Як гуруҳ сокинони кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Фрунзе, Киров, Гулшан Муродии шаҳри Хуҷанд ба ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” муроҷиат карда, изҳор доштанд, ки ду сол боз баъди чаппа кардани манзилҳои истиқоматиашон саргардонанд. Тавре онҳо дар суҳбат бо мо иброз доштанд, тибқи қарор дар бораи сохтмони биноҳои баландошёнаи бисёрҳуҷрадор вобаста ба иҷрои нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ширкати ҶДММ “Ҳусноро-1”, ки ба шаҳрвандони Чин тааллуқ дошт, бояд дар макони манзилии онҳо хонаи истиқоматии баландошёна дар давоми 8 моҳ бунёд мекард, вале ду сол сипарӣ мешаваду аз хона ва шаҳрвандони чинӣ дараке нест.

Собиқ истиқоматкунандагони ин макон гуфтанд, ки «соли 2015 бо ҶДММ “Ҳусноро-1” шартномаи ба моликият супоридани ҳавлии истиқоматӣ барои бартарафсозӣ бо шарти пайдо кардани ҳуқуқи моликият дар квартираи хонаи навбунёдшуда бастем ва тибқи ҳамин шартнома (банди 2.1.2) “… то ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ ва супоридани квартира ба соҳибмулки хонаи бартарафшуда барои ҳар метри мураббаъ дар ҳаҷми 2 доллари Амрикоӣ баробар бо асъори миллӣ…” иҷорапулӣ дода мешавад».

Рита Вергазова, яке аз собиқ истиқоматкунандагони ин макон гуфт, ки «акнун муҳлати амали шартнома ба итмом расид ва мо ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва ба прокуратура вобаста ба иҷро нагардидани шартҳои шартнома муроҷиат кардем, онҳо низ ба мо кӯмак нарасониданд. Бо ҳамин мақсад ба намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд муроҷиат кардем, ба мо гуфтанд, ки ба ҳеҷ куҷо нанависед ва ба Душанбе ҳам муроҷиат накунед, ба президент низ муроҷиат накунед ва ҳама дар бораи шумо иттилоъ доранд. Вале касе ба мушкилоти мо расидагӣ намекунад. Ду сол шуд мо интизорем. Як сол пеш ба қабулгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд рафтем. Ӯ гуфт, ки шумо як соли дигар вақт доред, равед, ба шумо хона месозанд. Мо гуфтем, ки мо ҳаққи худро мехоҳем. Ва баъди он вохӯрӣ бо раис як соли дигар ҳам гузашт, вале чизе дигаргун нашуд”.

Хонум Рита Вергазова ҳамчунин изҳор дошт: «Намояндаҳои ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба мо гуфта буданд, ки масъулони ширкати “Ҳусноро-1” барои тамдид кардани раводиди худ аз Тоҷикистон рафтаанд. Ду моҳ сипарӣ шуд, аз онҳо хабаре нест. Намояндаҳои ҳукумати шаҳри Хуҷанд гуфта буданд, ки 25-уми сентябр ба мушкилоти шумо расидагӣ мекунем ва инак охири моҳи октябр аст, танҳо ҳукумати шаҳр ба ҳар хонавода 800 сомонӣ барои иҷораи хонаи истиқоматӣ дар моҳи октябр ба мо дод”.

Сокини дигари ин маҳалла Мавҷуда Алибоева, нафақахӯр, модари 5 фарзанд, илова кард, ки «фасли сармо наздик аст ва чӣ мешавад мо намедонем. Кӯдакони хурдсол дар ин хонаводаҳо ҳаст ва бигзор ба мо хонаи истиқоматӣ созанд ё диҳанд, ки зиндагӣ кунем».

Рита Вергазова илова кард, ки “мо хабар ёфтем чиниҳо ба ин ҷо барнамегарданд. Бигзор ҳукумат ба мушкилоти мо расидагӣ кунад. Чиниҳо то замони ба итмом расидани шартномаҳои мо идораҳои кориашонро супорида ва мошинҳоро фурӯхта аз ин ҷо рафтаанд. Чӣ тавр ҳукумат бехабар монд, ки ин маконро партофта рафтанд?”.

Сокини дигари ин маҳалла Мавлуда Зоҳидова мегӯяд, ки «раисони маҳалла даҳҳо маротиба дарҳои хонаи моро кӯфта, мегуфтанд, ки “ин ҷо ҷойи давлат, нахезетон намешавад”. Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода моро борҳо ҷамъ карда гуфта буданд, ки нахезед намешавад ва ин лоиҳа 40 сол боз дар нақша аст. Мо савол карда будем, ки мо сарсону саргардон намешавем? Он замон Маъруф Муҳаммадзода гуфта буданд, ки шуморо сарсону саргардон намекунем ва кафолат медиҳем ба шумо. Ҳамчунин, гуфта буданд, ки чиниҳо дар як сол хонаҳоятонро сохта медиҳанд ва дар ин муддат маблағи иҷораи дусолаатонро мепардозанд. Моҳи гузашта дар ин макон раисон моро гирд оварда гуфтанд, ки агар чиниҳо омада корро накунанд, дигар ширкатҳо ҳаст, ки хонаҳои шуморо месозанд”.

Ӯ илова кард, ки як моҳ сипарӣ шуд, вале ҳанӯз ҳеҷ сохтмон дар ин макон шуруъ нашудааст.

– Дар давраи раисии Раҷаббой Аҳмадзода, ки он замон хонаҳои мо чаппа кардагӣ набуд, ба қабулгоҳаш рафтем. Ба раис гуфтем, ки ҷойи зистро додан баробар ба ҷон додан аст. Нашвад мо сарсону саргардон ва пушаймон шавем? Он вақт раис гуфтанд, ки «не, пушаймон намешавед. Ин ҷо ҳукумат, адлия, экология ҳамроҳ аст ва шумо ба мо раҳмат мегӯед». Сеюм сол боз мо интизори раҳмат гуфтан ба Аҳмадзода сарсону саргардон гаштем,- изҳор дошт Мавлуда Зоҳидова.


Сокинони ин маҳаллаҳо мегӯянд, дар ин мавзеъ 32 хоҷагӣ зиндагӣ мекарданд, ки ҳар хоҷагӣ иборат аз фарзандону оилаҳои онҳост ва наздики ҳазор нафар сукунат доштанд.

Дар ҳамин ҳол, Маъмур Юсуфов, роҳбари дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба суоли мо, ки ширкати “Ҳусноро-1” куҷост ва чаро фаъолият надорад, гуфт: “Мо ба Сафорати Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин ширкат мактуби расмӣ ирсол кардем ва маълумоти заруриро ба шумо ирсол мекунем”.

Дар мавриди тақдири ояндаи сокинони ин маҳаллаҳо барои таъмини манзил ва пардохти иҷораи хонаҳо Маъмур Юсуфов зикр намуд: “Сокинони ин маҳаллаҳо метавонанд рӯзҳои шанбе, ки рӯзи қабули роҳбарият аст, биёянд ва ҳатман ба мушкилии онҳо расидагӣ мешавад”.

Ҳуқуқшиноси ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Абдураҳмон Шарипов бар ин назар аст, ки “тибқи муқаррароти моддаи 263-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 118-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул вобаста ба қарори мақоми давлатӣ, ки мақсади бевосита гирифтани молу мулкро аз молик надорад, аз ҷумла қарори гирифтани замин, ки дар он хонаи молик, дигар иморату иншоот ва дарахтзор воқеъ аст, танҳо тибқи ҳолати тартиби муқаррарнамудаи санади қонунӣ қатъ гардида, ба молик амволи баробарарзиш дода, дигар хароҷоти ӯ ҷуброн карда ё тамоми зиёне, ки вобаста ба қатъи ҳуқуқи моликиаш ба ӯ расидааст, пурра баргардонида мешавад.

Бар асари риоя нашудани талаботи қонун ва беназоратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шахсони мансабдори ҶДММ “Ҳусноро-1”, пас аз бартараф кардани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, уҳдадориҳои гирифтаашонро вобаста ба оғози корҳои сохтмони биноҳои баландошёна ва бисёрҳуҷрадор, ки бо Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд пешбинӣ карда шудаст, иҷро накардаанд.

Дар натиҷа, воқеан ва ғайриқонунӣ ҳуқуқҳои манзилии 32 оилаи сокинони шаҳри Хуҷанд дағалона вайрон гардида, ба ҳолати беманзилӣ мононда шудаанд”.

Аҳлиддин САЛИМОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь