Дар авҷи камолоти эҷодӣ ва талошҳои маҳалгароӣ, шоири ҷавону умедбахш Махсум Олимӣ (Олимов) аз дасти хунхорони бевиҷдони ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Душанбе ба қатл расонида шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади дар хоку хун оғуштаи ин шахсияти хирадсолорро дар як кунҷи шаҳр пайдо карданд.

Ин ҳодисаи нохуш 24-уми октябри соли 1992 ба вуқӯъ омада буд, ки шоир дар  тан либоси хоксоронаи эҷодӣ ва дар лаб суханони шоиронаи пандомез дошт. Аз ҳаводиси мудҳиш қалбаш ба изтироб омада буду ба халқу миллат ва кишвари аз ҷониби ин наҳзатиҳои ифротии хунхор ба ҷангу ҷидол кашида дарун-дарун    андӯҳу ғусса мехӯрд ва ҳамеша зери лаб пораҳои шеъриро мегуфт:

“Эй кош ақли солим ғалаба кунад, ки мо тоҷикон, осуда шавем”

Ба ҳама якрӯ яклафз буду касеро бегона намешуморид, дар байни омма гаштугузор мекард ва тарсе аз марг надошт. Дар кӯчаҳои зебои шаҳри Душанбе гаштугузор мекард ва ҳамаро ба якдиливу муттаҳидӣ ва оромию ботамкинӣ даъват менамуд. Аммо қотилони маҳалгаро ва бедину риёи наҳзатӣ суханони ӯро намеписандиданд ва ба шаҳодат расониданд. Бо ин амали ноҷавонмардона худро заиф гардониданду номи неки шоири тавоно Махсум Олимиро ҷовидона гардониданд.

Баҳорон рӯи   қабри шоирро гулу лолаҳои худрую хушбӯй оро медиҳанд, ки як-як доғҳои сиёҳи он ба чашм намудор мегарданд, ки аз доғи дар дил ниҳон доштани марҳум дарак медиҳад.

Махсум Олимӣ 10-уми октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст.  Соли 1973 пас хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуда, омузишгоҳи мазкурро соли 1978 бо баҳои хубу аъло ва рафтор намунавӣ хатм кардааст. Чанд муддат дар матбааи шаҳри Душанбе ҳамчун барқчӣ кору фаъолият кардааст. Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ соли 1975 ба чоп расидааст. Ҳамчунин,  ҳангоми донишҷӯияш дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) – вилояти Хатлон шеъру таронаҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» пайваста нашр мешуданд.

Соли 1984 Институти адабии ба номи А. М. Горкийи шаҳри Москваро  бо муваффақият хатм намуда ба ҳайси муҳаррир ва ходими адабӣ дар нашриёти «Ирфон» ба фаъолият оғоз намуда, ҳамзамон бо матбуоти даврӣ ҳамкориҳои зич дошт.  Дар ин муддат шеъру навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Бадахшони советӣ», «Коммунисти Исфара», «Коммунист», «Роҳи коммунизм», «Роҳи ленинӣ», «Паёми Душанбе» ва маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Помир» бо мазмунҳои нав ба нав нашр мегардиданд.

Махсум Олимӣ солҳои 1985 то 1991 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамчун хабарнигор кору фаъолият кардааст.

Аҷаб симое гузошт аз худ дар ёдҳо Махсум Олимӣ – як сӯ шоири шоду ринду хандону ҳамешаҷавон ва як сӯ марди тавонову оқилу инсондӯсту содиқу ватандӯст, ки одамонро ба ишқу лутфу покию накӯкорӣ мехонад. Чандбӯъдӣ ва фазоофарӣ танҳо хоси афродест, ки ҳиссу дарки амиқе аз андӯҳи зиндагӣ ва шебу фарози кавну макон доранд. Бардошти ман аз диду боздид ва нишасту бархостҳо бо Махсум Олимӣ ин буд, ки ӯ аз модар шоир зода шуда, шоирона сухан мегуфт, шоирона ғам мехӯрд, шоирона шодӣ мекард ва шоирона мезист.

Дар ботини ӯ ҳама чӣ буд – муҳаббат ба зиндагӣ, орзуи парвоз, накӯкорӣ, ҳамдилӣ, ҳамқадамӣ — ҳама чӣ, ба ғайр аз кинаву, дурӯғ ва пастӣ. Меҳвари маҳкаме аз ростфитратӣ сару қомати ӯро баланд медошт, дилашро боз ва чеҳраашро шукуфон. Метавонист, дар баробари танаффур лабханд занад ва лабханди ӯ ба маънои томаш пирӯзии некӣ бар бадӣ буд. Ман бар инам, ки чунин инсонҳо дар муқобили марг низ лабханд мезананд, дар рӯбарӯи қотил низ табассум мекунанд ва бо ин зӯру тавоноӣ  қотили номардро, ки танҳо силоҳи дасташ ба ӯ тавонмандӣ додааст, ба махлуқи пасту нафратомез табдил медиҳанд.

Симое, ки аз худ ба ёдҳо боқӣ гузошт, сода ва сатҳӣ нест, аммо сад ҳайф, ки хеле ҷавон аз миёни мо рафт ва доғи носутурдание дар дили дустону пайвандон гузошт. Камина ҳанӯз дар даврони мактабхонӣ шеъру чакомаҳои ӯро дар матбуот мехондам ва ҳарчанд ҳарфаш бо сухани бисёре аз ҳамовардонаш ҳамсиришту ҳамнаво буд, дурахшҳои хосе дошт, ки дар хотираҳо боқи монду мемонд ва дар дилҳо маскан мегирифт.

“Маро обшорони Каздон шоир карданд,” – мегуфт Махсум Олимӣ дар посух ба ишораи атрофиён, ки гӯё “мактаби олии шеър”-ро хатм кардааст. Ҳамин тавр дар Иттифоқи нависандагон ба ӯ ва шодравон Искандари Хатлонӣ ва ҳамчунин Алишер Қиёмов ва чанде дигар аз хатмкардагони Донишгоҳи адабии ба номи Горкийи Маскав ишора мекарданд. Бархе аз ҳампешагонаш танз ҳам мезаданд, ки магар мешавад, истеъдоди шоириро дар донишгоҳ ба даст овард. Вале аён буд, ки донишгоҳи адабӣ истеъдоди ин суханваронро сайқал дода, онҳоро дар сухансанҷӣ як зина болотар бурда буд, ҳарчанд шеър на илм, балки ботину сарнавишти ҳар яки онҳо буд.

Дидор бо Махсум дар Иттифоқи нависандагон ё идораи “Адабиёт ва санъат”, дар маҳфил ё тарабхонаҳо бароям ба ҳайси лаҳзаҳои рӯшану пурнур хотирмон будаанд. Зиндаёд маро “бобо” мехитобид ва ҳамеша ба зодгоҳаш таклиф мекард ва мегуфт, ҳатман деҳааш бароям писанд меояд. Ҳанӯз дар гӯшам садои зебову марғуладори Махсум садо медиҳад: “Биёед, бобо, Шуморо Каздун барам…” бо Махсум Олимӣ ба деҳаи зебоманзари Каздон рафтан дар насиб набудааст. Вале ин орзӯи Махсум Олимӣ ва маро писараш Шаҳриёр Олимӣ, ки ӯ низ ба мисли падараш шоири тавоност, амали намуда маро ба зодгоҳи Махсум Олимӣ бурд. Дар ҳақиқат гуфтаҳои Махсум дуруст баромаду куҳҳои сарбафалаккашида ва обҳои мусаффои руду чашмаҳои Каздон маро мафтуни худ намуданд.

Магар дар он зиндагии пуршитоб, дар он давандагиҳои ҳоло мебинам, беҳуда, медонистем, ки ҳама чиз ин гуна зуд баҳам мехӯрад. Замонае расид, ки бадбахтӣ ҳар сонияашро пур карда буд ва вақт фишор хурдаву танг шудаву пур аз сиёҳӣ буду тирвор мепарид…

Шояд дили ҳассоси ӯ беҳтар аз дигарон пешомади ватан ва худашро ҳис мекард, ки он рӯзҳо ин порчаи ӯ ба гӯши ҳамагон нишаста буд:

Чун бигзарам хаёлӣ,

Дар кӯчаҳои холӣ.

Тарсам, ки мекушандам,

Як рӯз чун Ҳилолӣ.

Ин мисраҳои шоир охири байти машҳури Ҳилолиро ёдрас мекард, ки

Ин қатраи хун чист ба рӯи ту, Ҳилолӣ?

Гӯё ки дил аз ғусса ба рӯи ту давида.

Муҳтавои диду боздидҳоямро бо Махсум чандон дақиқ дар хотир надорам, танҳо ин ки ҳар яке аз онҳо мисли гулбуне буданд, бо хушгӯиҳои шодонаю дӯстонаю мастонаю ростона. Шоир набудам, ки мисли Муҳаммадюсуфи Давронзод бо ӯ мушоираву бадеҳагӯӣ кунам, аммо ёд дорам, баъди чоп шудани ҳикояам — “Ғамбода” дар “Адабиёт ва санъат” дар хиёбоне бо ҳам рӯбарӯ шудем ва гуфт: “Бобо, ин ҳикоя не, шеър аст, саропо шеър аст. Шумо достон нависед.” Сипосаш гузоштам ва гуфтам, хеле мехостам, шоир бошам, аммо килограмму грамми назмро намедонам. “Шеъри сафед” нависед, Нимоӣ нависед.” Ин суханонаш дар ёдам ҳаст, ҳарчанд бароям нерӯ медод, аммо медонистам, лутфи шоиронаи ӯст. “На, нони Шуморо нимта намекунам, Махсум.” “Каздун кай мерем”? “Худо хоҳад мерем.”

Махсум ба ҳама меҳрубон буд, талош мекард, ҳар нафареро бо сухани хуш ё лутфе дилшод кунад. Вале як бор шоҳиди ин будам, ки як нафари зоҳиран таҳсилдидаи олиму қаламкаш ба шӯхии дилсофонаи Махсум бо итобу ситеза посух дод. Маълум буд, ки ин кас ҳоли хуш надошт ва алами Исоро аз Мусо, яъне Махсум гирифт. Бо азобе онҳоро аз ҳам ҷудо ва дур кардем. Аз Махсум хоҳиш кардем, ба дил нагирад. Хандиду гуфт, одат дорад, ба дил нагирад, зеро чунин ҳолат зиёд иттифоқ меафтад. Пас ӯ касе буд, ки дарди дигаронро мегирифт, ба дигарон имкон медод, хашми худро сари ӯ бирезанд.

Аммо аз ин ҳам қавитар хотираи дигаре ҳамеша ба ман баргаштааст, ки шояд муҳимтарин ёдбуди ман аз ӯст. Ин лаҳза саҳнаест достонзеб.

Боре мо, ҳафт-ҳашт нафар дар чойхонаи таърихии “Роҳат” сари мизе давра нишаставу баҳси адабӣ доштем. Ба фикрам, устодоне мисли Мирзо Боқӣ, Сармад ва Муҳаммадзамони Солеҳ ҳам он ҷо буданд. Махсум ҳам дар баҳс бо ҷадали хос ширкат мекард. Дар байни сухани ӯ, ногаҳон, яке аз шунавандагони суҳбат ба Махсум эроде гирифт, ки мисли тарошае аз бом рабте ба мавзӯи баҳс надошт ва ба шахси Махсум ишора мекард. Махсум дилсофона лабханд зад ва дар посух ғазале аз Ҳофиз овард, ки радифаш “ин ҳама нест” буд.

Порчаҳои он ғазал солҳо дар хотирам мавҷ мезаданд, аммо ҳоло, ҳамин чанд рӯз пеш, ба нияти навиштани ин хотира бо дархости шоҳписари Махсум – Шаҳриёри Олим, ниҳоят онро аз девони Лисонулғайб дарёфтам ва ҳангоме ки онро мехондам, Худо шоҳид, аз нав садои пурошӯбу гӯшнавози Махсумро мешунидам. Гӯё ҳамоно як давра одам дар чойхона нишастаему Махсум баъд аз шунидани сухани марди носеҳ аз ҷой бармехезад, ҳарчанд аз домани пиҷакаш мегиранд, нахезӣ ҳам мешавад, шиштагӣ гап зан, мегӯяд, шеъри Ҳазрати Ҳофизро наметавонад, шиштагӣ бихонад ва бо эҳсосоти баланд, гоҳе бо сарудастафшонӣ ин мисраъҳоро қироат мекунад:

 Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест,
Бода пеш ор, ки асбоби
ҷаҳон ин ҳама нест.
Аз дилу
ҷон шарафи сӯҳбати ҷонон ғараз аст,
Ғараз ин аст вагарна дилу ҷон ин ҳама нест.
Пан
ҷ рӯзе, ки дар ин марҳала мӯҳлат дорӣ,
Хуш биёсой замоне, ки замон ин
ҳама нест.
Бар лаби ба
ҳри фано мунтазирем, эй соқӣ,
Фурсате дон, ки зи лаб то ба да
ҳон ин ҳама нест!

Агар дар оғози ғазал ҳанӯз сарусадое дар ин қисмати чойхона ба гӯш мерасид, пас аз байти дувум гӯё пашшае дар ҳаво пар намезад, ҳама, нишастагони сари мизҳои ҳамсоя ва давру бар низ сокиту ором шудаву ба тарафи мо менигаристанд ва гӯш ба садои шаҳоматдори Махсум дода буданд. Ва бо поён ёфтани ғазал нидоҳои “аҳсант” ва кафкӯбиҳо аз сари мизҳои ҳамсоя баланд шуд. Махсум ба онҳо рӯ оварда, нимтаъзим мекард ва пайиҳам мегуфт: “Ман не, Ҳазрати Хоҷа Ҳофиз гуфтааст!”

Ҳамнишини мо, он шахси носеҳ ду дасташро бардошту гуфт, таслим, чӣ хатое буд, ки ман кардам, хостам, ба шоир ва шахси донотаре аз худ насиҳат гӯям.

 Бар лаби баҳри фано мунтазирем, эй соқӣ,
Фурсате дон, ки зи лаб то ба да
ҳон ин ҳама нест.

Умри Махсум низ ҳамин фурсати аз лаб то даҳон бурдани як қатраи талх буд. Аммо, гумон намекунам, ки худи ӯ пайте ёфт, ки ғарази худро аз ин зиндагӣ бигирад. Бояд мезисту мезист ва месуруду месуруд. Онгуна ки шеърҳояш ба суруди Хосият ва аз забони ӯ ба суруди ҳамагон табдил меёфт.

Сад ҳайф, ки Махсуми беозор аз дасти ин разилони наҳзатӣ кушта шуд. Ин наҳзатиҳои хунхор мисли муше, ки силоҳ дар даст дошт, филро ба қатл расонд. Муше, ки бе силоҳ аз мушхонааш берун намеомад, он замон дунёро ба даст гирифта буд. Ман сад дар сад бовар ба ин дорам, касеро, ки ба сӯи шоир тир андохт, даст хушкидааст ё мисли саг кушта шудаву мурдааш бесоҳиб мондааст. Ва аммо дар сари қабри Махсум баҳорон лолаҳо мешукуфанд. Ва ин қадар инсонҳои нек аз ӯ зикри хайр мекунанд.   Равонат шод, Махсуми азиз!

Халифаев Шамсуддин,

 сармуҳарри рӯзномаи «Файзи Зарафшон»и ноҳияи Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь