Дар нишастҳои матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мавзӯъҳои ҷолибе матраҳ гардида, ба баҳсу баррасӣ кашида шуданд, ҳамчунин, рӯзноманигорон ба саволҳои худ аз раисони шаҳру ноҳияҳо посух ҷӯстанд, ки мо муҳимтарин нуктаҳои ин нишастҳоро пешкаши шумо менамоем.
Раиси Вахш: Журналистика набояд ба давлатию ғайридавлатӣ ҷудо шавад
Раиси ноҳияи Вахш, Қурбоналӣ Юсупов дар нишасти хабарии худ саҳми журналистонро дар рушди ноҳия назаррас арзёбӣ намуд ва гуфт: “Журналистика набояд ба давлатию ғайридавлати ҷудо карда шавад, балки чун пуле миёни мардум ва ҳукумат барои беҳсозии ҳаёти иҷтимоӣ хизмат кунад”.
Раиси ноҳияи мазкур ҳамчунин афзуд, ки ҳукумати ноҳияи Вахш ҳамеша бо намояндагони ВАО ҳамкорӣ дорад ва дар оянда низ ҳамкорӣ хоҳад кард. Зеро мушкилоте, ки аз ҷониби онҳо гуфта мешавад, барои рушди ноҳия мусоидат менамоянд.
Ноҳияи Ҷайҳун то соли 2024 худкифо мешавад
Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ният дорад, бо сохта ба истифода додани як парки технологӣ ноҳияро то соли 2024 худкифо кунад.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун, Одиназода Абдулҳафиз зимини нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ҳоло 46 дарсади маблағҳои ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят вобастагӣ дорад, ки то соли 2024 аз гирифтани ин маблағҳо даст кашида, худкифо хоҳад шуд.
Раис ҳамчунин иттилоъ дод, ки нақша доранд, дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳия як парки технологӣ сохта, дар дохили он беш аз 10 корхонаи саноатӣ бунёд кунанд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳияи Ҷайҳун аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 25,2 миллион сомонӣ ё 34% қисми хароҷот ва аз ҳисоби буҷети вилоят 7,3 миллион ё 9,7% қисми хароҷоти буҷаашонро мегиранд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ҷаҳун яке аз ноҳияҳое мебошад, ки бозорҳои кишвар ва ҳатто берун аз онро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунад.
Шаҳрдори Левакант: Омили ба муҳоҷиарт рафтани омӯзгорон мушкили иқтисодист
Шаҳрдори Левакант омили ба муҳоҷират рафтани омӯзгорони мактабҳои шаҳрро мушкилии иқтисодӣ арзёбӣ карда гуфт, ки чунин раванд дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҷой дорад.
Раиси шаҳри Левакант, Бунафша Файзиддинзода дар нишасти хабариаш гуфт, ки тарки соҳа кардани омӯзгорон ва ба муҳоҷират рафтани онҳо мисли дигар шаҳру ноҳияҳо дар Левакант низ ҷой дорад.
Бунафша Файзизода сабаби асосии ба муҳоҷират рафтани омӯзгоронро мушкилии иқтисодӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки ин дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҷой дорад.
Мудири бахши маорифи шаҳри Левакант, Ниёзалӣ Ашуров гуфтаҳои раиси шаҳрро тасдиқ намуда, илова кард, ки аз моҳи январ то моҳи майи соли ҷорӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант 52 омӯзгор тарки пеша карда, аз онҳо 28 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Мудир афзуд, ки 48 омӯзгорро дар мактабҳо ба кор қабул кардаанд, аммо то ҳол норасоии кадрӣ дар соҳаи моарифи шаҳр 4 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки дар ду сол 3 нафар пизишк тарки соҳа карда, ба муҳоҷират рафтаанд, ки як нафар аз миёни онҳо ба ватан баргаштааст.
Роҳҳои вайронаи Ёвон бозсозӣ мешаванд
Раиси ноҳияи Ёвон, Ҷамшед Саидзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2023 таҷдиду бозсозии шоҳроҳи Рӯдакӣ-Ёвон-Ҷомӣ оғоз мешавад.
Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки аз Вазорати нақлиёт гуфтаанд, ки соли 2023 таҷдиди ин роҳ, ки 79 километро ташкил медиҳад, оғоз мегардад.
Раҷабалӣ Муродов, сардори Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳҳои автомобилгарди нноҳияи Ёвон гуфтҳои раиси ноҳияро тасдиқ карда, илова кард, ки маблағи марҳалаи аввали ин роҳ 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
– Таҷдиди ин шоҳроҳ дар се марҳала амалӣ мешавад. Аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як шохаи ин шоҳроҳ то ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон мерасад ва шохаи дигари он то шаҳри Левакант бурда мешавад, – гуфт Раҷабалӣ Муродов.
Нигаронӣ аз бекоршавии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят
Аз бекоршавии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дар нишастҳои матуботии Кумитаи Идоари замини вилоят, додситонии вилоят ва раиси вилояти Хатлон изҳори ташвиш карда шуд. Дар нишасти Прокуратураи вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 208 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози додситонӣ оварда шудааст, ки аз ин 43,2 дарсади он ба раисони амалкуннада рабт дошта, 89,4 дарсади ин қарорҳо ба масъалаи замин вобастагӣ доранд.
Раиси ноҳияи Хурсон, Аҳмадзода Илҳом низ тасдиқ кард, ки воқеан ҳам дар давоми шаш моҳи соли 2022 ба 11 адад қарорҳо эътироз оврада шудааст, ки ду адади он ба худи ман вобастагӣ дорад.
Дар Дӯстӣ ба наздикони сарбози шаҳидшуда хона месозанд
Ҳукумати ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ният доранд, ки барои пайвандони сарбози шаҳидшуда дар задухурдҳои марзӣ, Муродбек Маҳмақулов, ки дар хонаи иҷора зиндагӣ доранд, манзили истиқоматӣ бунёд кунанд. Дар ин бора Нишонзода Даврон, раиси ноҳияи Дӯстӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Номбурда афзуд, ки барои бунёди хонаи пайвандони ӯ замин ҷудо карда шудааст.
Раис дар идома гуфт: “Муродбек Маҳмадқулов, сарбози шаҳидшуда бо ҳамроҳии модар ва як бародару хоҳараш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекарданд. Алакай мо заминро аз наздикии маркази ноҳия барои онҳо ҷудо кардем. Аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ барои онҳо то зимистони дар пеш истода хонаи нав бунёд карда мешавад”.
Мавсуф қайд кард, ки “аз ноҳия ду сарбоз вафот карданд ва мо ният дорем, ки ба номи Муродбек Маҳмадқулов муассисаи таълимии рақами 33 ва яке аз кӯчаҳои марказии ноҳияро ба номи сарбози шаҳидшудаи дигар Зоир Саидмуродов номгузорӣ кунем”.
Нишонзода Даврон гуфт, ки мо дар маросими видоъ бо сарбозони шаҳидшуда иштирок карда, ба онҳо кӯмак кардем ва дар оянда боз кӯмак хоҳем кард.
Бояд гуфт, ки Муродбек,Маҳмадқулов, аскари тоҷик 13-уми июни соли 2022 ва Зоир Саидмуродов 13-уми апрели соли 2022 дар шаҳри Исфараи виояти Суғд аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта шуда буданд.
Мақомдорони Вахш худкушии домоду арӯсро шарҳ доданд
Рӯзи 27-уми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷасади ба дор овехтаи домоду арӯсро, ки ҳамагӣ се рӯз пеш хонадор шуда буданд, пайдо карданд.
Раиси ноҳияи Вахш ва додситони ин ноҳия дар нишасти хабарӣ омили даст ба ин кор задани онҳоро бемории рӯҳӣ гуфтанд.
Раиси ноҳияи мазкур, Қурбон Юсупов дар нишасти матбуотӣ гуфт, тафтиш нишон додааст, ки домоду арӯс бемории руҳӣ доштаанд, зеро дар байни онҳо ягон ҷангу ҷанҷол набуд.
Прокурори ин ноҳия Салоҳиддин Исмоилзода низ афзуд, ки яке аз омилҳои даст ба худкушӣ задани домоду арӯс – Шарифбек ва Гулҳавас, ки рӯзи 27 марти соли ҷорӣ худро ба дор овехтанд, бемории руҳӣ доштани онҳо аст.
Додситон ҳамчунин шарҳ дод, волидайни домод гуфтаанд, ки фарзанди онҳо шабона баромада ба сари замин мерафту мегашт. Ҳамчунин, дар ин ҳодиса аломатҳои ҷиноят дида намешуд, илова кард прокурор.
Домоду арус Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-сола рӯзи 24-уми марти имсол издивоҷ карда буданд ва баъди се рӯз, 27-уми март ҷасади ба дор овехтаи онҳоро аз дохили оғилхонаи домод пайдо карданд.
Бояд гуфт, ҳодисаи худкушии якҷояи домоду арӯс дар деҳаи Якатути ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон рух дода буд.
Раисон барои рафъи камбудиҳо корбарӣ доранд
Дар аксар нишастҳои матбуотӣ дар посух ба суолҳои намояндагони ВАО раисон мегуфтанд, ки воқеан ҳам мушкилиҳо дар шаҳр ё ноҳияашон ҷой дорранду онҳо баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта корбариву коргузорӣ карда истоданд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“Фараж”