Ба самти “Истаравшан – Калининобод” равӣ, аз мошинат маҳрум мешавӣ, ба самти “Калининобод – Ғончӣ” равӣ, кисаат холӣ мешавад…

Роҳи Истаравшан-Калининобод се ҷамоати ноҳияи Деваштичро ба шаҳри Истаравшан мепайвандад. Ин роҳ тақрибан 22 км дарозӣ дорад ва мувофиқи нишондоди харитаи “Гугл” бо автомобил ин роҳро дар муддати 40-45 дақиқа тай менамоӣ. Аммо аз чӣ бошад, ки зиёда аз якуним соат вақт дар ин роҳ сарф мешавад. Ронанда мошинро чунон оҳиста меронад, ки пиёда метавон аз ӯ пеш гузашт. Гарчанде бо суръати паст мошинро ронанд низ, вале ин наметавонад носозии роҳро пинҳон созад. Мувофиқи гуфтаҳо ин роҳ солҳои нимаи дуюми  асри гузашта сохта шудааст ва то ин дам ба мардум хизматрасонӣ мекунад. Ҳамарӯза мардуми ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ, Ростровут ва Ваҳдати ноҳияи Деваштич баҳри хариди молу колои рӯзгор ба шаҳри Истаравшан мераванд. Аз сабаби мушкилии роҳ онҳо бо азобе роҳро тай месозанд. Дар ин роҳ аксар нақлиёти борбар истифода мешаванд. Ронандагон дар сӯҳбат ба мо, ки “Чаро спринтерҳои замонавӣ харидорӣ намекунед, то мардум дар роҳ азоб накашанд?” – чунин гуфтанд:

– “Охир дар ин роҳ ҳамин “Газел” базӯр равуо мекунад. Қариб ҳар рӯз ягон ҷои мошин вайрон мешавад. Аққалан роҳ камтар ҳамвор бошад, то ки мо тавонем спринтер харидорӣ кунем”.

Амир зиёда аз се сол мешавад, ки ба ҳайси ронанда фаъолият дорад. Ӯ ҳафтае се маротиба тариқи ин роҳ сафар мекунад. Субҳ мардумро ба бозор мебарад ва нисфирӯзӣ ба хонаҳояшон. Чӣ тавре, ки худи ӯ мегӯяд, ҳолатҳое пеш омадааст, ки нисфи шаб ба манзил рафта расидааст.

“Роҳ нообод аст. Деҳаи мо на он қадар дур, дар масофаи 30-35 километр ҷойгир аст. Агар роҳ ҳамвор бошад, дар 30-40 дақиқа ин роҳро тай карда метавонӣ. Аз сабаби вайронии роҳ мо ин масофаро дар якуним ду соат паси сар мекунем. Як рӯзи зимистон дар роҳ мошинам вайрон шуд. Аз сабабе, ки дар ин наздикиҳо ягон устохонае нест ва акс гирифтагь барин, ягон мошин ҳам ҷониби Истаравшан намерафт. Дар ин вақт мардум ба деҳаҳояшон бармегарданд. Ҳаво хунук, туман, мардум дар азоб. Ба рафиқам, ки мошин дошту дар деҳа буд, занг задам. Ӯ омад, қисми эҳтиётиро ба шаҳр бурда, таъмир карда омадем. То васл кардем, ки торикӣ фаро расид. Ҳамин тавр нисфи шаб ба деҳа омада расидам.” – мегӯяд Амир.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ӯ аз маҷбурӣ ба ин кор даст задаву бо машаққат як бурида нонашро пайдо мекунад. Ба қавли худи Амир, ӯ пештар ба муҳоҷират мерафт, се сол пеш ӯро аз Маскав ихроҷ карданд ва ӯ “бекор нанишинам”, – гӯён ба ронандагӣ машғул гардид ва ҳамакнун бо ҳамин роҳ рӯзгорашро пеш бурда истодааст. Зиёда аз нисфи маблағи кор кардааш барои қисмҳои эҳтиётӣ масраф мешаванд. Амир мошини тамғаи “Газел” дорад, ки аз сабаби хуб набудани шароит доим мусофирон азият мекашанд.

“Мошинам кӯҳна, мусофирон – асосан рост истодагон бисёр азоб мекашанд. Чун барои онҳо мошин тангӣ мекунад. Бисёриҳо мегӯянд, ки “Спринтер” бихар. Охир вай мошини нозук аст, ҳам нархаш гарон, дар ин роҳҳо дар ду рӯз тамоман корношоям мешавад. Ба харидани қисмҳои эҳтиётиаш бошад, зӯри киссаи ман намерасад. Барои таъмири нақлиёти ҳозираам бе ин ҳам мушкилӣ дорам.” – нақл мекунад ӯ.

Ҳангоми убури ин роҳ ронанда гӯё, ки “пули сирот” – ро тай карда истода бошад. Доим дар зикр аст, то ки ягон ҷойи мошинаш вайрон нашавад.

Амир мегӯяд, ки рӯзе мешавад мошин пур, мардум бо як азобе то ба манзили худ мерасанд. Ва боз рӯзҳое мешаванд, ки бо ду ё се нафар мусофир ба шаҳр меравӣ. Чун дигар илоҷ нест, дар аксар деҳаҳои се ҷамоати мазкур дар як рӯз як нақлиёти ҷамъиятӣ ба шаҳр мераваду халос. Ронандагон метавонанд тариқи роҳи Калининобод-Ғончӣ ба шаҳр рафта оянд, чун ин роҳ ҳамвор аст. Аммо Амир мегӯяд, ки ин роҳ низ мушкилӣ худро дорад:

“Бале ин роҳ ҳамвор аст, вале дар ин роҳ сари ҳар қадам нозирони роҳ истодаанд, ки барои тағйири самти ҳаракат моро ҷарима мекунанд. Бинобар ин, беҳтар аст, бо ҳамон роҳи пешина равем. Мо умед дорем, ки масъулин ин роҳро низ обод месозанд. Аз ин роҳ натанҳо мо сокинони се ҷамоат, ҳатто сокинони баъзе аз деҳаҳои Мастчоҳи куҳӣ низ истифода мебаранд”.

Тариқи ин роҳ натанҳо сокинон, балки мошинҳои боркаш низ барои мардуми Истаравшану Чорбоғ сангу шағал мекашонанд, ки ин ҳолат низ яке аз сабабҳои валангор гардидани роҳ мегардад.

Чанд сол қабл тариқи трактор ин роҳро ҳамвор намуда буданд, ки ин амалашон низ натавонист, то дер роҳро ҳамвор нигоҳ дорад. Пас аз гузашти чанд вақт ва боронгариҳо боз ҳамон ҳолати аввал ҳатто бадтар аз ҳолати пешинро гирифт роҳи мазкур.

5-6 сол пеш аз ронандагон баҳри таъмири роҳ маблағе низ ҷамъоварӣ гардида буд. Ҳамон вақтҳо гӯё ширкате бо ивази гузоштани тарозу омода будани худро баҳри таъмир баён намуда буд. Аммо ин гапу хабар низ бо гузашти вақте аз хотираҳо гусаста шуд. Аҷаб нест мавҷудияти роҳ низ аз хотири шахсони масъули минтақа ба гӯшаи фаромӯши рафта бошад?

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь