Бо фаро расидани фасли сармо дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ гардид. Бештар аз ҳама ин ҳолат дар деҳотҳо ҷорист, ки беш аз 70 фисади мардум деҳотнишинанд.

Вале дар ҳамин ҳол баъзе аз корхонаву бемористонҳое ҳастанд, ки онҷо лимит ҷорӣ намешавад ва онҷо “линияи озод” аст. Албатта ин ҳолат хуб аст, чун дар бемористон набудани барқ метавонад бисёр мушкилиҳоро ба бор оварад.
Дар ҳамин баробар вақте сокинони кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз лимити барқ ва истиқлолияти энергетикӣ ҳарф мезаданд. Барқи тоҷик бо ширкати “Брешно”-и Афғонистон шартномаи фурӯши барқро имзо намуд. Ин ҳолат боисӣ бисёр нофаҳмиҳо байни мардум гашт.

Аз “Барқи тоҷик” ҳолати мазкурро шарҳ дода гуфтанд, ки шартнома танҳо дар мавсими тобистон ва набудани лимит дар кишвар амалӣ мегардаду халос.

Хуб ҳоло мегузарем аз ин ҳарфҳову сари масъалаи асосӣ бар мегардем. Аллакай чанд вақт мешавад, ки дар ноҳияи Деваштич ва деҳоти он низ лимити барқ ҷорӣ шудааст. Вале моро чизи дигаре ба ташвиш меорад ин будани сими барқ дар кучаҳои шаҳрак ба мисли тори анкабут.

Дар расмҳои зер, ки шумо мебинед симҳои барқ мисли тори анкабут аз ин тараф ба он тараф кашида шудаанд, ки аз куҷо омада ба куҷо рафтанаш барои мо торик аст. Чун мо барқ надорем барои ҳамин ҳам ин масъала торик боқӣ мондааст.

Вале бархе аз сокинони ноҳия иддао доранд, ки ин хатҳои барқ ба хонаи нафароне меравад, ки эшон аз хизматрасонии “линияи озод” бархурдор ҳастанд.

Ба қавли як ҳамсӯҳбати мо бо пардохти маблағи муайяне шумо низ метавонед хонаи худро доим бо барқ таъмин намоед. Яъне пулашро супору аз хизматрасонии “линияи озод” баҳравар шав.

То куҷо дуруст будани ҳолати мазкурро мо санҷида мебароем ва дар ин бора ҳафтаи оянда маълумоти пурра пешниҳоди шумо мегардонем.

Дар минтақаи шумо низ чунин ҳолат ҳаст?

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь