Ҳарчанд водии Ёвон аз рӯи тадқиқоти муаррихон, таърихи куҳани дорои тамаддуни боифтихор дошта бошад ҳам, вале ба таъсиси он ҳамчун ноҳияи аграрӣ ҳамакнун 84 сол пур мешавад. Хабарнигори МТЖТ дар доираи як сафари дурӯза шоҳиди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар ин ноҳияи зархез ва дорои саноати пешрафта гардид. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассал мо аз дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Ёвон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ хоҳем гуфт.
Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ба таъмини волоияти қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.
Тавсифи умумӣ
Водии Ёвон то соли 1920 яке аз амлокдориҳои Бекигарии Ҳисори Аморати Бухоро маҳсуб меёфт. Водӣ соли 1920 номи «Тумани Ёвони вилояти Душанбеи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро»-ро гирифт. Аз соли 1927 ба ҳайати вилояти Ҳисори Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон шомил буд. Аз соли 1929 то соли 1934 яке аз воҳидҳои маъмурии ноҳияи Лақайтоҷики округи Ҳисори РСС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Он замон ин ноҳияи навтаъсисёфта ҳамагӣ аз панҷ колхоз иборат буд ва аҳолиаш тақрибан 12-13 ҳазор нафарро ташкил медод. 11-уми июни соли 1934 дар асоси Қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон ҳамчун ноҳияи Ёвон таъсис ёфтааст.
Солҳои 1963-1965 ноҳияи Ёвон ба ҳайати ноҳияи Куйбишев (ҳоло А.Ҷомӣ) тобеъ буд. Аз соли 1992 инҷониб ба ҳудуди вилояти Хатлон шомил мебошад.
Аз нигоҳи этимологӣ калимаи «Ёвон» аз забони авастоии “yavanha” баромадааст, ки маънои он «чарогоҳ» мебошад. Ин вожа мафҳуми «водӣ»-ро низ ифода мекунад.
Соли 1924 дар водии Ёвон ҳамагӣ 9038 нафар аҳолӣ сукунат дошт. Масоҳати ноҳия 976200 километри мураббаъ ва аҳолияш ба 1-уми январи соли 2020 беш аз 237000 нафарро ташкил медиҳад.
Ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар соҳили рости дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Водиро аз ғарб ва шимол қаторкуҳи Боботоғ, аз шарқ қаторкуҳи Қаротоғ иҳота намуда, самти ҷанубиаш ба дарёи Вахш кушода аст. Ёвон бо шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат (аз самти шимол), Норак (аз шимолу шарқ), Данғара (аз шарқ), А. Ҷомӣ (аз ҷануб), Хуросон (аз ҷанубу ғарб) ва Рӯдакӣ (аз ғарб) ҳамсарҳад аст.
Ҳамчун ноҳияи аграрӣ шуҳрат ёфтани ноҳияи Ёвон асосан баъд аз бунёди нақби қариб ҳафтунимкилометраи обгузари Бойғозӣ-Ёвон оғоз гардида, ба охири солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд. Кандани нақби мазкур 10-уми феврали соли 1962 ибтидо ёфта, баъд аз шаш солу се моҳ – 18-уми майи соли 1968 ба анҷом расонида шудааст. Имрӯз ин нақби азим тамоми водии Ёвон ва қисмате аз навоҳии Ҷомӣ ва Хуросонро бо об таъмин менамояд.
Ҳоло ноҳияи Ёвон аз 2 шаҳрак (Ёвон, Ҳаёти Нав) ва 9 деҳот (ба номи Ҳасан Ҳусейнов, ба номи Гулсара Юсуфова, Даҳана, Чоргул, Обшорон, Норин, Ситораи Сурх) иборат аст.
Шаҳраки Ёвон
Шаҳрак соли 1934 таъсис ёфта, масоҳати 1300 гектарро дар бар мегирад ва беш аз 35 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Маҳаллаву кӯчаҳои Меҳвар, М. Турсунзода, Б. Ғафуров, К. Қурбонов, Т. Хушвахтов, Одинаев, Шамсов, Тоҷикистон, К. Мирзоев, Р. Раҷабов, А. Ғуломов, Дӯстӣ, Ёвони Куҳна, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Спутник, Орзу, А. Ҷомӣ, Ҷ. Бобиев, А. Раҳматуллоев, Т. Карликов ва якчанд тангкӯчаҳои дигар дар ҳудуди он ҷойгиранд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди шаҳраки Ёвон ҳама ниҳодҳои ноҳиявии вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, фабрикаи дӯзандагӣ ва бофандагии “Ваҳдат”, якчанд корхонаҳои хурд ва миёнаи истеҳсолӣ, зиёда аз 220 бинои истиқоматии баландошёна, 5 муассисаи томактабӣ, 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Литсей, Гимназия, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, чор муассисаи миёнаи касбӣ – Коллеҷи тиббӣ, Коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ, Литсейи касбии техникӣ, Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ, Кохи фарҳанги ба номи Т. Хушвахтов, Кохи синамои “Наврӯз”, Осорхона, се китобхонаи оммавӣ, Матбааи “Субҳи Ёвон”, Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, 6 нуқтаи тиббии хусусӣ, 29 дорухона, теъдоди зиёди тарабхонаҳо, даҳҳо марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, маишӣ ва техникӣ, дӯкону мағозаҳо, ҳаммомҳо, чор бозор (Меҳргон, Тиҷорат, Ансор, Фаровон), Терминали мусофиркашонӣ фаъолият мекунанд. Дар баробари ин, Варзишгоҳи марказӣ, 1 маҷмаа, 1 фитнес-клуб, 1 ҳавзи шиноварии болопӯшида, якчанд толор ва майдончаҳои варзишӣ, 3 боғи истироҳатӣ (Фароғат, Ғалаба, ба номи Б. Ғафуров) ва дигар иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор доранд.
Масофаи роҳҳои мошингарди шаҳраки Ёвон 130 км аст, ки аз он 20 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад. Аз рӯи ҳисоботи пешакӣ, аҳолии шаҳраки Ёвон то соли 2035 ба 55-60 ҳазор нафар мерасад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳудуди он дар ояндаи наздик мутобиқи Нақшаи генералии нав (28-уми декабри соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст) васеъ гардонида хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Нақшаи генералии мазкур бунёди манзилҳои истиқоматии 9-12-ошёна, биноҳои 4-6-ошёна ва қитъаҳои наздиҳавлигиро пешбинӣ менамояд. Тибқи ин санад дар баробари сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳия бунёд намудани биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 мактаб-интернат, марказҳои фарҳангӣ ва ҷавонон, осорхона ва китобхонаи замонавӣ пешбинӣ карда шудааст.
Дар асоси Нақшаи генералӣ сохтори нақлиётӣ нигоҳ дошта мешавад, кӯчаҳо таҷдид гардида, шоҳроҳҳои нав сохта, минтақаҳои коммуналӣ, ҷойҳои истироҳати аҳолӣ ва системаи шоҳроҳҳои шаҳрӣ ва беруназшаҳрӣ ба низом дароварда мешаванд.
Шаҳраки Ҳаёти нав
Шаҳрак соли 1971 таъсис ёфта, масоҳати 6049 гектарро дар бар мегирад ва беш аз 22 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва аз деҳаҳои 8 Март, Саъдии Шерозӣ, Алишер Навоӣ, Ваҳдат ва Ҳамза иборат аст.
Заминҳои корам: 4992 га (аз он 4762 га обӣ), чарогоҳ: 1227 га, заминҳои наздиҳавлигӣ: 833 га, заминҳои ёрирасон: 135 га, дигар намуди заминҳо 1074 га. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ деҳқонони ин минтақа дар майдони 128 га боғҳои зардолу, себ, чормағз, бодом, олу, ангур ва анор бунёд кардаанд.
Саршумори чорвои калони шохдор: зиёда аз 13000 сар, моли майда: зиёда аз 18000 сар, асп: 507 сар, паранда: 14860 сар ва занбӯри асал: 446 оила. Дар шаҳраки Ҳаёти нав корхонаҳои коркарди пахтаи “Истиқлол-2010” ва“Сзинян Инхай Хуанфантсюй”, Корхонаи истеҳсоли орди “Кипарис-2010” фаъолият доранд.
Дар муддати 25 соли охир дар ин шаҳрак зиёда аз 60 маркази савдову хизматрасонӣ ва хӯроки умумӣ, 9 осиёби ордбарорӣ, 6 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 дӯкони нонпазӣ, 1 сартарошхона мавриди истифодаи аҳолӣ қарор гирифтаанд.
Дар ҳудуди шаҳраки Ҳаёти нав ва 5 деҳаи мазкур 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 маркази саломатӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ, 1 китобхонаи оммавӣ ва 1 толори фарҳангӣ амал мекунанд.
Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов
Он соли 1972 таъсис ёфта, масоҳати 12555 гектарро дар бар мегирад ва беш аз 27 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Марказаш деҳаи Чароғчӣ буда, деҳаҳои Чормағзак, Гули Бодом, Дарагӣ, Челонзор, Муллобаротӣ, Ҳасанӣ, Чароғчӣ, Ширинчашма, Тутак, Оҳуҷар, Чашмасор-1, Чашмасор-2, Озодӣ, Навобод, Дӯстӣ, Дастгираки Боло, Дастгираки Поён, Меҳристон, Тошохур, Мирзоии Боло, Мирзоии Поён, Дунис, маҳаллаҳои 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомӣ-2-ро дар бар мегирад.
Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур 150 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта, 1437 га заминҳои корам (аз он 1049 га заминҳои обӣ), 6181 га чарогоҳ ва 781 га заминҳои наздиҳавлигӣ мавҷуданд. Хоҷагиҳои ин ҷамоати деҳот, ки ҳоло теъдодашон ба 375 адад расидааст, дар майдони 1017 га дарахтони себу анор, шафтолую зардолу ва ноку ангур парвариш мекунанд. Онҳо дар зарфи 25 соли охир дар майдони 215 га боғу токзори нав бунёд намудаанд.
Дар фермаҳои ширию молии ҶДММ “Ваҳдат”, кооперативи истеҳсолии “Ба номи Р. Нуров” ва боз ду фермаи дигари ширию молии ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов қариб 700 сар чорвои калон ва беш аз 3500 сар моли майда нигоҳубин карда мешавад. Дар ҷамоати деҳоти мазкур корхонаҳои саноатии “Ғаюр”, “Хуаксин Ғаюр семент”, коргоҳи “Сангшикани Ёвон” фаъолият доранд.
Дар ҳудуди ҷамоати деҳот 14 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 17 муассисаи деҳотии тандурустӣ (6 маркази саломатӣ, 11 бунгоҳи тиббӣ), 7 китобхонаи оммавӣ, 3 толори варзишӣ, 9 иншооти варзишӣ мавҷуд аст.
Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова
Он соли 1972 таъсис ёфта, масоҳати 6315 гектарро дар бар мегирад ва беш аз 21 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Марказаш маҳаллаи Навкорам буда, аз маҳаллаҳо ва деҳаҳои Сариқамиш, Қамбарӣ, Тутбулоқ, Обшорон, Навкорам, Зариндашт, Гулдара, Бӯстон-1, Бӯстон-2 ва Гулистон иборат аст.
Дар ҷамоати деҳоти мазкур 1 муассисаи томактабӣ, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи деҳотии тандурустӣ (2 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ), корхонаи пахтатозакунии “Аноҳид”, Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳия, 1 истгоҳи телевизионӣ, 1 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 пойгоҳи обкашӣ, 2 дорухона, 1 китобхона ва 1 толори фарҳангӣ, 6 майдони варзишӣ, 4 коргоҳи ордбарорӣ, 4 устохонаи таъмири техникӣ, 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва зиёда аз 60 марказҳои хизматрасонию савдо фаъолият доранд.
Ҳоло 335 хоҷагии деҳқонии дар ин ҳудуд фаъолиятдошта аз 1987 га замини киштшаванда (аз он 1781 га замини обӣ) истифода бурда, ба боғдорию зироаткорӣ шуғл меварзанд.
Ҷамоати деҳоти Даҳана
Он соли 1995 таъсис ёфта, масоҳати 16800 гектарро дар бар мегирад ва беш аз 22 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Марказаш деҳаи Даҳана буда, аз деҳаҳои Чаманзор, Сарчашма, Тоҷикобод-1, Тоҷикобод-2, Яккатут, Кӯл, Тутчашма, Мирамшоҳӣ, Даҳана, Заркамар, Ғарав, Гулистон ва Ҷавонӣ иборат аст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана корхонаву коргоҳҳои саноатии “Намаки Ёвон”, “Ато”, “Хуаҷиан Ғаюр Индустриал”, “Хима Текстил”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”, “Ҷунда”, “Токфеникс”, “Тоҷметпласт”, “Даҳана-2”, “Даҳана-3”,“Муқим”, “Эксперт-саноат”, “Муаллими Файзалӣ”, “Ҳабибуллои Фирӯз”, “Бунёди Ёвон”, 2 фермаи ширию молӣ, нуқтаҳои зиёди хизматрасонию маишӣ фаъолият мекунанд.
Ҷамоати деҳоти Даҳана дорои 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, 5 китобхонаи оммавӣ, 9 муассисаи тандурустӣ (2 маркази саломатӣ ва 7 бунгоҳи тиббӣ ва 10 иншооти варзишӣ мебошад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур зиёда аз 3000 га заминҳои корам (аз он обӣ: 1900 га, лалмӣ: 1150 га) ва 10041 га чарогоҳ мавҷуд аст, ки дар онҳо 314 хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорию чорводорӣ доранд.
Ҷамоати деҳоти Чоргул
Он соли 1983 таъсис ёфта, масоҳати 7642 гектарро дар бар мегирад ва беш аз 17 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Марказаш деҳаи Чоргул буда, аз деҳаҳои Чоргул, Кӯлобод, Гулафшон, Сабзазор ва Шӯрча иборат аст. Дар ин ҳудуд корхонаҳои саноатии “Тоҷиккимсаноат”, “Маркази барқию гармидиҳӣ”, “Криолит”, “Рамзи Аминҷон” ва “Фабрикаи мурғпарварии беҳамто”, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи тандурустӣ (3 маркази саломатӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ), 3 китобхонаи оммавӣ, беш аз 70 нуқтаи тиҷоратӣ ва хизмати маишӣ ҷойгиранд. Майдони умумии заминҳои корами ҷамоати деҳоти Чоргул 3439 гетарро ташкил медиҳад, ки аз он 3357 га обӣ ва 82 га лалмӣ аст.
Ҷамоати деҳоти Обшорон
Он соли 1934 таъсис ёфта, масоҳати 15366 гектарро дар бар мегирад ва беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Марказаш деҳаи Даштобод буда, аз 12 деҳа: Даштобод, Парчасой, Оли Сомон, Қайнама, Санҷитак, Анористон, Қашқараҳа, Тағойобод-1, Тағойобод-2, Оби Мукӣ, Деҳқонобод ва Қирғизобод иборат аст.
Заминҳои корами ҷамоати деҳоти мазкур 3778 га (аз он корами обӣ: 3078 га), чарогоҳҳо 9078 га ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ зиёда аз 780 га мебошад, ки аз он хоҷагии таълимӣ таҷрибавӣ ва 390 хоҷагии деҳқонӣ истифода мебаранд. Масоҳати умумии боғу токзори ҷамоати деҳоти Обшорон 450 гектарро ташкил медиҳад, ки 256 гектари он дар зарфи 25 соли охир бунёд ёфтааст. Нақби обгузари Бойғозӣ-Ёвон аз зери қаторкуҳи Қаратоғ гузашта, аз деҳаи Парчасойи деҳоти мазкур баромадааст. Фермаи ширию молии “Файзи Ёвон”, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур ҷойгир аст, алҳол 900 сар чорвои калон (аз он 300 сар говҳои хушзоти ширдеҳ)-ро парвариш менамояд. Мавриди зикр аст, ки аз ин ферма ҳамарӯза наздики 3 тонна шир ба корхонаи коркарди шири ноҳия ва шаҳри Душанбе фиристода мешавад.
Деҳоти Обшорон 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 11 муассисаи тандурустӣ (1 беморхонаи минтақавӣ, 3 маркази саломатӣ ва 6 бунгоҳи тиббӣ) дорад.
Ҷамоати деҳоти Норин
Он соли 1934 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 9380 гектарро дар бар гирифта, беш аз 23 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Марказаш деҳаи Зафар буда, аз деҳаҳои Зафар, Бош Қайнар, Баҳор, Оби Шифо, Пахтакор, Наврӯз, Якуми Май, Оқсанглох ва Мингчинор иборат аст.
Дар он 9 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 11 муассисаи тандурустӣ (1 беморхонаи минтақавӣ, 4 маркази саломатӣ ва 6 бунгоҳи тиббӣ) фаъолият доранд. Ҷамоати деҳоти Норин 4468 га замини корам, аз он 3723 га замини обӣ дорад, ки аз онҳо 658 хоҷагии деҳқонӣ истифода мебаранд. Масоҳати боғоту токзор 271 гектарро ташкил медиҳад.
Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх
Он соли 1977 таъсис ёфта, масоҳати 13100 гектарро дар бар мегирад ва беш аз 22 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Марказаш деҳаи Рӯдакӣ буда, аз 11 деҳа: Деҳқонобод, Меҳнатобод, Калфи Сабад, Навобод, Зафаробод, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Пахтакор, Фурқат, Чӯпонобод ва Саргаҳ иборат аст. 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 11 муассисаи тандурустӣ (2 маркази саломатӣ ва 9 бунгоҳи тиббӣ), 3 китобхона ва 1 Кохи фарҳанг дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур ҷойгиранд.
Миқдори заминҳои обии деҳот 3358 га ва заминҳои лалмию чарогоҳҳои он 7000 гектарро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 458 хоҷагии деҳқонӣ ва 48 хоҷагии ёрисасон фаъолият доранд.
Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ
Тавре раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, натиҷаҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ёвон дар давоми чор моҳи соли 2020 муътадил буда, ҳаҷми ММД 520,3 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,3 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра 451,3 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ, 68,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, афзоиш 106,0 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, музди миёнаи кор 1300,6 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81,4 сомонӣ афзун мебошад. Андоз 105,6 % (69 млн 194,3 ҳазор сомонӣ) иҷро гардидааст, ки нисбат ба нақша 3,7 млн сомонӣ ва нисбат ба соли гузашта 12,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 22749 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, ороишӣ ва гул шинонда шудааст. Ҳамзамон, дар майдони 22484 га (100%) гандум, пахтаю картошка, сабзавот ва зироатҳои полезӣ шинонда шуда, барои холӣ намондани заминҳои обӣ фаъолияти ҳамарӯза бурда мешавад. Инчунин, дар чор моҳ 725 тонна сабзавот истеҳсол гардида, 10 га боғу токзор бунёд гардидааст.
Ҳаҷми боғҳои мевадиҳанда дар ноҳия 2166 га мебошад, ки аз он 1440 га боғу токзори мевадиҳанда аст. 30 га боғ барқарор гардида, 15, 2 га гармхона мавҷуд мебошад. Дар ҳамин давра 298 тонна маҳсулоти барвақтӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли порина 134 тонна бештар мебошад.
Нишондоди оморӣ дар соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла, чорвои калон 100455 сар (+147 сар), чорвои майда 227675 сар (+1002 сар), асп 6264 сар (+3), паранда 293707 сар (+35158 сар), занбӯри асал 4440 оила (+ 6 оила) буда, дар давраи ҳисоботӣ 8674,1 тонна шир, 2025,6 тонна (+181 т) гӯшт, 3113 ҳазор дона тухм (+3,8 ҳазор дона), 27,2 тонна пилла истеҳсол шудааст.
Ситоди ноҳиявии мубориза бо СOVID-19
Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ноҳия ҳамагӣ 97 муассисаи тандурустӣ ва 6 муассисаи хусусӣ мавриди хизматрасонии аҳолӣ қарор доранд.
Ба ҳолати 27-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳия ҳамагӣ 129 нафар (-232) бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки хушбахтона, бемориҳои домана, тиф, гепатит, исҳоли хунин дар ин миён мавҷуд нестанд.
Дар доираи барномаи мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 ситоди ноҳиявӣ ва 9 гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст. Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди СOVID-19 аз буҷаи маҳал зиёда аз 832,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Рӯзи 20-уми май туҳфаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 49,6 тонна маводи ғизоӣ, доруворӣ ва ашёи беморхонагӣ, инчунин, рӯзи 21-уми май кӯмакҳои раиси ноҳияи Ёвон ба маблағи 23700 сомонӣ маводи ғизоӣ ба табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дастрас гардонида, рӯзи 22-юми май аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба оилаҳои 6 нафар сокинони ноҳия, ки аз бемории сирояти шадиди роҳҳои нафас фавтидаанд, маводи ғизоӣ ба маблағи умумии 5220 сомонӣ расонида шудааст.
Омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳ
Тибқи иттилои раиси ноҳия, ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059, «Дар бораи омодагӣ баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи бунёду таъмири иншооти хизматрасонӣ, истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Ёвон таҳия карда шудааст. Тибқи нақшаи мазкур то соли 2021 дар ноҳия 341 иншооти иҷтимоӣ бунёд ва азнавсозӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, мутобиқи Маълумотнома оид ба таъмиру бунёди иншооти иҷтимоӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, ки Ҷамшед Саидзода пешниҳод намуд, то 1-уми майи соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида 214 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили 2 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 Қасри фарҳанг, 1 Боғи фарҳангӣ, 1 Корхонаи коркарди шир, 1 Коргоҳи дӯхти либоси мактабӣ, шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия,10 майдончаи варзишӣ, 2 меҳмонхона, 1 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази тиббӣ, 8 нуқтаи хатнакунӣ, 5 сартарошхона, 1 ҳаммом, 40 маркази савдо, 53 маркази хизматрасонӣ, 27 иншооти гуногун, бо шумули чароғонкунии кӯчаҳо, шинондани трансформаторҳо, кашидани хати оби нӯшокӣ, таъмири роҳу кӯпрукҳо ва кашидани хати барқ ва ғайра ба истифода супорида шудаанд. Ҷамшед Саидзода дар фароварди суҳбат зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзишманд таҷлил намудани ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, тибқи он корҳои ободонию созандагиро амалӣ намуда, ҷашни мазкурро дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ ва фарҳангӣ баргузор хоҳад намуд.
Дар ин радиф, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо садоқатмандӣ ба дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, баҳри татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд меандешад, то ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва ба ин васила, шукуфоии як гӯшаи хоки муқаддаси кишвари азизамон саҳмгузор бошад.
Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ, МТЖТ