Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти худро оғоз намудаанд. Дар марказҳои мазкур, барои аз нав эҳё намудани ҳунарҳои дастии аҷдодонамон шароит фароҳам оварда, ба ҷавонону наврасон нозукиҳои касбҳои гуногуни аз байнрафта истодаро меомӯзонанд. “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан худ як падидаи некест, ки барои эҳё намудан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихиву бостонии хушобу ҳавои кишвар, ҳунарҳои мардумӣ ва расму оини тоҷикон, имконият фароҳам меоварад. Мавзеи бостонии Тоҷикистон-Саразми куҳан, ки таърихи беш аз 5500 сола дорад, бо бозёфтҳои бостоншиносон ва этнографон дар миқёси ҷаҳон маъмулу машҳур аст. Ин чорабинии бошукуҳ соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд ва меҳмонону иштироккунандагони зиёде аз кишварҳои дуру наздик ташриф низ оварданд. Ташкил намудани намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастии мардумӣ дар арафаи ин ҷашн, бешак ҳам барои тоҷикистониён ва ҳам барои меҳмонон муфид аст ва таърихи бою ҳунари волои ин гӯшаи диёрро бо ифтихор ва сари баланд ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Дар шаҳрҳои қадимтарини Тоҷикистон, хусусан дар  Панҷакенти бостонӣ, ҳанӯз аз замони суғдиён, ки таърихи беш аз 5500-сола дорад, расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ то ин ҷониб идома дорад. Ҳунармандони Панҷакент ин ёдгориҳои бобоиро то кунун давр ба давр рӯшд додаву аз насл ба насл мерос гузаштаанд. Ҳунарҳои дастии нақшофарин, эҳсосоти зебопарастии мардуми қадим то ба имрӯз дар ҳунарҳои қадимаи ҳунармандон, косибон, кишоварзон ва ғайра боқӣ мондааст. Аз ин қабил ҳунарҳо:

чокдӯзӣ бо усули дол, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ бо чаҳор услуб: долдӯзӣ, чапдӯзӣ, кандахаёлӣ ва ахиран бухороӣ сурат мегирифтааст, маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, санъати бисёр машҳури карбосбофӣ, алочаву беқасаббофӣ ва санъати аз ҳама нозук тавассути абрешим, моҳутбофӣ бо рангдодани риштаҳо бо усули бахиядӯзӣ хеле роиҷ будааст. Занони солхӯрда мегӯянд, ки махсус барои офаридани чоку сӯзанӣ дар ҳар як маҳалла нусхакашҳо, бонувони нусхакаш кору фаъолият мекарданд. Онҳо тавассути ангӯштони ҳунаррези хеш бо тахаюллоти тоза, нусхаҳои зебоеро рӯи қолаб ё бе восита матоъи сафеде карбосӣ, ки онро суф мегуфтанд бо завқи хеш нусхаҳои рангобарангро таҷассум намудаву чун рассоми забардаст бо мӯқаламҳо ҳаккокӣ мекардаанд. Ва ҳар як нусха ранги махсуси худро доштааст, ки бонуи нусхакаш онро ишора мекардааст. Дар ҳамин ҳол дӯзанда ин нусхаҳоро аз рӯи фармудаи нусхакаш кашидадӯзӣ намуда, беҳтарин чоку зардеворӣ ва сӯзаниву ҷойнамозу болинпӯшу рӯиҷову яккабандҳоро бо сӯзани одӣ ҳам барои хешу ҳам барои  дархосткунандагон меофаридааст, ки ин ҷиҳоз дар бисоти ҳар як арӯси навхонадори панҷакентӣ ҳатмӣ буда, он аз насл ба насл ҳамчун мерос гузошта мешавад.

Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва кашидадӯзӣ ба рушди наққошӣ низ мусоидат кардааст. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки бостоншиносон дар Панҷакенти қадима ва дигар маҳаллаҳо дарёфтаанд, бозгӯи фарҳанги ғанию рангини гузаштагон ҳастанд.

Наққошон беҳтарин анъанаҳои ҳунармандони гузаштаро идома дода, санъати нақшофариро такмил додаанд. Имрӯз анъанаҳои ҳунари наққошӣ ҳангоми бунёду ороиши биноҳои фарҳангию маърифатӣ (осорхона,тарабхона, чойхона, масҷид, қасри фарҳанг ва ғ.) корбаст мешаванд.

Зардузӣ – яке аз ҳунарҳоест, ки густариши васеъ дорад. Чи тур, ки муҳақиқон қайд кардаанд, зардӯзӣ дар қадим ҳунари мардон будааст. Чунки дар рӯи матоъҳои дурушту ғафс ба монанди бахмал сӯзан задан барои занон мушкилиҳои зиёдеро пеш меовардааст. Дар Аморати Бухоро фармоишгари асосии маҳсулоти зардӯзӣ дарбори амир будааст, ки ин ташкили устохонаро дар назди дарбор ба миён овардааст. Дар он давра садҳо нафар зардӯзи моҳир ба дӯхтани либоси дарбориён машғул будаанд ва як қисми ночизи маҳсулоти онҳо ба бозор бароварда мешудааст. Ҷомаҳои мардона, камзӯл, шалвор, кафш, тасма, каллапӯш, ҷиҳози асп ва ғайраҳоро бо зардӯзӣ оро дода ба амир ва пайвандонаш омода мекардаанд.

Бо гузашти вақт, берун аз дарбор низ устохонаҳои зардӯзӣ ташкил шудаанд, ки дар онҳо сардори зардӯзон роҳбарӣ мекардааст. Санъати зардӯзӣ, ҳунари меросӣ буда, он аз бобо ба падар ва аз падар ба писар ҳамчун мерос мегузашт. Агар дар оила писар набошад, ин ҳунар ба ягон хеши наздик, масалан, ба ҷиян омӯзонида мешуд. Оҳиста-оҳиста ин ҳунар ба дасти занон низ расид. Имрӯзҳо ҳунари зардӯзӣ ҳунарест, ки фақат занон иҷро мекунанд ва баръакси солҳои гузашта, аҳён-аҳён мардон низ бо он сару кор мегиранд. Ин мероси пурарзиши қадима, аз аввал то ба имрӯз дар Панҷакент вуҷуд дошт ва имрӯзҳо низ ҳунармандони зиёде бо ин кор машғуланду тавассути он ризқу рӯзияшонро ба даст меоранд. Маҳсули дасти ҳунармандони зардӯзӣ панҷакентӣ бештар дар ҷашну маросимҳои миллӣ, сӯру маъракаҳои домодию арӯсӣ ва хатнасӯр, инчунин, дар саҳнаҳои ҷашнӣ ба таври васеъ то имрӯз истифода мешаванд.

Ҳоло мо ба шарҳу тавзеҳоти як чанд ҳунари куҳан, ки аз манобеъи таърихию илмӣ омадаанд, маълумот медиҳем.

Алочабофӣ – матои ресмонӣ ва нимабрешимӣ мебошад. Алочаи тору пӯдаш аз ресмони ҷойдорӣ – зебак, аз ресмони аврупоӣ бошад – фарангӣ ва аз абрешиму ресмон – абрешимӣ номида мешавад. Аз алоча ҷомаҳои занонаю мардона медӯзанд.

Беқасаб – матои нимабрешимии якранг, рах-рахи гулдори мавҷнок буда, тори онро аз абрешими нафиси сабз, кабуд, зард, сурх, гулобӣ, қаҳваранг тайёр мекунанд. Тобистон салқинӣ ва зимистон гармӣ медиҳад, зеро аз риштаи пахтагӣ истеҳсол шудааст ва ин яке аз хосиятҳои ғайриодии ин матоъ мебошад. Тори беқасаб аз 12 то 18 банд иборат аст. Ҳунармандони моҳир миқдори банди беқасабро ба 30 мерасонанд. Тори беқасаби рахдорро, одатан, ба панҷ-шаш қисм тақсим карда, ҳар якеро алоҳида ранг медиҳанд. Ҳар як калобаро кушода, нахҳои кандашударо мепайванданд ва як ҷо ба як чӯб чилла мекунанд. Баъд устои нақшандоз мувофиқи нақши дилхоҳ расми матоъро ҷо ба ҷо мекунад. Тори беқасаби гулдор бо роҳи баста ва кушодаи рангдиҳӣ нақш дода мешавад. Беқасаби гулдор ба адрас ё подшоҳӣ шабоҳат дорад. Вале нахи тори беқасаб нафису пудаш риштаи ғафс,тори адрас ғафсу пудаш нафис аст. Аз ҳар чашми теғи дастгоҳ 6-8 нахи тори беқасаб, 4 нахи тори адрасро мегузаронанд. Беқасабро якранг, рахдор ва гулдор мебофанд, аммо адрас танҳо гулдор мешавад.

Бофандагӣ- навъи мероси фарҳангии ғайримоддии

тоҷикон, ҳунари бадеӣ, ҷараёни технологии аз ресмон бофтани матоъ мебошад. Абрешим, пашм, зағирпоя, канаб, пахта, ҷут ва ғайра ашёи хоми бофандагианд. Бофандагӣ аз касбҳои қадимаи Панҷакент буда, дар давоми асрҳо аҳолии маҳаллӣ аз алоча, қаламӣ, суф, чит, карбос, матои хоса, дока ва ғайра истифода мебурданд. Ҷиҳози бофандагӣ – асосан ҳаллоҷӣ, чарх, дукон ва ғайра иборат аст. Ҳаллоҷӣ асбобест, ки бо он пахтаро аз чигит тоза мекунанд.

Гаҳворасозӣ – ҳунари сохтани гаҳвора мебошад. Дар он кӯдак аз ҳафт-даҳрӯзагиаш то 2-3-солагиаш мехобад. Устоҳои гаҳворасоз мавриди сохтани гаҳвора ҳунари худро бо меҳру муҳаббати беандоза ба кӯдакон изҳор мекунанд. Ҳунарманд заҳмат харҷ намуда, кӯшиш менамояд, то гаҳвора роҳатбахшу мунаққаш бошад ва ба тифл аз оғоз эҳсоси зебоипарастиро тақдим менамояд. Гаҳвораро аз чӯби дарахтони бед, чинор, чормағз, зардолу ва пояашро бештар аз чӯби тут месозанд. Даставу чанбарҳо ва қасабаи гаҳвораро наққошиву кандакорӣ мекунанд ва бо рангҳо ороиш медиҳанд. Барои бозии кӯдак дар ҷо-ҷои даста бозича, ғилдиракчаҳои кунгурадори чӯбӣ ва ҳар гуна марҷону зангӯлачаҳо меовезанд.

Ғарангдӯзӣ – як намуди кашидадӯзӣ буда, нақшҳоро бо риштаҳои гуногунранг медӯзанд. Ғарангро ба болои гаҳвораи кӯдаки навзод истифода мебаранд. Инчунин, ғаранг чун рӯпӯши кӯрпачаҳо, дар «токчаҳо» кӯрпачаҳо ва болиштҳо истифода мебаранд.

Пӯпак – намуди ороишӣ, ки ба ҷамолаки духтарон бофта мешавад. Барои мардуми Панҷакент унсури асосии либоси арӯс маҳсуб меёбад.  Пӯпак аз ресмон омода гашта, дар нӯгаш зангӯлачаҳои махсус тунукагӣ ё шишагӣ часпонда мешавад.

Карбосбофӣ- ба навъи бофандагӣ дохил мешавад, ҳунари бадеии бофтани матоъи карбос. Дар Суғди қадим дар асрҳои VI – ибтидои асри VIII тараққиёти карбосбофӣ ба авҷи худ мерасад.  Имрӯз ҳам карбосбофӣ дар байни аҳолии Панҷакент ҳунари зинда аст. Барои дастгоҳи дастибофӣ истифода бурда мешавад.

Кундал-  яке аз усулҳои санъати наққошӣ мебошад. Намунаҳои кундал дар лавҳаҳои кошикории биноҳои асри 14 ба назар мерасад. Кундал ҳамчун усули наққошӣ аввалин бор асри 15 маълум гардида, асрҳои 15-16 ба пояи баланди инкишоф расидааст. Асоси ин навъи наққоширо тасвироти наботӣ ташкил медиҳанд.  Усули наққошии барҷаста дар лавҳи кундалкории Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро вомехӯрад, ки хоси амали ҳунармандони панҷакентӣ мебошад. Замини кундал асосан кабуд ё осмонӣ, баъзан зарандуд мешавад. Тарзи наққошӣ ба услуби кундал чунин аст: ба тахта ё девори суфта ширеш молида, ба болояш матоъ мекашанд ва аз рӯи он боз як қабат ширеш мемоланд. Баъди хушк шудан ба рӯяш ба воситаи гарда нақш мепартоянд. Пас гаҷ ва ширешро дар об меҷӯшонанд ва ин гаҷобаро бо мӯқалами махсус болои нақши гарда эҳтиёткорона мемоланд. Ҳамин ки тарҳи аввалаи гаҷоба хушк шуд, ба рӯи он дубора гаҷоба медавонанд ва дар натиҷа нақшҳои барҷаста ҳосил мегарданд. Инчунин,  кундал номи як навъ матоъ аст, ки дар гузашта истеҳсол мекарданд ва аз он хилъатҳои мардонаву занона, калтача (воскат) ва ғайра медӯхтанд. Баъзе навъҳои пойафзол низ бо ин матоъ оро меёфтанд.

Қуроқдӯзӣ – аз пораҳои матоъ нақш офарида, онро пайваст мекунанд. Дастурхон, чодари арусӣ (чимилиқ) кӯрпаву кӯрпача, болиштпуш, чонакпуш ва ғайраҳо медӯзанд. Санъати қуроқдӯзӣ ин тавлиди (дӯхтани) маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резгиҳои матоъ мебошад. Дар Панҷакент қуроқдӯзӣ оину суннатҳои хоси худро дошта, аз давраҳои қадим то замони мо омада расидааст. Қуроқ лиёф ё порчае мебошад, ки аз онҳо ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳо дӯхта мешуд, ки бо номҳои «муракаъ» ё «ҳиркаъ» маъруф буд. Намояндагони тасаввуф низ ҳамин ҳиркаъҳоро бар тан мекарданд.

Дар байни мардум чунин ақида роиҷ буд, ки ҷомаҳои қуроқ ё муракаъ аз балоҳои осмонӣ ва заминӣ нигаҳ медорад.

Маҳсидӯзӣ- ҳунари дӯхтани пойафзоли чармии мулоим, ки дарозиаш то зону аст. Маҳсӣ попӯшии хоса буда,дар ду шакл маъмул аст: зимистона ва тобистона. Дар берун онро бо калӯш ва дар хона бидуни калӯш мепӯшанд. Онро мӯйсафедон ё занон барои подард низ мепӯшанд. Дар Панҷакент онро дар рӯзи мотам мепӯшанд. Дар деҳаҳо бисёртар истифода бурда мешавад.

Намадмолӣ- аз ҳунарҳои қадимаи мардуми Панҷакент буда, он бештар дар қисмати деҳот рушд ёфтааст ва онро намадмолӣ низ мегӯянд. Намад як навъи гилем ё палоси хона буда, барои истифода дар рӯи фарш тайёр карда мешавад. Намад хеле палоси гарм ва мулоим буда, ба

болои он кӯрпача партофтан ҳоҷат надорад. Намад ғафс, сабук ва бисёр гарм аст, ки дар фасли сармои куҳистон истифодаи он хеле роҳат дорад.

Намадро бештар дар минтақаҳое, ки чорвои хурд парвариш мекунанд, мемоланд. Намадро аз пашми чорвои хурд (буз, гӯсфанд, бузи ангорӣ ва ғ.) мемоланд. Пашми аз чорвои хурд тарошидаро мешӯянд, баъди хушк шудан онро ғоз медиҳанд. Сипас, қисми барои гулпартоӣ заруриро ранг мекунанд. Дар болои қанор ё чодар пашмро паҳн карда, вобаста ба тахайюлот бо пашмҳои рангшуда оро медиҳанд. Баъди ородиҳӣ ба болои пашм оби ҷӯш рехта, чодар ё қанорро эҳтиёткорона тоб дода ҷамъ мекунанд. Ҷамъ кардани қанор кори душвор буда, онро асосан мардҳо ба анҷом мерасонанд. Баъди ҳар дафъа тоб додан бо оринҷ онро зер ва ҳамвор мекунанд. Ҳангоми тоб додани қанори пашмдор ҳар дафъа ба болои он оби ҷӯш мерезанд. Дар охир намади ҷамъшударо бо пой зер карда, обашро меравонанд. Рӯзи дигар қанори ҷамъкардашударо ҳамвор мекунанд ва намад тайёр мешавад.

Сандуқсозӣ- сандуқ асбоби рӯзгор мебошад, ки шакли қуттии калонеро дорад. Дар он анҷоми рӯзгор, асбоби зинат ва дигар чизҳои нодирро нигоҳ медоранд. Дар сандуқҳои чӯбӣ ғалла низ нигоҳ медоранд, ки он ҳаҷман калонтар буда, одатан онро оро намедиҳанд. Дар гузашта каҷоваро низ сандуқ мегуфтанд, ки ҷанговарон ба пушти фил баста, ба дарунаш нишаста, тирандозӣ мекардаанд. Сандуқсозӣ намуди маъмули ҳунармандӣ буда, намудҳои гуногуни он дар зиндагии мардум ба таври васеъ истифода мешавад. Сандуқ дар маросими тӯйи арӯсӣ мавриди истифода қарор мегирад. Арӯсони Панҷакент ҳатман ба хонаи домод 1-2-тогӣ сандуқи калон ва хурд  гирифта мебаранд ва дар болои онҳо тахмони кӯрпаю болишти худро монда, бо болопӯш оро медиҳанд.  Ҳунармандон дар ибтидо сандуқро аз пӯсти ҳайвонот ва баъд сандуқро аз чӯб ва филизот месохтанд. Тахтаҳои пеш, қафо ва зери сандуқро ба ҳам васл намуда, мехкӯб мекунанд. Тахтаҳоро суфтаву ҳамвор намуда, қисми пеши сандуқро гулпартоӣ карда, оро медиҳанд.

Солҳои охир сохтану дар рӯзғор истифода намудани сандуқҳои чӯбини кандакорикардашуда хеле маъмул аст.

Ҷиҳакдӯзӣ- дар фарҳанги мардумии Панҷакент ҳамчун як унсури ороишӣ ва функсионалии либоси занона, мардона, бачагона, тоқӣ ё дигар кулоҳҳо, инчунин девориҳову чойнакпӯшҳову дигар чизҳои рӯзғор (аз қабили чойхалта, оинахалта, шонадон ва ғ.) истифода бурда мешавад. Шероздӯзӣ – навъи ҳунари гулдӯзист. Шероз – тасмача, гулдӯзӣ, ки ба нӯги остин, бари ҷома, гирди девориҳову дигар чизҳои суннатӣ ҳамчун унсури ороишӣ дӯхта мешавад.

Ҷараёни омодашавии шероз аз ду давра иборат аст. Аввал аз ресмони сиёҳ ё сафед асоси шерозро дар дастгоҳи махсус бо даст метананд. Таг (асос)-и шероз дурушт мешавад, чунки онро хеле зич метананд. Баъд, рӯи асосро бо риштаҳои ранга ё сиёҳу сафед бо нақшҳои гуногун оро

медиҳанд, масалан, бо нақшҳои суннатии тӯморӣ, шона, ислимӣ ва ғ. ё бо гулу, гулбаргҳову нақшҳои (тибқи хурофотпарастии мардум) ҳифзкунанда. Нақши шерозро аз рӯи истифодаи шероз, ҷинс, синну сол интихоб мекунанд.

Инҷо дар бораи баъзе аз ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Панҷакент роиҷ ҳастанд, шарҳи мухтасар овардем. Аммо ҳунарҳои мардумии дигар аз қабили шишарезӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, ресандагӣ, кандакорӣ, деворнигорӣ, фаранҷидӯзӣ, аробасозӣ, яккабанддӯзӣ, тоқидӯзӣ, қолинбофӣ, гилембофӣ, оҳангарӣ, сангтарошӣ, ҷомадӯзӣ, шолбофӣ, мисгарӣ ва ғайра низ вуҷуд доранд, ки имрӯзҳо низ мардуми ҳунарманди Панҷакент бо онҳо машғул буда, бо тахайюлоти рангини худ сайқал медиҳанд.

Бибиҷон АШӮРОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь