Ду сол пеш мо ба водии овозадори Яғноби ноҳияи Айнӣ сафар карда будем. Ҳадаф аз ин сафар бо чашми худ дидани ин водӣ, шиносоӣ бо мардуми он буд.
Он замон бо мошинамон ҳамагӣ то ними роҳ рафта тавонистему халос. Зеро дар километри 30-юми ин роҳ, дар мавзеи Даҳана пули нимсохтае ба гузаштани одам ва воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекард. Пас аз суҳбат бо сокинони водӣ иттилоъ ёфтем, ки ин пул беш аз панҷ сол боз ба ҳамин тариқ роҳро банд кардаасту касе дар андешаи ба итмом расонидани сохтмони он нест. Ва на фақат ҳамин пул…
Дар сари ин пул мошинамонро монда, ба харҳои кирокардаамон нишастем ва роҳамонро ба умқи Яғноб давом додем. Роҳи автомобилгард моро то деҳаи Пискон бурд, ки маркази водӣ ба ҳисоб меравад. Мо дар хонаи инсони шариф ва меҳмондӯст акаи Саидмурод дам гирифтем ва аз ӯ фаҳмидем, ки аз Пискон он тараф дигар роҳи калон вуҷуд надорад. Яъне ҳамон роҳи мошингард ба охир расида, пайроҳаҳои душворгузари бағали шаху оврингҳо моро интизоранд.
Сипас аз он ҷо ба рустои Деҳбаланд ҳаракат кардем ва шабро дар хонаи ягона сокини он акаи Султон гузарондем.
Аз нақли Саидмуроду Султон донистем, ки дар 32 деҳаи водии садкилометраи Яғноб аҳолӣ аз 300 нафар бештар намондааст. Ду мавҷи муҳоҷиркунии базӯрии сокинони он дар солҳои 50-юм ва 70-уми асри гузашта миёни Яғнобро шикаст, деҳаҳояшро холӣ сохт ва суннатҳои ин қавми қадимаи миллати тоҷикро аз миён бурд. Ҳоло аксари кулли деҳаҳо ба харобазор табдил ёфта, ҳамагӣ дар чанд деҳ аҳолӣ боқӣ мондаасту ва он ҳам аз ду то ҳафт хонавода.
Рӯзи дигар, вақте ба Яғноби боло сафарамонро идома додем, деҳаҳои калони партофтаву валангорро бо чашмони худ дида, диламонро сиёҳӣ пахш кард! Ростӣ, чунин ҳолати ҳузнангезро чанд сол пеш дар Осетияи Шимолӣ дида, сахт мутаассир шуда будем. Дар ду тарафи шоҳроҳе, ки ба ҷониби Осетияи Ҷанубӣ ва Гурҷистон мебурд, деҳаҳои зебои холӣ аз инсон моро сахт ғамгин карда буданд. Аммо ҳеч хаёл ҳам намекардем, ки дар Тоҷикистони худамон ба чунин манзараи шигифтовар дучор хоҳем шуд.
Аммо воқеият ин аст, ки деҳаҳои замоне обод ба вайронаҳои даҳшатангез табдил ёфтаанд!
Беихтиёр ин рубоии Хайём ба хотир меояд:
Мурғе дидам нишаста бар бораи Тӯс,
Дар пеш ниҳода каллаи Кайковус.
Бо калла ҳамегуфт, ки афсӯс, афсӯс,
Ку бонги ҷарасҳову куҷо нолаи кӯс?
Аммо вақте то охирин деҳаи Яғноб рафтем ва бо чанд нафар сокинони боқимондаи он, бахусус акаи Ҷамолиддини фозилу хирадманд аз деҳаи Кирёнте ҳамсуҳбат гаштем, ба чунин хулоса омадем, ки водии Яғноб бояд эҳё гардад! Дар деҳоти он бояд нафҳаи ҳаёт аз нав бидамад, забони қадимаи суғдӣ ба ҷойгоҳи худ бинишинад ва мардуми зебою ориёасли он зиндагии латмахӯрдаи худро аз сар бигирад!
Намедонем, дигарон чӣ назар доранд, вале андешаи мо ин аст, ки хонахез муҳоҷир намудани тамоми аҳолии Яғноб беадолаттарин иқдоми ҳукумати Шӯравӣ буд. Чаро «беадолаттарин»? Барои он ки агар аз тараққӣ наафтодани ин водиро мехостанд, бояд лоақал 20 дарсади аҳолии онро боқӣ мегузоштанд.
Бузургсолон нақл мекунанд, ки мардумро зӯран аз хонаҳояшон бадар оварда, пиёдаву савора ба Анзоб мебурданд ва аз он ҷо ба шимоли Тоҷикистон – асосан, ноҳияи Зафаробод, мекӯчонданд, ки заминҳои навро барои кишти пахта омода намоянд ва маҳаллаҳои тозаи аҳолинишин ба вуҷуд биёранд. Ин иқдом, албатта, натиҷаи мусбат ҳам дод: садҳо ҳектар заминҳои нави киштбоб ба кор андохта шуданд! Аммо як водии калон, як гӯшаи тамаддуни бостонии тоҷикон қариб аз миён рафт. Мардуми боқимондаи Суғд, ки барои нигоҳ доштани ҳувияти худ аз ҷабри арабҳо дар Яғноб дар тӯли беш аз ҳазору дусад сол эмин монданд, бо як амри кӯтоҳназаронаи ҳокимони солҳои 50 ва 70-уми Тоҷикистон дар муддати чанд сол рӯ ба нобудӣ овард. Ба ибораи дигар, кореро, ки истилогарони араб аз уҳдаи иҷрои он набаромаданд, инҳо бо камоли маҳорат анҷом дода, ба он нуқтаи таммат гузошта тавонистанд.
Дар ин замони кӯчокӯч чӣ рӯзҳои сиёҳеро, ки яғнобиён аз сар гузаронданд, сазовори тасвири дигар аст. Нависандаи шуҳратманд ва ҷавонмарг Пӯлод Толис маҳз ҳамин даҳшатро бо чашми худ дида, тоқат карда натавонист ва худро овехт, то барои навиштани асар дар бораи ин “ҳаёти гулгулшукуфонаи муҳоҷирон” маҷбураш насозанд. Дар бораи талхии ҳаёти муҳоҷирон то ҳол ба ҷуз қиссаи Мирзо Шукурзода асари воқеии дигаре навишта нашудааст. Дар ҳар сурат, ба ғайр аз он чизи дигаре ба чашми мо барнахӯрдааст.
Аз рӯи нақли бузургсолони яғнобӣ ва маълумотҳои катбӣ, муҳоҷиркунии иҷбории ин мардум аз тобистони соли 1950, бо қарори Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шуруъ шудааст. Пажӯҳишгар Меҳрубон Раззоқов дар рисолаи хатми донишгоҳии худ чунин менигорад:
“Давраи сеюми муҳоҷират соли 1970 мебошад, ки яғнобиёнро ба ноҳияи навбунёди Зафаробод муҳоҷир карда, аз сабаби мутобиқ нашудан ба боду ҳавои он маҳал мардум аксар талаф меёбанд.
Албатта, … ин ба рӯҳу равони халқ таъсири манфӣ расонд… Баъди ҳашт соли муҳоҷират баъзе яғнобиҳо пай бурдаанд, ки забон ва расму русуми аҷдодии онҳо дар ин диёр аз байн меравад. Аз ин рӯ, онҳо ба зодгоҳашон баргаштанд ва теъдоди онҳо сол то сол зиёд мегардад. Ҳамин тавр, маконе, ки ба сабаби муҳоҷират валангор шуда буд, боз аз нав эҳё мегардад..
Аз рӯи маълумотҳо, (дар давраҳои гуногун) яғнобиҳо аз деҳаҳои Яғноб ба ноҳияҳои Ғончӣ (ҳоло Спитамен) ва Варзоб кӯчиданд. Яғнобиҳои ноҳияи Спитамен асосан дар деҳаҳои Каҷровут, Пушти Охтахона ва Қалъача зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳарчанд забони модариашонро фаромӯш кардаанд, худро яғнобию гузаштагонашонро аз Яғноб медонанд.
Яғнобиҳои ноҳияи Варзоб асосан дар деҳаҳои Зуманд, Гароб, Сафедорак, Кӯктеппа ва дараи Харангон сукунат доранд. Гузаштагони онҳо аз деҳаҳои гуногуни Яғноб мебошанд. Гузаштагони мардуми Зуманд асосан аз чор деҳаи Яғноб – Восровут, Сокан, Ғармен ва Вағинзойи Яғнобанд. Мардуми деҳаи Кӯктеппа аз деҳаҳои Шовета, Нумиткон, Вағинзой ва Қул мебошанд.
Ғайр аз ин яғнобиҳо дар деҳаҳои дигари ноҳияи Варзоб аз қабили Такоб, Дараи Фонӣ, Даҳана, Арақчин, Дуғоба, Чорбоғ, Гӯрраҳа, Чағатой, Мавлонҷари боло, Багарак, Наврӯзбулоқ, Келатош, инчунин дар Душанбе, Ёвон, Шаҳринав, Ваҳдат зиндагонӣ мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки деҳаи Зуманд яке аз калонтарин деҳаҳои яғнобинишини ноҳияи Варзоб аст. Ин деҳа дорои беш аз 100 хонавода ва зиёда аз 700 нафар аҳолӣ мебошад. Дар се деҳаи яғнобинишини ноҳияи Варзоб Зуманд, Сафедорак ва Гароб, ки мо аксари маводҳои фолклориро аз ин деҳаҳо гирдоварӣ намудем, беш аз 1600 нафар умр ба сар мебаранд”.
Маълумоти муфассали мутааллиқ ба забон ва мардуми Яғнобро дар “Очерки Кохистани”-и капитани артиши Русияи подшоҳӣ капитан Ш. Акимбетов дармеёбем. Мувофиқи маълумоти ин шахс, ки дар соли 1872 дар “Туркистанские ведомости” ба чоп расидааст, ҳангоми саёҳати экспедитсияашон дар водии Яғноб “деҳаҳои Деҳкалон 27, Кирёнте 35, Кансе 38, Деҳбаланд 12, Ғарамейн 18, Сокин 7, Пискон 25, Палдорут 10, Думзой 15, Вағинзой 5, Шохсара 3, Хисокидарв 12, Марғтумай 4, ҷамъулҷамъ 284 хоҷагӣ ба забони ба мо ношинос ҳарф мезаданд. Инчунин дар 8 рустои боқимонда қисми ками аҳолӣ забони яғнобиро медонанд”.
Назар ба маълумоти яғнобшиноси дигар – Сайфиддин Мирзозода, “моҳи марти соли 1970-ум сокинони дара бо чархболҳо иҷборан ба ноҳияи Зафаробод кӯч дода шуданд. Ҳамагӣ дар макони нав 3914 сокини Яғноб ҷой дода шуданд”.
***
Бармегадем ба аҳдофи сафарҳои худ.
Моҳи августи соли 2021 бори нахуст ба ин диёри овозадор сафар карда будем. Он замон, чунонки гуфтем, дар назди Даҳана ба пули нимсохте, ки ба монеаи гузаштан аз рӯдбор табдил ёфта буд, дучор омадем. Аз он сӯи рӯд ҳам роҳи автомобилии шағалпӯш давом меёбад, вале пул садди роҳи мошинҳо шуда буд. Сокинон шоиру нависанда будани моро дониста, хоҳиш карданд, ки арзи онҳоро дар хусуси сохтани пулу роҳҳо ба ҳукуматдорон бирасонем. Онҳо бовар доштанд, ки агар арзашон ба Пешвои миллат расад, он кас ҳатман ба сохтани давоми пулу роҳ амр хоҳанд фармуд.
Пас аз бозгашт мо ин масъаларо дар назди вазири нақлиёт, инсони ватандӯсту соҳибхирад Азим Иброҳим гузоштем. Он кас ба тақозои хислати хеш, шӯхиомез гуфтанд, ки “чи коре аз дастам ояд, мекунам, агар мабодо натавонистам, шахсан худам болғаю мисрон гирифта, боқимондаи пулро месозам”.
Хуллас, дар ин байн чандин маротиба бо мӯҳтарам Азим Иброҳим ва чанд шахси масъули дигар дар вилояти Суғд гуфтугӯҳое дар ин мавзуъ доштем ва арзи яғнобиёнро ҳамеша дар гӯшу ҳушамон доштем.
Таъйинан гуфта наметавонем, ки ҳамин такопӯҳои мо сабаб шуданд ё дар ҳукумати вилояти Суғд низ дар ин маврид нақшаҳое доштанд, дар ҳар сурат, дар соли 2022-юм маблағҳои пулӣ ва неруҳои корӣ ба сохтани пулҳо дар Яғноб равона гардиданд. Ва на фақат сохтмони пули мавзеи Даҳана анҷом дода шуд, балки болотар аз он низ пули дигаре сохта, ба истифода дода шуду дар наздики рустои Пискон, дар мавзеи Такоби Кӯл ҳам ба сохтани пули сеюм ҳиммат гумоштанд.
Дар рӯзи хуҷистаи 22-юми сентябри соли 2023 хабар расид, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар водии Яғноб пулҳои сохташударо ба истифода доданд!
Тасаввур кунед дар ин рӯзи бузургдошти устод Рӯдакӣ мо чӣ шодии бекаронаи дигаре доштем! Орзуи деринаи яғнобиён ва омоли мо ҷомаи амал пӯшиданд! Ваъдаи додаи мо ба сокинони ин водӣ беҳуда набаромад!
Мо субҳи рӯзи дигар оҷилан роҳи Яғноби бароямон хеле азизгаштаро пеш гирифтем. Бисёр мехостем дар ин рӯзи фаромӯшнашуданӣ дӯстамон, Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш ҳамроҳамон бошад. Ӯ низ хоҳишамонро ба замин нагузошт ва қатъи назар аз гаронии хотире, ки дошт, дар рустои Такфон ба мо пайваст.
Мо дар муддати ду рӯз дар мактаб-интернати Анзоб бо омӯзгорону хонандагон, дар деҳаҳои соянимаву офтобнимаи Яғноби нозанин бо сокинони он вохӯрию мулоқотҳо барпо намудем. Ба аспҳо савор шуда, ба рустоҳои камодаму беодам ҳам рафтем. Дар вохӯриҳо бо маскунони ташнаи сухан мо шеър мехондему аз ҳар даре сӯҳбатҳо меоростем ва Ҳофизи халқии мамлакат устод Сайфиддин Акрамов бо садои ширину марғуладори худ сурудҳои зебою латиф сароида, базмҳои моро шукӯҳманд мегардонданд.
Бовар кунед, дар болои пули деринтизори Даҳана рақс кардем. Ронандаамон, соҳибкори номдор, мудири ширкати лавозимоти мактабии “Килк” Маҳмадшо Носиров дар магнитофони автомобил суруди шӯхи бадахшоние монду мо аз як лаби пул то лаби дигари он арғушт рафтем ва чун сарбозони пас аз пирӯзӣ дар ҷабҳаи набард нидоҳои шодмонӣ баровардем!
Мо ба ин тантана худро ҳақдор мешумурдем!
Дар ин рӯзҳо тамоми Яғноб ид дошт. Кушода шудани пулу роҳ барои онҳо ҷашни ҳақиқӣ буд. Зеро барои ин водии куҳистонӣ ин роҳ баробар ба роҳи ҳаёт аст. Онҳо пайваста такрор мекарданд, ки ба орзуямон расидем, ба орзуи деринаамон расидем! Ва пайваста миннатдории худро ба раиси вилояту раиси ноҳия изҳор медоштанд.
Ва ин миннатдорӣ танҳо бо забон ифода намегашт. Онҳоро дастгирии вазорати нақлиёту мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят он қадар рӯҳбаланду шукргузор намудааст, ки ба сохтани давоми роҳ, ки на камтар аз 50 километри дигар мондааст, дасту остин барзадаанд. Мо бегоҳи рӯз ба дастаи роҳсозоне дучор омадем, ки дар мавзеи Такоби Кӯл пули сеюмро месохтанд. Онҳо дар лаби дарёча чодар зада, шабона дар он хоб мекардаанд, то субҳи барвақт вақтро зоеъ нанамуда, аз паи кор шаванд. Сардори ин даста инсони ташаббускор Ҳоҷӣ Мурод Боқиев мебошад. Ҳамроҳи ӯ чанд марди соҳибҳиммати дигар, аз ҷумла Сафар, Гулбой ва Ҳоҷӣ низ шабу рӯз заҳмат мекашанд, то роҳ ҳарчи зудтар сохта шаваду дар рустоҳои Яғноб зиндагонӣ аз нав шуруъ гардад. Ин одамон, бешубҳа, қаҳрамонони даврони моянд! Меҳанпарасти ҳақиқӣ ҳаминҳоянд, ки барои фардои дурахшони халқи худ хоксору хомӯш кор мекунанду як гӯшаи ватанро обод месозанд. Ҳоҷӣ Мурод Боқиев на танҳо коргаронро сарварӣ менамояду худ низ дар қатори онҳо арақи ҷабин мерезад, балки барои обод гаштани диёр сармояи шахсии худро дареғ намедорад. Вай ба пули аввал дар мавзеи Даҳана 70 ҳазор сомонӣ гузоштааст ва пули сеюмро дар Такоби Кӯл пурра аз ҳисоби худаш месозад.
Ҳар кас бовар намекунад, аммо мо дар Яғноб ба мусалмонони ҳақиқие дучор шудем, ки пули барои ҳаҷ ҷамъ овардаи худро ба бунёд намудани пулу роҳ гузоштаанд ва ифтихор доранд, ки дайни динии худро дар назди аҳли ислом иҷро намудаанд. Яке аз онҳо соҳибхонае, ки моро дар хонааш олиҳимматона ҷой доду барои идомаи сафарамон аз сокинон сутурони саворӣ гирифт, акаи Саидмурод мебошад. Зиҳӣ чунин мусулмонӣ!
Дар ин сафар ҳамчунин ба мактаббачаҳои мактаб-интернати Анзоб ва кӯдакону наврасони деҳаҳои дурдаст, ки, мутаассифона, аз таҳсил маҳруманд, китобу дафтару қалам тақсим намудем. Барои ин иқдомашон ба директори генералии литсейи “Раҳнамо” Илҳомиддини Ҳаким ва мудири ширкати лавозимоти мактабии “Килк” Маҳмадшо Носиров ҳазорон ташаккур. Ин ҷавонмардони меҳанпараст ваъда доданд, ки мадад ба хонандагони Анзобу Яғнобро такрор хоҳанд кард! Мо ҳам қавл додем, ки бо ҳайати нави шоирону нависандагони ҷумҳурӣ боз меҳмони онҳо хоҳем шуд.
Шоми рӯзи дуюм ба маркази ноҳия баргаштем. Худи раиси ноҳия муҳтарам Муродзода Муқим моро бо оғӯши боз пешвоз гирифт. Аз маркази ноҳия ба рустои Урметан, ба дидорбинии падари муҳтарами Озарахши азиз – Тоғбойи Каримзод рафтем ва аз сӯҳбати орифонаи ин пири хирадманд баҳраҳо бардоштем. Мӯйсафеди 91-сола дар бораи даврони муаллим кор карданаш дар водии Ҳисор бароямон қисса карданд. Дар ҳамин суҳбат донистем, ки амаки Тоғбой боғпарвари чирадаст ҳам будаанд ва панҷоҳ сол пеш аз ин, ҳангоми кор карданашон дар Ҳисор боғеро бунёд намуда, ки ҳоло ҳам мардум онро “Боғи Каримов” мехонанд ва аз мевааш баҳра мебаранд. Будани ин боғро калонсолтарин узви ҳайати мо, овозхони ҳаштодсолаи маҳбубамон Сайфиддин Акрамов, ки худ ҳисорӣ мебошанд, тасдиқ намуданд.
Оре, амаки Тоғбой беҳуда назистаанд. Он кас ду кори бузург анҷом додаанд: боғҳои моддӣ бунёд кардаанд ва боғҳои маънавӣ парвардаанд, ки яке Озарахш ном дорад ва дигаре ҳамсари Озарахш – Фарзонаи маҳбуби миллат!
Рӯзи сеюм бо ибтикори раиси ноҳияи Айнӣ дар маркази он базми шеъру сухан ва суруд барпо гардид. Дар ин нишаст ҳам мавзуи меҳварӣ оғози боз гаштани роҳ ба Яғноб ва эҳёи он буд.
Оре, кушодани роҳ ба Яғноб пайванд шудани мо бо фарҳанги бостонии миллат аст. Замонҳое, ки таъриху ҳувияти мо инкор мешуду бесоҳиб мемонд, гузашт! Истиқлол ҳамин аст – эҳё ва соҳибӣ кардани фарҳанги бостонии миллати худ.
Ато Мирхоҷа,
Абдуллоҳи Раҳнамо,
Душанбе-Яғноб – шаҳраки Айнӣ-Душанбе