Асоси пешрафти иқтисодӣ барои Тоҷикистони азизи мо, ки 93 % ҳудудҳои маъмурии онро кӯҳсорон ташкил менамояд аз энергияи сабз, яъне нерӯгоҳои барқи обӣ вобастаанд. Дар рӯди пуртуғёни Вахш бо пешниҳоди Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқӣ – обӣ Сангтӯда – 1 ва Сангтӯда – 2 аз тарафи давлатҳои Эрон ва Русия бунёд карда шудаанд вале ин барои миллати тоҷик басанда набуд.
Ин боис шуд, ки давлати Тоҷикистон тасмим гирифт то сохтмони калонтарин ва пуриқтидортарин нерӯгоҳи барқии Роғунро, ки дар замони Шӯравӣ сохтмонаш оғоз гардида буду аз сабаби ҷангҳои дохила мутаваққиф шуда буд, аз нав идома диҳад. Дар доираи ин лоиҳаи бузурги тақдирсоз, бояд деҳаву шаҳракҳое, ки оянда зери об мемонданд, кӯчонида мешуданд. Ҳамин тавр, қисмате аз деҳаҳо ба ноҳияи Данғара, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонида шуд. Марказӣ маъмурии ноҳияи Нуробод бошад, дар доираи ин лоиҳа 25 километр болотар, дар мавзеъи Дарбанд сохта шуд, ки меъмор ва бунёдгузораш маҳз Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз буҷети кишвар миллионҳо сомонӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва инфраструктураи лозима хароҷот карда шуда, аз мавзеъи Сари қош, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 11 километр дуртар ҷойгир мебошад, тариқи чоҳҳои амудӣ об бароварда шуд. Вале маҳз аз сабаби фориғболии масъулини дахлдори ноҳияи Нуробод ва идораи обу корези он оби Сари Қош давоми 10 соли охир аст, ки ба маркази ноҳия омада намерасад ва мардум тариқи захира намудани оби барфу борон дар кӯлҳои сунъӣ, худро то як дараҷа бо оби ошомиданӣ таъмин менамоянд.
Гузашта аз ин, дар Беморхонаи Марказӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, давоми 10 соли охир беморон худашон обро дастрас менамудаанд. Ба гуфтаи сокини деҳаи Кабутҷари ҳамин ноҳия, ки номи худро Сунатулло номид, ҳамарӯза ба миқдори 40-50 литр об барои фарзандаш, ки дар ин беморхона табобат мегирифтанд, аз деҳаи дурдаст об меовардааст. Сунатулло аз табобати духтурон басо розӣ аст, лекин аз масъулини дахлдори ноҳия норозигии ҷиддӣ намуд ва саволеро пеши рӯ гузошт:
“Оё дар ягон ҷо беморхонаи беобро дидаед?”.
Ба гуфтаи бародари шафқати беморхонаи марказӣ Ҳайдаров Маҳмадсобир, беш аз 10 сол боз дар беморхонаи маркази ноҳияи Нуробод ва марказӣ саломатии он об нест.
“Новобаста аз надоштани оби нӯшокӣ мо тариқи бочкаҳову зарфҳои ҳаҷмашон гуногун аз масофаи дур тариқи дасти ба беморхона об меорем ва ба ин мушкилот нигоҳ нокарда фаъолияти пурсамар дорем”- гуфт Ҳайдаров Маҳмадсобир.
Муовини сартабиби маркази саломатӣ Ғафуров Фарҳод низ гуфтаҳои Ҳайдаровро тасдиқ намуд.
Дар таърихи 11-уми сентябри соли 2024, Пешвои миллат-Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон шабакаи дигари таъминоти оби нӯшокии Шолидараи ноҳияи Рашт – шаҳраки Дарбанд маркази маъмурии ноҳияи Нурободро ифтитоҳ намуданд, ки аз масофаи 14 километр оби пиряхҳои баландкӯҳи Шолидара тариқи қубурҳои металии қутрашон 273 ба шаҳраки Дарбанд меояд, вале аз чӣ сабабе бошад, ки ҳамагӣ баъд аз 3 соати кушода шудани ин хати оби нӯшокӣ, об худ аз худ гум шуд, ва то ба имрӯз (1 моҳу 4 рӯз) аз он хабаре нест.
Гарчанде, ки милионҳо сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ барои овардани об хароҷот шуда бошад ҳам дар Дарбанд об нест.
Танҳо дар соли 2024 дар ин ноҳия 348 га заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истеҳсоли картошка 19%, тухм 29% ва пилла 35% нисбати солҳои қаблӣ кам истеҳсол гардидааст.
Аз раис ва масъулини дахлдори ноҳия пурсида мешавад, ки кай онҳо ба ваъдаҳои додаашон вафо хоҳанд кард?
Саиди ҲАЙДАР,
махсус барои “Фараж”