Водии Яғноб, ки солҳо боз ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода ва як дараи вайронаву валангор, харобазори аз ёдҳо рафтаро мемонд, пас аз қудуми файзбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 3.08.2011 дубора рӯ ба ободӣ мегузорад.

Бояд гуфт, ки ободии Яғноби куҳантаърих обрӯву эътибори Тоҷикистон аст. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат дар ҷашни 55-солагии Мирзочӯли тоҷик ва таҷлили 50-солагии таъсисёбии ноҳияи Зафоробод бо ифтихор гуфта буданд, “забони суғдии Яғноб куҳантаърих ва куҳантарин будани миллати тоҷикро собит менамояд. Ин забонро чун гавҳараки чашм нигаҳ доред ва ҳифз намоед”.

Яғноб як хазинаи аҷдодии тоҷикон аст, ки дар се фасли сол – баҳору тобистон ва ҳатто дар тирамоҳ ҳам дар ин водӣ сайёҳони хориҷӣ гаштугузор ва саёҳат намуда, аз боду ҳавои тоза ва табиати покизаву афсунгараш лаззат мебаранд. Ба хотири саёҳату тафарруҷ сайёҳони хориҷӣ беихтиёр ба ин дараи хушманзара назарандозӣ менамоянд ва аз буду боши мардум, таърихаш, фарҳанг, забон ва ободиаш натиҷагирӣ мекунанд. Бахусус баъд аз он, ки Яғноби куҳан ҳамчун парки миллӣ дар қаламрави Тоҷикистон эътироф гардид, равуои сайёҳони хориҷӣ ба ин дараи афсонавӣ боз ҳам бештару зиёдтар мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтааст: “Дӯст доштани Ватан аз дӯст доштани зодгоҳи хеш оғоз меёбад. Дар ҳақиқат ободии Ватан ҳам аз ободии диёри хеш, ҷойи зисту маҳаллаи худ, аз макону ҳавлӣ ва дари музофот шуруъ мешавад”.

Дар водии Яғноби ноҳияи Айнӣ ҳастанд соҳибкороне, ки ин суханони пурҳикмати Ҷаноби Олиро нек дарк намуда, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои дар ҳаёт ҳамвора пиёда сохтани сиёсати хирадмандона ҷаҳду талош менамоянд ва дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷавобан ба ин ташаббуси наҷиб дар солҳои 2019-21 азнавсозӣ ва ободкорӣ мекунанд. Ин ҳамовозии гарму ҷӯшонро сокини Яғноби куҳан Тағоймурод Қурбонов бо дили гарм пуштибонӣ менамояд.

Тағоймурод Қурбонов соли 1947 дар деҳаи Чинтермени Қули водии Яғноб таваллуд шудааст. Соли 1970 мардуми Яғноб иҷборан ва бо тамоми деҳаҳояш ба заминҳои навкорами ноҳияи навташкили Зафаробод муҳоҷир карда шуданд, ки дар қатори муҳоҷирон оилаи Тағоймурод Қурбонов ҳам буданд. Пас аз носозӣ ва касалии обгардиш бисёре аз мардуми куҳистони Яғноб ба обу ҳавои гармсӯзу таҳдашти Мирзочӯли тоҷик тоқат накарда, боз озими зодгоҳи бобогӣ шуданд. Дар қатори бозгаштагон ба диёри аҷдодӣ оилаи Тағоймурод Қурбонов ҳам шомил буданд. Ин орзуи яғнобиҳо дер давом накард ва дар соли 1978 дуввумбора боз тамоми деҳаҳои водии Яғнобро, ки то 10-15 хоҷагии соҳибони хешро пайдо карда буданд ва аз ҳолати имрӯзини водии Яғноб ҳам вазъияташон беҳтару хубтар гашта буд, вопас муҳоҷир карданд. Дар он солҳо касе ҳатто забони модарии суғдиашонро фикр накард, ки ба хотири ҳастиву нигаҳдошти ҳамин забон бояд каму беш дар ин макони аҷдодӣ соҳибзабонони куҳантаърих иқомат дошта бошанд. Чаро ки Яғноби куҳан ба ҳайси як ганҷина ва ё хазинаи таъриху тамаддуни кишварамон чун зиёратгоҳи сайёҳони хориҷӣ ва муаррифгари суғдиёни родмард ва забону таърих, расму оин ва суннатҳои ниёгон боқӣ монад.

Дар муҳоҷирати дуввуми соли 1978 Тағоймурод Қурбонов бо ҳамдеҳагонаш ба ноҳияи Зафаробод нарафта, дар дашти Чу-Чу-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон чор сол кору зиндагӣ намуданд. Баъд аз чор сол, соли 1982 боз дилашон ҷавлон зада, ёди Ватани бобогӣ карданд. Ба ҷониби зодгоҳи модарӣ ва асливу аҷдодии интихобнамудаи бобои суғдиашон роҳ пеш гирифта, саввумбора озими диёри хештан шуданд. Кунун 37 сол мешавад, ки то ба имрӯз дар деҳаи номбурдаи водии Яғноб кору зиндагӣ доранд ва рӯзу рӯзгорашонро пеш мебаранд.

Тағоймурод Қурбонов соли 1996 аввалин шуда сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро оид ба ислоҳоти замин дар водии Яғноб дастгирӣ намуда, барои ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ номи суғдиёнро дар водии Яғноб ба хоҷагиаш гузошта, аз ҳисоби заминҳои чарогоҳи Яғноб барои чорводорӣ иқдом намуд. Дар ин самт фидокорона меҳнат намуда, то ба имрӯз сардори хоҷагии деҳқонии “Суғдиён” шуда кор мекунад. Ва дар ин соҳа муваффақ асту сол аз сол саршумори чорвояш зиёда мегардад. Натиҷаи чунин меҳнати содиқонаи сардори хоҷагии деҳқонии “Суғдиён” Тағоймурод Қурбонов мебошад, ки иқдоми шоистаи Сарвари давлатро сармашқи кору фаъолияти хеш гардонида, барои фатҳу кушодани 10 км роҳи мошингард аз ҳисоби маблағҳои худаш ба ҷониби деҳаи Қул камари ҳикмат баста буд. Соҳибкор Тағоймурод Қурбонов ба ваъдаи додааш бо сари баланд вафо намуда, аз миқдори ваъдаи додааш ҳам зиёдтар роҳҳои пиёдагарди Яғнобро ба барфу борон супорида, ҷиҳати кушодану сохтани роҳи мошингард бо азми комил дар масофаи 10 км муваффақ шуданд. Соҳибкори мазкур зиёда аз 68 ҳазор сомонӣ маблағашро барои сохтани роҳи мошингард ба самти деҳаи Қули боло, поён, миёна ва Чинтермен сарф намуда, мушкилоти рафтуомади мардуми ин деҳаҳо ва умуман аҳолии тамоми водии Яғнобро осон гардонид. Роҳе, ки соҳибкор сохта мавриди истифодаи аҳолӣ ва меҳмонони Яғнобзамин қарор додааст, бараш аз 4 м зиёдтар буда, ду мошин аз ду ҷониб баҳузур бо равуои бемалол аз паҳлуи ҳамдигар озодона мегузаранд. Маврид ба ёдоварист, ки Тағоймурод Қурбонов танҳо имрӯз роҳсозу роҳкушои мардуми водии Яғноб набуда, ҳанӯз аз солҳои аввали кушодашавии роҳи водии Яғноб, оғоз аз соли 1988 саҳми пурарзиш дорад. Барои аз деҳаи Марғеб то ба деҳаи Чукати Яғноб оварда расондани роҳи мошингард аз ҳисоби саршумори чорвояш 40 адад гӯсфанд, зиёда аз чор тонна сӯзишвории дизелӣ барои булдозери роҳкушо, зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ барои кушодани роҳи мошингард ва сохтмони кӯпрукҳои одамгузару мошингузар барои ободии диёраш хайр кардааст.

Тағоймурод даҳмарда аст ва касби интихобнамудаи чӯпониашро хеле дӯст медорад. Ёд дорам, дар ҳамон соли рӯйдоди таърихии 2011 Пешвои муаззами миллат ҳангоми сафари кориашон ба водии Яғноб даҳмардаи номии зотпарвари ҷумҳурӣ Мирзокаримро пурсон шуда буданд, ки чанд сар гӯсфанд доред? Мирзокарим ҷавоб дод, ки 2000 сар гӯсфанд дорад. Сарвари кишвар хушҳолона изҳор доштанд, ки саршуморро зиёд намоед, бигзор ба 20 ҳазор расад. Чарогоҳҳои зиёди Яғнобро самаранок истифода бурда, ба чорвояшон афзоиш бахшанд, рӯзгори хешро пеш баранд ва диёрашонро ободон нигаҳ доранд. Тағоймурод Қурбонов аз ин суханони Ҷаноби Олӣ илҳоми тоза гирифта, саршумори имрӯзаи чорвояшро ба 1370 расонидааст. Барои зиёд кардани саршумори чорво то ба 2000 ниятҳои хуб дорад. Дар роҳи иҷроиши нақшаҳояш ва дар роҳи ободонии зодгоҳаш – Яғноб онҳоро дар ҳаёт амалӣ мегардонад. Дуюмин амали хайре, ки бояд амалӣ намояд, ин кӯпруки одамгузари Пискон даҳанаи Қулро ба пули мошингузар табдил додан мебошад. Сохтмони ин кӯпрук дар болои рӯди Яғноб барои гузаштани мошинҳо ба ҷониби деҳаҳои водӣ зарур мебошад. Феълан дар ин ҷо кӯпруки одамгузар мавҷуд асту халос.

Ба қавли соҳибкор Тағоймурод Қурбонов, барои иҷроиши ин амали хайр аз ҳисоби пасандозҳои худ зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Ин пули ваъдашуда то соли оянда бояд сохта, мавриди истифодаи мардум қарор дода шавад.

Сеюмин коре, ки соҳибкор дар нақша дорад, ин сохтмони мактаб дар деҳааш Чинтермен барои таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Албатта, ин кори хайру пурсавобаш аҳолии Яғнобро шод мегардонад.

Чорумин коре, ки бояд соҳибкор анҷом диҳад, бояд ба водии Яғноб сехи коркарди ширро оварда, маҳсулоти ширии чарогоҳҳои Яғнобро дар ҳамин ҷову дар маконаш коркард намояд. Дараи Яғноб макони чорводорист ва ин соҳаи асосии водӣ талабгори чунин сехи замонавист, то ин ки мардуми Яғноб тавонанд маҳсулоти чорвои худро дар диёрашон ба коркард диҳанд, аз ҷумла ширу ҷурғот, равғани гову чакка ва қурутҳои бамаззаи Яғнобро ба фурӯш бароранд.

Панҷумин амали хайру савобпазире, ки Тағоймурод Қурбонов мақсаду мароми хеш қарор додааст, ин сохтмони як меҳмонхона дар Яғнобдара барои сайёҳони хориҷӣ бо тамоми шароитҳои замонавиаш мебошад. Албатта, чунин меҳмонхона дар водии Яғноб чун обу ҳаво солҳост, ки барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ зарур аст ва аз набудани чунин шароит сокинони Яғноб борҳо аз хориҷиён дархост шунидаанд, ки баъди гаштугузори куҳгардӣ омада, бо оби гарму хунукаш шустушӯй намоянд. Оби дарёи Яғноб хеле сард буда, на ҳар кас қуввату ҳаракати дар он оббозӣ карданро дорад. Сохмони чунин меҳмонхона дар водии Яғноб ба сайёҳон ҳузуру ҳаловат ва фароғати хуб бахшида, барои амалӣ сохтани солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” саҳми пурарзиши соҳибкор хоҳад буд.

Дараи Яғноб яке аз маконҳои беҳтарини рушди сайёҳӣ дар миқёси мамлакат ба шумор меравад, ки ҳама вақту ҳама сол дар ин водӣ сайёҳони хориҷӣ дар равуо ва гаштугузоранд ва Яғнобзаминро бидуни сайёҳони хориҷӣ тасаввур карда намешавад. Ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам рафтуомади сайёҳон ба водии Яғноб зиёд буд. Ба ин хотир, сохтмони аввалин меҳмонхонаро дар Яғноб қаблан ба ин соҳибкор ва кулли мардуми Яғноб муборакбод мегӯем. Ва барори кору пешравиҳои назаррас баҳри иҷроиши орзуҳояшон таманно менамоем. Баъди гузашти садсолаҳо дараи Яғноб низ соҳиби меҳмонхонаи нахустини замонавӣ мегардад ва ин шукри зодагону бошандагони соҳибкораш аст, ки ғами ободиву пешравӣ ва аз оқибмониву вайронӣ раҳои бахшидани диёри хешро мехӯранд.

Соҳибкор Тағоймурод Қурбонов дар ояндаи наздик боз як амали хайру савобрасеро анҷом доданист, ки ин ифтитоҳи корхонаи фармасевтӣ-гиёҳдармонӣ дар водии Яғноб ба хотири зиёд будани гиёҳҳои мулаввани шифобахш дар заминҳои доманфарохи Яғнобдара аст, ки хеле бамаврид ва натиҷаовар мебошад. Чунки дар водии Яғноб тамоми намудҳои гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд ва чуноне ки дар ин бора ба наздикӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кориашон дар мамлакати Фаронса изҳор доштанд, бояд аз ҳар як намуди гиёҳҳои шифобахш самаранок барои доруворӣ ва шифою дармони мардум истифода барем.

Тағоймурод Қурбонов дар соҳаи кишоварзӣ ҳам деҳқони пухтакор аст. Вай дар солҳои 2018-2019 аз майдони 60 сотих ҳар сол 40-тоннагӣ картошкаи хушсифат гирифта, ба бозорҳои шаҳри Душанбе барои фурӯш гусел менамояд. Ин нишондиҳандаи беҳтарини картошкапарварист. Соҳибкор бо тамкин мегӯяд: “Дар ҳама кор, хоҳ дар чупонӣ ва ё хоҳ дар деҳқонӣ аз таҳти дил, софдилона меҳнат намоӣ, албатта роҳаташро мебинӣ”. Чи тавре ки бузургон гуфтаанд: “То ранҷ набарӣ, ганҷ ба каф наояд ва ё худ, санги сиёҳ лаъл нагардад”. Бале, меҳнат шараф аст ва ба инсони меҳнатдӯст сарбаландӣ мебахшад.

Дараи Яғноб яке аз беҳтарин мавзеҳои чорводорӣ ва картошкапарварӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дорои табиати дилфиребу дармонбахш, макони хуштарини обҳои мусаффо, чашмаҳои серобу дарёи бобаракати пуроб, гиёҳҳои рангоранги шифобахш, ҳайвонҳои гуногуни нодир, куҳу пуштаҳои сабзу хуррам буда, аз беҳтарин маконҳои истироҳативу дамгирист. Тағоймурод Қурбонов барин соҳибкороне, ки нияти хайр доранд, бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд ва барояшон шароитҳои хуби корӣ муҳайё намоянд.

Тағоймурод Қурбонов ба хотири васеъ кардани фаъолияти соҳибкориаш мехоҳад, ки саршумори чорвояшро зиёд намояд. Барои амалигардонии нақшаҳо ба чунин чӯпонҳои саховатманд заминҳои иловагӣ додан зарур аст. То бошад, ки фаъолияташонро васеъ гардонида, ҳам диёри хешро обод намоянду ҳам дар қатори ободкорони Ватан саҳми пурарзиши хешро гузоранд. Бори дигар ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ гуфтанием, ки дар тақсимоти заминҳои чарогоҳи Яғноб саҳлангорӣ нанамоянд ва пеш аз ҳама бояд ба ин заминҳо худи бошандагони Яғноб соҳиб шаванд. Ба ин хотир, бояд Тағоймурод Қурбоновро дастгирӣ намоянд ва барояш шароитҳои мусоид фароҳам оваранд. Бубинед, соҳибкоре, ки зодаи водии Яғноб аст, барои ободонии зодгоҳаш дилаш месӯзад ва маблағҳои ҷамъкардаашро дар роҳи ободониву бунёдкорӣ дареғ намедорад. Тағоймурод дар роҳи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат мебандад, то ин ки ҳам вайронаҳои диёрашро аз нав ободу пойбарҷо намояд ва ҳам дар ин ҷода дар роҳи иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар натиҷаи муҳоҷират мардуми Яғноб ба минтақаҳои гуногун пош хӯрда, забони қадимаи аҷдодӣ дар вартаи ҳалокат қарор дорад. Ободии Яғноб яке аз василаи сарҷамъии мардуми Яғноб дар макони таърихиаш буда, сабаби эҳё ва дубора зинда шудани забони суғдии Яғноб дар маснади аввалию азалияш хоҳад гашт.

Дар охир аз забони шоир ба соҳибкори хайрхоҳу саховатпеша Тағоймурод Қурбонов баҳри иҷроиши нақшаву ниятҳои хайрандешонааш гуфтанием:

Бетарадуд ба футуҳот расад хайрандеш,

Нияти хайр калидест, ки қулфаш боз аст.

СУҒДМЕҲР, узви ИЖТ  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь