Ҳафтаи гузашта, шаби 18-уми феврал дар бозори марказии ноҳияи Панҷ сӯхтор сар зад. Дар се соли охир бори дуюм аст, ки соҳибкорон дар ин бозор аз оташсӯзӣ зарари калони молӣ мебинанд.
ВКД хабар дод, ки сӯхтор “соати 03:00, дар маркази савдои ҶДММ «Фархундаи Шуҳрат» воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки ба Сиярова Ойҷон, сокини деҳаи Имом Машрабови ноҳияи мазкур мансуб мебошад”, ба амал омадааст ва фавран ба ҷойи ҳодиса 7-адад нақлиётҳои оташнишонӣ ва 83 нафар ҳайати шахсӣ сафарбар карда шуданд. Бино ба маълумот, алангаи оташ дар масоҳати 240 метри мураббаъ, 13 адад нуқтаҳои хизматрасониро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани он ба дигар биною иншоотҳо ба миён омадааст. “Сӯхтор дар соати 04:28 дақиқа иҳота карда шуда, дар соати 04:45 дақиқа бо пуррагӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд”, -гуфта мешавад дар хабарномаи ВКД.
Мақомот чун ҳамеша сабаби ин сӯхторро низ “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар симчӯб” унвон кардаанд ва сӯхторхомӯшкунандаҳо низ тавонистаанд тақрибан ба маблағи 30 миллион сомонӣ молу маҳсулоти соҳибкоронро аз сӯхтор эмин доранд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ҳодисаи сӯхтор аз тарафи гуруҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ ва дигар мақомоти дахлдор таҳқиқ шуда истодааст.
Ин навбат чӣ қадар бору колои соҳибкорон ба коми оташ рафтааст? Чаро кормандони идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Панҷ натавонистанд сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шаванду дар масоҳати кам алангаи оташро хомӯш созанд? Бино ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, нақлиётҳои сӯхторхомӯшкунӣ ҳатто аз ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷалолиддини Балхӣ барои хомӯш кардани сӯхтор даъват карда шудаанд, вагарна аз куҷо дар ноҳия 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва 83 нафар ҳайати шахсӣ фаъолият дорад?
Тиқби мушоҳидаҳо, ки аз оқибатҳои оташсӯзӣ дар ноҳияи Панҷ доштем, як маркази савдои дуошёна, як ошхона ва маркази хизматрасонии дуошёна ва беш аз 15 дӯкони соҳибкорони бозори мазкур пурра ба хокистар мубаддал гаштааст.
Киромиддин Раҳматов аз соҳибкорони маркази савдои дуошёна аст, ки мегӯяд, беш аз 2 миллион сомонӣ зарари молӣ дидааст.
Муовини раиси ноҳияи Панҷ Ҳусейн Нидоев дар суҳбат ба “Фараж” барои муайян кардани зарари ба соҳибкорон расида гуруҳи корӣ ташкил шудааст ва корбарӣ карда истодаанд.
Ба гуфтаи раиси бозори мазкур Ойҷон Сиярова, сӯхтор тахминан соатҳои 2-и шаб сар задааст. Дар ин вақт аз ходачӯби берун аз ҳудуди бозор оташ аланга задааст, ки аз сабаби вазиши шамол он ба дӯконҳои пластикии бозор асар кардааст.
-Дар бозор чанд адад гидран барои таъминоти об дар ҳолатҳои фавқулодда мавҷуд аст, ки дар сурати сӯхтор фавран аз он истифода карда мешавад. Дар ин ҳолат ҳам кормандони бозор ва соҳибкорон бо истифода аз ин гидранҳои об аз масоҳати бештари оташсӯзӣ пешгирӣ карданд, -гуфт Ойҷон Сиярова.
Баъзе аз соҳибкорон дар суҳбат гуфтанд, ки гӯё аз ҷониби раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер дастур шудааст, ки дар ҷои сӯхтаи бозор соҳибкорон дигар дӯкон бунёд накунанд, аммо директори бозор О. Сиярова ин гуфтаро тасдиқ ё рад накард. Танҳо гуфт, ҳоло ба тоза кардани оқибатҳои оташсӯзӣ машғуланд ва баъдан дар ин маврид роҳбарияти ноҳия тасмим мегирад.
Соҳибкорони бозори мазкур, ки чанд сол пеш ҳам аз сӯхтор зарар дида буданд, мегӯянд, ки барои барқарор кардани дӯконҳо ва идомаи тиҷораташон аз бонкҳо қарз гирифта буданд ва то ҳануз фоиз мепардозанд. Дар сурати иҷозат надодан барои сохтани дӯконҳояшон намедонанд чӣ кор мекарда бошанд.
Оташсӯзӣ дар бозорҳои кишвар зиёд рух медиҳад ва кам ҳолатҳое шудааст, ки мақомот нафареро дар пайванд ба сӯхтор мутаҳҳам карда бошад.
Зимни сафар ба ноҳияи Панҷ наворе дастрасамон гардид, ки чанд рӯз қабл аз сӯхтор шабона нафари ниқобпӯше дар ҳамин минтақаи сӯхтаи бозор, бо истифода аз корд қисмати поёнии “плакати” калонеро, ки дар даромадгоҳи бозор, дар рӯ ба рӯи бинои Ҳукумати ноҳия насб шуда буд ва ахиран сӯхт, пора-пора мекунад, вале то ҳануз шахсияти ин нафар аз ҷониби мақомоти милисаи ноҳияи Панҷ муайян карда нашудааст.
Директори бозор гуфт, ҳолати мазкур 10 рӯз қабл аз сӯхтор рух дода буд ва ба оташсӯзӣ рабт надорад.
Шамсулло Фозилов, “Фараж”