Дар соли 1466 сафирони Ширвоншоҳ (Ширвоншоҳон– силсилаи шоҳони маҳаллӣ дар Ширвон (ноҳия дар Қафқоз) ва атрофи он, ки аз охири садаи дуюм то аввали садаи даҳуми хуршедӣ ҳукумат кардаанд. Маркаши ин шоҳигарӣ шаҳри Шоброн ё Шоварон будааст. Ин силсила дар аввали салтанати Аббосиён ташкил шудааст) аз дарбори князи бузурги Маскав Иван III ба Боку бармегаштанд. Бо онҳо чандин тан аз ҷумлаи тоҷирони рус ва бухороӣ низ ҳамсафар буданд. Дар суҳбат бо онҳо бозаргони Твер Афанасий Никитин низ хост бахташро дар тиҷорати кишварҳои барояш бегона санҷад. Вай пул қарз кард, омодаи сафар шуд ва бо колои худ аз Волга то Нижний Новгород рафт. Дар он ҷо бо корвони сафирон пайваст, чун бо ҳам шино кардан бехатартар буд.
Аммо ин бор бахт на ба рӯи сафирон хандид ва на ба рӯи меҳмонони тоҷир корвонро дар резишгоҳи Волга тоторҳои Аштахон ғорат карданд. Аз тири онҳо як тоҷир ба ҳалокат расид ва чор тани дигарро асир гирифтанд. Наҷотёфтагон дар баҳри Каспӣ ба тӯфон рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо бо азобе аз тӯфон наҷот ёфтанд ва худро ба шаҳри Шмохӣ (шаҳре дар Озарбойҷон) расонданд ва аз кишвардори он мадад хостанд. Вале вай рад кард. “Мо бо гиря ҳар кадом ба ҳар сӯ равона шудем”,- дар сафарномаи худ навишт Афанасий Никитин. Худи вай бо умеди ривоҷи корҳои тиҷоратӣ ба сарзамини Форс роҳ пеш гирифт. Вай то вилояти Мозандарон рафт ва он ҷо ҳашт моҳ иқомат кард.
Афанасий Никитин, ки худ табиатан як шахси кунҷкову ҷӯё буд, дафтари хотирот боз кард ва ҳар чизе медиду мешунид, дар он сабт мекард. Вай аз шаҳр ба шаҳри дигар мерафт, мавзеъҳоро тамошо мекард ва тасаввуроташро рӯи коғаз меовард. Муддате пас вай аз тариқи силсилакуҳҳои Элбрус ба ҷануби Форс, ки он замон бо сарватҳояш дар гулӯгоҳи Ҳурмуз шуҳрат ёфта буд, равона шуд. Ин шаҳри бандарӣ, ки дар ҷазирае воқеъ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҷойгир шуда буд, дар ҳақиқат ӯро шигифтзада кард. Шаҳре буд бандариву тиҷоратӣ ва ба он бозаргонон аз Сейлон, Ҳинд ва Арабистон меомаданд ва тиҷорат мекарданд. Вале коло дар бозорҳои Ҳурмуз гарон буд. Дар ҳамин шаҳр Никитин фаҳмид, ки дар бозорҳои Ҳинд арзонист ва он ҷо аспҳои арабӣ арзиши воло доранд. Никитин бо шунидани ин хабар асби зотиеро харид, онро ба киштӣ савор кард ва шинокунон дар баҳри Ҳинд (Араб) ба бандари Чаули Ҳинд фуруд омад.
Вале дар ин ҷо низ бахташ омад накард: натавонист асбро фурӯшад ва ба дохилтари Ҳинд ҳаракат кард. Аз тариқи ҳалқакӯҳҳои Гаҳоти ғарбӣ (риштакӯҳе дар имтидоди канораи бохтарии нимҷазираи Ҳиндустон) ба кӯҳҳои ҳамвори Дакан расид ва аз он ҷо ба шаҳри Ҷунир фуруд омад. Муддати ду моҳ дар ин шаҳр буд ва баъдан ба Бидар – пойтахти салтанати баҳманиҳо (ё баҳманиён – аз хонаводаҳои мусалмони ҳоким дар Дакан ва ноҳияҳои атрофи он дар Ҷануби Ҳинд буд ва яке аз подшоҳиҳои қудратманди ин кишвар дар асрҳои миёна ба ҳисоб мерафт) рафт. Аз назари мушоҳиди кунҷкови рус дар ин шаҳрҳо ва роҳҳо чизе дур намондааст ва ҳар чи чашмонаш диданду гӯшҳояш шуниданд, дар хотироташ навишт. Вай дар маросимҳои хуруҷи султон ширкат мекунад ва сарвату давлати аҳли рикобашро менависад, дар бораи девори бузурге, ки кохи султонро бо ҳафт дари он иҳота кардааст, менависад. Ин кохи бузург бо тилло кандакорӣ шудааст. Албатта, ӯро чун шаҳи хориҷӣ ва бегона ба дарбор роҳ намедоданд. Аммо ҳамаро мушоҳида мекунад ва дар канори ин дабдабаву ҳамҳама вай фақру бенавоиро низ мебинад, тафовутҳои динӣ, фарқгузорӣ миёни ҳиндуҳо ва ҳашт кастаи дигар, ки бо расму русум ва шарту шароити зиндагӣ аз ҳам фарқ мекардандро низ мушоҳида мекунад.
Дар Бидар вай як сол зиндагӣ мекунад ва баъдан бо нияти расидан ба пойтахти давлати ҳамсояи Виҷоёногор (инг. Vijayanagara Empire- ё империяи Корното-империя дар ҷануби Ҳинд буд), ки дар бораи он зиёд шунида буд, аз шаҳр берун мешавад. Дар роҳ дар шаҳри Кулбарг мутаваққиф мешавад. Ҳарчанд аз зебогиҳои сангҳои қимматбаҳо ба ваҷд меояд, боз ҳам ба хулосае мерасад, ки ин ҷо низ чизи мақбуле барои князигариҳои рус вуҷуд надорад. Ҳамин тариқ аз шаҳр ба шаҳри дигар мерафт ва се соли дигар дар роҳ буд. Сӣ сол пеш аз Васко де Гамаи португалӣ вай аввлин аврупоие буд, ки дар сафарномаҳои худ воқеъияти зисту зиндагии мардуми ин минтаҳоро навишт. Дар дафтари хотироташ вай ҳама чизе, ки барояш ҷолиб буду нав, менавишт: сохти давлатдорӣ ва ҳумронӣ, ҳаёти маишӣ, меъмориҳо дар шаҳру рустоҳо, табиати зебову дилпазир ва ғайра аз ҷумлаи мавзуоте буданд, ки Афанасий Никитин қайд мекард. Вай дар хотироташ нақлу ривоёти шунидааш дар бораи кишвари ҳамсояи Ҳинд Сейлон, сангҳои гаронбаҳо, Ҳидучини Ғарбӣ, ки дар шаҳри Пегеи он роҳибони ҳинду (дарвешон) маҳсулоти чиниворӣ “аз Чину Мочин” тиҷорат мекарданд, менавишт. Вале бо мароқи зиёд ин ҳикояҳоро мешунид, табиати дилфиребу афсонавии кишварҳову шаҳрҳоро медид, вале ёди Ватан аз қалбаш зудуда намешуд. Вай Русияро ёд кард ва ҳамин ёди ватан ӯро водор намуд, ки ба зудӣ баргардад. Бори дигар қаторкуҳҳои Гаҳатро тай кард ва ба шаҳри наздибаҳрии Дабул расид. Аз ин ҷо савори киштие шуд, ки ба Ҳурмуз равона буд ва бо ҳамин соҳилҳои Ҳиндро тарк кард. Аввали соли 1472 буд. Вай муддате дар Ҳурмуз истироҳат кард ва аз роҳи баҳрӣ бо халиҷи Куря-Муря омад ва аз он ҷо ба Эрон равон шуд ва то шаҳри Табрез расид. Аз он ҷо ба Арманистон рафт ва баъдан ба Истамбул. Дар Тробузон муддати як моҳ боди мувофиқро интизорӣ кашид, то киштиҳо ҳаракат кунанд ва охири соли 1472 то Каффа (Феодосия)-и Генуэз омад. Дар ин ҷо бо тоҷирони руси Маскав Григорий Жук ва Степан Дмитрев вохӯрд, ки қарор гузошта буданд аввали баҳор ба Маскав равона шаванд.
Афанасий Никитин зимистонро сарфи ба низом даровардани сафарномаи худ кард ва онро “Саёҳати се баҳр” номид. Баҳор ҳамроҳ бо дӯстони русаш ба сарзамини бобоии худ раҳсипор гашт. Орзу дошт, ки зуд ба зодгоҳаш Твер равад ва аз ҳавои софи он нафас кашад. Вале орзуи вай амалӣ нашуд. Афанасий то зодбуми худ нарасид, то Смоленск ҳам нарасида мариз шуд ва вафот кард. Ҳамроҳонаш ӯро ба хок супурданд ва сафарномаи ӯро ба дарбори княз оварданд ва супурданд. Княз онро саропо хонд, хотироти як руси тоҷир, ки бо вуҷуди саградониҳои зиёд дар кишварҳои сарватманд Русияи худро болотар аз ҳама донистааст: “Сарзамини Русро Худо нигоҳ дорад…Дар ин олам назири он кишваре нест, ҳарчанд ҳокимонаш боадолат нестанд. Аммо чун замини Рус тараққӣ мекунад, адолат низ бо вай ҳамроҳ хоҳад шуд…”
Таҳияи Б. Шафеъ