Тайи солҳои охир бо иқдоми неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дигаргунсозӣ ва таҳкими ислоҳоти маориф идома ёфта истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба роҳ монда, дар соли 2019 зиёд корҳоро ба анҷом расонидааст.

Маълумоти мухтасар

Дар ноҳияи Кӯшониён 59 муассисаи таълимӣ, аз ин 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 Мактаби Президентӣ, 1 Гимназияи давлатӣ, инчунин 9 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 1 муассисаи томактабии хусусӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ва дар назди шуъбаи маориф 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 54020 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда, аз он ҷумла 25773 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар ноҳия 9 адад муассисаҳои томактабӣ, аз он ҷумла 1 адад муассисаи томактабии хусусии ба номи “Садаф” амал намуда, 1100 нафар тарбиятгиранда ҷалб шудаанд, ки ба онҳо 62 нафар мураббияҳои касбӣ дар 62 гуруҳ таълиму тарбия медиҳанд.

Шумораи умумии омӯзгорон 2898 (аз он ҷумла занҳо – 1613) нафар, аз ин бо маълумоти олӣ 2015 нафар, олии нопурра 189 нафар, миёнаи махсус 593 нафар ва миёнаи умумӣ (ғоибхонҳои донишкада, донишгоҳ ва коллеҷҳо) 101 нафар мебошанд. Инчунин, 162 нафар омӯзгорон бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони «Корманди шоиста», 1 нафар дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар дорандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон мебошанд.

Ҳунаромӯзӣ дар маҳфилҳо

Дар муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф 8 намуди маҳфилҳо амал мекунанд, ки дар онҳо 380 нафар хонанда аъзо буда, дар 33 гуруҳ 8 нафар омӯзгорон касбу ҳунар меомӯзонанд.

Дар назди 34 муассисаи таълимӣ маркази инкишофи кӯдакон амал мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 880 нафар кӯдакони синни томактабӣ таълиму тарбия мегиранд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 178 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд (гирифтори бемориҳои модарзодӣ, шунавоиашон суст, гунг, фалаҷи сутунмуҳра, биноиашон суст ва ҷисман носолим), аз онҳо 44 нафарашон ба таълими хонагӣ ба қайд гирифта шуда, омӯзгорони касбии таҷрибадор ба онҳо таълим медиҳанд.

Назорат ва баррасии масъалаҳои муҳим

Давоми ёздаҳ моҳи соли 2019-ум 11 маротиба Шӯрои шуъбаи маориф доир гардида, дар он 18 масъала муҳокима ва 15 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Кормандони БХДНДСМ-и назди шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо мушовирони кабинети методӣ давоми ёздаҳ моҳ 12 муассисаҳои таълимӣ, 2 муассисаҳои томактабиро аз аттестатсияи давлатӣ ва 8 муассисаҳои таълимиро вазъи ташкили назорати дохилимактабӣ, сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон гузаронидаанд.

Таваҷҷуҳ ба сифати таълим

Сатҳу сифати таълим тайи солҳои охир рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, аз натиҷаи чоряки 1-уми нимсолаи 1 дар муассисаҳои таълимӣ дар соли хониши 2019-2020, ки охири моҳи октябри соли гузашта ҷамъбаст гардид, нишон додааст, ки аз 54020 нафар хонандагон 47949 нафар дар чоряк иштирок намуда, баҳои “5”, 5425 нафар хонандагон ё 11,3% баҳои “4”, 16019 нафар хонандагон ё 33,4% баҳои “3” гирифтаанд. Ҳисоби миёнаи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 3,6 хол буда, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 70-75 дарсадро дар бар мегирад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2018 бо фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба 183 нафар омӯзгорони ноҳияи Кӯшониён тахассуси дараҷаи олӣ ва бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия ба 225 нафар омӯзгорон тахассуси дараҷаи 1-ум дода шуда буд.

Дар асоси нақшаи дурнамои ба курси такмили ихтисос фиристодани омӯзгорони соҳаи маориф бо фармоишҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳия давоми ёздаҳ моҳи соли гузашта 487 нафар омӯзгорони фаннӣ, ҷонишинҳо, китобдорон, роҳбарони омодагии дифои ҳарбӣ, созмони хонандагон ва директорони муассисаҳои таълимӣ барои маҳорати касбии худро сайқал додан аз курси такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони минтақаи Бохтар гузаронида шудаанд.

Шуъбаи маорифи ноҳия бо донишгоҳҳо ва коллеҷҳо шартномаи тарафайн баста, дар соли гузашта бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия 97 нафар омӯзгорони ҷавон бо фармоишҳои мудири шуъбаи маориф ба ҷойи кори доимӣ қабул шудаанд.

Идомаи таҳсил

Тибқи ҷадвалҳои омории натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ дар соли 2019 ҳамагӣ 3409 нафар хатм намуда, 2503 нафарашон ба ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин 74%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тибқи квотаи Президентӣ 23 нафар, аз ин 12 нафар духтарон ба донишгоҳҳои олӣ дохил шудаанд.

Компютеркунонии муассисаҳо

Айни замон муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дорои 66 синфи компютерӣ буда, бо 1559 адад компютер, 201 адад принтер, 20 адад тахтаи электронӣ ва 24 адад видеопроектор таъмин карда шудаанд. Дар ноҳия 32 адад муассисаҳои таълимии ноҳия тариқи модем, 6 адад муассисаҳои таълимии дигар ва шуъбаи маориф тариқи антена ба шабакаҳои интернет пайваст гардидаанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки аз тарафи мутахассисони Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон 128 адад компютерҳои муассисаҳои таълимии ноҳия дар давраи таътили тобистонаи соли гузашта ройгон таъмир карда шуда, барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ дода шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ

Маблағгузории соҳаи маориф сол то сол афзоиш ёфта, чораҳое, ки дар самти мазкур дида мешаванд, ба беҳтару хубтар гардидани вазъи соҳа ва боло рафтани сифати таълиму тарбияи мактаббачагон мусоидат менамоянд. Дар ин самт аз оғози соли 2019 дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 воқеъ дар деҳаи Гулистон бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкори маҳал, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 16 синфхона барои 400 ҷойи нишаст бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 воқеъ дар деҳаи Ниҳолпарварӣ бинои таълимии нав иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва шахсони эҳсонкор, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 ду синфхонаи иловагӣ бо 50 ҷойи нишаст аз тарафи кумитаи падару модарон, дар долони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 як синфхонаи иловагӣ барои 25 ҷойи нишаст тариқи ҳашар аз ҳисоби кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бинои таълимии нав иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 чор синфхона барои 100 ҷойи нишаст аз тарафи кумитаи падару модарон, шахсони эҳсонкор, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 бинои таълимии нав иборат аз 3 синфхона барои 75 ҷойи нишаст аз ҳисоби сметаи муассиса ва аз тарафи кумитаи падару модарон сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар умум 42 синфхона бо теъдоди 1050 ҷойи нишастро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бинои нави таълимӣ иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон, соҳибкорони маҳаллӣ ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 чор синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст аз ҳисоби собиқ толори варзишии намуди бокс дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарону соҳибкорони маҳал, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 сохтмони бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 10 синфхона барои 250 ҷойи нишаст аз ҷониби (БМИМТ), дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 6 синфхонаи иловагӣ барои 150 ҷойи нишаст аз ҳисоби шахси эҳсонкори маҳал Қараев Қурбон, дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 воқеъ дар деҳаи Наврӯз бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 3 синфхона барои 75 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 идомаи сохтмони дуюм ошёнаи бинои нави таълимӣ иборат аз 5 синфхона барои 125 ҷойи нишаст аз ҳисоби сметаи муассиса, кумитаи падару модарону соҳибкорони маҳал ва сохтмони муассисаи таълимии нав воқеъ дар ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Фрунзе бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд иборат аз 24 синфхона барои 600 ҷойи нишаст идома дорад, ки дар умум 74 синфхона бо теъдоди 1850 ҷойи нишастро ташкил медиҳад.

Лозим ба тазаккур мебошад, ки дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 воқеъ дар деҳаи Умар Қазоқ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ сохтмони бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 6 синфхона барои 150 ҷойи нишаст бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Фонди Саудии Рушд дар назар аст.

Дастовардҳои варзишӣ

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар ҳаракати олимпиадаҳои вилоятӣ соҳиби 86 медал гардидаанд, ки аз ин 17 тилло, 14 нуқра, 55 биринҷӣ буда, аз Гимназияи давлатии №3 – 23 медал, Мактаби Президентӣ – 29 медал, муассисаҳои таълимии №1 – 5 медал, №5 – 1 медал, №7 – 1 медал, №8 – 1 медал, №10 – 2 медал, №13 – 2 медал, №14 – 1 медал, №16 – 1 медал, №18 – 3 медал, №19 – 1 медал, №25 – 1 медал, №32 – 1 медал, №36 – 1 медал, №43 – 1 медал, №54 – 2 медал, №55 – 2 медал, №62 – 3 медал, №65 – 1 медал, №68 – 2 медал, №69 – 1 медал, №70 – 1 медал ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 14 медал гардидаанд, ки аз ин 1 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ буда, аз Гимназияи давлатии №3 – 8 медал ва аз Мактаби Президентӣ 6 медал мебошад.

Зимистонгузаронӣ дар сатҳи баланд буд

Баҳри назорат ва пешбурди корҳо ҷиҳати фаъолияти мунтазам ва самарабахши муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф ба тасвиб расида, дастраси муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ гардонида шудааст. Тибқи нақша, муассисаҳои таълимӣ барои таъмини ангишт бо ҶДММ «РС» шартнома бастаанд ва 708 тонна ангишт таъмин карда шуда, аз бақияи соли гузашта дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ 58 тонна ангиш захира шудааст, ки ҳамагӣ 766 тоннаро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар сатҳи баланд буда, синфхонаҳо шишабандӣ ва бо печкаи оташӣ таъмин гардида буданд.

Таъминот бо китоб

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2019 ба шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 473 нусха китобҳои бадеӣ ба маблағи 11389 сомонӣ, китобҳои дарсии иҷоравӣ 83150 нусха ба маблағи 1225807 сомонӣ, маводҳои таълимӣ (рӯзномаи дарсӣ) 35000 нусха ба маблағи 203000 сомонӣ, роҳнамо ва маводҳои таълимӣ барои омӯзгорон 12894 нусха ба маблағи 180294 сомонӣ ворид гардида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Нурмаҳмадзода Кибриё, “дар ноҳияи Кӯшониён афзалияти соҳаи маориф ва ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ риоя гардида, иҷрои талаботи моддаҳои 6 ва 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандро ба таҳсил ва интихоби забони таҳсил муқаррар менамояд, иҷро гардида, ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ва томактабӣ сарфи назар аз миллат, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”.

– Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин дастурҳои роҳнамову супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда, барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь