Оре, баробари ба забон гирифтани ин исми дар ҳақиқат шариф пеши назари мо бештар ҳамон сурат, ҳамон симо ва чеҳраи абармарде меояд, ки ботамкин ҳасту ором, андешаманд, ба фикре ғӯтавар, асо ба даст…
Устод Айнӣ… Дар ҳақиқат бахти бузурги миллати тоҷик мебошад, ки модаронаш чунин фарзонафарзандонро тавлид мекунанду онҳо дар даврони душвору тақдирсози таърихӣ ба майдони васеъ, пурпечутоб ва лаболаб аз сад макру найранги замонадорон, наҳаросида, ҷасурона чун паҳлавоне вориди корзор шуда, худ исёне дар тақдири халқу миллате мешаванд!
Ва дар ҳақиқат дар қатори чунин шахсиятҳои таърихии бемислу беназир устод Айнӣ он замон, он давраи хеле ҳассосу муҳими Аморати Бухоро, яъне дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба ҷодае ҳамроҳ шуд, ки на танҳо ин давлати аллакай ноустувору ларзон, балки тамоми Осиёи Марказӣ марҳалаи душвору таъсири омилҳои беруниро хусусан дар сиёсати хориҷӣ бараъло ба ҷисми хеш медид. Чандин ҷараёнҳое чун маорифпарварӣ ва ҷадидия, пасон пайи ҳам таъсири се инқилоби дар Русияи подшоҳӣ баамаломада ба Аморати Бухоро низ беасар намонд. Агарчи ин тамоюлҳо қисман барои пешрафт чун ҷараёни маорифпарварӣ хуб буданд, вале аз он амалдорони замона ба таври амиқ хабардор нашуданду бо ҳар роҳ ба тавсеаш садҳо эҷод карданд. Ва халқро дар ҳолати нодонӣ нигоҳ доштанро ба манфиати худ меҳисобиданду маъмулан идораи ин тӯдаи мардум, албатта, осонтар буд, вале боз ҳам донишмандони тоҷик чун асосгузори равияи маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна – Аҳмади Дониш ба по хеста, ҳокимони манғитиро танқид намуда, азхуд кардани илму донишро аз нигоҳи динӣ ва дунявӣ асоснок карда, илму донишро роҳи расидан ба саодат донист. Давомдиҳандагони ин мактаб шахсияти дигар, тоҷики дигар – Садри Зиё онро такмил доду ба шогирдонаш азбар кардани маорифро талқин намуда, дар хонааш ҳамчунин маҳфилҳои адабӣ барпо мекард. Ва яке аз он касоне, ки аз ин маҳфилҳо, аз равияҳои пешқадами замонааш хабардор шуду ҳушманд гашт, маҳз ҳамин Садриддини он айём хурду навҷавон буд. Дар маҳфиле роҳ ёфт, ки он шуълае дар торикиҳо, нуре дар зулмот буд. Машъалдор гашту давомдиҳандаи ана ҳамин гуна мактаби пешқадам! Дигар таҳсилҳо дар мадрасаҳои гуногуни Бухорою Самарқанд ва боздид аз нишастҳои илмӣ-адабӣ ба ҷаҳонбинии ӯ таъсире карданду устуворона қадам мемонд.
Ба майдон мебаромад!
Дар ҳамон аҳде, ки кас аз сояи худ шубҳа дошт,
Аз шарики умру аз ҳамсояи худ шубҳа дошт,
Аз баёни фикру шарҳи ғояи худ шубҳа дошт,
Минбар аз мустаҳкамии пояи худ шубҳа дошт,
Дар сари минбар ту нотарсида мегуфтӣ сухан,
Аз мақоми тоҷику фарҳанги таърихи куҳан.
Дар ҳамон давре, ки авзояш гаронтасвир буд,
Мавҷи баҳри зиндагӣ монанд бар занҷир буд,
Мардумак ҳам дар камони дида мисли тир буд,
Дар ғами ояндаи миллат ҷавону пир буд.
Килки ту медод посух зарбаи ҳар тирро,
Мераҳонд аз банди навмедӣ ҷавону пирро.
Устод Айнӣ! Аҳли маънӣ хубтар медонанд, ки ҳамраъйӣ ба ҷараёни ҷадидия ва дар ин самт иҷрои як қатор корҳои неки Садриддин Айнӣ ба хотири хизмат ба халқ буда, мехост тоҷикон аз усулҳои пешқадами илму маориф баҳравар гашта, ба дабистонҳои шакли нав омада, тезтар соҳиби илму савод гарданд. Китоб хонанд, китоб ба бар кунанд, соҳибкитоб монанд. Ва хеле зебо худ баён карда буд:
Биёед эй рафиқон дарс хонем…
Устод Айнӣ! Борҳо дар ҳалқаи дуду оташ, дар маркази низоъҳо баъзан бехабар монда, ин ҷавонмарди бегуноҳ аз амирони давр ҷавр диду зулм ва бо задани 75 чӯб мехостанд кори ӯро тамом кунанд, вале ҷонсахтӣ карду зинда монд. «Марши ҳуррият»-ро соли 1918 иншо карду бо қалам ба ҳарбзор даромад, мардумро барои сарнагун намудани як давлати бебунёд даъват намуд… Ба давраи нав расид. Ин давлат, ин сохтро пазируфт. Акнун мехост мавқеъ ва мақоми тоҷикро дар ватани аҷдодиаш баландтар бардорад, овоз баланд кард, ба таври ҳайратангез ба фаъолият сар кард. Меҳнати шабонарӯзиаш ҳамагон, хусусан мунаққидону ҳамкасбонро ба ҳайрат меоварад, пайиҳам мақола, асару китобҳояш ба майдон омада, аз тоҷику аз ватани тоҷик, аз илму адаби тоҷик маълумот медоданд, мардумро дониш медоданду сабақ.
Устод Айнӣ! Дарвоқеъ фаъолияти беназираш дар таърихи миллати мо беҳамто буда, ӯ тамоми умри бобаракаташро барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон сарф намуд. Дар ин хусус худи устод дар як мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».
Бале, вобаста ба ин муҳтарам роҳбари давлатамон низ огоҳона ва барҳақ нигошта буданд, ки: «Устод Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳои худ аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард. Мақолаҳои ӯ ва махсусан, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар солҳои бистуми асри гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон гардиданд».
Доштӣ ҳасрат ба дил аз аҳди Сомони бузург,
Об ҳарфи ғайр доду дод девони бузург.
Шуд сабақомӯз маҳрум аз дабистони бузург,
Монд танҳо қисса аз номи Хуросони бузург,
Умри ширини ту тамъ аз ёдҳои талх дошт,
Ҳасратоҳанг аз Бухорову фиғон аз Балх дошт.
Буд аз тоҷик тарси ғайрибумӣ бештар,
Мезаданд ин қавмро рӯшоду пинҳон нештар.
Он чӣ медиданд, медидӣ аз онҳо пештар,
Доштӣ фарқ аз ҳама, будӣ ту дурандештар.
Ҳарфи ту беҳуҷҷату баҳси ту бебурҳон набуд,
Дар Фарорӯд аз ту донотар дар он даврон набуд.
Борҳо лозим омад, ки устод Садриддин Айнӣ дар такя ба садҳо сарчашмаю манбаи таърихӣ собит созад, ки тоҷикон ҳаққи зистан, давлат бунёд кардан ва хушбахт шуданро доранд. Бо назардошти ҳамин Президенти Тоҷикистон ишора карда буданд, ки: «Устод Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд. Устод Айнӣ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони куҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд ва он то кунун на танҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи форсизабонони дунё роиҷ мебошад. Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».
Устод Айнӣ! Дар ҳақиқат аз паҳнои таърих, аз жарфиҳои замони куҳан асноду мадракоти бешуморе ёфта, ҷони худро дар муқобили даҳҳо душманони миллату забони тоҷик, дар рӯбарӯйи чандин тоҷикони фиребхӯрдаю гумроҳи амалдор ва пантуркистон гузошта, тоҷикро ҳифз карду худро қурбон намуд!
Устод Айнӣ! Агар дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» бештар ба таври мушаххас дар бораи намояндагони маъруфи шеъру адаби тоҷик маълумоти лозимию кофиро оварда бошад, пас дар чандин асарҳои таърихиаш, чун «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик» ба таърих бори дигар рӯ оварда, аз шуҷоату далерӣ, матонату кордонӣ, сарлашкарӣ ва ғаюрии халқамон дар такя ба асноди таърихӣ мисолҳои зиёди равшан оварда, собит кардааст, ки ин мардум дар ҳама давр худ муҳофизи хеш буда, ба қавли донишманди эронӣ Фароҳонӣ «аз подшоҳон боҷ ва аз дарё амвоҷ гирифтаанд».
Устод Садриддин Айнӣ!
– Мо зи қавми Ориёием, – медонад ҷаҳон,
Дошт ин таъкид осоре зи аҳди бостон.
Ларза афкандӣ ба қалби ғасбсозони замон,
Муҳри хомӯшӣ задӣ ту бар лаби даъвогарон.
Мекунад дасти хирад садҳо дари пӯшида боз,
Бо каломи худ забони тоҷикон кардӣ дароз.
Ҷони ширин канда Фирдавсӣ Аҷамро зинда кард,
Порсии куштаи шамшери ғамро зинда кард.
Мавлавӣ бо най ҳама дарду аламро зинда кард,
Бедил оҳанги хамӯши зеру бамро зинда кард.
Қудрати ту мурдахоки зори намро зинда кард,
Хуфтаи садсолаи соҳибқаламро зинда кард.
Гирад аз нақлу ривоят ибтидо таърих ҳам,
Қисса созад рӯйдоди даврро аҳли қалам.
Аз аламҳо нанг пайдо гашта, мегардад алам.
Сар кашад дон аз дили хоке, ки дорад хуб нам.
Рӯзи рӯшан мекунад шабро ба нураш Офтоб,
Сарнавишти миллати тоҷикро кардӣ китоб.
Устод Садриддин Айнӣ! Қаҳрамони Тоҷикистон дар ҳақиқат баробари нотарсона навиштани таърихномаи миллат, аллакай он солҳо чун тамоми сарсупурдагони миллат қаҳрамоне буд. Оре, наметавон дигар хел номид. Зеро ба ин шоиста буду зиндагии хоксоронаи қаҳрамонона дошт. Барои давлати навҷавону соҳиббахти тоҷик хизмат намуду аз тарафи соҳибватанон қадрдонӣ дид. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро маҳз ба устод Айнӣ сазовор донистанда, ҳамчунин бо азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатӣ, ки оромгоҳи Асосгузори адабиёти муосири точик ин ҷо қарор дорад, руҳи ӯро шод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотираи неки устод Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои гуногун амалӣ гардидаанд. Якчанд хиёбону кӯчаҳо ва муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба номи ӯ гузошта шуда, муҷассамаву нимпайкараҳояш қомат афрохтаанд. Калонтарин Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи устод Садриддин Айниро гирифтааст.
Таҷлилу бузургдошти устод Садриддин Айнӣ низ аз зумраи корҳои хайру нек буда, гиромидошташ ба насли имрӯзу оянда сабақи пандомӯзу зиндагиаш ибратомӯз мебошад.
САБЗААЛӢ АСОЗОДА