РУҶУЪ
Дарё ба савти хоси худ суруд мехонду боди беқарор бо оҳанги хумор ва ҳаловатбор баргу шохаҳои дарахтони сафедор ва себу зардолуи бордорро ба шӯр меовард. Онҳо аз шарари ин савту оҳанг чун раққосони хушқаду қомат рақсро ихтиёр карда, баргаву танаи худро ҳар сӯй ба сурати гуногун ва бешабеҳ алвонҷ медоданду хурсандӣ меварзиданд. Дидаву дилҳо аз ин базми зебову диданӣ ва дар ёд монданӣ ба ваҷд омада, оҳиста-оҳиста ғамро ба дасти фаромӯшӣ месупориданд ва ба истиқболи шодмонӣ мерафтанд. Хотираҳо чун аскарони пайиҳам саф кашида гуруҳ-гуруҳ аз назди сипаҳсолори ёд мегузаштанд ва аз пирӯзии худ бар лашкари ғаму парешонӣ ва ошуфтагию сарсонӣ шодмонӣ мекарданд.
Ин манзара дар яке аз нишастгоҳҳои Осоишгоҳи доктор Тоҳирӣ, ки дар болои рӯдаки пуршӯру шар ва аз дарду ғам бехабар воқеъ буд, пеши назар меомад, ки диданиву мондагор ва осоишбахши рӯҳу равону дилҳои беқарор буд.
РАҲОРАҲ
Дербоз бо даъвати табиби шинохтаи тоҷик Муллозуҳур Тоҳирӣ (яке аз муқаррабони қиблагоҳам Махсум Олимӣ) нияти сафар ба осоишгоҳи мазкурро доштем, ки ниҳоят, нисфирӯзии 19-уми моҳи июн ин орзуямон амалӣ гардид.
Осоишгоҳи доктор Тоҳирӣ дар деҳаи зебоманзару биҳиштманзари Путхини ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, аз шаҳри Душанбе 140 километр ва аз маркази ноҳия 12 километр дур аст. Баъд аз расидан ба маркази ноҳия, ки ақрабаки соат дари 11:20-ро мекуфт, мо худраверо аз назди Беморхонаи марказии ноҳия, ки он ҷо таксиҳои деҳаи Путхин қарор доштанд, киро карда, ба самти осоишгоҳ роҳ пеш гирифтем. Раҳораҳ аз ямоқу дарбеҳҳои роҳ гоҳ ба ин ҷонибу гоҳ ба он ҷониб алвонҷ мехӯрдему гоҳи дигар аз нимвалангор будани ин масир эҳсоси нороҳатӣ ва шигифтӣ мекардем.
Ниҳоят, ба теппае баромада, аз роҳи асосӣ, ки ба Куҳистони Мастчоҳ ва қисме аз деҳоти ноҳияи Айнӣ мерафт, ба тарафи дасти чап гаштем. Роҳи куҳӣ, ки умрбод мумфаршнадида буд, пур аз чуқурию чангу ғубор ба назар мерасид. Идомаи роҳ моро боз ба дуроҳае бурда, ба тарафи дасти чап раҳнамоӣ кард, ки дар он ҷо осоишгоҳ воқеъ шуда буд. Чизи хубе, ки мададгори меҳмонон ва аввалин бор ташрифоварандагон ба он ҷо аст, ин аз даромадгоҳи ноҳия сар карда мавҷуд будани овезаю нишона ба самти осоишгоҳ буд. Ин овезаю нишонаҳо муҷиби он мешаванд, ки роҳгумзаниҳо аз байн раванд. Ҳамин тариқ, мо бо кумаки ин нишонаҳои раҳнамо ба даромадгоҳи осоишгоҳ расида, бо Муллозуҳур Тоҳирӣ иртиботи телефонӣ гирифтем ва эшон моро дар даромадгоҳи асосӣ истиқбол гирифта, ба осоишгоҳ хайрамақдам гуфтанд. Нахуст, дар назди лавҳаи осоишгоҳ акси хотиравӣ гирифтем, зеро ин аввалин сафари мо ба ин мавзеи дилрабою назаррабо маҳсуб мешуд.
ДАР ОСОИШГОҲ
Осоишгоҳ дар макони бисёр муносиб ҷойгир буда, чор самти онро боғу теппаҳои сарсабз ва куҳҳои сар ба афлоккашида иҳота кардаанд. Дар соли 2020 масъулини осоишгоҳ 100 нафарро аз кишварҳои Германия, Қазоқистон, Булғория ва манотиқи гуногуни кишвар қабул карда, баҳри онҳо шароити муосири табобату истироҳатро фароҳам овардаанд. Дар назди осоишгоҳ чашмаи Фарҳод мавҷуд аст, ки оби он ба беморони гуногун шифобахш мебошад. Асосан дар осоишгоҳ маризон бо бемории фишори хун, санги гурда, талха, меъда ва рӯда ба табобат фаро гирифта мешаванд…
Одамон қабл аз расидан ба он як кӯпруки оҳаниеро, ки дар болои рӯдаки пуртуғён доман густурдааст, убур мекунанд. Баъд аз гузаштан як роҳ ба сӯйи бинои асосии осоишгоҳ рафта, ба тарафи самти чап мегардад. Аз самти дасти рост бошад, бинои асосии истироҳатию табобатӣ падидор мешавад, ки дар он тамоми шароити лозима баҳри истироҳату фароғат мавҷуд аст. Берун ва саҳни он макони барҳаво буда, фарогири як ҷӯйборча, чанд нишасткурсӣ ва гулу гиёҳҳои мухталиф аст. Дар даромадгоҳи он шиору овезаҳои роҳҳои мухталифи таботату дарозумрӣ, нишонаи бемориҳои гуногун ва панду андарзҳои бузургон дар варақҳои сафед навишта, дар роҳрави дусамтаи он насб шудаанд. Ҳуҷраҳои хоб бо катҳои яккасаю дунафара, халоҷо ва ҳаммом бо оби гарму хунук, ҷойи дастшӯйӣ ва телевизору яхдонҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ду ҳуҷраи дигари утоқҳои табобатӣ тамоми таҷҳизоти зарурии тиббии нодир мавҷуд буда, баҳри табобати беморон истифода мешаванд.
Агар аз бинои мазкур берун бароӣ, роҳчае дар самти дасти чап аст, ки туро ба ошхона ва ҳуҷраи кории табиби халқии номвари тоҷик, доктор Тоҳирӣ мебарад. Ҳуҷраи кории эшон дар дуюм ошёна, дар самти чап қарор дорад. Ҳини ворид гаштан ҳар як эҷодкореро эҳсоси наҷибу гуворо ва ҳушрабо фаро мегирад ва бо чашмдӯзиҳо ба дохили он дил орзуи доштани ҳамчунин ҳуҷраи кориву эҷодиеро мекунад. Ҳуҷра калону барҳаво буда, аз се самт лабрези китобҳои гуногун, аксу мусаввараҳо, акс дар қолинҳо ва аз самти дигар фарогири доруҳои истеҳсолшуда, рафти омодакунии доруҳо мебошад. Дар кунҷе аз он оинаи нилгун, оинаи нишондоди дурбинҳои назоратӣ, радио ва дар миёна мизу курсӣ ва атрофи он роҳаткурсиҳои калонҳаҷм ҷой гирифтаанд. Аз тарафи дасти чап бошад, даре мавҷуд аст, ки рост ба утоқи истироҳату фароғат мебарад. Аз ду ҷониб тирезаҳои калон ҳастанд, ки равшанӣ дар ин корҳои намунавии эҷодиро таъмин мекунанд. Ростӣ, коргоҳи эҷодии мазкур, ки муносибтарин ва заруритарин шароитро доро аст, орзуи ҳар як эҷодкор мебошад. Албатта, ин ҳама табъу завқи хоса ва эҷодии нодири Муллозуҳур Тоҳириро бозгӯйӣ мекунад, ки боиси таҳсину офарин аст.
Агар аз ин ҳуҷраи ормониву эҷодӣ поёнтар биравӣ, он ҷо ошхонаи болопӯшидае мавҷуд аст, ки аз дохили он гузашта, ба суҳбаткадаи болои рӯд мерасӣ. Ду суҳбаткадаи болои рӯдаки пуршӯру шар, ки яке барои тановули хӯроки табобатгирандагон ва дигаре барои меҳмонону худи М. Тоҳирӣ пешбинӣ шудааст, бо мизу курсӣ ва курпачаву болишту гилемҳо оро дода шудаанд. Атроф бошад, дар муҳосираи гулу гиёҳу алафҳои худрӯйи куҳистон ва дарахтони беду сафедору зардолую дигар навъҳои он қарор дорад. Дар як гӯшаи суҳбаткадаи маризон радио мавҷуд аст, ки тибқи гуфтаи доктор Тоҳирӣ тавассути он ҳар рӯз дар вақтҳои муайян баҳри болидарӯҳии истироҳагирандагон мусиқиҳои рӯҳнавоз пешниҳод карда мешавад. Пас, худ қазоват кунед, вақте тановули хӯрок дар ин гуна муҳити дилкушо ва ғамзудо сурат мегирад ва нолаи мусиқӣ бо нолаи рӯд ҳамҷӯр мегардад, инсони огоҳдилу барнодилро чӣ ҳиссиёти гуворо ва ғуссарабо фаро мегирад. Танҳо ин ҳолатро мебояд амалӣ диду аз ин нағмаҳои ҳамҷӯр ва аз ғаму ғурбати рӯзгор дур онро бишнид…
БОҒИ РАМЗИИ “САДСОЛАГӢ”
Боғӣ рамзии “100-солагӣ” дар саҳни осоишгоҳ воқеъ буда, он ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ дар масоҳати 4 гектар доман густурдааст. Аз даромадгоҳи асосии истироҳатгоҳ агар ба самти дасти чап бигардӣ, роҳрави кӯтоҳу миёнборике аз байни алафзор лаблаби рӯд убур мекунад. Агар дар як тарафи роҳрав алафҳои мухталифи табобатӣ барои омода кардани доруҳо, алафчойҳо ва гулу буттаҳои худрӯй мавҷуд бошад, аз ҷониби дигар, дарахтони гуногун ва дарёчаи пуршӯру исён воқеъ аст. Ҳамин тариқ, агар дунболагири роҳрав бишавӣ, он туро поёнтар мебарад ва баъди чанде дар он балончаҳои худрав пайдо мешаванд, ки ба сурати ҳалқа идомат меёбанд ва рамзан теъдоди онҳо сад дона мебошад. Тавре доктор Тоҳирӣ мегӯяд, онҳо низ махсус барои табобат пайиҳам ҷойгузин шудаанд ва бемор ҳангоми ба ҳар яке аз онҳо пой мондан як калимаро ба забон меорад. Масалан, ман 100 сол умр мебинам, ман хушбахтам ва амсоли ин. Хулоса, мо низ болои балонҳо по ниҳода, чанде аз он ҳарфҳоро такрор кардем ва оҳиста-оҳиста аз теппа сарозер шудем. Поёнтар аз теппа дарахтони олучаву тут ва зардолуи пурбор қомат афрохтаанд. Ҳарчанд зардолу ҳанӯз хом буд, аммо дарахтони олучаву тут ба самар расида буданд. Аз ин рӯ, дар ними роҳрав таваққуф ихтиёр карда, аз лаззати онҳо баҳра бурдем. Ҳамзамон, дар таҳи чанде аз дарахтҳо барои нишастани беморон нишастгоҳҳои чӯбии худсохт гузошта шуда буданд, ки маризон ҳангоми эҳсоси хастагӣ дам мегирифтанд. Дар охири ин масир ҳавзи худсохт барои оббозӣ мавҷуд аст, ки баҳри истироҳати беморон пешбинӣ шудааст. Дар назди он сангу рег аст, ки баъд аз истироҳат беморон болои онҳо роҳ гаштаву истироҳат мекунанд ва аз офтоб баҳра мебаранд. Ҳамин тариқ, баъди анҷом додани ин ҳама кору усулҳо боз беморону истироҳаткунандагон ба ин масир сӯйи осоишгоҳ бармегарданд.
АНДАР ШИНОХТИ МУЛЛОЗУҲУР ТОҲИРӢ
Номи Муллозуҳур Тоҳирӣ ҳамчун табиби халқӣ ба ҳамагон ошност. Масхусан, ин ном дар шароити пандемияи Ковид-19 борҳо вирди забонҳо шудааст ва мавсуф яке аз шахсонест, ки мухолифи бастани ниқобҳо ва ҳаросидани мардум аз бемории ҳамагир буд.
Ӯ яке аз афродест, ки заминагузори чанде аз аввалинҳо дар соҳаи тиби халқии тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯё худ низ дӯстдори ҳама чизи аввалин аст, ки бунёдгузорӣ дар ҳама гуна иқдому ташаббус ва корҳои муҳиму мондагорро пешаи худ кардааст.
Доктор Тоҳирӣ дар Осиёи Марказӣ аввалин таҳиягари китоби муфассалест, ки тиби халқӣ, кайҳонӣ ва академиро бо ҳам пайванд намудааст. Ин китоб, ки дар Осиёи Марказӣ нахустин мебошад, “Солимӣ, тиб ва табобат” ном дорад.
Ӯ яке аз шахсиятҳоест, ки дар ҳама ҳолат аз манофеи миллату кишвар ва манфиатҳои миллии тоҷикон ҳимоят мекунад ва умри худро сарфи пешаи худ карда, то ҳол ба касби худ содиқ мондааст.
Тоҳирӣ аввалин аъзо-корреспонденти Академияи фанҳои технологии Россия аз Тоҷикистон мебошад, ки мавқеи гиёҳшиносии тоҷикро дар тамоми кишварҳои дуру наздик шинос карда, бо усулу тарзи табобатҳои худ тоҷиконро ба чаҳониён муаррифӣ намудааст.
Номбурда 17 намуд дору ихтироъ кардааст, ки машҳуртарини онҳо 2 крем, 2 дору-балзам ва 12 намуд чой мебошанд.
Муллозуҳур Тоҳирӣ нахустин нафарест, ки соли 1990 мактаби табибони халқиро дар Тоҷикистон ва як сол баъд, соли 1991 аввалин маҷаллаи тиббии тоҷикии “Шифо”-ро таъсис дода, давоми 10 сол сардабирии онро бар уҳда дошт. Соли 1998 чопи рӯзномаи “Дарду дармон” ва соли 2006 маҷаллаи байналхалқии “Тиб ва табобат” (Авитсенна)-ро, ки дар Россия бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр мешавад, ба роҳ гузошт.
Соли 2007 нашриёти “Тиб”-ро таъсис дода, аз соли 2013 намояндаи МАААК (Международный академический аккредитационного аттестационного комитета) дар Тоҷикистон ва Доғистон мебошад. Соли 2011 дар хоҷагии деҳқонии “Доктор Тоҳирӣ”-и ноҳияи Айнӣ барои барқароркунии саломатӣ осоишгоҳ барои 30 нафар ташкил намудааст.
Аз соли 1999 узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва аз соли 2002 соҳиби унвони “Беҳтарин табиби Россия” ва соли 2003 унвони “Беҳтарин табиби ҳазорсолаи сеюм”-ро соҳиб шудааст. Аз соли 2004 номзади илми тиб ва муаллифи даҳҳо асарҳои илмӣ ва садҳо мақолаҳо аст.
ОХИРСУХАН
Ҳамин тариқ, давоми якуним соат дар болои нишастгоҳи болои рӯди осоишгоҳ ба қаламрави хоб раҳсипор шудем ва соатҳои хушеро паси сар кардем. Ногаҳ, дари ҳарамсарои хобро рӯди сармасту шамоли сахт тақ-тақ карду бедорӣ бо ҳузури хеш хотири моро муҳосира намуда, ба салтанати хеш идома бахшид. Сипас, роҳи коргоҳи эҷодии доктор Тоҳириро пеш гирифтему барои рафтан рухсат хостем. Эшон моро то назди даромадгоҳ гусел карданд.
Шаҳриёр ОЛИМӢ,
Душанбе-Айнӣ-Путхин–Душанбе