Садҳо хонаводаи туркманзабон, ки пеш аз сукути Шӯравӣ ба ҷануби Тоҷикистон омадаанд, соҳиби шиносномаи тоҷикӣ шуда, ба ҳаёти мардуми мулкӣ мутобиқ шудаанд, аммо фарҳангу зиндагии худро ҳифз кардаанд.

Дар пӯшидани либосҳои миллӣ дар идҳои мазҳабӣ ва расмӣ дар Тоҷикистон туркманҳо намуна ҳастанд, ҳатман онҳо бояд кӯлоҳи туркманӣ ё куртаҳои махсусе дошта бошанд. Соҳиби шиносномаи тоҷикӣ ҳастанд, вале миллаташон туркман зикр шудааст. Дар ҳоле, ки солҳои зиёде дар Тоҷикистон бо тоҷикзабонҳо зиндагӣ мекунанд, вале то ҳанӯз қисме аз расму оини аҷдодии худро дар инҷо идома медиҳанд, аммо хело кам аз хонаводаҳои тоҷик келин мегиранд ё ба онҳо арӯс медиҳанд.

Фарҳангшиносон дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки туркманҳо маросими тӯйҳои арӯсияшон каме фарқ мекунад. То чанд соли пеш арӯсрабоӣ аз сӯи ҷавонони туркман дар ноҳияи Дӯстӣ – 140-километрии ҷануби шаҳри Душанбе роиҷ буд.

Туркманҳо бо иҷрои Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии Тоҷикистон” маъракаҳояшон ҳамсон ба маъракаҳои мардуми бумӣ шудааст ва аз ин қонун пуштибонӣ мекунанд.

Рӯзӣ Раҳимов – марди туркмантабори сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти “Деҳқононбод”-и ноҳия Дӯстии вилояти Хатлон мегӯяд, ки ӯ дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ба қавли падараш, онҳо соли 1949 ба Тоҷикистон омадаанд, вале сабаби тарк кардани кишварашонро намедонад.

Арӯсрабоӣ як рукни ассосии фарҳанги туркманҳо дар Туркманистон будааст, ки ҳоло ин шеваро кам-кам дар Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Ҳарчанд дар ин кишвари дуюм қонун барои ин амалашон ҷурмеро пешбинӣ накардааст, аммо мегӯянд, ки назар ба солҳои пеш кам анҷом медиҳанд.

Ӯ гуфт, ки фарҳанги интихоби арӯс ва бунёди оила бо гузашти солҳо қариб бо тоҷикон муштарак шудааст, бо тоҷикон муносибати хуб доранд ва солҳои ахир аз духтарони тоҷикон келин мекунанд. Аммо дар 10 соли пеш дар тасаввури онҳо хешовандӣ бо тоҷикон ҷой надошт ва боиси шармсорӣ мешуд, ки тоҷике духтари онҳоро хостгор мешуд.

Духтар додан ё гирифтан аз дигар миллатҳо расми туркманҳо нест, вале шояд бо ҳамқадами замон тафаккури мардуми ҳарду кишвар дар ин гӯшаи Тоҷикистон баланд шудааст, ки бо ҳамдигар хешу табор мешаванд.

Агар писару духтар ҳамдигарро дӯст медоранд, вале волидайни духтар барои издивоҷи онҳо розӣ нестанд, духтарро ба дигар ҷавон фотиҳа мекунанд. Рафту ҷавони қаблӣ духтарро қабл аз тӯй ё дар маросими тӯяш бидуздад, дигар на волидайн ва на хонаводаи домод ба ҷавоне, ки арӯсро медуздад, ҳуқуқи чизе гуфтанро надоранд. Солҳои пеш хонаводаи духтар аз баҳри духтарашон мегузаштанд ва дигар рӯи ӯро дидан намехостанд. Ҳоло ҳам арӯсрабоӣ миёни туркманҳо дида мешавад, вале мисли солҳои пеш нест, ки тамоман аз духтарашон рӯй гардонанд. Агар волидайн аз ишқварзии духтарашон бо ҷавоне огоҳ бошанду барои додани онҳо розӣ нестанд, духтарро то ба ҷавони дигар додан дар хона пинҳон мекунанд, ки ӯро надузданд.

Оғулдундӣ Ҷуманазарова – зани туркмантабори сокини 53-солаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мегӯяд, ки хонадор кардани фарзандони онҳо аз тоҷикон каме тафовут дорад. Тоҷикон ба фарзандони худ бештар духтарони синни 18-19-сола ва таҳсил накардаи донишгоҳро муносиб медонанд. Вале дар туркмантаборон қабл аз издивоҷ ҳам духтар ва ҳам писар дорои маълумоти олӣ гардида, сипас хонадор мешаванд. Ин як рукни ассоси фарҳанги туркманҳо мебошад: «Духтарони туркманҳо ба синни 26-27 расида, сипас ба шавҳар мебароянд, касе аз ҷавонон намегӯяд, ки вайҳо пир шудаанд. Писарон низ дар ҳамин синну сол хонадор мешаванд. Агар писари ман ба духтари тоҷик ошиқ шаваду волидайни духтар барои издивоҷи онҳо зид набошанд, ман розӣ ҳастам, ки ӯро келин кунам. Агар писар ба духтаре дил бандад, волидайн инкор карда наметавонанд, зеро ин суннати аҷдодии туркманҳо мебошад”.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон туркманҳо баробарҳуқуқӣ миёни зану мардро риоя мекунанд, духтарон дар таҳсилу интихоби шавҳар озоданд. Ин суолеро ба миён мегузорад, ки дину оини онҳоро гоҳо мепурсанд. Зиндагии туркманҳо ҳамеша барои аксар мардуми тоҷик аҷиб аст, ки оё онҳо мусалмон ҳастанд ва динашон чӣ аст?

Рӯзӣ Раҳимов мегӯяд, ки туркманҳо мусалмон ҳастанд, пайрави Эмоми Аъзам ҳастанд, дар масоҷид бо тоҷикон намоз мегузоранд, дар моҳи Рамазон ва дигар фарзҳо барои мусалмононро риоя мекунанд.

Туркманзабонҳо танҳо дар ду ноҳияи вилояти Хатлон қарор доранд ва онҳо масҷиди алоҳида надоранд. Бо тоҷикон дар як масҷид ҷанозаҳои худро мегузаронанд, аммо дар корҳои ҷаъмиятӣ фаъолияти онҳо дар ноҳияи Дӯстӣ назаррас будааст. Бештари донишҷӯён аз ҳамин ноҳия туркманҳо ҳастанд. 70 дар сади пизишкони ҳамин ноҳия туркманҳоянд.

Туркманҳо мисли аксар мардуми тоҷик як шуғли дигарашон кишоварзӣ аст, шуғле, ки дар Хатлон ҷорист. Манбаи дигари даромадашон низ аз муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Рӯзӣ Раҳимов 5 гектар замини кишти кишоварзӣ дорад, ки дар он пахта ва гандум кишт мекунад ва аз ин ҳисоб аробаи зиндагиашонро пеш мебаранд.

Исмоил Сардоров – раиси маҳаллаи туркманҳо дар ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, ки соли 2008 Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид ва ин қонун хароҷоти сокинонро ҳангоми тӯю ҷашнвораҳо ба танзим даровард. Қабл аз амалишавии ин қонун танҳо ҳаққи хонаводаи арӯс 25 ҳазор сомонӣ буд ва на ҳар кас тавони пайдо кардани ин пулро дошт. Ҳозир бошад, танҳо 11 ҳазор сомонӣ сарф мешавад: “Вақте қонун ба тасвиб расид, туркманҳо дар доираи қонун амал накарданд, ба хотири аз байн нарафтани расму оини аҷдодиашон. Баъди ҷарима кардани як ё ду хонавода барои поймол кардани қонун, ёдам нест, ки маблағи ҷарима чӣ миқдор буд, вале ҳозир қонунро хуб риоя мекунанд ва хушҳол ҳастанд, ки ҳангоми баргузории тӯй ҳама баробаранд”.

Ин қонун дар Тоҷикистон ба ҳама ақаллиятҳои миллӣ, ки дар ин кишвари Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд, дахл дорад ва бояд риоя шавад.

Аз Кумитаи бахши дин ва танзими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, ки туркманҳо қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистонро хуб риоя мекунанд. Онҳо шиносномаи тоҷикӣ доранд ва ҳамасола ба зиёрати хонаи Худо сафар мекунанд. Мисли мардуми маҳаллӣ дар ҳолати тӯю маъракаҳо аз мақомоти дахлдор иҷозатнома мегиранд. Дар 10 соли ахир ҳудуди 15 нафар аз туркманҳо ба хонаи Худо сафар кардаанд.

Тибқи маълумотҳои расида, дар вилояти Хатлон наздики 21 ҳазор нафар дар ду минтақаи ҷануби Тоҷикистон – ноҳияи Дӯстӣ ва Қубодиён зиндагӣ мекунанд. Вале дар ноҳияи Шаҳритус низ чанд хоҷагии дигаре аз туркманҳо умр ба сар мебаранд, аммо омори дақиқи онҳо расман зикр нашудааст.

Коршиносон дар Хатлон мегӯянд, ки туркманҳо дақиқан соли кӯчбандияшонро ба минтақаҳои Тоҷикистон намедонанд, аммо фарҳангу ҳунар, забон ва вижагиҳои зиндагияшонро ҳифз кардаанд.

Ясриби Карим – коршинос аз Хатлон мегӯяд, ки зиндагии онҳо бо вуҷуди дурӣ аз Туркманистон, ки як кишвари баста аст ва рафтуомадашон душвор, вале ҳифзи ананаҳояшон аҷиб боқӣ мемонад: “Туркманистон барои туркманҳое, ки аз Тоҷикистон ҳастанд, чандон убури марзро осон накардааст, вале туркманҳо ҳамеша ошиқи Туркманистон ҳастанд. Туркманҳое ҳастанд, ки боре аз ноҳия берун нарафтаанд, вале бо ифтихор дар бораи Туркманистон суҳбат мекунанд. Дар Хатлон то чанд соли пеш туркманҳо таҳсил мекарданд, ҳатто мактабҳои туркманӣ вуҷуд доштанд”.

Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, туркманҳо ҳудуди 400 соли пеш ба ноҳияи Дӯстӣ омадаанд. Онҳо аксар кишоварзӣ мекунанд ва нуфузашон сол ба сол бештар мешавад.

 

Ин матлаб дар чорчӯби лоиҳаи IWPR “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод” таҳия шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь