Болоравии нархҳо дар оғози ҳар иду ҷашнҳо

Ҳамасола бо фарорасии иду ҷашнҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар, аз ҷумла, вилояти Хатлон нархи маҳсулоте, ки  ба он талабот зиёд мегардад, ба маротиб гарон мешавад. Имсол низ бо наздик омадани Соли навӣ мелодӣ нархи маҳсулот аз сабзавот сар карда то меваҷоту маҳсулоти хӯрокворӣ ва халтачаҳои солинавӣ боло рафтааст, ки ин нигаронии аксар сокинонро ба бор овардааст. Даҳҳо нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Фараж” бо изҳори ташвиш гуфтанд, ки дар як ҳафтаи охир нархи меваҷот, тухм ҳатто мандарину бананро боло бурданд, аммо касеро парво нест. Хуб мешуд масъулони дахлдор нархҳоро танзим кунанд, то мардум тавонанд дар Соли нав бо аҳли оилаи худ хурсандӣ кунанд. Барои огоҳии бештар пайдо кардан аз вазъи нарху наво хабарнигори “Фараж” рӯзи 26-уми декабри соли ҷорӣ аз бозору мағозаҳои вилоят дидан карда, нархи баъзе маҳсулотро, ки дар арафаи соли нав серхаридор мешаванд, пурсон шуд. Масалан, арзиши як халтачаи солинавӣ аз 10 то 100 сомонӣ, арчаи солинавӣ аз 40 то 2000 сомонӣ, як адад банан аз 6 то 7 сомонӣ, ананас аз 50 то 60 сомонӣ, гӯшти гов аз 50 то 70 сомонӣ, анор аз 25 то 30 сомонӣ, себ аз 10 то 15 сомонӣ, киви аз 20 то 25 сомонӣ, помидор аз 20 то 25 сомонӣ, бодиринг аз 18 то 20 сомонӣ, мандарин аз 10 то 15 сомонӣ арзиш доштанд ва эҳтимол ин нархҳо то як ду рӯз мондан ба соли нав боз гарон шаванд. Фурӯшандагони бозор зимни суҳбат гуфтанд, ки мо нархҳоро аз пеши худ гарон намекунем. Нархро дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо яклухтфурушҳо гарон мекунанд. Мо низ маҷбурем, ки ду се сомонӣ болои маҳсулоти харида монда фурӯшем, то хароҷотҳои худро барорем.

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавси Маҳмадсаид дар бораи қимати маҳсулот дар бозор гуфт, ки онҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалро танзим мекунанд, ки то рӯзи 25-уми декабри соли ҷорӣ нархи ин намуд маҳсулотҳо муътадил буд. Ӯ афзуд, ки мо ҳама талошҳои худро равона мекунем, ки дар арафаи соли нави мелодӣ нархро дар бозорҳои вилоят таҳти назорат қарор дода, ҳолатҳои беасос болоравии нархҳоро пешгирӣ намоем. Умед дорем, фурӯшандагони бозору мағозаҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ ба хотири манфиати бештар нарху наворо баланд намекунанд ва мардум соли навро бо хушӣ ҳамроҳи аҳлу оилаи худ истиқбол мегиранд. Боқӣ аз виҷдони онҳо вобастааст.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

ФАРАЖ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь