Аллома  Фатҳуллоҳи Шерозӣ, маъруф ба Ҳаким Фатҳулло, аз уламо ва удабои маъруфи асри 17 тоҷик-форс буда, ибтидо дар дарбори Алии Одилшоҳ ва пасон Акбаршоҳ хидмат намудааст. Ӯ соли 1588 (89) дар Кашмир вафот кардааст. Фатҳуллоҳи Шерозӣ яке аз донишмандонест, ки ҳамроҳи Абулфазли Алломӣ ва Абулфайзи Файзӣ ва дигарон дар тарғиби сулҳи кул ва таъсиси дини илоҳӣ дар замони Акбар нақши муҳим бозидааст. Воқеан, Акбар, ки тамоми олимону адибони мутараққиро ба корҳои девонию маъмурӣ дар дарбор ҷалб карда буд, барои пешрафт ва устувор гардондани пояҳои давлаташ иқдомоти зиёд, аз ҷумла инъиқоди “Маҷлиси уламо”, барпо кардани  “Доруттарҷума”, таъсиси унвони “Маликушуароӣ”ва ғайраро рӯи даст гирифт. Ҳаким Фатҳуллоҳи Шерозӣ, ки дар улуми ақлӣ ва нақлӣ камназир буд, аз таҳти дил усул ва ғояи сулҳи кул ва дини илоҳии Акбарро тарғиб менамуд. Албатта, ин гуна мавқеъгирии Фатҳуллоҳи Шерозӣ рӯҳониён ва олимони мутаассибро ба хашму ғазаб меовард. Аз ин рӯ, эшон пайваста дар ҳаққи ӯ бадгуӣ мекарданд. Ба ҳарфи дигар, Фатҳуллоҳи Шерозӣ ҳамроҳи Файзӣ, Алломӣ ва дигар олимону адибони мутараққӣ сиёсати сулҳи кул ва таъсиси дини илоҳиро, ки барои иттиҳод ва пойдории давлати Темуриҳо ва ҳамзистии халқҳои Ҳиндустон чун обу ҳаво зарур буд, дастгирӣ мекард. Вай ислоҳи дину расму оинҳоро ягона роҳи дурусти дӯстӣ, тафоҳум, пешрафту тараққӣ ва пайванду наздикшавии ақвом, фирқаҳо, мазҳабҳо, динҳо ва тариқатҳое, ки дар Ҳиндустон мавҷуд буданд, медонист. Аммо ин гуна ислоҳот дар он шароит як кори сода набуд, аҳли таассуб ва хурофот, олимони иртиҷоӣ ҳар оина монеи ислоҳот, таъсиси дини нав ва ташкили сулҳи кул мешуданд. Ба олимони пешқадам, муассисону пайравони онҳо ҳамла мекарданд, онҳоро ба куфру илҳод муттаҳам месохтанд. Яке аз онҳо муаррихи маъруфи дарбори Акбар Абдулқодири Бадоюнӣ буд, ки олимони мутараққӣ, аз ҷумла Файзию Абулфазлу Фатҳуллоҳи Шерозӣ ва дигаронро сабаби “бероҳаравӣ” ва аз дини Ислом рӯгардон шудани Акбар, таъсиси дини нав, яъне дини илоҳӣ ва сулҳи кул медонист ва аз фаъолиятҳои эшон изҳори норозигӣ менамуд. Аммо дини илоҳии Акбар, ки соли 1582 дар Ҳинд эълон гардид, барои поксозии исломи ҳиндӣ аз аносири арабии он ва мутобиқ кардани он ба шароити зиндагонии халқҳои Ҳиндустон буд. Ин дин аз омезиши аносири мутараққии тасаввуфи исломӣ, оини зардуштӣ, фалсафаи бҳакти халқӣ ва ҳиндуизм фароҳам омада буд ва аз ҷанбаи мутараққӣ ва умумиинсонӣ бархурдор буд.

Фатҳуллоҳи Шерозӣ, ки олими мутараққӣ ва озодфикру озодандеш ва озод аз қайди мазҳабу хурофоту таассуб буд, маслаки сулҳи кулро, ки ҳамаро ба як чашм медид, қабул дошт ва ҳаводору тарроҳи сулҳи кул ва дини илоҳӣ буд. Бунёдгузорону тарафдорони дини нав мехостанд, ки тавассути ин ислоҳот, яъне ташкили мазҳаби нав халқҳои мухталифи Ҳиндро муттаҳид созанд ва чорчубаҳои танги зиндагиро, ки боиси ҷангу ҷидолу  носозию вайронии кишвар мегардид, бишкананд ва ба ташкили як ҷомеаи озоду ормонию холӣ аз таассубу адовату кина байни инсонҳо даст ёбанд. Лиҳозо, ин иқдоми Акбар ва уламову удабои мутараққӣ мавриди дастгириву тадбиқ қарор гирифт ва роҳро барои устувор шудани пояҳои давлат дар Ҳиндустон ва шукуфоиву тараққии илму адаб дар он ҷо ҳамвор намуд. Адлу адолат дар кишвар ҷорӣ ва сорӣ гардид. Маҳз ҳамин чорабинии Акбар (1556 – 1605) барои инкишофи ақлсолорӣ ва рушди илму адабу ҳикмату фалсафа дар кишвар шароити мусоид фароҳам кард ва ҷангу ҷидолу тохтутоз, ҷоҳталабии ҳокимону амирони гуногун дар Ҳиндустон то ҷое коҳиш ёфт. Аммо баъд аз марги Акбар сулҳи кул ва дини иллоҳӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд, аммо, ба ҳар ҳол, дар давраи ҳукмронии Ҷаҳонгир ва Шоҳиҷаҳон ба умри худ идома медод ва барои таҳкими давлатдорӣ, якпорчагии кишвар, тафоҳуми халқу миллатҳои Ҳиндустон, ки дорои расму оину дину мазҳабҳои мухталиф буданд, хусусан ҳамдигарфаҳмии мусулмону ҳиндуҳо, хидмати бузург кард. Мутаассифона, баъди ба тахт нишастани Аврангзеб, ки шоҳи мутаассиб буд, суннатҳои мутараққии давлатдории Акбару Ҷаҳонгиру Шоҳиҷаҳон аз ҳам пошиданд, ҷангу ҷидол, задухурдҳои динию мазҳабӣ авҷ гирифт ва билохира, ба омадани англисҳо давлати Муғулҳои Бузург, ки муассисаш Бобур Мирзо буд, аз байн рафт. Агар пеши роҳи таассуб гирифта мешуд ва сулҳи кулу дини иллоҳӣ ба умри худ идома медод, давлати Муғулҳои Бузург низ пош намехурд ва аз даст намерафт.

Маълум мешавад,ки таассубу хурофот миёни ҳама орзуву амал, ислоҳот, навшавӣ, ташкили ҷомеъаҳои пешқадамро мешиканад ва уламову удабову донишмандони иртиҷоию мутаассибу хурофотӣ монеи мавҷудияти давлатҳою сохтҳои мутараққӣ мегарданд, мисли оини  Акбарӣ, ки дар зоти худ беназир буд, аммо маҳз вуҷуди таассубу хурофоти динию мазҳабӣ, фаъолияти зидди пешрафту озодандешии аҳли дину таассуб, дасисаю фитнаангезии онҳо, аз ҷумла Абдулқодири  Бадоунӣ, боиси аз ҳам пошидани сулҳи кул ва дини илоҳӣ гардид. Ин гуруҳҳои иртиҷоӣ намояндагони пешқадами замонро ба куфру илҳод мутаҳам мекарданд, таҳқир менамуданд, ба қатл мерасонданд. Хусусан ба Файзӣ ва Абулфазл, ки яке аз тарроҳони асосии сулҳи кул буданд, таҳдид мекарданд, туҳмат менамуданд. Ин гуна ҳамларо ба Фатҳуллои Шерозӣ, ки аз дигар тарғибгарони сулҳи кул ва динӣ илоҳӣ ва аз ҳамкорони эшон буд, низ дареғ намедоштанд. Ҳамин буд, ки пас аз маргаш руҳониёни мутаассиб наъшашро аз қабр хориҷ карданд ва партофтанд. Агарчи Файзӣ ва Абулфазл муддате қабри ӯро посбонӣ намуданд, аммо, охируламр, руҳониёну мутаассибон, ки нафрату кинаи зиёде нисбат ба ӯ дар дил доштанд, ба анҷоми ин кори бад муваффақ шуданд, яне ӯро на танҳо дар зиндагӣ, балки дар қабр низ ором нагузоштанд. Эшон баҳри таскини дили худ ба ин амали ғайриинсонӣ, зидди ақлу хирад, илму дониш, одамият даст заданд. Ин, албатта, аз ҷонсахтии дину мазҳабу таассубу хурофот дар ҷомеъа, ҳаёти инсонӣ дарак медиҳанд.

Зимнан бояд гуфт, ки устод Айнӣ дар рисолаи “ Мирзо Абдулқодири Бедил” аз Фатҳуллоҳи Шерозӣ ҳамчун олими мутараққии дарбори Акбар ёд менамояд. Чунончи, ӯ мегӯяд; “Чун айёми ҳукумати Темуриён дар Ҳиндустон дар вақти авҷ гирифтани низои шиаву суннӣ ва шохчаҳои зиёд пайдо кардани тариқатҳои машоих дар Эрон ва Осиёи Миёна  рост омад, дар қатори муҳоҷирон ин низоъҳои мазҳабӣ ва маслакӣ ҳам ба Ҳиндустон даромад ва монанди аҷириқ ва ғумои аз ҷое ба ҷои дигар кӯчонидашуда зуд ривоҷ гирифтанд… Ин аҳвол дар аввалҳои ҳукумати Акбар, ки бачаи хурдсол буд ва ҳануз шахсан ҳукуматро идора кардан наметавонист, ранги фоҷеаи умумиро гирифт. Хусусан вақте ки аз уламои давраи Шершоҳӣ- Шайх Абдулло ном, ки дар вақти Ҳумоюн шайх- ул- ислом буд ва дар давраи Акбар лақаби “махдум- ул- малик” ёфт ва инчунин Шайх Абдулнабӣ ном, ки мартабаи садрӣ гирифт, низоъҳои мазҳабӣ ба авҷи аъло расид. Ин ду нафарро Акбар дар аввалҳои давраи ҳукмронии худ чунон ҳурмат мекард, ки ҳатто як – ду бор шахсан худ кафши онҳоро пеш монд… Пас аз ба балоғати ақл расида дар корҳои давлатӣ – мамлакатдорӣ шахсан иштирок намудани Акбар ва ба дарбори подшоҳӣ кашида шудани одамони донишманд, ҳамчун Шайх Абулфазл бинни Шайх Муборак, Ҳаким Фатҳуллоҳи Шерозӣ ва дигарҳо дар ин қисмат тағйироти калоне ба вуҷуд омад. Ин одамони Акбар донистанд, ки ин ҳол – душманӣ ва зиддиятҳои мазҳабӣ ҳукумати Темуриёнро ба инқироз мебарад. Онҳо ба ин фикр омаданд, ки барои дар Ҳиндустон пойдор кардани ҳукумати Темуриён, ки бо такягоҳии мусулмонон ва муҳоҷирон рост меистад, на танҳо ихтилофи байни мусулмононро барҳам додан даркор аст, балки низоъи байни куфру исломро низ нест кардан лозим аст, то ки ҳукумат ба ҳиндуҳо ҳам такя карда тавонад. Вақте ки онҳо Акбарро аз ҳақиқати ин масъала хабардор намуда, ӯро бо ислоҳоти молӣ, сиёсӣ ва динии мамлакат моил кунониданд, аз тарафи давлат кори ислоҳот, шурӯъ шуд. Ҳар як ислоҳот дар навбати худ, бо қоидаҳои илмӣ – фалсафавӣ ва динӣ мувофиқ кунонида мешуд. Пеш аз ҳама бо далелҳои шаръӣ муллоёни мутаассибро аз дарбори подшоҳӣ дур намуданд. Пас аз ин подшоҳро ба ҳамаи дин ва маслакҳои мамлакати Ҳиндустон бетараф қарор дода, ин корро “сулҳи кул” эълон намуданд. Ва ин бетарафӣ, дар айни ҳол, “дини илоҳӣ” ном ниҳода шуд”.

Ҷаҳл чу бисёр шуд, нест кам аз кофарӣ,

Аз раги гардан бувад риштаи зуннори мо.

Шавкати Бухороӣ

Албатта, марги Фатҳуллоҳи Шерозӣ фоҷеа ва зоеъае бузург барои неруҳои мутараққӣ, аҳли илму адаби Ҳиндустон, зарба ба сиёсати сулҳи кул ва дини  илоҳии Акбар буд, ки онро метавон ренессанси Шарқ унвон кард. Лиҳозо, олимону адибони мутараққӣ дар суги ӯ нишастанд ва марсияҳои пурсузу гудоз дар марги ӯ суруданд. Дар ин замина марсияи Файзии Даканӣ, ки яке аз дустону ҳамфикрони Фатҳуллоҳи Шерозӣ буд, бисёр муассир буда, аз муборизаи ҳамешагии ду нерӯ – хайру шар, муборизаи ақлу хирад, илму дониш бар зидди ҷаҳлу нодонӣ, таассубу хурофот ва иртиҷоъ дар ҷомеа дарак медиҳад;

Дигар ҳангоми он омад, ки олам аз низом афтад,

Ҷаҳони ақлро дар нимрӯзи илм шом афтад…

Хурӯши килки нодонӣ нишинад дар симохи дил,

Фалотуни хирадро созӣ дониш аз мақом афтад.

На дар дасти Уторид килки фикрат бишканад танҳо,

Зи дӯши Муштарӣ ҳам тайласони эҳтиром афтад…

 

Чаро инҳо наяфтад, к-аз ҷаҳон бигзашт яктое,

Бар авҷи ақл хуршеде, ба мавҷи илм дарёе.

 

Фалотуне биёяд то барорад мотами дониш,

Арастуе сазад, к-аз сар хурад ин ҷо ғами дониш….

Ҳазорон марди донишвар, вале чун парда бишкофӣ

Дар ин нуҳ парда натвон ёфт чун ӯ маҳрами дониш…

Бар ӯ донишварӣ шуд хатм, нозам бар худованде,

Ки дар як зот пинҳон кард олам-олами дониш…

 

Дареғо осмони маърифат бо хок яксон шуд,

Сутуни илм аз ҷо рафту кохи фазли вайрон шуд.

 

Сухансанҷе, ки бо рӯҳулқудус мекард дамсозӣ,

Сабақ мебурд аз рӯҳуламин дар арши парвозӣ.

Гиромӣ уммаҳоти фазлро фарзанди рӯҳонӣ,

Абулобои маънӣ – Шоҳ Фатуллоҳи Шерозӣ…

Дусад Бӯнаср рафту Бӯалӣ, то ӯ падид омад.

Басо дорад қазо дар нуҳ дукон з-ин гуна баззозӣ…

 

Шаҳаншоҳи ҷаҳонро дар вафоташ дида пурнам шуд,

Сикандар ашки ҳасрат рехт, к-Афлотун зи олам шуд!

Дар бораи Фатҳуллоҳи Шерозӣ дар бархе аз тазкираву китобҳо маълумот дода шудааст. Аз ҷумла Аҳмад Гулчини Маонӣ дар китоби “Корвони Ҳинд” маълумоти зеринро дарҷ кардааст: “ Фатҳуллоҳи Шерозӣ (Шоҳфатҳуллоҳ…) аълами уламон замон ва муқтадои ҳуккому акобири Форс буд.  Хоҷа Муҳаммади Даҳдор, ки ба унвони”Фонии Шерозӣ”, ки зикраш гузашт, Алӣ Одилшоҳи  Беҷопуриро барангехт то вайро ба дарбори худ бихонад ва чун Мир ба Дакан рафт, мансаби ваколат ёфт ва соҳиби ихтиёри муҳиммоти ӯ гардид. Пас аз кушта шудани Алӣ Одилшоҳ (988ҳ) дар соли нуҳсаду навад(990ҳ) Ҷалолуддин Муҳаммади Акбаршоҳ фармоне ба талаби ӯ фиристод ва вай ба соли нуҳсаду наваду як дар Фатҳпур ба ҳузур расид. Дар нуҳсаду наваду се мансаби аминулмулкӣ ёфт ва дар ҳамон сол мухотаб ба “Азидуддавла” гардид. Дар нуҳсаду наваду чаҳор ба садорати кулли билоди Ҳиндустон расид ва саранҷом дар нуҳсаду наваду ҳафт (997ҳ) ба марази исҳол дар Кашмир рахт аз ҷаҳон барбаст ва дар мавзеъе рафеъ, ки ба тахти Сулаймон машҳур аст, ба хок супурда шуд”. Ва чун рӯзе чанд пас аз фавти вай Ҳаким Абдулфатҳи Гелонӣ даргузашт, Сарфии Соваҷӣ гуфт:

Имсол ду аллома аз олам рафтанд,

 Рафтанду муаккару муқаддам рафтанд.

 То ҳарду мувафиқат накарданд бо ҳам,

 Таърих нашуд,ки “ҳарду бо ҳам рафтанд”.

Ва дигаре ёфт: “ Ку Ҳакиму Шоҳ Фатҳуллоҳ ку?”

Бадоунӣ менависад: “Ҷомеъи улуми ақлиро аз ҳикмату ҳайату ҳандасаю нуҷуму рамлу ҳисобу тилисману найранҷоту зарасқол некӯ медонист ва дар ин фан он қадар ҳолат дошт, ки агар подшоҳ мутаваҷҷеҳ мешуданд, расад метавонист баст ва дар улуми нақлӣ ва ҳадису тафсиру калом низ нисбати ӯ мусовист ва таснифоти хуб дорад…”. Абулфазли Алломӣ дар бораи ӯ чунин мегӯяд: “Подшоҳи пояшиносро аз гузаштани он ёдгори ҳукамои пешин андуҳ  даргифт ва борҳо бар қутсизабон рафт, ки Мир вакилу ҳакиму табибу мунаҷҷими мо буд. Андозаи сугвории мо, ки тавонад шинохт. Агар бар дасти фаранг афтодию ҳамагӣ хазоин иваз хостӣ, ба орзуи он савдо фаровон суд кардаме ва он гиромӣ гавҳарро арзон андухтаме”. Шоҳнавозхони Хофирост: “Дар “табақоти Акбарӣ” оварда, ки Амир Фатҳуллоҳ, бо он, ки дар ҷомеъи улуми ақли ва нақлӣ дар Эрон ва Ҳинд, балки дар рубъи маскун қарини худ надошт, дар найранҷоту тилисмот моҳир буд, ашёе сохта, ки худ ҳаракат мекард ва орд мешуд ва ойинае дуруст кард, ки аз дуру наздик ишколи ғариба мафъӣ мегашт ва он, ки ба як чарх дувоздаҳ бундуқ пур мешуд, низ аз ихтирои ӯст. Ва машҳур аст, ки Мир бо ин илму фазл дар ҳаққи подшоҳ мегуфт, ки агар дар хидмати ин касраторои ваҳдатгузин намерасидам, роҳе ба яздоншиносӣ намебурдам. Мир дар санаи нуҳсаду наваду дуи ҳилолии ҳиҷрӣ “Таърихи илаҳӣ” вазъ кард. Аз дер боз аршошёнӣ (Акбаршоҳ)- ро андешаи он буд, ки дар ободбуми Ҳиндустон тоза солу маҳе ба кор ояд, ки таърихи ҳиҷрӣ бо куҳнагӣ аз нокомӣ огоҳӣ мебахшад ва оғози он рӯзи шамотат аст аъдову кулфати аҳҳибост, лекин аз анбуҳе донишварони расмӣ, ки равоии таърихро ногузирии дин пиндоянд, пайдое намегирифт. Мир ва амсоли ӯ, ки ба “ойини илоҳӣ”гаравиданд, ин таърихро асос барниҳода, фаромин ба мамолики маҳруса ҷиҳати иҷрои он қаламӣ гашт. Бинои он бар зичи ҷадиди Гурконӣ (Алғбек) гузашта, ҷулуси Акбарро сароғоз гирифтанд ва солу моҳи шамсии ҳақиқӣ шуд. Ва кабиса аз миён барафтод ва номи моҳу рӯзи форсӣ ба ҳоли худ монд”. Аз ӯст:

Май аз хуми маърифат чашидан мушкил

В-аз ҳастии хештан буридан мушкил.

Таҳқиқи никоти аҳли ирфон осон,

Аммо ба ҳақиқаташ расидан мушкил”.

Ин маълумоти мухтасар дар бораи Фатҳуллоҳи Шерозӣ дар “Риёз- уш-шуаро”-и Волаи Доғистонӣ мундариҷ аст: “Шоҳ Фатҳуллоҳи Шерозӣ дар илми ҳикмат дастгоҳи олӣ дошта. Ба Ҳинд омада, даргузашт:

Май аз хуми маърифат чашидан мушкил

В-аз ҳастии хештан буридан мушкил.

Таҳқиқи нукоти аҳли ирфон осон,

Аммо ба ҳақиқаташ расидан мушкил.

Ба тақриби дидани ин рубоӣ ба хотири роқими ҳуруф низ ин рубоӣ расид:

Вола, ба раҳи вафо давидан мушкил,

Дар водии дард орамидан мушкил.

Сар дар раҳи ишқ додан осон, аммо

Дар домани сабр по кашидан мушкил”.

Шоир Мир Фориғии Шерозӣ, ки ӯ низ дар Ҳинд мезиста, бародарзодаи ӯ будааст. Дар ин бора дар тазкираи Волаи Доғистонӣ чунин омадааст: “Мир Фориғии Шерозӣ бародарзодаи Шоҳ Фатҳуллоҳ буда, дар Ҳинд тараққӣ ёфт. Ӯрост:

Дили хунбастаам чун ғунча дар гулзор накшояд,

Зи кори ман гиреҳ ҷуз тори зулфи ёр накшояд.

ххх

На ба зоҳират муҳаббат, на вафои ғоибона,

Ту бигӯ, дили ҳазинам, зи чи ғарқи хун набошад?”.

Аммо Фонии Шерозӣ аз шогирдони ӯ буда, дар Ҳинд дар хидмати Алии Одилшоҳ қарор доштааст. Маҳз бо маслиҳат ва дастури ӯ Алии Одилшоҳ Фатҳуллоҳи Шерозиро ба дарбори худ фаро мехонад. Акбаршоҳ баъд аз марги Алии Одилшоҳ ӯро ба дарбор даъват менамояд ва аз мулозимони худ мегардонад. Аҳмад Гулчини Маонӣ гӯяд: “Хоҷа Муҳаммади Деҳдори Шерозӣ, мутахалис ба Фонӣ, аз акобири уламои суфия аст. Дар улуми маъқул ва манқул аз шогирдони Мир Фатҳуллоҳи Шерозӣ буд ва баъдан ба Дакан рафт ва дар Беҷопур назди Алии Одилшоҳ (965-988) тақарруб ба ҳам расонид ва ӯро барангехт то ҳазор ҳун фиристод ва Мир Фатуллоҳро ба ҳузур талабид ва бад-ин тариқ, кутуби дарсии боқимондаро назди вай гузаронид…”.

Мутаассифона, дар бораи Фатҳуллоҳи Шерозӣ на дар “Энсиклопедияи советии тоҷик”, на дар “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” маълумоте дарҷ нашудааст. Танҳо дар китоби А.Мухторов “Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаи Ҳиндустон” як маълумоти тахминӣ оид ба маҳали дафни Фатҳуллоҳи Шерозӣ дода шудааст: “Кашмир кишвари афсонавист…Дар шаҳри Сринагар – пойтахти Кашмир, дар маҳаллаи мавсум ба Другҷан (Дчид-Лан), дар машриқи дарёчаи маъруфи Дол (Тол) бар сари тепа маҳалест, ки дар атрофи он сабзаву гул фаровон буда, дар васаташ панҷ қабр намоён аст. Ин манзил бо номи “Мазори шуаро”маъруф мебошад. Дар Сринагар медонанд, ки баъзе шуаррои аҳди Ҷаҳонгир ва Шоҳҷаҳон (шоирони асри 17) дар он ҷо мадфун шудаанд: Калимаи Ҳамадонӣ, Муҳаммадқулии Салим, Туғрои Машҳадӣ, Қудсии Машҳадӣ ва як нафар шоири дигаре, ки номаш номаълум мондааст, шояд Шайх Фатҳуллоҳи Шерозӣ бошад”.

Зимнан, Акбар ҳамчун қаҳрамон, шахсияти ҷаҳонӣ, Данко, Маздак, марксистон – Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин ва соири инсондустони ҷаҳонӣ таълимотеро рӯи кор овард, ки то замонаш дида намешуд, яъне сулҳи кул ва дини нави илоҳӣ, ки тамоми адён ва навъи башарро муттаҳид мекунад ва  пайравонаш ҳамаро ба як чашм мебинанд. Дар он на мусулмон, на масеҳӣ, на буддоӣ, на яҳудӣ имтиёз надоранд, ҳама баробару бародару мусовианд. Дар ин дин ҳар чизи мутараққие, ки дар адёни машҳури ҷаҳон мавҷуд аст, пазируфта мешавад, то як дини умумиинсонӣ, ки озодию рафоҳияту сулҳу мадорову ҳамзистию тафоҳуми одамонро таъмин намояд, ба вуҷуд меояд. Ҳамин Акбар аст, ки аввалин бор таассубу сахтгирии диниро мешиканад, аммо неруҳои иртиҷоӣ, мутаассиб, динию мазҳабӣ, тангназар, исломӣ ва ғайра бар зидди ӯ ба набард  бархостанд ва тарроҳони он,  аз ҷумла Файзию Абулфайзро кофиру мулҳид хонданд ва наъши Фатҳуллоҳи Шерозиро аз гураш берун бароварда, партофтанд. Бо ин ҳама, ба гунае ки гуфта омад, таълимоти Акбар пирӯз шуд ва дар тамоми давраи ҳаёти ӯ ва ҳатто замони Ҷаҳонгир, Шоҳҷаҳон идома ёфт, танҳо дар замони Аврангзеб, ки шоҳе мутаассиб буд, билкул ба шикаст мувоҷҷеҳ шуд ва муҷиби пирӯзии инглисҳо дар сарзамини Ҳиндустон гардид. Агар Аврангзеб акбарситезӣ намекард, фалсафаи сулҳи кул ва дини илоҳиро, ки дар замони Акбар роҳандозӣ шуда, натиҷаҳои хуб ба бор оварда буд, пайгирӣ менамуд ва дӯстии мусулмонону ҳиндуҳо идома меёфт, шояд Ҳиндустон ба дасти инглисҳо намеафтид ва асиру мустамлика намегардид. Дигар, агар Аврангзеб мисли Акбар олимону адибони мутараққӣ, доно ва дур аз таассуб, мислӣ Файзӣ, Алломӣ, Фатҳуллоҳи Шерозӣ ва ғайраро дар дарбор ҷамъ меовард ва гардани таассубу хурофату иртиҷоъро мешикаст, қасри давлатдории Муғулҳои Бузург, ки Бобур бунёдгузорӣ намуда буд, мунҳадим намегашт.

Мутаассифона, ислоҳоти Акбар, ҳамфикрони ӯ, тадбиқгарони сулҳи кулл на танҳо дар замони ҳукмронии худи Акбар ва фарзандону наберагонаш – Ҷаҳонгиру Шоҳҷаҳону Аврангзеб, балки дар аҳдҳои пасин низ мавриди интиқоди шадиди дингароёну мутаассибону тангназарон, ба вижа панисломиситон, қарор мегирад, ки яке аз онҳо Иқболи Лоҳурӣ, ки дар фикри сохтани империяи исломӣ буд, мебошад. Ногуфта намонад, ки агар адибоне чун Файзию Урфию Назирию Қудсию Алломию Фонию дигарон, ки дар замони Акбар ва баъд аз ӯ зиндагӣ кардаанд, аз Акбар васфу ситоиш карда бошанд, Иқбол, баръакс, ба ӯ метозад ва ӯро душмани ислом, аммо шоҳи мутаассибе чун Аврангзебро ҳамчун ҳомии дин меситояд ва бад-ин тартиб барои зинда гардидани иртиҷоъ, таассуб, хурофот ва ривоҷи онҳо мусоидат менамояд:

Шоҳи оламгири гардуностон,

Эътибори дудмони Курагон.

Пояи исломиён бартар аз ӯ,

Эҳтироми шаръи пайғамбар аз ӯ.

Дар миёни корзори куфру дин

Таркиши моро хаданги охирин.

Тухми илҳоде,ки Акбар парварид,

Боз андар фитрати Доро дамид.

Шамъи дил дар оинаҳо равшан набуд,

Миллати мо аз фасод эман набуд.

Ҳақ гузид аз Ҳинд Оламгирро,

Он фақири соҳиби шамшерро.

Аз пайи эҳёи дин маъмур кард,

Баҳри таҷдиди яқин маъмур кард.

Барқи теғаш хирмани илҳод сӯхт,

Шамъи дил дар маҳфили мо барфурӯхт.

Курзавқон достонҳо сохтанд,

Вусъати идроки ӯ нашнохтанд.

Шуълаи тавҳидро парвона буд,

Чун Бароҳим андар ин бутхона буд.

Дар сафи шоҳаншаҳон яктостӣ,

Фарқи ӯ аз турбаташ пайдостӣ…

Дар поёни сухан ҳикояти дигареро аз китоби Ҷовид Иқбол- “Зиндаруд”, ки аз мавқеи душманонаи Иқболи панисломисту пантуркист, афкору ашъори зиддиориёӣ, эронинажодони (тоҷикону форсҳои) ӯ ва ҳаводорию ҳамфикриаш аз шоҳи мутаассибу иртиҷоӣ Аврангзеб хабар медиҳад, низ овардан айни муддаост: “Аврангзеб дар як замон фармоне содир кард, ки то муддати маҳдуде дар мамлакати вай бояд ҳамаи руспиҳо (фоҳишаҳо) издивоҷ кунанд, вагарна ҳамаи онҳоро дар киштӣ савор карда, дар дарё ғарқ хоҳанд кард. Садҳо нафар издивоҷ карданд, вале иддаи зиёде боқӣ монданд, ки барои ғарқ шудани онҳо киштиҳо омода шуданд. Ба поёни охирин муҳлати таъйиншуда фақат як рӯз боқӣ монда буд. Дар ин замон Шайх Калимуллоҳ Ҷаҳонбодӣ зинда буд. Як руспии ҷавону зебо барои арзи салом дар ҳузури вай ҳозир мешуд. Вақте ӯ аз вазифаи ибодии худ фориғ мегашт, он руспӣ даст баста, дар ҳузури вай меистод ва вақте ӯ нигоҳашро баланд мекард, зани руспӣ салом мекарду мерафт. Он рӯз вақте он руспӣ дар маҳзари Шайх ҳозир шуд, гуфт: “Охирин саломро аз банда қабул бифармоед”. Шайх ҳақиқати ҳолро дарёфт. Руспӣ ҳама авзоъро баён намуд. Шайх фарумуд, ки ин байти Ҳофизро ҳифз кунед:

Дар кӯи некномӣ моро гузар надоданд,

Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.

Вақте шуморо ба сӯи дарё мебаранд, бо овози баланд ҳама ин байтро хонед. Руспиҳо ҳама ин байтро ҳифз карданд. Вақте онҳоро ба сӯи дарё равона карданд, онон бо овози дилкашу сӯзнок ба хондани ин байт шурӯъ карданд. Ҳар кас, ки ин овозро шунид, музтариб шуд. Вақте Аврангзеби Оламгир ҳам ин овозро шунид, музтарибу беқарор шуд ва дастур дод, то ҳамаи онҳоро озод кунанд. Бо ин мисол Иқбол равшан сохт, ки он чӣ дар назари Муҳаммаддини Фавқ ҳусни Ҳофиз аст, дар назари Иқбол зиштии ӯст. Зеро сеҳру ҷодуи шоиронаи Ҳофиз масъалаи тақдирро ба сурати бисёр зебо, вале ғалат таъбиру тафсир кардааст. Ва як подшоҳи диндору пойбанди шариат ва нексириштро, ки мехост ҳукумати шаръии исломии ҳақиқиро пиёда кунад ва зиною руспигариро хотима дода, ҷомеаи мусулмононро аз ин лаккаи нозебо пок намояд, аз ин байт он қадар нотавону заиф, шуд, ки дигар ҳиммати иҷрои қонуни исломиро надошт. Агар Аврангзеби Оламгир дар мавриди Дорошукӯҳ низ ҳамин равиши “бо душманон мадоро”-ро иттихоз мекард, дар Ҳиндустон ҳеҷ вақт ҳукумати шариати исломӣ ташкил намешуд”.

Ҷамолиддин САИДЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь