Беш аз 100 – нафар кӯдакону наврасони вилояти Хатлон барои таъмини рӯзгори худу наздиконашон дар бозорҳои шаҳри Бохтар ба боркашонӣ, аробакашӣ ва пойафзолтозакунӣ машғуланд, ки ин ҳолат масъулини ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ба ташвиш овардааст. Ноболиғонро чӣ маҷбур мекунад, ки аробакашӣ кунанд?

“Бор дошта бошед мебарам. Апаҷон, акаҷон ёрдам даркор нест”? Бо чунин суолу пешниҳод субҳи кории Амирхон Тағоев шурӯъ мешавад. Ӯ 13 сол дошта, барои таъминоти рӯзгор ҳар субҳи барвақт ба бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар омада гоҳе руйи даст ва гоҳе даст ба дасти ароба дода, маҳсулоти харидкардаи сокинонро то ба ҷойи фармудаашон мебарад ва бар ивази кораш аз 2 то 5 сомонӣ ҳаққи кор мегирад. Амирхон Тағоев дар синфи шашум таҳсил карда, ба фанни риёзӣ шавқ дорад ва орзуи табиб шуданро дар дил мепарварад, вале барои ҳар рӯз ғизо ёфтан ӯ маҷбур аст аз таҳсил ва орзуҳои худ дур шуда, борҳои вазнини харидорони бозорро кашонад.

Амирхон: “Зиндагии хуби ҳамсолонамро орзу дорам”.

Амирхон Тағоев дар яке аз оилаҳои ниёзманд зиндагӣ мекунад ва бар души хеш бори вазнини мардумро мекашонад:

– Модарам пайваста таъкид мекунад, ки саломатии худро эҳтиёт кунам, бори вазнин набардорам, вале дар ин кор мушкил аст маблағ ёфтан бе вазнинӣ, – изҳор дошт ӯ. Ин навраси заҳматкаш аз саҳар то нисфирӯзӣ ба боркашонӣ машғул шуда, баъди нисфи рӯз ба дарс меравад, бегоҳ ба хона омада бо волидон аз буду набуди маҳсулоти ғизоӣ сӯҳбат мекунад ва нақшаи кории фардоро мекашад. Каму кости рӯзгор ӯро обу тоб додааст. Дастонаш пайваста бо дасти ароба ва борҳои вазнин пайванд буда, харошидаву шахшул шудаанд: “Дар сардиҳо кор вазнинтар мешавад, зеро ҳавои хунук қувваи корро мегирад, аксар вақт дар борону барф кам кор мекунам. Дар ин лаҳзаҳо аз вазнинии рӯзгор ва ночориҳоям ба дод меоям, гоҳе пинҳонӣ ашк ҳам мерезам, зеро аксар ҳамсолони ман зиндагие доранд, ки ман орзу дорам, вале медонам, ки аз бекор нишастан ҳолам беҳ намешавад боз ҳам шукр карда, корамро идома медиҳам”,- гуфт Амирхон. Ӯ имрӯз ҷойи падар таъминкунандаи рӯзгори хонавода гаштааст ва пеши мушкилиҳо сар хам накарда, бори дӯшашро то манзил мебарад: “Баъзан хастагиву афсурдаҳолӣ ба у имкони чолок буданро намедиҳад ва ин ҳол фурсати корро маҳдуд месозад барояш. Гоҳе мешавад, ки имкони пул кор кардан намеёбам чун борбарон зиёданду рақобат шадид, ҳар касе пештару чолоктар равад ҳамон нафар бори харидоронро мебарад,- мегӯяд Амирхон.

Амирхон дар оилаи серфарзанд ба дунё омада, писари хурдии хона аст. Онҳо дар оила 6 фарзанд чор духтар ва ду писаранд. Ба нақли Амирхон, апаҳояш соҳиби оила ва пайи зиндагии хешанд. Бародари калонӣ ҳам аз волидон ҷудо зиндагӣ карда, ба онҳо кӯмак намекунад:

“-Модарам ҷое кор намекунад, падарам дар як анбор кор мекард, вале ду сол пеш ба нафақа баромад ва 180 сомонӣ нафақапулӣ мегирад, ки ин барои рӯзгузаронии мо кофӣ нест. Барои кӯмак ба падарам боркашониро аз синфи чорум шурӯъ кардам. Ду сол мешавад, ки бо ин кор дар як рӯз то 30 сомонӣ кор мекунам ва маҳсулоти ғизоӣ харида ба хона мебарам”, қисса кард Амирхон.

Омӯзгорон: Ба оилаи онҳо кӯмак мекунем

Ӯ дар баробари боркашонӣ дар дарсҳо ҳозирҷавоб буда, гоҳе шогирди фаъоли омӯзгорон мегардад. Омӯзгорони муасисаи таълимие, ки Амирхон онҷо таҳсил мекунад, фаъолнокии ӯро дар дарсҳо нақл карда, зеҳни бурро ва рафтори хубашро таҳсин намуданд:

“Амирҷон дар дарсҳо фаъол аст ҳарчанд, ки кам иштирок мекунад ва хастаҳол менамояд, вале фанни риёзиро хуб медонад. Аз зиндагии душвори онҳо огоҳем. То ҳадди имкон кӯмак мекунем ба онҳо. Ба хусус китобҳои дарсӣ ва либоси мактабиро барояш ройгон медиҳем” – изҳор доштанд омӯзгорон. Дар баробари Амирхон даҳҳо кӯдакони дигар низ бо чунин шева рӯзгори худро пеш мебаранд. Зеро сатҳи зиндагии сокинони вилоят, бахусус оилаҳои серфарзанд нохуб буда, мушкилиҳои иқтисодӣ кӯдакону наврасонро водор мекунад то ба боркашонӣ ва ё пойафзолтозакунӣ машғул шуда, барои худ ғизо харанд.

Хатлон беш аз 70 ҳазор камбизоат дорад?

Бо мақсади дарёфти омори оилаҳои ниёзманд дар вилояти Хатлон мо ба Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии вилоят муроҷиат намудем. Тибқи иттилои масъулини шуъбаи ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар нӯҳ моҳи соли ҷори 70845 оилаҳои ниёзманду камбизоати вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 59460 оила кӯмакпулӣ мегиранд.

Ба иттилои масъулин, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кулоб ва Кушониёну Вахш оилаҳои ниёзманд бештар ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар шаҳри Бохтар 3720 оила, дар шаҳри Кулоб 6040 оила ва дар ноҳияи Кушониён 3827 оилаи ниёзманд умр ба сар мебаранд. Ҳар як оила тибқи муқаррарот 128 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд, ки бо назардошти вазъи бозор ва иқтисодиёти имрӯза хеле кам аст барои таъмини рӯзгор.

Волидон бояд масъулият дошта бошанд

Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар, мутахасиси пешбари намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон, аз ҳуқуқи чунин кӯдакон ҳимоя карда, иброз дошт, ки сатҳи зиндагие, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии кӯдак зарур аст волидон уҳдадоранд, ки таъмин намоянд. Барои таъмин чунин сатҳи зиндагӣ волидон бояд масъулияташонро дуруст иҷро намоянд:

– Дуруст аст, ки сатҳи иқтисодии бархе аз оилаҳо ба волидон имкон намедиҳад, ки ба фарзандон зиндагии хубро муҳайё созанд, аммо таҷрибаҳои корӣ нишон доданд, ки бархе аз падару модарон нисбати тақдири фарзандонашон бепарво буда, дар муҳоҷират ё ҷойи дигар қарор дошта, фарзанди хешро ба бибию бобо гузошта, аз ҳолаш намепурсанд. Дар ин сурат кӯдакони ноболиғ дар муҳити носолим зиндагӣ карда, барои зистан бо ҳар роҳ мубориза мебаранд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб намудани ноболиғонро манъ намудааст. Дар ҳолати ба кор ҷалб гардидани онҳо волидонашон ба ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ кашида мешаванд. Волидонро зарур аст барои таъмини рӯзгори худу фарзандон фаъолияти дурустро ба роҳ монда, дар сурати эҳтиёҷ пайдо кардан ба идораҳои дахлдор муроҷиат намоянд, барои гирифтани кумакпулӣ ва ё маводҳои ғизоӣ, аммо онҳо набояд фарзандони ноболиғи худро чун қувваи корӣ ва таъминкунандаи рӯзгор истифода кунанд, – гуфт Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь