Ноҳияи Фархор дар қисми ҷанубии вилояти Хатлон ҷойгир буда, дорои беш аз 465 кати табобатӣ мебошад, ки аз он 285 кати табобатӣ дар беморхонаи марказӣ мавҷуд буда, 180 кати табобатӣ дар 4 беморхонаи рақамӣ ё минтақавӣ ҷойгир мебошанд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор аз шуъбаҳои ҷарроҳии калонсолон бо 28 кати табобатӣ, шуъбаи урологӣ бо 12 кати табобатӣ, шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона бо 15 кати табобатӣ, шуъбаи осебшиносӣ бо 20 кати табобатӣ, шуъбаи таваллуд бо 50 кати табобатӣ, шуъбаи касалиҳои сироятӣ бо 36 кати табобатӣ, шуъбаи касалиҳои дарунӣ бо 20 кати табобатӣ, шуъбаи бемориҳои неврологӣ бо 10 кати табобатӣ, шуъбаи касалиҳои дил бо 20 кати табобатӣ, шуъбаи бемориҳои кӯдакона бо 35 кати табобатӣ, шуъбаи табобати гӯшу гулӯ ва бинӣ бо 19 кати табобатӣ, шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) бо 5 кати табобатӣ ва шуъбаи касилиҳои пӯсту захм ва венерологӣ бо 15 кати табобатӣ таъминанд.
Шумораи умумии муассисаҳои табобатии ноҳияи Фархор 68 муассисаи табобатиро ташкил медиҳад, ки аз он 56-тоаш дар деҳот ҷойгир буда, 12 муассиса дар маркази ноҳия ва шаҳракҳо ҷойгир мебошанд, ки аз он 26-тоаш марказҳои саломатӣ буда, 23-тои дигараш бунгоҳҳои саломатӣ мебошанд. Боқӣ 18-тои дигар марказҳои махсуси табобатӣ мебошанд.
Дар умум, дар ноҳия 928 нафар табиб ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, ки аз ин 173 нафарашон дорои маълумоти олӣ буда, 755 нафари боқимонда кормандони миёнаи тибанд. 97 нафар ба ҳайси кормандони техникӣ кор мекунанд.
Имрӯз дар системаи госпиталии ноҳияи Фархор қариб тамоми табобати фаврии ҷарроҳӣ ба дараҷаи хуб ба роҳ монда шудааст. Давоми нимсолаи аввали соли 2017 дар шуъбаи ҷарроҳии умумӣ 194 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 187 амалиёти ҷарроҳии фаврӣ буда, ҳамагӣ 7 амалиёти ҷарроҳӣ нақшавӣ мебошад. Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона бошад, 57 амалиёти фаврии ҷарроҳӣ гузаронида шуда, 545 нафар кӯдакон дар ин шуъба ройгон хатна карда шудаанд. Дар шуъбаи осебшиносӣ бошад, давоми 6 моҳи охир 36 бемор бистарӣ карда шудаанд, ки аз онҳо 29 бемор аз деҳот буда, ба 29 нафар беморони дигар амалиётҳои фаврии ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.
Дар ҳуҷраи рентгенӣ давоми 6 моҳи соли 2017-ум ба 1495 бемор хизмати рентгенӣ расонида шудааст. Дар шуъбаи таваллудхонагии беморхонаи марказии ноҳияи Фархор давоми 6 моҳи соли равон 1585 таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагӣ дар ин давра 2 таваллуд дар шароити хона ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз беҳтарин нишондод дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад. Дар шуъбаи табобати кӯдаконаи беморхонаи марказӣ давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 183 бемор ба қайд гирифта шуда, дар як вақт аз тарафи табибони ин шуъба 1886 беморони амбулаторӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Баҳри табобат ва пешгирии бемориҳо саҳми беморхонаҳои рақамӣ низ басо калон мебошад. Аз ҷумла, дар беморхонаи рақамии №2-и ҷамоати Зафари ноҳияи Фархор, ки дар ин ҷамоат 13871 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд, давоми шашмоҳаи аввали соли 2017-ум 493 бемор ба қайд гирифта шудааст, ки иҷроиши катҳо 100,08 %-ро ташкил дода, аз он иҷроиши катҳои таваллудӣ 131,2 % мебошад. Шумораи умумии кормандони тиб дар ин беморхона 21 нафарро ташкил менамояд, ки аз он духтурони маълумоти олидор 2 нафар буда, кормандони миёнаи тиб 14 нафар ва 5 нафари дигар кормандони техникӣ мебошанд.
Дар беморхонаи рақамии №3-и ҷамоати Ғайрат, ки ба 16159 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида шудааст, 44 нафар кормандон хизмат мерасонанд, ки аз он 4 нафар дорои маълумоти олии тиббӣ буда, 27 нафар дигар кормандони миёнаи тиббиянд. Давоми нимсолаи аввали соли 2017 дар ин беморхона 394 бемор бистарӣ кунонида шудаанд, ки аз он 98 нафарашон кӯдакон буда, 139 нафар калонсол ва 132 нафарашон кӯдакони навзодеанд, ки дар шуъбаи таваллуд ба дунё омадаанд. Дар ин ин давра ба 2 нафар иштирокчии Ҷанги бузургии ватанӣ, 6 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои Афғонистон ва ба 8 нафар шахсони ба онҳо баробаркардашуда хизмати ройгони тиббӣ гузаронида шудааст.
Дар беморхонаи рақамии №4-и ҷамоати Ватан 29 нафар корманди тиббӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 2 нафарашон дорои маълумоти олӣ буда, 27 нафари дигарашон кормандони миёнаи тиб ва хурди тиббӣ мебошанд. Дар ин давра дар беморхона 248 бемор бистарӣ кунонида шудаанд, ки аз он 107 нафар дар шуъбаи таваллуд мебошанд.
Дар беморхонаи рақамии №5-и ҷамоати Гулшан бошад, 249 бемор ба қайд гирифта шуда, аз он 133 нафарашонро калонсолон ташкил намуда, 116 нафари дигар кӯдакон мебошанд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО мебошад, ки давоми 6 моҳи 2017 аз ташхис 4493 нафар аз ташхиси ВНМО бо тарзи тестҳои оҷилӣ гузаштаанд, ки аз инҳо 3192 нафарашон занҳо, 1301 нафарашон мардҳо мебошанд, ки аз ин 1037 нафарашон навхонадорон буда, 1841 нафарашон занҳои ҳомила мебошанд. Баҳри мубориза вобаста ба бемории сил корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст, ки давоми 6 моҳи соли 2017 аз тарафи маркази зиддисилӣ 62 нафар сили фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки ин аз ҳамкории маркази бемориҳои сил ва маркази саломатии ноҳия гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, 14 нафари ин беморон аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд.
Дар суҳбат бо мо Муҳаммад ном сокини шаҳраки Фархор иброз намуд, ки «маҳз дастгириву ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар сабаб гаштааст, ки қариб кулли бемориҳо дар ноҳияи Фархор ташхис ва табобат карда шуда, имрӯз моро қариб ки барои дарду дармон кардан ҳоҷати ба пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳо рафтан нест. Худо хоҳад, дар муддати кӯтоҳтарини оянда ҷарроҳиҳои мураккаб низ дар беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба роҳ монда мешаванду на ин ки беморони дохилӣ, балки беморон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба табобат фаро гирифта мешаванд».
Зимни суҳбат бо мо сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор Қурбонов Раҷабалӣ Мирзоевич иброз намуд, ки системаи тандурустии ноҳияи Фархор аз ғамхории бевоситаи роҳбарияти давлат ва ҳукумати маҳаллӣ бархӯрдор мебошад ва омодаанд чун ворисони Синои бузург ба қасами худ содиқ монда, доимо дар хизмати мардуми ноҳия бошанд.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ,
Душанбе-Фархор-Душанбе
ШАРҲИ МО: Қурбонов Раҷабалӣ Мирзоевич 4-уми ноябри соли 1964 дар деҳаи Лолазори ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор таваллуд шуда, соли 1981 мактаби №5-и ба номи М. Калинини ноҳияи Фархорро хатм намудааст. Соли 1982 ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1988 бо ихтисоси ҷарроҳ хатм намудааст. Солҳои 1988-89 дар беморхонаи №2-и шаҳри Кӯлоб курси интернро хатм намудааст. Солҳои 1989-93 ба ҳайси мудири шуъбаи хунгузаронӣ ва ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор кор кардааст. Солҳои 1993-95 дар беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе оид ба ҷарроҳии факултативӣ такмили ихтисос намуда, аз соли 1995 то соли 2009 ба ҳайси ҷарроҳ, духтури ташхиси ултрасадо ва директори филиали Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара фаъолият намудааст. Солҳои 2009-10 мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор, солҳои 2010-2017 муовини сартабиб оид ба табобати ҳамин беморхона ва аз моҳи май соли 2017 то инҷониб сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор мебошад. Аълочии тандурустии ҶТ, духтури дараҷаи олӣ, роҳбар ва оиладори намунавӣ.