Ё чанд маълумот ва андешаи парешон атрофи он
Мусаллам аст, ки тамоми дарёҳои азим асосан дар натиҷаи ба ҳам пайвастани шохобҳои хурду калон ба вуҷуд омадаву баъдан ҳаҷман калон мешаванд.
Зарафшон, ки яке аз рудҳои калонтарини на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Миёна ба шумор меравад, маҳз дар пайи якҷо шудани шохобҳои шаҳру ноҳияҳои ин водии зархез-Панҷакент ва Айниву Масчоҳи Кӯҳӣ ба вуҷуд меояд.
Шаршараи Каздони ноҳияи Айнӣ сароби яке аз шохобҳои дарёи овозадори Зарафшон ба шумор рафта, он дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Дарёи пуртуғёни ин диёри биҳиштосо ва макони фарзандони оқилу фарзона маҳз аз ҳамин Шаршараи зебову тамошобоб ва муъҷизаи беҳамтои табиат маншаъ гирифта, то ба руди Зарафшони бузург рафта мерасад.
Хусусияти нодир будани ин Шаршара дар он зоҳир мешавад, ки он домани пиршахи азимҷуссаеро ба таври муъҷизавӣ шикофта, дар масофаи тахминан 150- 200 метр бо шуру шари хоса, ки нидояш ҳатто аз чанд км дуртар ҳам шунида мешавад, ба замин ҷорӣ мегардад.
Ба саволи он, ки оби Шаршараи мазкур дар байни ин қадар сангу шахҳои бадвоҳимаи касногузар аз куҷо меомада бошад, чунин посух додан ҷоиз аст, ки ба эҳтимоли зиёд манбаи асосии он куле бо номи Ҳавзи Бетаг ба шумор равад, ки бошандагони ин диёр онро чунин ном бубаранд.
Ҳамзамон, пиряхҳои дар руйи куҳи Арарасанги деҳ хуфтида, ки ҳатто гармои тобистон ҳам онҳоро пурра нест кардан наметавонад, эҳтимолан оби онҳо куҷое дар зери куҳу шахпораҳои воҳиманок бо оби Ҳавзи Бетаг якҷо шуда, аз ин сурохии пиршах ҷорӣ мегарданд, ки дар натиҷа чунин Шаршараи поку мусаффо ба вуҷуд омадааст.
Баъди ба руйи замин пошидан оби Шаршара танҳо дар масофаи бештар аз 10-12 метр аз болои сангу регҳо ҷорӣ гаштаву оҳиста-оҳиста гум мешавад… Сипас, дар як мавзеи ҳамвории 2-3 км поёнтар оби он аз чанд ҷо ва ба мисли чашмаҳо аз миёни сангҳо боз пайдо шудаву маҳз аз ҳамин макон дарёи Каздон оғози маҷрои хешро пайдо мекунад.
Ҳарчанд Ҳавзи Бетаг хеле калонҳаҷм аст, вале то кунун вобаста ба масофаи гирду атроф ва баландии он маълумоти аниқу дақиқ мавҷуд нест.
Барои расидан ба Ҳавзи Бетаг мавзеъҳои Чол ва Лайлоқчаро бо панҳоҳои каҷу килеб (роҳҳои хеле хурди ноҳамвор) сипарӣ бояд кард, ки дар ҳар қадам пешорӯи кас сангҳои сафеди калон- калон, тобасангҳои боби фатирпазӣ барои занони овулнишин, ки гӯё усто онҳоро бо маҳорати хоса тарошида бошад, вомехӯранд.
Новобаста ба мавқеи ҷойгиршавии наздики 4 ҳазор метр баландӣ аз сатҳи баҳр, дар талу теппаи ҷойҳои болозикр гулу алафҳои гуногун, дарахтони арча ва дар байни бошандагони ин деҳ бо номҳои Фаркак ва Четан маълуму машҳур ва ғайраҳо низ мерӯянд ва махсусан сабзазори мавзеи Лайлоқча дар вақти тобистон айни тамошост.
Ранги оби Ҳавзи Бетаг кап- кабуд буда, дар қисми бештари гирду атрофи он барфу пиряхҳо ҳатто дар фасли тобистон ҳам ба назар мерасанд. Обаш ончунон сард аст, ки нушидан як тараф истад, ҳатто шахс тоқат кардан наметавонад, ки як фурсати кӯтоҳ дастонашро дар он нигоҳ бидорад.
Аз назди Ҳавзи Бетаг то макони ҷоришавии Шаршара шояд тақрибан бештар аз 6-7 км роҳ бошад. Маълум мегардад, ки оби кули мазкур ҳамин қадар масофаро дар зери сангу шахҳои бодабдаба гузаштаву пасон банди дили шахи азимеро шикофта, ба замин мерезад.
Дар байни мардуми ин деҳ аз давраҳои пеш анъанаи аҷибе роиҷ шуда, ки ҳар нафаре ба тамошои Ҳавзи Бетаг барояд, ҳатман номи хешро бо сана ва моҳу соли он рӯз дар сангҳои хурду калон бо нуги тобасангҳои тез менависад.
Бинобар ин, ҳангоми гузар кардан аз чунин мавзеъҳо сари ҳар қадам дар сангҳо исми чандин нафар сокини деҳаи зикршударо вохӯрдан мумкин аст, ки даҳсолаҳо пеш нависта шудаанд ва мутаассифона бархеи онҳо аллакай дар қайди ҳаёт нестанд.
Бале, дар табиат чашмаҳову шаршараҳо хеле зиёданд, ки аз болои сангу шахҳо ҷорӣ мешаванд, вале хеле ва хеле ангуштшуморанд он шаршараҳое, ки дили сангу шахҳои азимҷуссаро ба таври ҳайратангез шикофта, аз баландиҳо ҷорӣ шаванд.
Бидуни шак, вуҷуд доштани ингуна Шаршара аз туҳфаи нодири табиат ба инсоният дарак медиҳад, то аз тамошояш лаззат барад ва ба қадри чунин офаридаҳои ҳаёт бирасад.
Аз ин ҷост, ки мардуми деҳаи Каздон аз руйи эҳтироми хос ин муъҷизаи табиатро дар байни худ ҳатто Муллошаршара ном мебаранд.
Аз шоҳидони ҳоли деҳа нақли ҷолибе шунидам: Чандин сол қабл як зани солманди русто дар рахти беморӣ ва дар арафаи ҷон ба Ҷонофарин таслим кардан қарор доштан аз пайвандонаш хоҳиш менамояд, ки барои ӯ аз ҳамин Шаршара об биоваранд. Охирин орзуи он зани бемор ҳамин будааст ва вақте хоҳишашро фарзандон иҷро мекунанд, чанд рӯз пас аз олам мегузарад.
Ин ҳодиса аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми ин диёр Шаршараи мазкурро, ки рамзи зебоиву покӣ, манбаи сарсабзиву шукуфоӣ ва ободониву хуррамӣ аст, ниҳоят дӯст ва нисбаташ эҳтирому эътиқоди хоса доранд.
Бо гузашти чандин сол ва бо шарофатии рухсатии меҳнатӣ чанде қабл имкон ёфтем, ки бори дигар ба тамошои ин Шаршараи муъҷизаосои зодгоҳ баромада, дар ин тамузи тафсон лаҳзае ҳам бошад, ба руҳу ҷони худ ҳаловат бахшем.
Бигзор ба табиати Ватани азизамон, ки тамоми гӯшаву канори он пур аз манзараҳои нодир, ҷаззобу мафтункунанда ва тамошобоб аст, ҳеҷ гоҳ ва ҳатто як зарра ҳам газанд нарасад.
Хусрав Шоҳсаидзода,
журналист,
Душанбе-Каздон-Душанбе