Бори аввал нест, ки норасоии кадриро дар гӯшаю канори кишвар эҳсос менамояму мешунавам. Барои он ки навиштаам ҳарфи хушку холӣ нашавад, ба сайти Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон сар задаму ҳуш аз сарам парид. Масалан дар ҳукуматҳои маҳаллии вилояти Суғд ноҳияе қариб нест ки бо норасоии кадрӣ рӯ ба рӯ нашуда бошад.

Аммо, фақат далел овардани ин ки “маош паст аст” фикр мекунам баҳонаи ягона буда наметавонад, балки мушкил дар сари ҷойи кор пайдо кардани даъвогарон ҳам ҳаст. Бубинед, дар эълоне, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ барои ишғоли  мансаби сармутахассис бо маоши 936 сомонӣ додааст, “2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ” талаб карда мешавад. Аммо аксари онҳое кор меҷӯянд, таҷрибаи корӣ надоранд. Пас, чунин наменамояд  аз эшон талаби “малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ” ба “гӯши кар азон хондан” – ро мемонад? Ин дар ҳолест, ки фақат дар ноҳияи мазкур ба 23 нафар корманд зарурат пайдо шудааст. Дар ноҳияи Панҷакент ҳам вазъ чунин мебошад: Дар ин ноҳия ба 33 нафар корманд эҳтиёҷ ҳаст, аммо намефаҳмам барои корманде, ки бояд ҳамагӣ аз ҳазор то ҳазору дусад сомонӣ маош гирад, талаби “эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ аз нозироти андоз” магар ҳатмӣ аст?

Аҷиб ки дар шаҳри Хуҷанд барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, маълумоти миёнаи касби кифоя мебошад. Довталаб фақат бояд “таьсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад”. Ҳеҷ боварам намеояд, дар шаҳри Хуҷанд мансаби “мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд бо маоши 1519,00 сомонӣ холӣ бошад. Ё шояд шахси “мувофиқ” пайдо нашудааст ё мансаби мазкур талаботи дигари нонавишта ҳам дорад…

Ба эълони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таваҷҷӯҳ менамоем. Маълум мешавад, ки мансаби сармутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд бо маоши 1427 сомонию шаст дирам холӣ будааст. Дар қатори дигар талаботи тахассусӣ барои довталабон чунин талаб ҳам ҳаст: “малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ”. Ман нафаҳмидам, аммо шояд шумо фаҳмед, ки инҷо “татбиқи манфиатҳои давлатӣ” чӣ маъно дорад? Оё манфиати кишвар давлатию ғайридавлатӣ буда метавонад?

Дар руихати талаботу номгузорӣ  боз бо як мафҳуми ғариб рӯ ба рӯ мешавем. Барои мутахассиси шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилояти Суғд дар баробари талаботи дигар ҳамчунин “донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд” дархост карда мешавад. Сарам гиҷ монд, ки “корҳои махсус” – и дастгоҳи Раиси вилояти Суғд чӣ талабҳое бошад?

Шумо медонед, ки барои донандагони забони қирғизӣ чун сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо маоши 1427 сомонӣ ҷойи корӣ ҳаст? Ба ин вазифа талаботи тахассусӣ “таҳсилоти олӣ, касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ (арабӣ, форсӣ, урду, пашту), ҳуқуқшиносӣ, фалсафӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ, филологияи тоҷик, омӯзгори фанҳои таърих, таърих ва ҷамъиятшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърих ва педагогика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти узбек, забон ва адабиёти қирғиз (бо бартарӣ додан ба ихтисосҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад”, мебошад. Барои ман ин талабот аҷиб тофт, барои Шумо намедонам.

Бубинед, ки барои мансаби сармутахассиси Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд талаботи тахассусӣ “таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (ба таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳои фарҳангшинос (композитор) ва санъатшинос бартарӣ дода мешавад”, мебошад. Намефаҳмам аз кай вожаи “композитор” (бастакор) синоним ба фарҳангшинос шудааст?

Хулоса, баргардем сари масъалаи асосӣ: То ҷое хабар ёфтам, вақте мансабҳои мазкур соҳиб пайдо намекунанд, аз ҷониби вазорати молия ҳазф карда мешаванд. Чандин маротиба, шахсан худам ва чандин маротиба кормандони мо дар бораи таъсис додани мансаби сухангӯи раиси ноҳия, махсусан дар вилояти Суғд назди раҳбарияти вилояти Суғд масъала гузошта будем. Вале то ба имрӯз ин масъала ҳал нашудааст. Зеро ба вилояти Суғд, махсусан дар фасли зимистон омаду рафт душвор аст ва хабарнигорон ба осонӣ метавонанд аз сухангӯи раиси ин ё он ноҳия маълумоти заруриро гиранд. Дар ҳоле даҳҳо ҷойи кори “бесоҳиб” монда, аз ҷониби вазорати молия лағв мешаванд, чаро раисони ноҳия ва ё роҳбарияти вилоят намехоҳанд корашонро осон намоянд?

Омӯзиш нишонам дод, ки дар ҳама ноҳияҳои вилояти Суғд аз 20 то 30 ҷои корӣ аст. Бинобар “бесоҳиб” мондани мансаб он ба сари дигар кормандон сарборӣ мешавад. Ана ҳамин маоши кам, талаби зиёд кормандони меомадаро “метарсонад” ва дилгармие ҳам ба мансабу вазифаи хеш надоранд.

Вақт аст то сари ин масъала андешанд, зеро ба қавле “ кормандони касбӣ ҳамаро ҳал мекунанд”.

Ба ҳар ҳол довталабон метавонанд  “дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь