Бо мақсади шиносои аз фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон хабарнигори МТЖТ бо роҳбари он Ҷовид Ҳакимзода, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Масуф дар оғози суҳбат гуфт, ки солҳои охир бо дасгирии Асосгузори Сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, ҳукумати вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Кӯшониён роҳҳои мошингарди ноҳия ва пулҳо таъмиру босози шуда рафтуомади воситаҳои нақлиёт пурра таъмин гаштааст. Ҳамзамон техникаҳои наву замонавӣ ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён ворид карда шудааст, ки ин ҳама ғамхориҳои роҳбари давлат нисат ба соҳаи роҳдорӣ аст,-афзуд Ҳакимзода Ҷовид роҳбари муассисаи мазкур.

Иштироки роҳбари давлат дар ифтитоҳи роҳҳи автомобилагрди ҚизиқалъаБохтар

24 апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

Дар сохтмони роҳи мазкур фармоишгари татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “СИ ТИ АЙ” ва пудратчӣ ширкати “ДАЙ НИППОН”-и кишвари Ҷопон корҳои босифати сохтмониро ба анҷом расонидаанд.

Сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ доданд, паҳноии роҳ аз 24 то 26,5 метрро дар бар мегирад. Аз рӯйи тарҳи  бунёди роҳ дар таҷдиду азнавсозии ин самти ҳаракат якчанд пул, гузаргоҳу роҳравҳои алоҳида барои пиёдагардон, хобондани қубурҳои қутрашон гуногун ба анҷом расонида шудааст. Масири мазкур аз 4 хатти ҳаракат, ҳар кадоме иборат аз 3,5 метр ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ қисмат карда шудааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон  баҳои баланд доданд.

Дар масофаи қитъаи Қизил-қалъа – Кӯшониён – Бохтар, ки 9,2км-ро дар бар мегирад, 2 пул, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, 18 ҳазор метри мураббаъ роҳи пиёдагард ва гузоштани аломатҳои ишоравии ҳаракати роҳ дар қитъаҳои гуногуни он ба иҷро расонида шуд. Дар вусъати корҳои созандагӣ мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Ҷопон меҳнати босамар карда истодаанд.

Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад. Ин шоҳроҳ василаи хуб дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти гуногун мегардад.

Таваҷҷуҳи Вазорати нақлиёт ба таъмири роҳҳо зиёд аст

-Сол аз сол таваҷҷуҳи Вазорати нақлиёти кишвар ба таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошинаград зиёд гашта, дар тули 7 моҳи соли ҷорӣ ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои Байналмилалӣ ва Ҷумҳуриявидоштаи ноҳия аз ҳисоби Вазорати нақлиёт беш аз 130 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки то имрӯз ба пуррагӣ ин маблағ дар таъмири ҷории роҳҳо сарф шудаасту рафтуомади воситаҳои нақлиёт ба пуррагӣ таъмин карда шудааст, -илова кард ӯ.

Саҳми мақомоти маҳал дар таъмири роҳҳо

Итилоъ дода шуд, ки дар мувозинаи МДНРА-и ноҳияи Кӯшониён 178,4 км роҳҳои аҳмияти маҳалидошта вобаста шудааст, ки тибқи қарори Ҳукумати кишвар таҳти №639 таъмиру нигоҳдории ин роҳҳо ба зимаи Мақомоти иҷрояии ҳокимияти Далвалтии ноҳияи Кӯшониён вобаста шудааст. Таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳияи Кшониён низ ба таъмири роҳҳои маҳаллӣ зиёд буда, имсол аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири ин роҳҳо беш аз 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда аст, ки то имрӯз 200 ҳазори он маблағгузори карда шуда, бо ин маблағҳо 152 кломтр роҳҳои маҳҳалӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, айни замон таъмир дар дигар роҳҳо бо маром идома дорад,-илова кард Ҷовид Ҳакимзода.

Ҳамзамон раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин, дар нишасти хабарӣ қайд кард, ки ин маблағҳо барои таъмири роҳҳо кам аст, мо дар оянда кӯшиш мекунем, ки маблағгузориро дар самти роҳдорӣ бештар карда, ҳамаи роҳҳои аҳмияти  маҳалидоштаро  дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқолояти давлатии кишвар пурра аз таъмирӣ ҷориву ассоси бароварда, рафтуомади воситаҳои нақлиётро таъмин созем.

Соҳибкорон роҳҳоро таъмир карадад

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Ҷовид Ҳакимзода қайд кард, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ бо дасгириву маблагузории соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия ва шахсони саховатманд дар Ҷамоатҳои Меҳнатобод, Бустонқалъа дар маҷмуъ ба масофаи 650 метр, рооҳҳо таъмир шуданд, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод мунфаршкунӣ бо маблағи 517 ҳазор сомонӣ ва 250 метр дар Ҷамоати шаҳркаи Бустонқалъа мунфршкунӣ бо маблағи 170 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.

 230 км роҳҳоро мо нигоҳдорӣ мекунем

Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 230 км роҳҳои мавҷуд мебошад, ки аз онҳо 348 км роҳҳои байналмилали, 16,8 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 178,4 км роҳҳои маҳаллӣ вобаста шуааст, ки айни замон бо дасгирии Вазорати Нақлиёти кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкрону шахсони саховатманд таъмиру босозии дар онҳо рафта истодааст.

Минадории сокинони ноҳия

Як гуруҳ сокинони ноҳияи Кӯшониён аз роҳбарияти ноҳия ва масъулони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён изҳори минадори карда, гуфтанд, ки солҳо боз роҳҳои маҳаллӣ руйи таъмиро надида буданд. Хушбахтона бо заҳматҳои шабонарузии раиси ноҳияи Вализода Икромиддин  ва роҳбари муассиса Ҷовид Ҳакимзода аксар роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Омодагӣ ба зимистон

Роҳбарияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён ҳама талошҳои худро баҳри саривақт омода кардани муасссиа ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 равона карда то имрӯз ба қадри зарурӣ маводҳои зиди лағжиш, сузишвории дизелӣ ва дигар корҳоро ба анҷом расонида техникаҳои роҳдориро мода карда, ният доранд, дар зимистон пурра ҳаракати воситаҳои нақлиётро таъмин созанд.

Раҳмоанлӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь