Агар аз оянда наандешед, оянда нахоҳед дошт.
Голсуорси
Ҳар шаҳр ва ё ноҳияро бо боигарӣ ва ё маҳсулоти истеҳсол мекардааш мешиносанд ва бо он муаррифӣ мешавад. Шаҳре, ки дар бораи кору фаъолияти корхонаву мардуми заҳматкашаш сухан мекунем, нурофар буда, бо номаш мувофиқ – шаҳри Норак аст. Дар он ду НБО бузург: Норак ва Бойғозӣ фаъолият намуда, 78% қувваи барқи кишвар маҳз дар шаҳри Норак барои мардуми кишвар истеҳсол карда мешавад. Имсол дар шаҳри Норак Коллеҷи тиббии хусусӣ ба фаъолият оғоз намуда, аввалин донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифт. Муддати 3 сол шуд, дар шаҳр маркази касбомӯзии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият намуда, он курсҳои семоҳа ва шашмоҳаи доимӣ дорад. Ҳамчунин, аз дохили шаҳр дарёи Вахш мегузарад ва бо табиати нотакрору меҳмонхонаву маконҳои замонавии истироҳатиаш барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ хеле мувофиқу диданист.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар семоҳаи аввали соли 2022 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бо шукргузорӣ аз истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи шаҳр давра ба давра пешравию дигаргуниҳои назаррас ба амал омада истодааст.
Саноат ва сохтмон
– Корхонаҳои саноатии шаҳр дар 3 моҳи соли 2022 350,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли пор 109,5 фоиз ё ин ки 30,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади таъмини ҳадафи чоруми мамлакат яъне “Саноатикунонии босуръати кишвар” аз тарафи соҳибкорон Назаров Абдукарим ҷиҳати ташкил намудани корхонаи сангу шағал, Азимов Хуҷамурод корхонаи “Микросемент”, Табаров Муҳиддин корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва маводҳои сохтмонӣ тамоми дастгоҳу таҷҳизотҳои зарурӣ ворид карда шуда, дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.
Иҷроиши корҳои сохтмонӣ-пудратӣ дар се моҳи соли ҷорӣ 82,3 млн сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 44 фоиз ё ин ки 25,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкорон 6 адад иншоот ба маблағи 1231,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Бо дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонии бинои мақомоти адлия ва меҳмонхонаи сарироҳӣ аз ҳисоби соҳибкор Табаров М. ба анҷом расонида шуда, корҳои ободонии гирду атрофи он идома дорад. Бояд қайд намуд, ки таҷдиду азнавсозии Кӯли Ҷавонон, боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, терминали хизматрасонии “Бурс”, сохтмонҳои пули мошингузар дар маҳаллаи Даҳана, бозор дар минтақаи манзилии №4, майдони варзишии марказӣ, майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Сари боло, меҳмонхона дар деҳаи Кибил, 4 бинои 4 ошёна дар маҳаллаи Дӯконӣ, 1 бинои 5 ошёна дар минтақаи манзилии №2, муассисаи томактабӣ дар қисми ҳарбии 52168 оғоз гардида, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.
Азнавсозии бинои шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатӣ дар маҳаллаи Лангар, 4 нуқтаи савдою хизматрасонӣ ва Муассисаи томактабии №4 дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин дар арафаи анҷомёбист. Таҷдиду азнавсозии хатти оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи БАТР амалӣ гашта истодааст. – мегӯяд, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод.
Ташаббусҳо ба ифтихори 35 – солагии Истиқлолият
Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 11 феврали соли 2022, №50 “Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори раиси шаҳри Норак аз 15 феврали соли 2022 таҳти №73 ба тасвиб расидааст. Дар асоси қарори мазкур гуруҳи корӣ дар доираи 49 нафар таъсис дода шуд. Дар асоси нақша – чорабинӣ оид ба таъмиру азнавсозӣ, бунёди иншоотҳо бахшида ба 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза 180 адад иншоот, аз ҷумла 8 бинои маъмурӣ, 8 муассисаи таълимӣ, 6 муассисаи табобатӣ, 5 муассисаи варзишӣ, 2 муассисаи фарҳангӣ, 20 коргоҳи саноатӣ ва 131 иншооти хизматрасонию маишӣ, истиқоматӣ кишоварзӣ, фароғатӣ ва савдо ба нақша гирифта шуда, корҳои назоратӣ дар ин самт идома дорад. Дар доираи омодагиҳо бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 118 иншооти гуногун корҳои сохтмонию азнавсозӣ оғоз гардидааст.
Сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
Дар ин давра дар шаҳр 9 лоиҳаи сармоягузориҳои хориҷӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ амалӣ гашта истодааст. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» дар ҳудуди шаҳр корҳои таҷдиду барқарорсозии системаи канализатсия ва оби нӯшокӣ пешбинӣ гардида, то давраи ҳисоботӣ барои иҷрои хизматрасонии муҳандисӣ ва рушди корпоративӣ ширкатҳои «Мот Мак Донал» -и Англия ва «Санчеси Весер ГмбХ» -и Олмон ҷалб ва аз ҷониби онҳо корҳои таҳлилӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани тендерҳои корҳои сохтмонӣ ва хариди мошину таҷҳизотҳо, ҳуҷҷатҳои сохтор, муҳосиботи муассисаро таҳлилу баррасӣ намуда истодаанд.
Ҳамзамон то давраи ҳисоботӣ барои таҳвил ва пайвасткунии обченкунакҳо дар хонаҳои баландошёна ва таъмири бинои маъмурии муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ» бо ширкатҳои ғолиб қарордодҳо ба тасвиб расида, корҳо дар ин самт идома доранд. Маблағи азхудшуда барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Норак 2,3 млн. долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Норак, марҳилаи 1» дар шаҳр барқарорсозии НБО-и Норак оғоз гардида, то давраи ҳисоботӣ бо ширкати «Stucky Ltd» қарордоди мушовирӣ барои идоракунии лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Норак» барои 2 марҳила, бо Консортсиуми ширкатҳои Andritz Hydro GmbH (Олмон), Andritz Hydro (Австрия) ва Andritz Hydro (Штатҳои Мутаҳиддаи Амрико) барои таҳвил ва насби таҷҳизотҳо барои толори мошинҳои НБО-и Норак ва бо ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» ҷиҳати иҷрои корҳо вобаста ба бехатарии садд-мониторинг дар НБО-и Норак қарордодҳо ба тасвиб расида, корҳо идома доранд.
Ҷиҳати ҷалби ширкати пудратчӣ барои иҷрои корҳо вобаста ба барқарорсозии дастгоҳи тақсимотии кушода-автотрансфорамторҳо ва ҷиҳати таҳвил ва насби таҷҳизотҳои гидромеханикӣ дар доираи қисмати бехатарии сад озмун баргузор гардида, айни замон лоиҳаи қарордод барои ба имзо расонидан бо ширкатҳои ғолиб омода гардида истодааст.
Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур мушовирон барои назорати корҳои лоиҳа, анҷом додани аудити ҳисоботҳои молиявӣ ва азнавбаҳодиҳии воситаҳои асосии ШСХК «Барқи тоҷик» ва дигар корҳо идома доранд. Маблағи азхудгардида дар шаҳр 94,4 млн. долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» корҳои сохмонӣ ва таъмирӣ дар Муассисаи давлатии «Филиали марказии таълими калонсолони Тоҷикистон» идома дошта, ҳаҷми маблағҳои азхудшуда дар шаҳр 120,0 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» 4 зеристгоҳ, трансформаторҳои шиддатнок ва ҷараён, ҳисобкунакҳои барқӣ васлу насб гардида, маблағи азхудгардида 219,7 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ» семинари омӯзишӣ аз рӯи занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти помидор, бодиринги барвақтӣ тибқи модулҳои омӯзишӣ пешбинӣ гардида, то ин муддат маблағҳо азхуд нагардидааст.
Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» 192,9 ҳазор доллар азхуд гардидааст.
Дар доираи лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID-2019 ба оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми 125,1 ҳазор доллар дастрас гардидааст.
Дар доираи лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон корҳои лоиҳавӣ оғоз нагардидааст.
Дар доираи лоиҳаи азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ 211,5 ҳазор доллар маблағ азхуд шудааст.
Дар ин давра 3 адад иншоот тавассути музояда ба маблағи 56 915 сомонӣ фурухта шуда, пурра ба буҷаи маҳаллӣ ворид карда шудааст.
Ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2021-2025» 183 лоиҳа ба маблағи 453,6 млн сомонӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 28 декабри соли 2020, №40 тасдиқ гардида, дар 3 моҳи соли 2022 27 лоиҳа ба маблағи 29,7 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба маблағҳои пешбинишуда 6,6 %-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 46 лоиҳаи дигари он марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодааст.
Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират
Аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандони бекор барои гирифтани қарзи имтиёзнок ба 6 нафар шаҳрвандон 24200 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбати ҳамин моҳи соли гузашта 9200 сомонӣ кам мебошад. Дар се моҳи соли 2022 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 33 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 нафар кам мебошад.
Дар се моҳи соли 2022 дар шаҳр 387 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин шуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат 111 нафар, сохтмон 140 нафар ва ба дигар ташкилоту муассисаҳо 136 нафар рост меояд. Дар ин давра 4078 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, аз ин шумора 265 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, асосҳои омӯзиши кор дар компютер ва дигар намуди касбҳо 231 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ҷалб карда шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28 нафар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба 50 нафар шаҳрвандон ба маблағи 28,6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи кишоварзӣ
Дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 10,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 13,3 фоиз ё 1287,9 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Ба ҳолати 28 марти соли ҷорӣ заминҳои корам пурра (518 гектар) шудгор карда шуд. Тибқи маълумот ба ҳолати имрӯза дар майдони 501,2 га кишт гузаронида шудааст, ки нисбати нақшаи дурнамо 96,7 фоиз таъмин карда шудааст.
Аз майдони киштшуда ғалладонагиҳо 418 га ё нисбат ба нақша 107,4 фоиз, картошка 17,5 га ё нисбат ба нақша 103 фоиз, 16,2 га сабзавот ё нисбат ба нақша 58 фоиз ва 40 гектар зироати хӯроки чорво 83 фоиз таъмин карда шуда, рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ идома дошта, дар муҳлати муқараргардида таъмин карда мешавад.
Инчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7,5 гектар гармхонаҳои доимию мавсимӣ ташкил карда шуда, айни замон дар ин гармхонаҳо дар майдони 5,5 гектар сабзавот ва 2 гектар гулу буттаҳо кишт карда шуда, то имрӯз аз ин ҳисоб 76 тонна сабзавот ва 140 ҳазор бех гулу буттаҳо истеҳсол карда шуд. Дар ин давра дар майдони 7 гектар боғҳои нав бунёд карда шуда, беш аз 8 гектар боғҳои кӯҳнаю аз истеҳсол бозмонда аз нав барқарор карда шуда, бунёду барқароркунии боғу токзорҳо дар ҳудуди шаҳр ва қаламравӣ ҷамоатҳои деҳот идома дорад. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаммаи шаклҳои хоҷагидорӣ 329,6 тонна гӯшт, 459,8 тонна шир, 185,4 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 105,3%,шир 100,9% ва тухм 102 % зиёд мебошад.
Маориф ва тандурустӣ
Айни замон дар 38 муассисаи таълимӣ 920 нафар омӯзгор, ки аз ин шумора 707 нафар (70,8%) -ро занон ташкил медиҳанд, ба 16012 нафар хонанда (нисбати соли гузашта 661 нафар зиёд) ва 632 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ дарс медиҳанд. Дар соли таҳсили 2021-2022 93 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил дар хона фаро гирифта шудаанд.
Аз шумораи умумии омӯзгорон 528 нафар (57,3%) дорои таҳсилоти олӣ, 55 нафар (5,9 %) дорои таҳсилоти олии нопурра, 269 нафар (29,2%) дорои таҳсилоти миёнаи махсус ва 68 нафар (7,4%) дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо 389 нафар хонандагони болаёқат ба маҳфилҳои гуногун фаро гирифта шудаанд. Имсол 409 нафар хонандагони болаёқати синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври сеюми олимпиада (вилоятӣ) иштирок намуда, 74 нафар ба даври ниҳоии олимпиада роҳхат гирифтанд, ки 20 нафарашон аз фанҳои дақиқ мебошанд.
Муассисаҳои тандурустӣ дар доираи барномаҳои кафолатӣ фаъолият намуда, давоми семоҳи соли 2022 907 нафар бемор бистарӣ гардиданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45 нафар зиёд аст. Аз шумораи умумии беморон 190 нафар ба маблағи 50% (се моҳи соли 2021 212 нафар), 25 нафар ба маблағи 70 фоиз (се моҳи соли 2021 21 нафар), 36 нафар ба маблағи 100 % (се моҳи соли 2021 50 нафар) ва 646 нафар (дар се моҳи соли 2021 611 нафар) бе маблағ (имтиёзнок) бистарӣ гардиданд.
Фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш
Кормандони муассисаҳои фарҳангӣ дар баргузории ҷашну санаҳои таърихӣ, сиёсиву фарҳангӣ саҳми муносиб доранд. Рӯзи 4-уми март дар толори Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии фарҳангиро бахшида ба Рӯзи Модар омода намуда, пешкаши иштирокчиён гардониданд. Санъаткорони бахши фарҳанг дар баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 саҳми арзанда гузошта, санаи 22 марти соли 2022 дар майдони марказии шаҳр барномаи теартикунонидашударо пешкаши мардум гардониданд.
Шумораи умумии занон 31 ҳазору 285 нафарро ташкил дода, айни замон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр 2829 нафар духтарону занон фаъолият намуда истодааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 нафар зиёд мебошад. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда 111 нафар фаъолият доранд, ки 41 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
Айни замон дар Норак 19 ҳазору 200 нафар ҷавонон умр ба сар мебаранд, ки 9400 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Дар корхонаву муассисаҳои шаҳр 748 нафар ҷавонон, аз ҷумла 205 нафар бонувон, 70 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 53 нафар дар соҳаи хизмати давлатӣ кору фаъолият доранд. Аз шумораи умумии ҷавонон 22 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд.
Дар шаҳр 2 мактаби варзишӣ аз рӯи 7 намуди варзиш фаъолият дошта, 18 нафар мураббиён ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғуланд. Аз ин шумора 16 нафар дорои таҳсилоти олии варзишӣ мебошанд. Дар муассисаҳо дар 40 гурӯҳ 504 нафар варзишгар машқу тамрин мегиранд.
Муроҷиати шаҳрвандон ва мактубҳо
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар 3 моҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо 88 мактуб ворид гардида, дар муҳлатҳои муайяншуда аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба мақомотҳои дахлдор маълумоти муфассал пешниҳод карда шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби МИҲД вилояти Хатлон 349 мактуб, 24 қарор ворид гардида, оид ба иҷрои онҳо қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Норак ба тасвиб расонида шуда, баҳри иҷро ба корхонаву муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти Дӯконию Пули Сангин ирсол карда шуд. Умуман, дар давраи ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 145 мактуб ирсол гардид. Дар давраи ҳисоботӣ унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 387 муроҷиатҳои инфиродӣ – дастаҷамъӣ ва 6 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дода шуд. Дар ин давра аз тарафи раиси шаҳр расман 15 маротиба қабули шаҳрвандон баргузор гардида, 79 ариза мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муроҷиатҳои ҳамарӯзаи шаҳрвандон зери назорат гирифта мешавад. Ҳамзамон 9 машварати ҳафтаинаи назди раиси шаҳр баргузор гардид, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаб, ободонию кабудизоркунӣ ва тозагии шаҳр мусоидат намудаанд.
Мардуми бонангу номус ва матиниродаи шаҳри Норак минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиатҳои Ватани маҳбубамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаашон дар пешрафти шаҳр ва кишвари азиз саҳми арзишманд мегузоранд.
Билоли Шамс, МТЖТ