Дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли 2022 7 нафар зан ҳангоми таваллуд фавтидаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 3 ҳолат зиёд аст.  Дар умум соли 2021 дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 18 ҳолати фавти занон ҳангоми таваллуд ба қайд гирифта шуда буд.

Омилҳои фавти занон гуногун аст

Директори маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон Гулбаҳор Зарифова зимни суҳбат гуфт, ки фавти занони ҳомила давоми се моҳи  соли 2022 дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшонинён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Фархор, Носири Хусрав ба қайд гирифта шудааст.

Омилҳои фавти занонро ҳангоми таваллуди фарзанд ва баъди он дар вилояти Хатлон ин шахси масъул дар панҷ  ҳолат, хунравии зиёди баъди таваллуд, дер муроҷиат кардан ба мутахассисон ва дигар бемориҳо арзёбӣ кард.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 18 ҳолати фавти занони ҳомила ба қайд гирифта шуда буд.

“Дар соли 2021 аз 89 ҳазору 65 зоиш 18 ҳолати фавт ва дар соли 2020 аз 98 ҳазору 759 зоиш низ фавти 18 зан сабт шудаасту халос. – Агар аз рӯи шумораи афзоиши таваллуд ҳисоб кунем, дар соли 2021 нисбатан фавти модар бештар аст”,-гуфт номурда.

Аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Левакант ва Темурмалик фавти модар соли гузашта  сабт шудааст.

Бо сабаби ба панҷ ҳолат расидани фавти модар дар ноҳияи Вахш сартабиби Беморхонаи марказӣ ва роҳбари КАТС-и ноҳия иваз шуданд,- афзуд ӯ.

Гуфта шуд, ки баҳри пешгирӣ аз фавти модарон ҳангоми тавалуди фарзанд тамоми чораҳо аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят ва Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон андешида шудааст, ки дигар чунин ҳолатҳо рух надиҳанд.

Таваллуд дар  хона кам шудаст

Зарифова Гулбаҳор иттилоъ дод, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 21 ҳазору 769  таваллуди зинда ба қайд гирифта шудаст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳамчунин, дар ин давра 235 ҳолати мурдатавалуд ба қайд гирифта шудааст, ки омилҳои он бемории эксгенератарӣ дар байни занони қобили таваллуд, дар давраи ҳомиладорӣ бемориҳои сироятии зуком ва дигар вирусҳо мебошанд,-илова кард номбурда.

Манбаъ қайд кард, ки дар ин давра 401 ҳолати зоиши хонагӣ ба қайд гирифта шудаст, ки нисбати се моҳи соли 2021-ум 167 ҳолат кам аст.

Ӯ изҳори нигаронӣ аз он кард, ки таваллуди хонагӣ бештар дар ноҳияҳои Ховалинг-48 ҳолат, Балхӣ-47 ҳолат, Восеъ-44 ҳолат ва ноҳияи  Балҷувон 25 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

 Соли 2021 таваллуд дар хона зиёд буд

Соли 2021 дар вилояти Хатлон наздики ду ҳазор зан дар хона таваллуд кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2020 620 ҳолатзиёд аст, – иброз дошт Гулбаҳор Зарифова – мудири Маркази солимии репродуктиви вилояти Хатлон ва афзуд, ки соли гузашта тавалуди хонагӣ бештар дар ноҳияи Вахш – 207, Ховалинг – 271, Ҷалолиддини Балхӣ – 180 ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин – 125 ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Соли гузашта дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 995 нафар зан дар хона таваллуд кардаанд ва соли 2020 бошад, ин рақам 1 ҳазору 375 ҳолатро ташкил медод, яъне 620 ҳолати таваллуд дар хона зиёд шудааст.

“Соли гузашта дар вилояти Хатлон 89 ҳазору 65 ҳолати таваллуди тифлон ба қайд гирифта шуд, ки дар соли 2020-ум 98 ҳазору 759 ҳолатро ташкил медод”, – қайд кард хонум Зарифова. Ҳамчунин ин шахси масъул омили зиёд шудани таваллуди хонагӣ дар ноҳияи Вахшро ба таъмир нашудани шуъбаи тавалуди беморхонаи марказии ноҳия рабт додааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфти Вазири тандурустӣ ва ҳизи иҷтимоии кившар  таваллуд дар беморхонаҳо ройгон аст, аммо сокинон бештар аз он шикоят мекунанд, ки дар аксари ҳолат баъди таваллуди тифл дар беморхонаҳо аз онҳо маблағ талаб мекунанд. Шояд ба ҳамин далел таваллуд дар хонаҳо соли 2021  афзоиш ёфта буд.

 

 

 

 

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь