Дар вилояти Хатлон солона 89-90 ҳазор кӯдакони зиндатаваллуд ба дунё меоянд, ки аз он 11 дарсадашон маъюб, яъне бо нуқсонҳои модарзодӣ мебошанд.
11 дарсади кӯдакон маъюб ба дунё меоянд
Сардори Шуъбаи хадамоти давлатии экспертизияи тиббию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон Нурулло Маҳбуллозода зимни суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумораи маъюбон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 381 нафар зиёд шудааст, ки аз он 10 нафар калонсолон мебошанд ва боқӣ кӯдаконанд.
Ин шахси масъул яке аз омилҳои зиёд шудани кӯдакони маъюбро дар вилоят афзоиши шумораи аҳолӣ арзёбӣ кард.
– Чуноне ки мо дар натиҷаи гузаронидани маниторинг муйаян намудем, дар вилояти Хатлон дар як сол 89-90 ҳазор кӯдакони зиндатаваллуд ба дунё меоянд, ки аз он 11 дарсадашон маъюб ва бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд мешаванд, -иброз намуд ӯ.
56,5 ҳазор нафақагири маъюб дар Хатлон
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълуотҳои фаврӣ ҳоло дар вилояти Хатлон беш аз 56 ҳазору 585 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 12 ҳазору 463 нафарашон кӯдакони то синни 18 мебошанд.
Ба гуфти Нурулло Маҳбуллозода, аз 56 ҳазору 585 нафар маъюбоне, ки дар вилоят ба қайд гирифта шудаанд, 5 ҳазору 660 нафар маъюбони гуруҳи якум, 25 ҳазору 841 нафар маъюбони гуруҳи дуюм ва 12 ҳазору 621 нафаршон маъюбони гуруҳи сеюм мебошанд.
Нафақаи 260 маъюб муваққатан қатъ шудааст
Ин масъули давлатӣ қайд кард, ки дар асоси мактуби хадамот аз 6 октяри соли 2021 рӯйхати 553 нафар маъбоне, ки аз вилояти Хатлон дар хориҷи кишвар қарор доштанд, бо мақсади муайян намудани ҷойи зисти онҳо ва ворид намудани маълумот ба Махзани ягонаи иттилоотии маъюбон барои муваққатан қатъ намудни нафақаи онҳо ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Гуфта шуд, ки пас аз баррасии он теъдоди 260 нафар маъюбони дар хориҷи кишвар қарордошта аз ҷониби Раёсати агентӣ дар маҳал нафақаи маъюбии онҳо муввақатан қатъ карда шуда, айни замон 293 нафари боқимонда мавриди баррасӣ қарор доранд.
Маъюбон 18,2 миллион сомонӣ нафақа мегиранд
Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи ичтимоии ва нафақа дар вилояти Хатлон Шамсзода Шарифхон бошад, гуфт, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2022 дар вилояти Хатлон зиёда аз 267 ҳазору 250 нафар нафақагирон дар қайди раёсат мебошанд, ки аз онҳо 56 ҳазору 585 нафарашон нафақагирони маъюб ҳастанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ шумораи нафақагирони маъюб каме коҳиш ёфтааст, аммо шумораи нафақагирони маъюби то 18 – сола нисбати 3 моҳи соли 2021 наздики 600 нафар зиёд шудаст.
– Дар маҷмуъ, маблағи нафақаи якмоҳаи маъюбоне, ки сокини вилоят мебошанд, зиёда аз 18 миллиону 210,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,-гуфт номбурда ва ҳамзамон афзуд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 328 сомониву 98 дирам баробар аст.