Дараи Зиддии ноҳияи Варзоб сари шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд, дар баландтарин мавзеъи қаторкуҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст. Аҳолии ин дараи зебоманзар аз қадимулайём бо чорводорӣ ва коркарди маҳсулоти он машғул буданд. Ба ақидаи куҳансолони деҳа асоси рӯзгори мардуми Зиддӣ чорводорӣ буда, дар замонҳои пеш ҳар яке аз сокинони ин маҳал аз 100-200 то 1000-2000 сар бузу гусфанд парвариш мекарданд. Ба хотири беталафот гузаронидани зимистон чорводорони Зиддӣ бо ҳамтоёни худ аз Эсанбою Шурманқаю Данғара аҳду паймоне доштанд, ки мутобиқи он зимистон онҳо чорпои худро ба саҳроҳои гарми он тараф бурда ва ба ивази он тобистон ба чорводорони ҷануб аз чарогоҳҳои сералафи Зиддӣ замин медоданд. Ин гуна ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатнок то кунун вуҷуд доранд.
Кӯҳҳои ин минтақа дорои захираҳои калони ангишт, волфрам, уран, фосфор ва дигар маъданҳо мебошанд. Солҳои охир бо сабаби зиёд шудани истеҳсоли ангишт табиати биҳиштосои ин диёри хушманзар зарари зиёд дид. Ҳарчанд, ки аз чорводорӣ ба ангишткани табдил ёфтани шуғли асосии мардуми деҳа вазъи иҷтимоии аҳолиро беҳтар карда бошад ҳам, вале табиати нотакрори дараи Зиддӣ зиёни хеле калон дид.
Ҷамоати Зиддӣ ҳафт деҳаро дар бар гирифтааст: деҳаи Калон бо шумораи сокинонаш беш аз 4 ҳазор, Намозгоҳ – 1500 нафар, Панҷхок – 700 нафар, Насруд – 700 нафар, Оби Хирф – 700 нафар, Ҳазора – 1000 нафар, Куктеппа – 300 нафар. Ҳамагӣ дар ин дара қариб 10 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар ибтидои асри 20 маъмури дарбори амири Бухоро, муаррих Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ мутахаллис ба Гулшанӣ аз ин мавзеи зебоманзар гузар карда, мафтуни ин диёр шуда дар китобаш «Таърихи Ҳумоюн» тассуроташро дар бораи Зиддӣ чунин навиштааст: «Вилояти Душанбе қарияҳои бисёр азими обод дорад ва ба дараҳои кӯҳистон ва аз он ҷумла қарияи Зиддӣ, ки аҳолии он ба санъати чакмани Тибет ва босма маъруф ва машҳуранд. Қарияи мазкур назар ба вилояти Ҳисору Душанбе ба вилояти Уротеппа наздик аст. Бозори онҳо дар аксари сана вилояти Уротеппа аст, чаро ки нӯҳ моҳ роҳи Душанбе бо сабаби касрати нузули барф баста мешаванд ва ҳар сол се моҳ баъзе туҷҷори Ҳисор аз ин роҳ молу чорпои худро ба вилояти Уротеппа бурда фурӯхта меоянд. Ба даруни камарҳои кӯҳ ва болои кӯҳҳои васеи вилояти мазкур бисёр қарияҳои ободу маъмур дорад. Ва аз аҳли сулуку (парҳезкорон) машоихи кибор ва мардумони синни онҳо мутаҷовиз аз сад сол бағоят фаровон аст ва аз удабоу шуаро низ бисёр ба назар мерасад.»
Ин порчаи дар китоби «Таърихи ҳумоюн» овардашуда ба хонандаи муосир дар бораи касбу кори мардуми Зиддӣ, иқлими ин мавзеъ тиҷорати онҳо бо шаҳри Уротеппа (Истаравшани имрӯза) дар давраи тақрибан 120 сол пеш аз ин маълумоти гаронбаҳоеро фароҳам овардааст. Муаллиф номи ин деҳаро Зиддӣ бо «зод»-и арабӣ навиштааст ва мо низ дар ин мақола ҳамон шакли навишти номи деҳаро, ки дар «Таърихи Ҳумоюн» оварда шудааст, истифода намудаем. Он чизе ки Гулшанӣ дар китобаш оид ба касбу кору тиҷорати мардумони Зиддӣ навиштааст, то кунун ҳамон касбу ҳунарро дар байни аҳолии Зиддӣ вохӯрдан мумкин аст. Фақат чакману босма, – яъне матоъи аз пашми бузу гӯсфанд бофта шуда бо сабаби набудани эҳтиёҷ ба онҳо аз байн рафта истодаанд. Тиҷорати чорпо дар бозорҳои Истаравшан ҳамоно идома дорад.
Тавре муаррихи дарбори амир ривоят кардааст, аксари мардумони мавзеи Зиддӣ аз нигоҳи тандурустӣ саломатии хуб дошта, беш аз 100 сол умр медидаанд. Дар он давраҳо, ки на духтур буду на доруву беморхона, беш аз 100 сол умр дидани одамон насли имрӯзаро ба ҳайрат мегузорад. Вале аз ҷониби дигар обу ҳавои тоза ва табиати биҳиштосои ин диёри кӯҳистон метавонад ба инсон умри дароз ато намояд.
Агар ба хурду хӯроки одамони ҳамон давраҳо назар кунем, маълум мешавад, ки онҳо аз нуқтаи назари тибби имрӯза танҳо ғизои солимро истеъмол мекардаанд. Аз ҷумла гандуми маҳаллӣ, зағир, боқила (лубиё), мулк ва дигар зироатҳо, аз маҳсулоти чорводорӣ бошад, гӯшт, равғани думба,чакка ва ҷурғот асоси маводи ғизоии аҳолии ин дараро ташкил мекарданд. Дар ибтидои асри ХХ заминҳои васеъу серҳосили ин мавзеъ аҳолии Зиддиро бо гандуму зағир ва лубиёгиҳо пурра таъмин мекарданд. Дар ин дара ҳамон солҳо 7 осиёб ва 5 ҷувози равғани зағир кор мекард. Аз он ҷумла мардуми деҳа то имрӯз номи яке аз ҷувозкашҳои машҳури Зиддӣ Бобои Қосимро аз сиёҳсарҳо ба некӣ ёд меоранд.
Миёнаҳои асри ХХ бо ворид шудани гандуму равғани арзони русӣ кишти гандуму зағири маҳаллӣ ва коркарди он дар осиёбу ҷувозхонаҳо низ барҳам мехӯрад.
Дар айни замон, чунин маҳсулоти хӯрока мисли намак, шакар ва дигар намуди шириниҳо, картошкаю помидор ва чою нӯшокиҳои дигар умуман вуҷуд надоштанд. Мардум танҳо оби тозаро истеъмол мекарданд. Дар баъзе мавридҳо обро ҷӯшонида, ба он каме «каҳак» (омехтаи гиёҳҳои куногун)-ро ҳамроҳ карда менӯшиданд.
Тавре маълум аст, ин тарзи истеъмоли хӯрок беҳтарин намунаи парҳези таом мебошад, ки имрӯзҳо олимони намоёни ҷаҳон онро дар байни мардум тарғибу ташвиқ мекунанд. Аз ҷониби дигар, онҳо ҳамеша дар ҳаракат буданд, ҳатто аз як ҳавлӣ ба ҳавлии дигар ва аз як кӯча ба кӯчаи дигар гузаштан дар шароити кӯҳистон худаш аллакай тамрини бадан аст.
Инҳо омилҳои асосие буданд, ки ба мардуми ин маҳал умри дарозу тани солим ато мекарданд. Ҳарчанд, ки дар даврони муосир дар ин дара беморхонаю дорухонаҳо ва табибони зиёд фаъолият дошта бошанд ҳам, вале мутаассифона ҳатто як нафар ҳам садсоларо пайдо кардан мумкин нест.
Ба қавли кӯҳансолон, мардуми ин ҷо асосан онҳое мебошанд, ки дар асрҳои гузашта аз манотиқи гуногунии Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, аз азобу машаққати рӯзгору айём ба ин гӯшаи дурдасту душворгузар паноҳ бурдаанд. То имрӯз аҳолии деҳоти Зиддӣ худро муаррифӣ карда, авлодашонро ном мегиранд, ки аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон реша гирифтаанд. Авлодҳои қулакӣ, канарсӣ ва лифиғарӣ (раштӣ), сиёхсарӣ (дарвозӣ), суфисафарӣ (ромитӣ), мирбобӣ ва миразорӣ (балҷувонӣ ва сарихосорӣ), фонӣ ва латифӣ (мастчоҳӣ ва айнигӣ), ҳамчунин маллагиҳо ва қирғизиҳо аз авлодҳои асосии ин сарзамин мебошанд, ки садҳо сол пештар, ба сабабҳои гуногун, хонаю ҷои бобоии худро тарк карда, дар байни кӯҳҳои касногузару дарёчаҳои Зиддӣ ва Майхураи дараи Варзоб барои худ паноҳгоҳ ёфта буданд.
Бори аввал дар бораи яке аз авлодҳои Зиддӣ устод Муъмин Қаноат чунин ҳикоят карда буд: у дар суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо дар бораи яке аз авлодҳои Зиддӣ – сиёҳсарҳо ривояти аҷиберо, ки бо фактҳои таърихӣ мустанад шудааст, оварда буд. Мувофиқи нақли устод сиёҳсарҳо авлодони сарбозони шоҳи Дарвоз мебошанд, ки баъд аз ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна, соли 1868 бо даъвати мири Ҳисор, бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳади ин кишвар ба ин ҷо омада буданд. Ҳамин гуна бо даъвати мири Ҳисор лашкари беки Балҷувон ҳам омада ва ҳамроҳи дарвозиҳо дар мавзеъҳои атрофи имрӯза шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор, деҳаҳои Чорбоғ (н.Варзоб), Туда, Лолагӣ (н.Ҳисор)ва дараи Қаратоғ (н.Турсунзода) маскан мегиранд. Мақсади асосӣ аз ҷамъ овардани лашкар дар Бухорои Шарқӣ ин мустаҳкам намудани мавқеи амири Бухоро ва роҳ надодан ба воридшавии гурӯҳҳои англисҳо аз ҷониби Афғонистон буд.
Новобаста ба ин, он давраҳо тохтутози баъзе қабилаҳои турк ба минтақаҳои кӯҳистон баъзан рӯй медод. Ҳамин тавр, боре ба мири Ҳисор хабар мерасад, ки гурӯҳе аз роҳзанони турктабор ба деҳоти дараи Зиддӣ ҳамла оварда, қисме аз сокинонро ба ғуломӣ бурданианд. Мири Ҳисор ба мадади мардуми Зиддӣ лашкари шоҳи Дарвозро бо сарварии сарлашкари онҳо Мир Ҳоҷиби Зарринкамар мефиристад. Ин лашкаркаши дарвозиҳо бо ҳамин ном дар байни мардуми Зиддӣ то имрӯз машҳур аст. Ҳол он ки ба андешаи мо шояд номи ӯ дар асл дигар хел бошад. Чунки калимаи «Ҳоҷиб» маънои «омири дарбори шоҳ»-ро дорад. Ба истилои имрӯза «ҳоҷиб» роҳбари дастгоҳ. Эҳтимол, ӯ дар дарбори шоҳи Дарвоз ҳамин вазифаро иҷро мекарда бошад. Калимаи «Зарринкамар» бошад, унвони варзишӣ ва паҳлавонӣ мебошад. Устод Муъмин Қаноат ҳам номи аслии Мир Ҳоҷиби Зарринкамарро қайд накарда буданд. Он кас танҳо ҳамин чизро қайд карданд, ки Мир Ҳоҷиб ва аксари лашкариёни ӯ аз деҳоти Курговади Дарвоз мебошад. Ба нақл аз устод Муъмин Қаноат Мир Ҳоҷиб як паҳлавони номдор буда ҳатто «бо девҳо меҷангидааст».
Ҳамин тавр Мир Ҳоҷиби Зарринкамар бо лашкараш ба Зиддӣ омада роҳзанҳоро мағлуб мекунад ва мардумро аз асорат халос мекунад. Баъд аз ин ҳодиса онҳое, ки аз асорат халос мешаванд, ба худ номи «қулакӣ»-ро мегиранд, аз калимаи туркии «қул» – яъне «ғулом».
Ҳамин рӯйдод сабаб мешаваду бо пешниҳоди мири Ҳисор бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳад дар шимоли сарзаминаш қисме аз лашкариёни дарвозиҳо дар ин дара маскун шуда, дар ин ҷо ватани нави худро пайдо мекунанд ва онҳоро «сиёҳсар» меноманд, азбаски онҳо ҳамчун либоси низомӣ дар сар кулоҳи сиёх мепӯшиданд. Дар давраҳои баъдина аз миёни сиёҳсарҳои Зиддӣ одамони баруманду номдори водии Ҳисор баромадааанд. Мисли Саидбек паҳлавон, ки дар тамоми ҳудуди Бухорои Шарқӣ дар паҳлавонӣ ҳамтои вай набуд. Ӯ паҳлавони касбӣ буда дар дарбори мири Ҳисор танҳо бо гӯштингирӣ машғул буд. Баъд аз шикасти мири Ҳисор дар солҳои 20-уми асри ХХ Саидбек Паҳлавон ба Зиддӣ бозмегардад, вале пеш аз маргаш хоҳиш мекунад, ки ӯро дар деҳаи Кушкаки мазори дараи Алмосӣ дафн кунанд. Саидбек соҳиби 3 фарзанд буд: Давлатбек, Солеҳбек ва Хосабек, писари Давлатбек набераи Саидбек Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Раҷабалӣ Давлатов, яке аз шахсиятҳои номдори водии Ҳисор буда, барои ободонии ин диёр хизматҳои зиёд кардааст. Ҳамчунин аз миёни сиёҳсарҳо бисёр шахсони маъруфи дигар баромадаанд.
Суфӣ Санг – иштирокчии фаъоли шӯриши Хуҷанд зидди Русияи подшоҳӣ дар соли 1916. Соли 1919 ӯ дар шаҳри Оренбурги Русия ба ҳаракати болшевикон пайваста, дар барқарор кардани ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон накши муҳим бозидааст.
Давлат Саид – собиқ котиби Ҳизби Коммунистии вилояти Бадахшон ва ноҳияи Дарвоз
Бобоҷонов Нор – собиқ котиби якуми Кумитаи Ҳизбии шаҳри Душанбе, собиқ раиси шаҳри Душанбе.
Саид Раҷабов – ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Ба нақл аз устод Муъмин Қаноат аз миёни дарвозиҳои ба Ҳисор омада, асрҳои XIX-XX боз дигар шахсиятҳои номдори ҷумҳури низ баромадаанд, аз он ҷумла, аз дараи Қаратоғ.
Ҳамин тавр, аз байни авлодҳои дигари Зиддӣ низ шахсиятҳои шинохтаю маъруфи зиёд баромадаанд.
Сафаралӣ Ниёзов, энергетики машҳури ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ роҳбарии ширкати «Тоҷикгидроэнергострой»-ро ба уҳда дошту дар сохтмони ГЭС-и Бойғозӣ, Заводи Алюминии Тоҷик ва дигар иншоотҳои муҳимми ҷумҳурӣ нақши хеле намоён дошт.
Ҳасан Ёқуб –собиқ сардори милитсияи ноҳияи Янгибозор (ҳоло Ваҳдат) дар саркӯб кардани ишғолгарони хитоӣ, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хоки Тоҷикистон дар Бадахшон ворид шуда буданд, нақши муҳим бозида буд.
Одина Ризо – маорифчии намоён, ки ҳоло мактаби деҳа ба номи ӯ гузошта шудааст. Онҳо ҳамагӣ аз авлоди маллагиҳоянд.
Халифа Ҳасан – шахсе, ки дар ободонии шаҳри Панҷакент ва сохтмони корезҳои обгузари ин шаҳр саҳми калон гузоштааст. Аз авлоди канарсиҳо.
Сафаров Таваккал – собиқ раиси Суди ноҳияи Данғара
Мирбобоев Абдулло – «Абдулло командир», ронандаи оддие, ки барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ ва зидди беадолатиҳои амалдорон дар солҳои 80-уми асри ХХ, дар замони Давлати Шуравӣ мубориза бурда буд, аз авлоди миразориҳо,
Ҳарчанд, ки аҳолии Зиддӣ аз мардумони минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон ташаккул ёфта бошанд ҳам, вале имрӯз онҳо худро ҳамчун як ҷузъи ягонаи миллати тоҷик ҳисобида, дар роҳи пешрафти Тоҷикистони маҳбуб саҳми муносиби худро гузошта истодаанд.
Зиддигиҳо тоҷикони асиланд, чунки намояндагони авлодҳою қабилаҳои гуногуни Тоҷикистони азизамон асрҳои гузашта дар ин мавзеъ бо амри тақдир ва бо мақсади аз азобу шиканҷаи амалдорон раҳои ёфтан маскан гирифтаанду заминаи мусоидро барои бунёди умумиятҳои миллӣ гузоштаанд. Дар давоми солҳо онҳо лаҳҷаи забонӣ ва урфу одатҳои ба худ хосеро пайдо намудаанд, ки дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон такрор намешаванд.
Шахсиятҳои намоёни ҷумҳурӣ, ки аз байни аҳолии ин дараи зебоманзар баромадаанд, дар роҳи пешрафти ҷумҳурӣ ва ободию зебоии диёри азизамон саҳми муносиб гузоштаанд. Ҳаёту фаъолияти онҳо барои насли ҷавон намунаи беҳтарини омӯзиш ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию миллатдӯстӣ мебошад.
Давлаталӣ ДАВЛАТЗОДА, номзади илми таърих