Литсейи касбии техникии ноҳияи Б.Ғафуров яке аз муассисаҳои соҳибнуфузи таълимии давлатӣ дар вилояти Суғд буда, соли 1983 дар заминаи филиали омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 3-и шаҳри Ленинобод ҳамчун Омӯзишгоҳи деҳотии касбию-техникии № 24 ноҳияи Хуҷанд таъсис ёфтааст.

Соли 2014 муассисаи мазкур Литсейи касбии техникии ноҳияи Б.Ғафуров номгузорӣ карда шуда, феълан дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар корпуси сеюми бинои  мактаб парваришгоҳи махсуси ҷамоати Хистеварз, ки дорои 350 ҷои нишаст мебошад, фаъолият бурда истодааст. 

Литсейро дар айни замон устоди собиқадори муассисаи мазкур бонуи кордону пешқадам Исобоева Нодира Муҳаммадҷоновна роҳбарӣ мекунад, ки ба ин вазифа аз тарафи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии кормандони литсей пешниҳод шуда, бо фармони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Исобоева Н.М оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад. Мавсуф барои тарбияи фарзандону хонандагони литсей фаъол буда, мекушад, ки онҳо соҳиби касбу ҳунар ва маълумоти олӣ шуда, дар оянда ба халқу ватани азизи худ хизмат кунанд.

 

Потенсиали кадрӣ

Дар айни замон дар муассисаи мазкур 52 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки талаботи кадриро пурра қонеъ мегардонанд. Ҳамаи омӯзгорон дорои маълумоти олии касбӣ буда, собиқаи кории омӯзгории зиёда аз 10 сола доранд. Дар литсей омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии пуртаҷриба ва устои кори худ фаъолият мебаранд, ки донишҷӯён ҳангоми суҳбат бо мо бо ифтихор аз Исобоева Н.М., Абдуқодиров А., Ҳоҷибобоев А., Насруллоева М.Д., Абдувоҳидов А., Азимов А., Набиев З.Ф., Мирзохолов А., Ҷабборов С., Кенҷаев Ш., Дадобоев А., Ҳоҷибоев А.К., Юсуфова О.Н., Ахмедова Б., Ахмедова Д., Қосимова С., Холиқова Ш. ва дигарон ном бурданд. Барои меҳнати софдилона ва пурмасъул омӯзгорон Набиев З.Ф., Насруллоева М.Д. бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Точҷкистон» ва Дадобоев А. бо унвони «Аълочии таҳсилоти ибтидоии касбӣ» сазовор гардидаанд.

Аз шумораи умумии устодон омӯзгорони дараҷаи олӣ 8 нафар, дарачаи 1-ум 7, дарачаи 2-юм 7, устоҳои таълими истеҳсолии дараҷаи 1-ум 5 нафар ва дараҷаи 2-юмро 3- нафарро ташкил медиҳанд.

 

Пойгоҳи моддӣ-техникӣ

Литсей дорои пойгоҳи хуби моддӣ-техникӣ буда, барои таълими хуби касбии хонандагон, ки 250 нафар мебошанд, равона карда шудааст. Бинои муассиса дорои 11 синфхона, утоқҳои муосири муҷаҳҳаз ба аёниятҳо ва амсилаҳои «Қоидаи ҳаракати роҳ», «Сохти автомобили боркаш», «Сохти автомобили сабукрав», «Сохти трактор», «Мошинаҳои кишоварзӣ», «Кафшергарӣ»,  «Компютерӣ», «Забон ва адабиёти тоҷик», «Забони русӣ», «Забони хориҷӣ», «Математика», «Физика», «Химия», «Биология», «География», «Таърих ва ҳуқуқ», «Омодагии дифоии ҳарбӣ» ва инчунин кабинети методии бо тахтаи электронӣ таҷҳизонида шуда, барои таълими касбии хонандагон аз дискҳои таълимӣ истифода бурда мешаванд. Кабинети компютерии литсей дорои 20 адад компютери замонавӣ, се адад ноутбук, як адад принтер, се адад дастгоҳи нусхабардорӣ, як адад сканер, як адад принтери ранга, ду адад тахтаи электронӣ мебошад.

Дар литсей пойгоҳи машқдиҳии ронандагӣ, 6 адад автомобил, 3 адад трактор, 16 адад мошинаҳои кишоварзӣ, таҷҳизотҳои техникӣ, дастгоҳҳои таълимӣ, устохонаҳо, сехи дӯзандагӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба устодони пуртаҷрибаву кордон вобаста карда шудааст.

 

Ихтисосҳо

Дар литсей барои қабули хонандагон дар соли хониши 2019-2020, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, аллакай корҳои ташкилиро ба роҳ мондаанд. Тибқи муқаррарорт аз рӯйи ихтисосҳои зерин довталабон қабул карда мешаванд:

  1. Дӯзанда
  2. Ҳисобдор (бо донистани компютер)
  3. Кафшергари барқию газӣ
  4. Тракторчӣ-машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ
  5. Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил
  6. Барқчӣ

Литсей дар давраи фаъолияташ зиёда аз 10100 нафар мутахасисони касбиро бо ихтисосхои зикршуда тайёр карда, ба хоҷагии халқи ноҳия ва вилоят сафарбар кардааст. Ба ғайр аз ихтисосҳои дар боло овардашуда, дар литсей аз соли 2007 инҷониб курсҳои кӯтоҳмуддати “Ронандаи воситаҳои наклиёти дараҷаи «В» ва «С» (муҳлати таҳсил 3 моҳ), “Кафшергари барқию газӣ” (муҳлати таҳсил 2 моҳ), фаъолият мекунад. Ба чунин гуруҳҳо шахсони хоҳишманд новобаста ба синну сол қабул карда мешаванд.

 

Таҷрибаомӯзӣ

Литсейи касбии техникии ноҳияи Б.Ғафуров» бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бо якчанд корхонаҳо ва ташкилотҳои давлативу хусусӣ шартномаҳо баста, дар он муҳлати  таҷрибаомӯзӣ, шумораи хонандагон, уҳдадориҳо, талабот, пешниҳодот, шартҳо ва пардохти  музди меҳнат муайян карда шудааст. Устоҳои таълимии истеҳсолӣ ба хонандагон дастурамали муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, инчунин гигиенаи шахсӣ ва муҳофизати зидди сӯхторро омӯзонида, ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии хонандагонро тайёр мекунанд.

Рафти таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон дар корхонаҳо на танҳо аз тарафи устоҳои таълими истеҳсолӣ, балки аз тарафи сарусто, ҷонишини директор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мунтазам назорат бурда мешавад. Дар айни замон барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ дар устохонаҳои фабрикаи «Шарбати Хистеварз», устохонаи “Кафшергари газию барқӣ”, устохонаи “Дӯзандагӣ”-и назди литсей, нуқтаҳои хизматрасонии техникии давлатӣ ва хусусӣ, ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Тоҷикистон», ҶС “А.Ҷумаев”, АТП-33, Ю-Транс-компания ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Б.Ғафуров шартномаҳои дуҷониба баста шуда, муҳассилин бевосита дар корхонаҳои номбурда таҷриба мегузаронад ва дараҷаи касбияти худро сайқал медиҳанд.

Корҳое, ки ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ хонандагон иҷро мекунанд, бо ихтисосашон мувофиқат карда, талаботи барномаҳои таҷрибаомӯзиро  таъмин мекунад.

 

Комиссияи доимамалкунанда

Маъмурияти Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои баланд бардоштани сатҳи дониш, дараҷаи азхудкунии дониши хонандагон ва сифати таълим дар литсей комиссияи доимамалкунандаи сифати таълим таъсис додааст. Мувофиқи нақша дар литсей ҳар се моҳ як маротиба санҷиши сифат ва сатҳи дониши хонандагон аз рӯи фанҳои амалкунанда санҷида мешавад.

 

Дарсҳои кушод

Соли ҷорӣ дарсҳои кушод аз фанни химия дар мавзӯи “Таснифи реаксияҳои химиявӣ”, аз фанни алгебра дар мавзӯи “Ҳосил ва ҳисоб намудани он”, аз фанни физика дар мавзӯи “Тобишҳо ва тайфи онҳо. Манбаъҳои рӯшноӣ”, аз фанни биология дар мавзӯи “Таърихи инкишофи замин ва олами органикӣ”, аз фанни таърихи умумӣ-“Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир”, аз фанҳои тахассусии “Сохти автомобил-трансмиссияи автомобил” ва мошинаҳои кишоварзӣ” гузаронида шуд ва идома дорад, ки аз тарафи шуъбаи методии литсей таҳлил карда мешавад.

 

Китобхона

Литсей дорои китобхона мебошад, ки фонди он дорои 3500 адад китобҳои  таълимӣ ва бадеӣ мебошад. Қироатхона дорои 25 ҷои нишаст буда, мудири он Ҳусейнова Шуҳранисо ба кормандону хонандагон дар интихоб ва доду гирифти китобҳо мадад мерасонад.

 

Чорабиниҳо ва озмунҳо

Омӯзиши мо нишон дод, ки хонандагони литсей пайваста дар мусобиқаҳои варзишии ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Дар литсей низ байни хонандагон бахшида ба ҷашну санаҳои таърихӣ мусобиқаҳои варзишӣ, баровардани рӯзномаҳои деворӣ, шеъру сурудхонӣ, озмунҳои тахассусии “Дастони моҳир” ва озмуни ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.

Кормандону хонандагони литсей моҳи марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар озмун-фестивали “Дастони моҳир”, ки дар боғи Ирам байни колеҷу литсейҳои кишвар баргузор гардид, иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд. Моҳи июни соли 2018 бошад бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар осоишгоҳи Зумради шаҳри Исфара ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд, ки аз он меҳмонони хориҷӣ дидан карданд ва хонандагон ба меҳмонони хориҷӣ барои хотира аз маҳсули ҳунари худ табақу кордҳои миллиро туҳфа карданд.

Бахшида ба Иди Модарон, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни  ҳунарҳои дастии хонандагони литсей намоиш дода шуд, ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.

 

Ба ҷои охирсухан

Аз суҳбат бо директори литсей, роҳбари кордону пуртаҷриба Исобоева Нодира Муҳаммадҷоновна, ки собиқаи кории зиёд дорад, маълум шуд, ки аҳли кормандони муҳандисӣ-омӯзгории литсей Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ боз ҳам хубтару беҳтар меҳнат хоҳанд кард.  Таълиму тарбияи хонандагони литсей ҳамавақт дар мадди назари маъмурият  ва кормандони муҳандисӣ-омӯзгории литсей буда, ба онҳое, ки дар оянда нияти таҳсил дар Литсейи касби техникии ноҳияи Бобоҷон  Ғафуровро доранд, кафолат медиҳанд, ки соҳиби касбу ҳунар гашта, чун мутахассиси хуб ба воя мерасанд. Дарҳои Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба рӯи довталабон ва ташнагони касбу ҳунар ҳамеша боз аст.

 

“МТЖТ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь