Яке аз масъалаҳои афзалиятноки ҷомеаи имрӯза – ин ҳалли мушкилоти соҳаи маориф ва рушди он мебошад.

Бузурге дуруст фарумудааст:

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,

Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.       

Самти дигари афзалиятнок – ин ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дастгирии моддию маънавии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба шумор рафта, оид ба ин масъалаҳо дар соли 2021 дар ноҳияи Восеъ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ба хотири пешрафти соҳаи маориф сохтмони як қатор иншоот дар соли ҷорӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар МТМУ №23-и ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов сохтмони бинои иловагии дорои 10 синфхона барои 250 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкор Қодиров Сайазам, дар МТМУ №35-и ҷамоати деҳоти Гулистон 2 синфхонаи иловагӣ барои 60 ҷойи нишаст аз ҳисоби Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”, дар МТМУ №37-и ҷамоати деҳоти Гулистон сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкор Шайхов, дар МТМУ №53-и шаҳраки Ҳулбук 10 синфхона барои 250 ҷойи нишаст аз ҳисоби Кумитаи падару модарон ва соҳибкорон, дар МТМУ №55-и ҷамоати деҳоти Тугарак 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст аз ҳисоби Кумитаи падару модарон, дар МТМУ №54-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев ошхона ва иншооти ёрирасон аз ҳисоби соҳибкор Шамшерзода Н. ва 1 адад боғчаи хусусӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ барои 120 ҷой аз ҳисоби соҳибкор Абдулҳаева М. идома дошта, дар МТМУ №20-и ҷамоати деҳоти Тугарак таъмири толори маҷлисгоҳ ва ошхона аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба анҷом расонида шудааст.

Инчунин, дар соли 2021 сохтмони муассисаҳои таълимии №№11, 12, 47, 49, 54, 56 ва 59-и ноҳия аз ҳисоби Бонки Саудии рушд ва муассисаҳои таълимии №№21, 33 аз ҳисоби Кумитаи падару модарон ва соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст.

Оид ба фаъолияти муассисаҳои 3-баста дар ноҳия як муассисаи таълимии №53 мебошад, ки барои 10 синфхонаи иловагӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.

Айни замон дар ноҳияи Восеъ 73 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 64 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсейи давлатӣ, 1 мактаб-интернат ва 1 интернати хонандагони лаёқатманд фаъолият дошта, дар ин муассисаҳои таълимӣ 51016 нафар хонанда, аз ҷумла 24579 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, дар ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ фаъолият дошта, дар ин муассисаҳо 635 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 67 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 2761 нафар кӯдакон фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии омӯзгорон ба 3274 нафар расидааст, ки 1741 нафари онҳоро занон ташкил дода, аз шумораи умумӣ 2404 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 211 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра ва 659 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсус мебошанд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 1425 адад компютер, 215 адад принтер, 40 адад тахтаи электронӣ ва 50 адад диапроекторҳо таъмин карда шудаанд.

Иқдоми корҳои созандагию бунёдкорӣ ва таъмири босифати муассисаҳои таълимӣ ва дигар зерсохторҳои шуъба новобаста аз саршавии таҳсил дар муассисаҳо то 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.

Билоли ШАМС,

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь