад. Аксари ҷангҳо бо турониён дар водии ин дарё сурат мегиранд. Дижи Фуруд – бародари Кай Хусрав низ дар ҳамин ҷой воқеъ буд, ки ӯ аз дасти Тӯс, паҳлавони эронӣ кушта шуд. Тӯс бори дигар ба Косаруд лашкар кашида Палошон – паҳлавони турониро дар он ҷо аз пой меафканад.

Чу Туси сипаҳбад зи ҷанги Фуруд

 Бипардахту омад аз он куҳ фуруд…

 Ҳама марзҳо кард бетору пуд,

 Ҳаме рафт аз ин гуна то Косаруд…

 Хабар шуд ба Турон, к-аз Эрон сипоҳ

 Сӯи Косаруд андаромад зи роҳ.

Яке аз ҷангҳои шадиди эрониён ва турониён дар водии Косаруд – Сарикӯл ба вуқӯъ мепайвандад, ки эрониён дар он талафоти зиёд медиҳанд.

 В-аз он пас хабар шуд ба Афросиёб,

 Ки шуд марзи Турон чу дарёи об.

 Сӯи Косарӯд андаромад сипоҳ,

 Замин шуд зи кини Сиёвуш сиёҳ.

 Ки «Эдар табаҳ шуд зи тангӣ сипоҳ,

 Сазад, гар биронем аз эдар ба роҳ.

 Мабодо, бар ин буму барҳо дуруд,

 Калоту Сипадкӯҳ то Косарӯд».

 Аз он гуна лашкар сӯи Косарӯд

 Бирафтанд бемояву тору пуд.

Қобили зикр аст, ки аз гунаи кос дар дигар минтақаҳои Осиё ва Аврупо, ба эҳтимоли қавӣ ба сабаби муҳоҷират номҳои зиёда боқӣ мондаанд. Худ вожаи Қошғар дар адабиёти қадим ба шаклҳои Коскар, Каскар ва ғайра низ омадааст, ки баргаштест аз кос. Дар Покистон маҳалле бо номи Читрал воқеъ аст, ки Қошғар ва дарёи он Қошғардарё низ номида мешавад.

Дар адабиёти ведоӣ низ, масалан дар «Рамаяна» ин ном ба шакли Косала ва Кошала ҳамчун номи руд ва маҳал зикр гардидааст. Яке аз 16 кишвари бузург тибқи навиштаҷоти буддоӣ Кошала ном доштааст.

Кашонӣ дар «Шоҳнома» номи маҳал аст ва Комуси Кашонӣ, паҳлавони туронӣ аз он ҷост. Ва Кошон метавонад, гунаи дигари Косон бошад. Номи қавмии казак низ имкон дорад аз косак – казак баргашт шуда бошад. Баъзе муҳаққини рус руди Гозан ва шаҳри Казанро бо Козон муқоиса кардаанд, ки ин вожа бо Косон татбиқ шуданаш бештар имкон дорад.

Бар илова аз он чи ки дар маврид гуфта шуд, номҳои Коса – руд дар водии дарёи Ҳимолой, Коси – руд, ки аз Ҳимолой, аз ҳудуди Хитой ва Непал сарчашма гирифта, ба Ганг мерезад, Касон – номи маҳал дар назди Тибет, Кошанг дар Қошғар бо хос – кос иртибот доранд. Инчунин Коса (дарё, вилояти Перм), номи маҳал Коса, Коса – шохоби Кама, Коса – ноҳияи Зуевский, Косва – шаҳри Кудымкар, Кос – рудхонаи Тарн дар Франсия, Косово – Македония, Коскон – назди Шероз, Косон – назди Бухоро, Кошон – Эрон, Косак – шаҳре аз Аллон («Ҳудуд-ул-олам»), Кӯсон (Косон) – дар Мозандарон («Бурҳони қотеъ», 2,411), Куса – дар ас-Саводи Ироқ; Сун-Коси – Непал, руди Гоза – Гослар, Саксонияи Поён, руди Гоза – Белоруссия, Гоза – дарё дар ноҳияҳои Островетский ва Сморогенский, Каскар – дар байни Васит ва Басра, Каскон – Нуробод, Касвон – рудест дар Ҳомоварон («Ҳудуд-ул-олам»), Касяни (Косонӣ?) –Украина, Кошала ва Косала (аз решаи «кос», ки бешак аз «хос» баргаштааст) дар «Маҳабҳарата», Косаруд, Кашмир (Космир) дар «Шоҳнома», Косон – дар водии Фарғон а ноҳияи Хосон ва кӯли Хосон (Хасан) дар Шарқи Дур аз ҳамин ном манша гирифтаанд. Баъдан номи Кашмир ба чанд минтақаи дигар дуввумбора номгузорӣ гардид. Кашмир, воқеъ дар Ҳинд яке аз онҳост ва ба туфайли он номи Кашмири нахустин аз ёдҳо фаромӯш шуд. Дар шумори номҳои дуввум Кашмир ҳоло ҳоло деҳаест воқеъ дар назди Нишопур.

Хосҳо яке аз ҳафт тоифаи орёӣ буданд, ки мавқеияти сукунаташон шарқи Бадахшон ва водии руди Тарим буд. Онҳо мисли яке аз ҳамнажодҳои машҳури худ шагҳо – сокоиҳо баъд аз сайри таърихиву ҷуғрофӣ бо дигар тоифаҳо омезиш ёфта, номашон танҳо дар чанд маҳал боқӣ монд…

Муҳтарам ҲОТАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь